Муаллиф: ИОМДОА
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 17 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Таҳдидҳо ва хатарҳои осебпазир ба субот ва амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ” баргузор мегардонад.
Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:
Дар кори конференсия иштироки олимон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар назар дошта шудааст.
Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Риояи меъёрҳои навиштани мақолаи илмӣ ҳатмист. Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талабот ҷавобгӯй бошанд. Замимаҳои мақола набояд аз 8-саҳифа (формати-А4) зиёд бошад. Мақола бо шрифти Тimes New Roman TJ, андозаи ҳарф - 14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 пешниҳод гардад.
Муҳлати қабули мақолаҳо-то 10 июни соли 2024.
Нишонӣ барои ирсоли мақолаҳо: Шӯъбаи ИДМ-и ИОМДОА АМИТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ,33.
Телефонҳо барои тамос: 221-03-28, 227-05-76, 93-730 87 87
Почтаи электронӣ: rustam86@hotmail.com
Шахси масъул: Ҳайдаров Р.Ҷ.