Муаллиф: ИОМДОА
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 28 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони “Ҳамкории макроминтақаи Аврупо бо Тоҷикистони муосир: мушкилот ва дурнамо” баргузор менамояд.
Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
Дар кори конференсия иштироки олимон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ватанӣ ва хориҷӣ дар назар дошта шудааст.
Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Риояи меъёрҳои навиштани мақолаи илмӣ ҳатмист. Ҳаҷми мақола набояд аз 8- саҳифа (фармати- А4) зиёд бошад. Мақола бо шрифти Тimes New Roman TJ, андозаи ҳарф -14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфчинӣ гардад.
Маводи конференсия чоп мешавад.
Муҳлати қабули мақолаҳо то 20 майи соли 2024.
Нишонӣ барои ирсоли мақолаҳо: Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.
Телефонҳо барои тамос: 221-03-28, 935008732 989820202
Почтаи электронӣ:
sanajanvohidova@gmail.com