Яке аз шаклҳои муҳими ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамгироии минтақавӣ аст, ки дар чорчӯби он кишварҳои минтақаҳои мухталиф ба самти иттиҳод ва якпорчагии ҳарчи бештар пеш мераванд. Ҳамгироии кишварҳо аз минтақаи озоди тиҷоратӣ оғоз шуда, пас аз гузаштани ду марҳала: иттиҳодияи гумрукӣ ва бозори муштарак ба иттиҳодияи комили иқтисодӣ хатм мешавад.
Дар чанд даҳаи охир раванди ҳамкориҳои байналмилалӣ пешрафти назаррасеро тай карда, ин нишондиҳанда пайванди ҳарчи бештари манфиатҳои кишварҳоро дар самтҳои мухталиф нишон медиҳад. Ҷаҳон дар даҳсолаҳои охир ба сурати қобили мулоҳизае тағйир ёфтааст. Баъд аз поёни ҷанги сард, афзоиши вобастагии мутақобил ва ҳамгироӣ дар ростои ҷаҳонӣ шудан дар маркази таваҷҷуҳи иқтисоди сиёсии байналмилал қарор гирифт. Баъзе муҳаққиқон аз қабили Оҳмай, Стронг ва Лупел пешниҳод мекунанд, ки ин раванд мумкин аст ба аз байн рафтани давлат-миллатҳо поён ёфта, шакли созмони сиёсӣ зуҳур ёбад. Муҳаққиқони дигаре муътақид бар онанд, ки ҷаҳонишавӣ ақидаи ғалат аст ва ба ҷойи ҷаҳонишавӣ ва шакливазкунии давлат - миллат ҳамгироии минтақавии давлат-миллатҳои мустақил муҳиммтарин ва қобили таваҷҷуҳ дар сиёсати байналмилалӣ аст. Ҳамон гуна, ки давлат - миллат аз рӯёрӯии ба самти мусолиҳа ва ҳамкории иқтисодӣ бештар ҳаракат мекунад, ҳамгироии минтақавӣ низ яке аз воқеиятҳои саҳнаи байналмилалӣ шудааст ва эҳтиёҷ ба мутолиа ва баррасии он бештар гардидааст.
АСЕАН, ки собиқаи таърихии беш аз 50 - сола дорад, аз замони таъсис, дар соли 1967 ҳадафҳои худро бар ҳамкорӣ ва ҳамгироии бештари дохилиминтақавӣ мутамарказ сохта, ҳамвора саъй кардааст марказияти худро дар роҳи дастёбӣ ба ин ҳадафҳо ҳифз кунад. Бо руҷуъ кардан ба омори тиҷоратии АСЕАН метавон ба ин маънӣ пай бурд. Тиҷорати дохилиминтақавии АСЕАН дар даҳсолаи 1970 аз 12 то 15 дарсад буд ва ин рақам дар миёнаи даҳаи 2000 - ум ба беш аз 25 дарсад расид. АСЕАН дар санадҳо ва нақшаҳои ояндаи хеш то солҳои 2025 ба ҳамгироӣ ва якпорчагии бештар дар самтҳои мухталиф таъкид кардааст. Раванди ҳамкории рушдёбандаи АСЕАН низ навиддиҳандаи қадамҳои муваффақи он дар самти ҳадафи дарозмуддати якпорчагии комил ва иттиҳоди боз ҳам бештари кишварҳои минтақа аст.
Ҳамгироии минтақавӣ яке аз ҷанбаҳои иқтисоди байналмилалӣ мебошад, ки аҳамияти он беш аз чаҳор даҳа аст, ки дар ҳоли афзоиш аст. Дар соли 1950 ин калима таърифи хосеро аз ҷониби иқтисоддонон барои тахассусӣ кардани тиҷорати байналмилалӣ гирифт. Ин таъриф нишондиҳандаи умур ё расидан ба ҳадафҳое буд, ки иқтисодҳои давлатҳои ҷудогонаро дар минтақаҳои озоди иқтисодии бузургтар муттаҳид менамуд ва ин калима маънии маҳдудтаре аз корбурди имрӯзии он дошт. Бояд гуфт, ки иқтисодчиён бо ин равиш аз иқтисоди байналмилал барои афзоиши вобастагии мутақобилаи иқтисодии байни кишварҳо истифода мекарданд. Ҳамгироии минтақавӣ барои аз байн бардоштани тамоми монеаҳои тиҷоратии байни ҳадди ақал ду кишвар бо эҷоди унсурҳои ёридиҳандаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии байнихудӣ равона гардидааст.
Ҳамгироӣ, инчунин ба маънии таркиби бахшҳои муҷаззо, яъне аз ҳам ҷудошуда ба як кулли воҳид фаҳмида мешавад. Асли мафҳуми ҳамгироӣ дар соҳаи иқтисодӣ маъмулан ба маънои густариши раванде аст, ки дар он робитаҳои наздиктари байни воҳидҳои ҷуғрофиёӣ ҳамроҳ бо афзоиши мизони вижагиҳои монанд дар назар аст. Фарҳанги луғатҳои иқтисодӣ ҳамгироиро ба унвони робитаҳои мутақобилаи оянданигарӣ, дар ҳамомехтагии иқтисодҳои миллӣ ва ташкили фазои иқтисодии то ҳудуде хос таъриф мекунанд [11, 13]. Калимаи минтақагароӣ ба ҳамгироӣ далолат мекунад, зеро барои ташхиси як гурӯҳи давлатҳо аз дигар давлатҳо ба воситаи ҷуғрофиё, фарҳанг, таърих ва иқтисод метавон ба роҳ монд. Давлатҳои як минтақаро метавон ба як доира гирифт, зеро ин давлатҳо дар ин раванд худро дар як ё чанд соҳа бо якдигар пайвандёфта медонанд [1, 212]. Бо вуҷуди тафовути дидгоҳи муҳаққиқон дар мавриди унсурҳо ва меъёрҳои ташкилдиҳандаи минтақагароӣ ба назар мерасад, ки яке аз муҳимтарин меъёрҳо дар тақсимбандии минтақаҳои ҷуғрофиёӣ, яъне маҳалли қароргирии кишварҳо мебошад, ки онҳоро бо марз аз дигар минтақаҳо ҷудо мекунад ва дар марҳалаи баъдӣ иштироки фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дорои аҳамияти хоса ҳастанд. Кишварҳое ҳастанд, ки аз назари сиёсӣ мутафовитанд, вале дар як минтақа қарор доранд ва дар муқобили ин кишварҳое низ ҳастанд, ки дар фосилаи бисёр ду аз ҳамдигар қарор доранд, вале умумиятҳои зиёде бо ҳам доранд.
Ҳамгироии минтақавиро ба таври сода наметавон таърифи дақиқ намуд. Ин калима ба маънии ваҳдати давлат-миллатҳо дар як минтақаи ҷуғрофӣ аст ва аз тарафи дигар ҳамгироии минтақавӣ метавонад ба раванди пурзуртаре ишора дошта бошад, як кишвар дар як иттиҳод ва ё воҳиди бузурге бошад. Як андоза ширкати кишварҳо ва он чи ки онҳо ба иштирок мегузоранд, сатҳи ҳамгироиро мушаххас мекунад. Аз тарафи дигар, ҳамгироии минтақавӣ ба натиҷаҳое ишора мекунад, ки ба меъёрҳои муайяншуда алоқаманд мешаванд. Ҳамгироии минтақавӣ ин ниҳодсозӣ ва таҳким, ки ниҳодҳо барои осону содасозии амалиёти ҳукумат хуб тарроҳӣ шудаанд. Ҳамчунин бо ҳадафи ба даст овардан аз тариқи афзоиши тааҳҳуд ба ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ, ҳифозат аз якпорчагии минтақа, коҳиши ҳазинаҳои мубодила ва истифодаи муассир аз манбаъҳои камёб мебошад. Ҳамгироии минтақавӣ, инчунин ҳамоҳангии сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарурӣ барои тамоми давлатҳои аъзо ва ҳамоҳангӣ дар равобити хориҷӣ [9, 2].
Мафҳуми ҳамгироии минтақавӣ дар воқеият аксаран ҳамкории наздиктари байни давлатҳои ҳоким аст, на ба маънои интиқоли ҳокимият. Калимаи ҳамгироӣ ба маънии иттиҳодсозии ҷузъҳо дар як кулл аст, аммо вақте ба сурати хос ба кор меравад маънии он печида мегардад. Сарфи назар аз талошҳои бисёр барои тавзеҳи ҳамгироии минтақавӣ аз ҷониби муҳаққиқони гуногун таърифи ягонае вуҷуд надорад ва ин амр муқоисаи ҳамгироиҳои Осиё ва Амрикоро бо ҳамгироиҳоӣ Африқо ва Аврупо мушкил месозад. Ҳамгироии минтақавӣ ба раванде ишора дорад, ки дар он давлатҳо даври ҳам ҷамъ мешаванд, то мувофиқатномаҳоеро барои ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои хос ва муштарак имзо кунанд [8, 5]. Лозим аст ибтидо байни ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ тафовутианиқе гузорем. Ҳадафи аслии раванди ҳамгироӣ аз байн бардоштани ҷудоии байни тавлидот, хадамот, омилҳои тавлидоти дохил ва хориҷи кишварҳои узв ва ҳифзу ҳимоятгароӣ дар муқобили ҷаҳони сеюм аст. Раванди ҳамгироӣ ҳадди ақал чаҳор марҳала дорад, шомилшавӣ ба минтақаи озоди иқтисодӣ, иттиҳоди гумрукӣ, бозори муштарак ва иттиҳоди иқтисодӣ-сиёсӣ мебошанд. Раванди ҳамгироӣ умуман аз минтақаи озоди иқтисодӣ оғоз ва ба иттиҳодияи иқтисодӣ ва сиёсӣ хатм мешавад. Дар минтақаи озоди иқтисодӣ кишварҳои узв монеаҳои тиҷорати молу маҳсулот ва хадамоти байни худро аз байн бардошта, сиёсатҳои тарифии худро дар муқобили кишварҳои ҷаҳон ва кишварҳои хориҷ бо мувофиқаномаҳо ҳифз мекунанд. Иттиҳодияи гумрукӣ аз таркиби минтақаи озоди иқтисодӣ бо эҷоди тарифҳои хориҷии муштарак ба вуҷуд меояд, пас тиҷорати дохилиминтақавӣ ба иловаи тарифҳои хориҷии муштарак иттиҳоди гумрукиро ташкил медиҳад. Бозори муштарак замоне муҳаққақ мешавад, ки чархаи омилҳои тавлид озод шавад ва сармоя, неруи корӣ, корофаринӣ ва сармоягузории озодона байни кишварҳои узв дар ҷараён бошад. Иттиҳоди иқтисодӣ низ ду марҳаларо дар бар мегирад: иттиҳоди иқтисодию сиёсии комил тавассути ваҳдати пулӣ, иҷтимоӣ ва сиёсатҳои молӣ шинохта мешавад. Дар чунин мавқеъ қарор доштан аз давлат талаб мекунад, ки тасмимоти миллии худро маҳдуд намуда, ба тасмимоти ниҳоди минтақавӣ моил гардад ва дар сурати ба роҳ мондани ҳамгироии сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди иттиҳоди ягона мешаванд. Иқтидори иттиҳодия низ тавассути парлумони марказӣ назорат мешавад. Қобили зикр аст, ки ҳеҷ созмони минтақавӣ то кунун ба марҳалаи иттиҳодияи иқтисодӣ ва сиёсии комил нарасидааст.
Ҳамкорӣ аз ҳамгироӣ хеле маҳдудтар аст. Ҳар як созишнома ва шартнома барои ҳадафи коҳиши навъҳои гуногуни монеаҳо бо дарназардошти манфиатҳои муштарак дар ҳар кадом соҳае набошад шакле аз ҳамкориҳои иқтисодӣ аст. Ҳамкории минтақавӣ гуфта амал ва равандеро мегӯянд, ки кишварҳои мухталиф бе тақсим ва ё вогузории ҳокимият фаъолияти худро танзим мекунанд, аммо дар ҳамгироии минтақавӣ кишварҳо ба тадриҷ ҳокимияти худро бо сохтори фаромиллии ҷадиде мепайванданд, ки то битавонанд ба самти якпорчагӣ ҳаракат кунанд, ба ҳамин далел ҳамкорӣ аз ҳамгироӣ маҳдудтар аст [4, 138]. Ҳамгироии минтақавӣ як чизи сохта буда, мумкин аст боз истад, ба монанди Иттиҳоди Африқо, Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва қаламрави Дания ва ҳатто мумкин аст таҷзия шавад, ба монанди Югославия, Чехословакия ва Федератсияи Ҳинди Ғарбӣ [5, 241]. Аввалин талоши расмӣ дар минтақагароӣ ё ҳамгироии минтақавӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дар Аврупо таҳти унвони Иттиҳоди Аврупо қобили мушоҳида аст. Модели Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати пайванд додан ба унсурҳои сиёсӣ дар ҳамгироии иқтисодӣ созмон додашудааст [11, 3].
Ҳамгироии минтақавӣ метавонад шаклҳои мухталиферо дар бар гирад ва бисёре аз онҳо дар воқеъ амалӣ шудаанд. Дар масъалаи марбут ба иқтисодиёт, ҳамгироии минтақавиро аксари олимони соҳа ба панҷ шакли ҳамгироии минтақавӣ ҷудо кардаанд. Аввалин бор Болоссо панҷ шакл ё марҳалаҳои ҳамгироии иқтисодиро ишора кардааст, ки иборатанд аз минтақаи озоди иқтисодӣ, иттиҳодияи гумрукӣ, бозори муштарак, иттиҳодияи тиҷоратӣ ва иттиҳодияи иқтисодии комил ва ягона. Бархе аз олимон мувофиқатномаҳои тиҷоратии афзалиятдоштаро низ яке аз шаклҳо ва ё марҳилаҳои ҳамгироии иқтисодӣ медонанд [1, 408; 3, 155]
Монанди он чи дар равобити кишварҳои Африқо, Ҳавзаи баҳри Кариб ва Уқёнус бо Аврупо дар заминаи мувофиқатномаҳо мушоҳида мешаванд бештар дар соҳаи кишоварзӣ аст [2, 408]. Баъзе муҳаққиқон барои ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ шаш шакл ва ё марҳилаҳоро нишон додаанд, се марҳалаи аввалро - минтақаи озоди иқтисодӣ, иттиҳоди гумрукӣ, бозори муштарак ва се марҳалаи баъдиро - иттиҳоди иқтисодӣ, иттиҳоди пулӣ ва иттиҳоди сиёсӣ муайян кардаанд.
Смитс низ ба панҷ навъ ҳамгироии минтақавӣ ишора кардааст, бо ин тафовут, ки ду марҳалаи поёниро ягона медонад, яъне иттиҳодияҳои комили сиёсӣ ва иқтисодиро охирин марҳалаи ҳамгироии иқтисодӣ ба назар мегирад ва афзалияти тиҷорати озодро низ ба чаҳор навъи дигар ҷудо намудааст ва дар ин андеша аст, ки дар ин навъи ҳамгироӣ коҳиши тариф ё тиҷорати озод ба рӯйи молҳои хосе сурат мегирад ва тафовути он бо минтақаи озоди иқтисодӣ дар ин аст, ки дар минтақаи озоди иқтисодӣ озодсозии тиҷории молу маҳсулот ба сурати комил анҷом мегирад [14, 60].
Дар ин таҳқиқоти илмӣ метавон ба панҷ шакли аслии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ ишора кард. Шаклу марҳалаҳои ҳамгироии иқтисодӣ чунин мебошанд:
А) якум, минтақаи озоди иқтисодӣ - дар ин сатҳ аз ҳамгироии минтақавӣ кишварҳои узв тамоми монеаҳои ҷойдоштаи соҳаи тиҷоратро аз байн мебардоранд, аммо озодии худро дар таъини сиёсат дар арсаи байналмиллалӣ ҳифз мекунанд [6, 14). Ба монанди минтақаи озоди иқтисодии Чин ва АСЕАН, минтақаи озоди иқтисодии Ҷопон ва АСЕАН, минтақаи озоди иқтисодии АСЕАН – Австралия - Зеландияи Нав, минтақаи озоди иқтисодии Осиёи Ҷанубӣ, Мувофиқатномаи тиҷорати озоди Америкаи шимолӣ, Минтақаи озоди тиҷоратии кишварҳои арабӣ ва ғайраҳо;
Б) дувумин иттиҳоди гумрукӣ буда, хеле шабеҳи минтақаи озоди тиҷоратӣ аст, ки дар қолаби он кишварҳои узв бояд равобити тиҷорати хориҷии муштаракеро иҷро ва думболгирӣ кунанд, барои мисол: кишварҳо бояд тарифҳои хориҷии муштаракеро барои воридот аз кишварҳои ғайри аъзоёнашон ҷорӣ кунанд [6, 14]. Барои ин Иттиҳоди гумрукии Евразия, Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, Иттиҳоди гумрукии ҷануби Африқо мисол шуда метавонанд;
В) севумин марҳилаи ҳамгироии иқтисодӣ бозори муштарак аст, ки хусусиятҳои як иттиҳоди гумрукиро ба иловаи озодии комили нақлу интиқоли афрод ва сармояи дохилиминтақавиро доро аст [13, 33]. Ҳамчунин омили дигар, таҳаррук ва амалиёти озод дар саросари марзҳои миллии аъзоёни минтақа аст, ба монанди ин ки сармоя, неруи корӣ, фанноварӣ, касбу кор ва сармоягузорӣ бояд бемамониат байни кишварҳои муошираткунанда ҷараён дошта бошанд [6, 15]. Дар ин марҳилаи ҳамгироии иқтисодӣ кишварҳо тамоми монеаҳоро бардошта, иҷозаи интиқоли озодонаи молу маҳсулот, тавлид, сармоя ва неруи инсониро миёни худ барқарор месозанд, аммо монеаҳои тиҷорӣ ва сиёсати тиҷории муштарак нисбат ба аъзои ғайри узвро таҳким мебахшанд. Кишварҳо ҳамчунин дар бозори муштарак мумкин аст ба сурати блоки воҳид бо созмонҳои фароминтақавӣ, ба монанди Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ё дигар блокҳои тиҷоратии минтақавӣ мисли Иттиҳоди Аврупо музокира кунанд, зеро бозори муштарак ба ҳадди ақали ҳамкорӣ дар иқтисод (пулӣ ва молӣ) ва сиёсатҳои корӣ ниёзманд аст. Дастёбӣ ба ин марҳилаи ҳамгироии минтақавӣ аксар вақт бисёр ҳам кори мушкил аст. Бо вуҷуди ин, даромаду сӯди инфиродии кишварҳо метавонад нобаробар бошад, зеро неруи корӣ ва мутахассисони варзида мумкин аст ба кишварҳое, ки музди болотаре доранд, бираванд ва сармоягузорӣ мумкин аст ба ҷойҳое ҷараён пайдо кунад, ки сӯд аз хароҷоти он бештар бошад. Дар натиҷаи ин раванд тавсеаи нобаробар шакл мегирад. Бо вуҷуди ин, сиёсатҳои ҳадафманд ва коромад тавассути аъзои иттиҳод метавонад ин номуносибиҳоро аз байн бибарад. Дар ҳоли ҳозир дар ин раванд, дар сатҳи ҳамгироии минтақавӣ Иттиҳоди Африқои Шарқӣ қарор дорад, ки аз июни соли 2010 аъзоёни он протоколи бозори муштаракро барои иҷрои комил дар тӯли панҷ сол имзо кардаанд [10, 87].
Г) чаҳорумин шакл, ё марҳилаи ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ иттиҳоди пулӣ ва иқтисодӣ шинохта мешавад. Дар ин маврид бозори муштарак бо иловаи якпорчагии комили сиёсати пулӣ ва молӣ ташкил карда мешавад. Ширкаткунандагони ин марҳила бояд қувваи марказиеро барои назорат дар ин самт эҷод кунанд, ки ба воситаи он кишварҳои узви минтақа ба сурати як миллат ё як иттиҳод дароянд. Барои мисол метавон ба 19 узви Иттиҳодияи Аврупо ишора кард, ки воҳиди пулии евраро ба унвони воҳиди пули худ пазируфтаанд. Дар иттиҳодҳои комили иқтисодӣ ва сиёсӣ кишварҳои узв амалан муттаҳид мешаванд. Қувваи марказии мавриди ниёз дар иттиҳоди комили иқтисодӣ бояд бо парлумон ва ниҳодҳои муштараки дигар ба роҳ монда шаванд ва як давлати воҳид ташкил карда шавад. Ба монанди он чи ки дар соли 1990 байни ду Олмон ба амал омад ва Олмони шарқию ғарбӣ дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон муттаҳид шуданд [7, 2].
Ҳамон гуна, ки дар боло зикр кардем, марҳилаҳои ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ аз минтақаи озоди иқтисодӣ шурӯъ шуда, ба иттиҳодияи комили иқтисодӣ ва сиёсӣ мерасад. Табиист, ки бо баҳрагирӣ аз модели дар боло баёнёфта метавон чигунагии иттиҳоди миллатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва ба як иттиҳодияи комили иқтисодӣ табдил ёфтани онҳоро баррасӣ намуд.
Кишварҳои АСЕАН аз даҳаи 1990 ба самти ҳамгироии иқтисодии бештар ҳаракат кардаанд. Ҳадафи аъзоёни ин ниҳоди минтақавӣ ҳамгироии иқтисодӣ дар қолаби минтақаи озоди иқтисодӣ мебошад, ки давраи амалигардонии он то соли 2015 барои шаш узви аслӣ ва охирҳои соли 2018 барои 4 узви камтараққикарда - Лаос, Камбоҷа, Мянма ва Ветнам дар назар гирифта шуда буд. Кишварҳои АСЕАН дар соли 2015 тасмим гирифтанд, ки бозори муштараки АСЕАН-ро дар тӯли як даҳа, яъне то соли 2025 иҷро кунанд ва нақшаи онро низ қабул кардаанд. Интихоби пули воҳид низ мавзӯе аст, ки аз ибтидо тавассути Малайзия матраҳ шудааст ва барои иҷро шудани бозори муштарак зарурӣ аст, аммо тавофуқи миёни аъзоёни ин ниҳод дар он аст, ки пули кадом кишвар ба унвони пули воҳид интихоб шавад, вуҷуд надорад ва ҳар кишвар барои ҳифзи рақобатпазирии ҳавзаи содироти худ мухолифи интихоби пули воҳид ё муштарак аст. Бо вуҷуди пешрафтҳое, ки аъзоёни АСЕАН дар ҳавзаҳои мухталиф доштаанд, ин ниҳод барои ноил шудан ба ҳадафи худ, яъне бозори муштарак монеаҳои бисёр зиёд ва душвореро доро мебошад ва ба назар мерасад, ки дар ин фосилаи замонии андак тавоноии дастёбӣ ба бозори муштаракро нахоҳад дошт ва далели он ҳам натанҳо ихтилофи сатҳи гуногуни тараққиёти кишварҳо ва тавсеаю пешрафт дар ҳавзаҳои мухталиф, балки набудани манобеъ ва амалу корҳои шоистаи дархур барои таъқиби ин ҳадаф аст. Натанҳо монеаҳои дохилӣ, балки ҳавасмандӣ ва манфиатҳо аз ҳамкориҳои фароминтақавӣ ё байниминтақавии ба даст меомада кишварҳои АСЕАН-ро ба самти ҳамгироии фароминтақавӣ (Шарқи Осиё) тела медиҳад ва ин амр агарчи боиси озодсозии бештари аъзо бо гузашти замон мешавад, аммо монеаи бузурге дар роҳи тезонидан ва дурнамои ҳамгироиҳои иқтисоди минтақавӣ дар доираи АСЕАН хоҳад буд. Албатта, зикри ин нуқта дорои аҳамият аст, ки АСЕАН дар мавридҳои зиёде ба монанди эҷоди минтақаи озоди иқтисодӣ собит кардааст, ки метавонад ҳатто зудтар аз муҳлати муқаррарӣ ба ҳадафҳои дар пеш гузоштаи худ бирасад.
АДАБИЁТ.
- Armstrong David, Lloyd Loma, Redmond John. International organisation in world politics. Basingstoke: Palgrave Macmillan. 2004. 270 https://moodle2.units.it/pluginfile.php/417744/mod_resource/content/1/2004_Book_InternationalOrganisationInWor.pdf (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
- Aswathappa K. International Business. Fourth Edition. New Delhi: Tata McGraw Hill. 2010. https://www.biblio.com/book/international-business-fourth-edition-k-aswathappa/d/1204249935 (санаи истифодабарӣ 01.2023)
- Bitzenis The Balkans: Foreign Direct Investment and EU Accession. Famham, United Kingdom: Ashgate Publishing. 2009. 424 pages. https://www.researchgate.net/profile/Aristidis-Bitzenis/publication/231575457_The_Balkans_Foreign_Direct_Investment_and_EU_Accession/links/09e41506c9f1c14f6a000000/The-Balkans-Foreign-Direct-Investment-and-EU-Accession.pdf (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
- Dieter APEC, Australia and New Zealand: Pathways to Asia?. In: Asia-Pacific Economic Cooperation (APEC): The First Decade. Werner Draguhn, Eva Manske, Jurgen Ruland, London and New York: Routledge. 2002. 240 pages. https://www.taylorfrancis.com/books/edit/10.4324/9780203037508/asia-pacific-economic-cooperation-apec-werner-draguhn-eva-manske-j%C3%BCrgen-r%C3%BCland (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
- Dosenrode Soren. Limits to Regional Integration. London and New York: Routledge. 265 pp. https://repositorio.ul.pt/bitstream/10451/20008/1/ICS_AMalamud_Interdependence_CLI.pdf (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
- El-Agraa M. Regional Integration: Experience, Theory and Measurement. London: Macmillan. 1999. 454 pp.
- El-Agraa A.M. The European Union Economics and Policies. Cambridge: Cambridge University Press. 630 pp. https://books.google.com.tj/books?printsec=frontcover&vid=LCCN2007281889&redir_esc=y#v=onepage&q&f=false (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
- Gathi James Thuo. African Regional Trade Agreements as Flexible Legal Regimes, Working Paper Series, 2009. No. 20. https://scholarship.law.unc.edu/cgi/viewcontent.cgi?article=1903&context=ncilj (санаи истифодабарӣ 01.2023)
- Gebru Solomon Gebreyohans. Regional Integration in the Horn of Africa: State of Affairs and Challenges, Center for European Integration Studies (ZE1), WAI-ZEI Paper, 2016. 31, 1-37. https://www.academia.edu/39954314/Regional_Integration_in_the_Horn_of_Africa_State_of_Affairs_and_Challenges (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
- Gekonge Christopher. Emerging Business Opportunities in Africa: Market Entry, Competitive Strategy, and the Promotion of Foreign Direct Investments. USA: Business Science Reference (IGI Global). 17 pp. https://www.cefims.ac.uk/modules/content/68/68_unit-01_sample.pdf (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
- Lvova Elena. Integration of the Ukraine to the world's economic system by means of Special Investment Regimes. Germany: German National Library. 2003. 124 pp.
- Ohmae Kenichi. The End of the Nation State: The Rise of Regional Economies. By Kenichi Ohmae. New York: The Free Press, 1995. 214 p
- Peters-Berries Christian. Regional Integration in Southern Africa - A Guidebook. Germany: Internationale Weiterbildung und Entwicklung gGmbH (InWEnt). 2010. 196 https://www.academia.edu/32639870/Regional_Integration_in_Southern_Africa_A_Guidebook (санаи истифодабарӣ 25.01.2023)
- Smeets, Heinz-Dieter. Grundlagen der regionalen Integration: Von der Zollunion zum Binnenmarkt. In Europdische Integration, Ohr Renate, Stuttgart, Berlin, Koln, 1996. 47-75.
Қудратзода Комрон,
мудири шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
Ҳамидова Сарвиноз,
ходими хурди илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ