Муаллиф: ИОМДОА
Ё афзалиятҳои ворид гардидани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо
Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) ташкилоти байналмилалии иқтисодие аст, ки фаъолияти он дар самти батанзимдарории савдои байналхалқӣ дар асоси қонуну қоидаҳо ва принсипҳои пешниҳодшуда равона шудааст. Санаи расмии таъсисёбии созмони мазкур 1-уми январи соли 1995 буда, давомдиҳандаи бевоситаи фаъолияти Созишномаи кулл оид ба савдо ва таруфаҳо мебошад (СКСТ ё ГАТТ), ки 30-юми октябри соли 1947 аз ҷониби 23 мамлакати ҷаҳон ба имзо расида буд.
Дафтари марказии он дар шаҳри Женева қарор дошта, директори генералии он Роберту Карвало ди Азеведу аст. Мақсади асосии СУС озодкунии тиҷорати байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии одилона мебошад. Созмон майдони гуфтушунид буда, масъалаҳои савдоро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Созмони умумиҷаҳонии савдо санҷиши созишномаҳои тиҷоратиро мушоҳида карда, сиёсати тиҷоратии кишварҳои узвро назорат мекунад, барои бартараф намудани монеаҳо, коҳиш додани уҳдадориҳо ё баръакс, таҳдидҳои вуҷуддошта ба муҳити зист ё саломатии аҳолиро танзим менамояд.
Аъзоёни СУС ба 3 гурӯҳ: узви пайваста (давлатҳои соҳибихтиёр), узви мушоҳидачӣ ва узви ҳамроҳкардашуда ҷудо карда шудаанд.
Дар СУС зиёда аз 150 кишвар аъзо буда, қариб 30 кишвари дигар ҳамчун нозир дар ҷаласаҳои сарони кишварҳои узви СУС иштирок мекунанд. Масъалаи қабул шудани Чумҳурии Тоҷикистон ба созмон моҳи декабри соли 2012 тасдиқ шуда, 2 - юми марти соли 2013 хамчун санаи расмии аъзогии Тоҷикистон дар созмон ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон 159-ум кишвари узви СУС буда, дар миқёси Осиёи Миёна баъд аз Қирғизистон дуюмин кишварест, ки ба узвияти ин созмон пазируфта шудааст.
СУС дар асоси Оинномаи СММ таъсис ёфта, характери императивӣ дорад: дар соҳаи савдо созмон дода шуда, дар сатҳи универсалӣ қарор гирифтааст ва ба гурӯҳи созмонҳои махсусгардонидашудаи СММ дохил карда мешавад.
Қоида ва принсипҳои асосии СУС дар созишномаҳои бисёрҷонибаи савдо инъикос ёфта, паҳлӯҳои гуногуни савдои молҳо ва хадамот, назари ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ, рафъи низоъҳо ва механизмҳои тавсифи сиёсати савдо ва ғайраро фаро мегирад.
Дар доираи савдои молҳо дар СУС якчанд созишнома дар бахшҳои кишоварзӣ, нассоҷӣ ва мавзӯъҳое ба мисли савдои давлатӣ, стандартҳои маводҳои гуногун, субсидияҳо ва фаъолияти зиддидемпингӣ амал мекунанд.
Мувофиқи тартибу низом ва қоидаҳои СУС зиёда аз 95 фоизи ҳаҷми савдои ҷаҳонӣ маҳз тавассути ҳамин созмон ба роҳ монда шудааст.
Дар низоми савдои байналмилалӣ ба сифати ташкилию ҳуқуқии асосӣ СУС вазифаҳои зеринро иҷро мекунад.
1 Ташкил ва гузаронидани гуфтушунидҳо доир ба масъалаҳои ба қоидаҳои савдои байналхалқӣ дахлдор (аз байн бурдан ё кам кардани монеаҳои тиҷоратӣ);
2. Розигӣ ва пешниҳод намудани масъалаҳои асоснокшуда доир ба маҳдудиятҳои савдо дар алоқамандӣ бо масъалаҳои зерин: бехатарии маводи ғизоӣ, амнияти миллӣ, ҳифзи саломатӣ, паст кардани афзоиши бемориҳои сироятӣ, нигоҳдории нархҳои ҷаҳонӣ ва ғайра.
3. Бо кӯмаки бахшҳои танзими баҳсу мунозираҳо ва низоъҳо, дар чорчӯбаи СУС риоя шудани қоидаҳои савдои байналмилалӣ аз тарафи бархе аз мамлакатҳои аъзои СУС;
4. Ҳар як узви нави ба СУС қабулгардида вазифадор аст, ки ҳамаи созишномаҳо ва қоидаҳои савдои байналмилалии ба имзо расидаро риоя кунад.
Барои савдо дар чорчӯбаи СУС шароитҳои зерин муқаррар гардидааст:
1 Ҳимояи истеҳсолоти дохилӣ тавассути маҳдудиятҳои тарифӣ (тарифҳои гумрукӣ);
2. Алоқамандии тарифҳо ҳангоми ҷорӣ намудани монеаҳои тарифи муайян дар савдои байналмилалӣ бояд андоза дошта бошад;
3. Ташкили шароити баробари савдо;
4. Меъёри фаъолияти беҳдошти мусоиди миллӣ. Шароити мазкур чунин маъно дорад, ки воридкунандагони молу маҳсулот ҳамон реҷаи савдоро истифода менамоянд, ки истеҳсолкунандагон дар дохил онро истифода намудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлол гаштан барои ворид шудан ба Созмонҳои иқтисодии байналмилалӣ ва гурӯҳҳои минтақавӣ кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад. Зеро ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои рушди устувор имконият фароҳам меорад.
Моҳи майи соли 2001 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дохил шудан ба СУС дархости расмӣ ирсол намуд ва он аз тарафи Шӯрои кулли созмон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Моҳи июли ҳамон сол дар бораи ба ҳайси нозир пазируфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати СУС қарори махсуси комиссияи Шӯрои кулли СУС қабул гардид.
Бояд қайд кард, ки барои дохилшавӣ ба СУС ҳар як мамалакат бояд як қатор шарту шароити заруриро зина ба зина ҳалл намояд:
1. Мамлакатҳо барои дохилшавӣ ба ин созмон бояд дархост пешниҳод намоянд, ки он дар ҷаласаи Шӯрои кулл ҳаматарафа баррасӣ мегардад. Аз рӯи қарори Шӯрои кулл дар мамлакат гурӯҳҳои корӣ ташкил меёбанд ва ба онҳо ҳуқуқи мақоми машваратӣ дода мешавад;
2. Баъд аз пурра омодашавии кишвар барои аъзогӣ ба СУС, ба мамлакатҳои аъзои СУС меморандум дар бораи савдо ва реҷаи сиёсиву савдои мамлакат пешниҳод карда мешавад;
3. Меморандуми пешниҳодшуда дар ҷаласаи гурӯҳҳои кории мамлакатҳо қисм ба қисм мавриди баррасӣ қарор мегирад;
4. Баъди аз баррасии меморандум аз тарафи гурӯҳҳои кории мамлакатҳои ба СУС дохилшаванда дар мавриди шартҳои тарифҳои худии пешниҳодшуда ва уҳдадориҳо барои ба бозори молу хадамот ва моликияти зеҳнӣ роҳ пайдо намудан гуфтушунидҳои ду ё бисёрҷониба бо кишварҳои аъзои СУС шурӯъ мешавад;
5. Баъди гирифтани розигии ҳамаи кишварҳои аъзои СУС, рӯйхати давлатҳои ба созмон дохилшаванда барои баррасӣ ба Шӯрои кулл ё Конфронси вазирон пешбарӣ карда мешавад.
Дар бораи қабул ба аъзогии СУС аз рӯи меъёри овоздиҳии 3/2 ҳиссаи аксарияти овозҳо қарор қабул мешавад.
Афзалиятҳои дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС аз бандҳои зерин иборат мебошад:
1. Қабули «қоидаҳои бозӣ»-и ягона барои ҳамаи созмонҳои ҷаҳонӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ (ба амал овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ, рушди босуботи иқтисодӣ ва ғайра);
2. Ташкили шароити муфид барои дастрасгардонии молу хадамоти мамлакат дар бозори ҷаҳонӣ ва дар баробари ин чунин сиёсат метавонад ба фаъолияти иқтисодии корхонаҳо ва даромади буҷет таъсири мусбат расонад;
3. Ҷумҳурӣ барои ҳаллу фасл намудани масъалаҳои савдо роҳ пайдо карда, барои таҳияи қоидаҳои нави савдои байналмилалӣ имконият пайдо мекунад;
4. Ҳамагуна имконияту шароитҳои судманд барои ҳамкорӣ бо мамлакатҳо доир ба масъалаҳои иқтисодӣ пурзӯр мегардад;
5. Нақши мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо минтақаҳо доир ба масъалаҳои иқтисодӣ пурзӯр мегардад;
6. Тоҷикистон метавонад барои бо дигар ташкилотҳои иқтисодии байналмилалӣ ва гурӯҳҳои ҳамгиро гуфтушунидҳо гузаронад.
Тавре аз таҳлили мухтасари шарту қоидаҳои аъзогӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо бармеояд, кишварҳо бо мақсади ба даст овардани имтиёз ва бартариҳо дар савдои байналмилалӣ, пайдо кардани дастрасӣ ба манбаъҳои молиявии ҷаҳон, ба кишвар ворид кардани молу хизматҳои ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва аз кишвар ба хориҷа содир намудани моли худ ва масъалаҳои зиёди дигаре, ки мавқеи кишварро дар миқёси ҷаҳонӣ устувор мегардонад, узви СУС мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз Ҷумҳурии Қирғизистон дуюмин кишваре ба ҳисоб меравад, ки узви созмони бонуфузи байналмилалии савдо шудааст ва ҳамин омил далели дар самти рушди устувори иқтисодӣ қарор доштани мамлакат мебошад.
Адабиёти истифодашуда:
1. Джураев Б.М. Вступление во Всемирную торговую организацию и его последствия для банковской системы Таджикистана. Вестник РТСУ. 1(40). С.85-90. Душанбе 2013.
2. Авдокушин Е.Ф. Международные экономические отношения.- М.: Юристъ, 2012. - С. 98-99. 2. Данилова Е.В. ВТО: регулирование торговли услугами. - М.: Академкнига, 2010. - С. 13.
3. Дюмулен И.И. Всемирная торговая организация. - М.: Экономика, 2011. - С. 15-16.
4. Оболенский В. Присоединение России к ВТО и ее участие в интеграции // МЭ и МО. - 2010.
Шуҳрат Шамсуддинов,
ходими хурди илмии Институт