Мафкураи миллӣ ва давлатдории дунявӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

Расм

(гузориши муқаддимотӣ)

Мафкура ё ба истилоҳ, идеология маҷмӯи хоҳишу майлҳо ва тасаввуроти инсон аст, ки дар қолаби мушаххас рехта ва аз тариқи барномаи муайяни ҳадафманд роҳандозӣ мешавад. Албатта, идеология ҳадаф дорад ва ҳадафаш ҳам дар бозрасӣ ва бозбиниҳои арзишҳои марзӣ, миллӣ ва мардумӣ зоҳир мегардад. Бар илова, таъйини аҳдоф ва матраҳ намудани масоили зарурии ахлоқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки ба рифоҳи иҷтимоӣ ва истиқлолияти сиёсию давлатӣ сабаб мегарданд, минҳайси муқаррароти мафкура ё идеологияи миллӣ хидмат мекунанд. Ба таъбири дигар, идеология қутбнамои давлатӣ, сиёсӣ ва миллист, ки тавассути он пайроҳаи ташаккулу инкишофи давлат ва миллат ҳамвор карда мешавад. Давлат ва миллати беидеология киштии бенохудоро мемонад, ки, ба қавли мардумӣ, «рӯ ба раҳми Худо дорад» ва бо ҳукми тасодуф арзи ҳастӣ мекунад. Бинобар ин, мафкура ва ё идеология назарияи таъмини зиндагии шоистаи инсонҳо дар ин ё он маҳдудаи ҷуғрофист, ки ба василаи амалкардҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳкиму тақвият меёбад ва ниҳоятан, дар зиндагии рӯзмарраи мардум татбиқ мегардад. Бо як калима, идеологияи воқеӣ, ки аз таассубу хурофот дур аст, тарҳи нави муносибатҳои созандаро дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва ҳавзаҳои сиёсӣ мумкин мегардонад ва фазоро барои муколимоти сиёсӣ ва маданӣ боз нигаҳ медорад.

Баъди шикастани низоми давлатдории Шӯравӣ ва рӯйи кор омадани давлатҳои миллӣ дар фазои пасошӯравӣ мафҳуми идеология аз корбурд бозмонд ва равиши идеологӣ минҳайси абзори таъсиррасонии ғайримашрӯъ ба ҳошия ронда шуд. Ба сухани дигар, миёни ҷавомеи пасошӯравӣ як навъ тарсу ҳарос дар нисбати идеология ва мафкураи сиёсӣ доман паҳн кард. Аммо бо гузашти солҳо ва ташаннуҷ пайдо кардани бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ, алалхусус ҳузуру бурузи сареъи ғатундгаройӣ ва ифротгаройии динию мазҳабӣ дар манотиқи гуногуни Шарқи мусулмонӣ ва Осиёи Марказӣ зарурати таҷдиди назар ба мафкура ва идеология пеш омад. Ин аст, ки аз идеология, махсусан, идеологияи миллӣ набояд ҳаросид, чунки он, зотан бар манфиати ҷомеа ва мардум аст.

Тарс аз идеология собиқаи якрӯзаю дурӯза надорад, балки аз савобиқи тӯлонии таърихӣ, бахусус барои ҷомеаи ҷафодидаи тоҷик бархӯрдор аст. Агар, аз як тараф, идеологияи динӣ-мазҳабӣ дар қолаби шариатмадории асримиёнагии исломӣ боиси зулму истибдоди дохилӣ гардида бошад, аз тарафи дигар, дар давраи нави таърихӣ (ибтидои садаи бист ва охири солҳои навадуми асри гузашта) мафкураи коммунистӣ ба ҳайси идеологияи фарогир як навъ тарсу ҳаросҳоро дар пай дошт. Дар шароити феълӣ, ки буҳронҳои паёпайи мафкуравӣ ва сиёсӣ минтақаро дунболагирӣ карда, ҳузури бебандубориҳоро таъмин намуда истодааст, ногузир зарурати вуҷуди идеологияи миллӣ пеш меояд. Суоли матраҳ дар ин замина ин хоҳад буд, ки мо, аҳли ҷомеа ба он чӣ гуна муносибат мекунем ва дар пиёда сохтани ин консепсияи муҳими сиёсӣ бо давлат ва сохторҳои марбутаи сиёсӣ ҳамшарикӣ менамоем ё хайр?

Аз сӯйи дигар, давлатмардон, нухбагони сиёсӣ ва зиёиёни саршиноси ватанӣ муваззафанд, ки сари масоили миллӣ биандешанд ва тамаркуз кунанд, зеро ки дар марҳилаи ҳассоси давлатсозӣ ва миллатсозӣ қарор доранд. Дигар ин ки баррасӣ ва матраҳ намудани масъалаҳои миллӣ ва арзишҳои миллӣ авлавият доранд ва дар ин замина ҳанӯз мушкилоту муаммоҳои зиёде моро дунболагиранд.

Дар зимн, мабоҳиси динию дунявӣ дар доираи матбуоти даврӣ, расонаҳои дохилию хориҷӣ ва фазои маҷозӣ солҳост идома доранд ва ин шарти асосии давлатдорӣ ва низоми сиёсии дунявист. Аммо суъистифода аз озодӣ дар бисёр маворид ноҳамвориҳоро дар татбиқи сиёсати миллӣ ва дунявӣ ба вуҷуд овард. Тавре ки мушоҳида мешавад, додани озодиҳои бештар ба қишри рӯҳонӣ, ки аксаран тахрибкору фурсатталабанд, тавозунро дар баданаҳои иҷтимоӣ барҳам зад ва яку якбора динмадорӣ ба унвони низоми муассири ақидатию сиёсӣ ҷомеаро таҳти тасаллут қарор дод. Ин қишр, озодиҳо ва демократияро ба манфиати худ суъистифода бурд ва фазои сиёсӣ, фикрӣ ва фарҳангиро мағшуш сохт. Кор то ба ҷое расида буд, ки дар матбуоти мустақили вақт (манзур солҳои 2004-2015) баъзан рӯҳониёни мутаассиб ва пуштибонони мафкураи динию мазҳабӣ пеши роҳи мабоҳиси илмӣ ва фанниро мегирифтанд ва ба зиёиёне, ки бар мабнои мадорики илмӣ ва фалсафӣ суҳбат мекарданд ва ё матолиб интишор медоданд, тамғаи «мулҳиду кофар»-ро бебаркаш мезаданд. Ин вазъи ногувори фикрӣ ва идеологӣ давлатро водор ба гирифтани тасмимоти ҷиддӣ намуд ва агар дар самти мудирияти равандҳои сиёсӣ андак таъхир мекард, кор ба ҷангу даргирӣ ва бенизомию беинзиботӣ мекашид. Мутаассифона, армияи зиёиён дар он марҳилаи ҳассос аз илму фалсафа ва ҷаҳонбинии илмӣ дифоъ накард, баръакс, сукут ва хомӯширо ихтиёр намуд. Маҳз ҳамин сукут ва хомӯшии аксари кулли зиёиён боиси қувват гирифтани мафкураи динӣ гардид (имрӯз ҳам дар ин самт, мутаассифона, кор бо ду по мелангад). Ҳамкорӣ ва робитаи танготанги зиёиён бо мақомоти дахлдори давлатӣ дар масоили шинохти дурусти авзои дохилӣ, таҷдиди назар ба арзишҳои динӣ-мазҳабӣ ва мероси гузаштаи миллӣ, эҳёи тафаккури зиндаи мантиқӣ, тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ боиси беҳбудии кор мегардад.

Дар баробари ин, эҳёи суннатҳои миллӣ дар мисоли Наврӯз, Меҳргон, Ялдо, Сада зинда кардани ҳикмати заминии Ҷамшедӣ, Фаридунӣ, Ҳушангӣ ва Хусравонӣ мебошад. Дигар ин ки консепсияи идеологияи миллӣ бар пояи тафаккур ва суннатҳои деринаи бостонии миллӣ, ки решаҳои амиқи таърихӣ ва инҷаҳонӣ доранд, таҳаққуқ пайдо мекунад. Агар ба ин ойину суннатҳои миллӣ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир кунем ва онҳоро дар барномарезиҳои мафкуравӣ минҳайси аносири калидии зеҳнсозии миллӣ корбаст насозем, миллати муваффақ буда наметавонем. Махсусан, дар шароити феълӣ, ки бархӯрдҳои сиёсию мафкуравӣ дар бозиҳои геополитикӣ вусъат меёбанд, истифодаи хирадмандонаи устураю бовардоштҳо ва ойину суннатҳои дерпойи миллӣ ба унвони гузина ва ё алтернативаҳои зарурии фарҳангӣ дар баробари таҳоҷумоти идеологию маданӣ аз роҳкорҳои муҳим ба шумор меравад.

Нақши зиёиёни асили миллӣ дар ин марҳилаи ҳассос аз чӣ иборат аст? Зиёии асил ҳеҷ гоҳ аз пайи хурофоту таассуб намеравад. Фазо ва муҳити иҷтимоиро мешиносад ва дардҳои фикрӣ ва маънавии миллиро ташхис мекунад, дар ташхиси уқдаю мушкилоти иҷтимоӣ ба саросемагӣ роҳ намедиҳад. Барои ислоҳи вазъияти фикрию фарҳангӣ тадбирҳои назарӣ ва амалӣ меандешад ва ба ҳеҷ ваҷҳ, дар ислоҳи вазъ ба инқилоб ё револютсия, ки боиси хисороти бузурги ҷонию молӣ мегардад, роҳ намедиҳад. Ҳамин, ба истилоҳ, рисолатро зиёиёни фаронсавӣ дар симои Волтер, Монтескиё, Дидро, Руссо ва дигарон дар замони худ анҷом дода, ба таври тадриҷӣ муҳити солими андеша ва табодули фикрӣ сохта, ҷомеаи ақибмондаи аврупоиро аз дарун тағйир намуданд. То замоне ки муҳити солими фикрӣ ва табодули андеша созмон наёбад, наметавон ба ҳадаф расид ва ҷомеа ва давлати қудратманди миллӣ сохт. Тайи зиёда аз сесад сол тавассути ҷоннисориҳои мутафаккирони аврупоӣ вазъи фикрӣ ва фарҳангӣ ва табодули сиёсӣ, сифатан тағйир ёфт. Ин аст, ки андӯхтани таҷрибаи ғании ниёкон ва омӯзиши мероси гаронмояи мутафаккирони бузурги шарқию ғарбӣ дар заминаи мафкурасозии миллӣ имкон фароҳам меоварад, ки мо, аз як сӯ, давлатдории дунявиро бар мабнои мафкураи миллӣ ҳифз намоем ва, аз сӯйи дигар, дар баробари таҳдиду хатарҳои минтақавию глобалӣ ҷуръатмандона воистем.

 

Нозим Нурзода,

пажуҳишгар

БОЗГАШТ