Кӯдаки чорсолаам,
Мисли гӯли лолаам...
Гӯл ба гӯлистон омад,
Лола ба бӯстон омад.
Себу биҳи олуболӯ,
Ман дӯст дорам зардолӯ.
Эй бачаи хубу тамиз,
Ки рафтаи пушти миз.
Мева нахур ношуста,
Ки руяш магар нишаста,
Аввал бишуй бодиққат.
Баъдаш бихӯр бо лаззат.
Ин ва дигар шеъру таронаҳое бешуморе дар адабиёти мо ба чашм мерасанд, ки наврасону кӯдаконро ба ҷодаи ёдгирӣ ва омӯзиш роҳнамоӣ менамояд. Дар ҳақиқат даврони тифлию кӯдакӣ мактабест, ки қолаби равонии таълимии мо инсонҳо аз ҳамин лаҳзаҳо тақвият ва рушд менамояд. Зеро дар ин давра ҳаракатҳо ва ҳиссиёти инсонии мо фаъолтару шаффофтар ва покизаву поктинат мебошанд. Давронест, ки бештару беҳтар мешунавему сабт мекунем ва холигиҳои майнаро бо ишораву ироаҳои ифодафавӣ ва таълимӣ пур мекунем. Бешак қабули қонуни махсуси кишвар масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд саривақт буд, ки ҳадафу мақсади қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
Имрӯзҳо ҳамаи мактабҳову муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои олам бо сабаби хуруҷи “Каронавирус-2019” дар истироҳат қарор дошта, бештар дар хона дар назди падару модар ё хонавода қарор доранд, ки зарӯр шуморидем, то чанд нукотеро оиди атфолу кӯдакони бо истеътоду бо лаёқат ва намӯнаи кору фаъолияти онҳо дар омӯзиш ва таълим ироа намоем ва хонанда аз он истифодаи маънавӣ дарёфт намояд. Зеро онҳо афроди ояндасоз ва нерӯҳои бо матину ҷасури ҷомеа мебошанд, ки миллатҳо дар пояи донишу малакаи онҳо ба назму низом даромада, устувор боқӣ мемонанд. Муттафаккир ва нобиғаи шарқ аллома - Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба ин назар аст, ки ибтидо ва оғози худшиносӣ ва озодандешии инсонҳо аз фард оғоз меёбаду миллат бо он такомул пайдо мекунад:
Фард мегирад зи миллат эҳтиром,
Миллат аз афрод меёбад низом. (М.Иқбол)
Аз ин лиҳоз донистани чунин хусусиятҳову малакаҳои наврасон хело муҳим арзёбӣ шуда, дарку фаҳмиши он аз ҷанбаҳои муҳимми рушди таълим ва тарбияи наврасону кӯдакон ба шумор меравад.
Инҷо метавон ишора кард, ки ба таври умум дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ мушаххас кардани малакаву маҳорати наврасону кӯдакони боистеъдоду болаёқат хело осон бошад, шояд ҳар яке аз мо интизори он бошем, ки ҳамаи он кӯдакон ва донишомӯзон бо ҳам монандӣ дошта бошанд, аммо дар асл ин кӯдакон ва донишомӯзони ҷавону хирадманд бо доштани отифаҳои фитриву равонии худ дар шакл, андоза, рафтору кирдор ва ахлоқ бо ҳам тафовутҳои зиёде доранд. Бо чунин ҳиссиёти ҷисмиву равонии рангоранг, дарку фаҳмашон низ дараҷабандӣ дорад, ки дар пояи истифода аз илми равоншиносӣ рушду нумӯ менамояд. Тибқи баррасиву таҳқиқоти илмии равоншиносон мушоҳида мешавад, ки чунин наврасон мехоҳанд дар ибтидои омӯзиш бо худашон, ҳамсинфонашон ва муаллимонашон равобити хубе баркарор кунанд. Аксари онҳо хусусиятҳои хосе доранд, ки бо ҳам муштараканд. Бардошту натиҷагирии мо омили он гашт, то чанд хусусиятҳои муштараки кӯдакон ва донишомӯзони комёбро чун ҳадяи илмие биоварем, то хонанда аз он огоҳӣ ва дарку фаҳми нав пайдо намояд.
- Дониста бошем, ки ҳамаи кӯдакон ва донишомӯзони наврас дилбаставу шавқманди омӯзишанд.
- Аз даврони хурдсолӣ аксари оилаҳо ва муассисаҳои таълимӣ маводу матолиби ҷолибу дилкашеро барои ҷустуҷӯ ва кунҷковӣ ба кӯдакон ва наврасон интихоб карда, пешниҳод мекунанд ва бо ин равиш фаҳм ва зиракиро ангехта, онҳоро ташвиқ ба ёдгирӣ ва омӯзиши маълумоту иттилоотӣ нав мекунанд.
- Наврасон маъмулан ёдгирӣ ва омӯхтанро дӯст дошта, дунболагирӣ мекунанд.
- Наврасони донишомӯз талошу кушиш мекунанд, то ҳамеша аз калонсолон, муаллимон ва падару модари худ саволҳо кунанд. Ҳангомеки дучори саволи мураккабу душвор, медонанд ки муаллимон, устодон ва калонсолон дар канори онҳоянд ва ба онҳо кумак хоҳанд расонд.
- Аз саволу пурсиш тарсу ҳарос надошта, барои ёфтани ҷавоб худашон ҳам кушишу талош мекунанд.
- Аз дарк, ҳиссиёт ва маҳоратҳои иҷтимоӣ низ кӯмак мегиранд.
Яъне онҳо баъд аз таваллуд дар макону ҷойҳое умр ба сар мебаранд, ки дар рушду таълими онҳо таъсир мерасонанд. Равоншисон исбот карданд, ки хонавода, мактаб ва муҳити зист пур аз равишҳои иҷтимоӣ ва ҳиссиётҳоест, ки кӯдакон ва донишомӯзон тавассути онҳо ёд мегиранд ва гоҳе аз он васоили ба тарзи хубтару огоҳтар пайравӣ мекунанд. Аз ин лиҳоз, инро бояд муҳим дониста, падару модарро зарӯр аст, то аз роҳҳои ҳимоятҳои равонӣ ва рӯҳии ба кӯдакон ва донишомӯзон истифода карда, дар тасмимгириҳои онҳо дастгирӣ ва кумак намуда, ба онҳо дӯсту меҳрубон бошанд.
- Наврасони ёдгиранда барои рушди истеъдоду маҳоратҳои дониши худ, талош мекунанд, то маълумоти дуруст, пурра ва дақиқ ёбанд.
Аз ин ҷиҳат мо падару модар ва муаллимонро лозим аст, то кӯдакон ва донишомӯзони худро бо донистани равонии онҳо, яъне на бештар ва ё камтар аз дарку фаҳмашон тарбияту нигоҳубин кунем ва пайваста онҳоро ба доштани орзуҳои бузург ва манфиатнок ташвиқу тарғиб намоем.
- Маъмулан наврасону кӯдакон ва донишомӯзон ба падару модар, калонсолон ва муаллимони худ ҳамчун намунаи зиндагӣ нигоҳ карда, бештари рафтору кирдору гуфтори онҳоро пайравӣ мекунанд.
Яъне онҳо моро бештар дида, пайравӣ мекунанд. Ба забони дигар мо бояд интизори онро дошта бошем, ки гоҳе аз онҳо матолиберо ёд мегирем.
- Малакаву дониши кӯдакон ва донишомӯзон дар муҳити хона ва мактаб ба таври фитрӣ ё табиӣ рушд намуда, афзоиш меёбад
Фитратан мо падару модар, калонсолон ва муаллимон нозиру муроқиби бештари ҳаракату фаъолиятҳои наврасони худ буда, дар сурати пайдо шудани мушкилот онҳо метавонанд аз мо ёрӣ ва кумак бихоҳанд. Мо метавонем онҳоро бо меҳру вафои самимона даъват карда, дар бораи душвориҳо ва таҷрибаҳои худашон бо онҳо суҳбат кунем ва онҳоро роҳнамоӣ кунем, то мушкилот ва душвориҳоро фикр карда, хонда ҳал намоянд.
- Дониста бошем, ки наврасон рафтору кирдору гуфтори хуби хонавода, мактаб ва муҳитро мушоҳида карда, пайравӣ мекунанд.
Наврасону кӯдакон ва донишомӯзон хислатҳои хуби муҳитро ёд гирифта ба кор меоваранд. Дар хона, мактаб ва ҷомеае, ки назм ва барномарезии хуб вуҷуд дошта бошад, то аз ҳамон барнома омӯзанд ва малакаву маҳорати фаъолиятҳои худро тибқи он таҳия ва тақсимнамоӣ кунанд.
- Наврасон арзиши қимати қоидаву қонунҳоро одатан бо дарки хос мефаҳманду меомӯзанд.
Аз ин ҷиҳат мо падару модар, калонсолон ва муаллимон бо таҳия ва гузоштани қоидаву қонунҳо ва роҳнамоиҳо метавонем ба кӯдакон ва донишомӯзони худ кӯмак расонем. Зеро бо ин восита онҳо мефаҳманд, ки хона, муҳит ва мактаб қонунҳои хоси худро доранд, ки бояд эҳтиром ва риоя шавад. Бояд дониста бошем, ки эҷоди барномаҳои хуб ва беҳтар омили рушду нумӯи онҳо буда, ояндаи онҳоро дурахшону шодком мегардонад ва онҳоро аз ҷаҳолату разолат дӯр нигоҳ медорад.
Хулоса, мақоларо бо сухани паёмбари Ислом Муҳаммад (сас), ки фармудааст, “Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй” ва порчае аз шеъри устод Рӯдакӣ оиди мартабаву мақоми омӯзиш чун пояи асосии рушд ва ҷавшани ҳаёт дар самти пешрафти илмии наврасон хулосабандӣ менамоем,
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Мирсаид Раҳмонов,
ходими илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон