Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону
Дар арафаи 32-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон 6 сентябри соли 2023 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармсро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан таъкид доштанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои мо дар заминаи принсипҳои эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва робитаҳои барои тарафайн судманд асос ёфтаанд. Ҷонибҳо ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳиро барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ карданд. [1]
Ҳамчунин, соҳаҳои саноати сабуку нассоҷӣ, хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои нодир, мошинсозӣ, кимиё, фарматсевтика ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуданд. Роҳандозии ҳамкориҳои муассир дар самти ҷалби ҳарчи бештари сармояи олмонӣ, навовариҳо ва воридоти технологияи нав аз Олмон ба соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон зарур шумурда шуд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар рафти мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо рушди ҳамкории байнидавлатиро дар қолаби “Шарикии сармоягузории Тоҷикистону Олмон” мувофиқи мақсад шуморида, изҳори имтинон карданд, ки Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон, ки дар шаҳри Душанбе дирӯз баргузор гардид, ба ин раванд мусоидати муассир хоҳад кард.
Олмон давлати мутариққӣ ва мутамадин буда, дар Иттиҳоди Аврупо нақши калидиро дорад. Доштани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Олмон барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ муҳим арзёбӣ карда мешавад. Бояд қайд кард, ки Олмон дар баробари давлатҳои ҷаҳон соли 1991 соҳибистиқлолии Тоҷикистонро шинохта, 28 феврали соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо сарварии дипломати ҷавон ва умедбахш Александ Бекманн барқарор шуданд. Омили танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳарду кишвар мебошад. То ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Олмон зиёда аз 42 санади дуҷониба ба имзо расидааст. Аз теъдоди мазкур зиёда аз 31 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ, 10 созишномаҳои байниидоравӣ ва 1 изҳороти муштарак ташкил медиҳанд.[2]
4 сентябри соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи шарқии Иқтисодии Олмон Михаел Ҳармс баргузор гардид. Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Канслери федеролии Олмон Олаф Шолтс муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Инчунин дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. аз сармоягузорони Олмон барои маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноатикунонӣ, энергетика, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди сабз ва рақамӣ дархост ба амал овард, ки аз ҷониби онҳо хуб пазируфта шуд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.
Бояд зикр намуд, ки динамикаи ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Олмон дар моҳҳои январ-июни соли 2023-юм 93,9 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 млн. доллар ё 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар ин давра дар сатҳи олӣ ва баланд вохӯроҳо анҷом ёфтанд, ки дар ин раванди робитаҳо ба уфуқҳои навро байни ду кишвари бо ҳам дӯст дод. Ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистону Олмон дар 6 моҳи соли 2023 нисбат ба нимаи аввали соли 2022 2 баробар афзуда, қариб 94 миллион долларро ташкил дод.[3] Бояд хотирасон кард, ки Олмон дар соли 2021 тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва совдои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шарикони асосии савдо бо Тоҷикистон аст.
кишвар |
гардиши савдо |
содирот |
воридот |
ҳиссаи умумӣ аз гардиши савдо |
Олмон |
107,4 |
0,3 |
107,1 |
1,7% |
Қанд ва маҳсулоти қаннодӣ аз қанду шакар |
0,3 |
0 |
0,3 |
1,9% |
Меваҳо ва мағзҳои хӯрданибоб; пӯст ва пӯстлоқи ситрусӣ ё харбуза |
5,9 |
0,1 |
5,8 |
36,4% |
Пахта |
4,6 |
4,6 |
0 |
28,4% |
Сабзавот ва баъзе бехмеваҳо ва муғҷамеваҳои хӯрданибоб |
3,1 |
1,6 |
1,5 |
19,1% |
Растаниҳои хӯшадор |
0,4 |
0 |
0,4 |
2,5% |
Барои рушди минбаъдаи робитаҳои Тоҷикистону Олмон дар асоси иқтидори иқтисодии кишвар чунин пешниҳод менамоем:
Ҳамин тариқ, барои муносибатҳои тарафайн мо бояд барои сармояи мустақими хориҷӣ фазои мусоид муҳайё намоем. Тавре ки Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс дар вохӯрӣ бо ВАО ибрози ақида намуд, ки ҷониби Тоҷикистон омодагии худро барои ҳамкориҳои судманд пешкаш намуд. Дар баробари он зикр намуд, ки тоҷикон кишвари худро хело дӯст доранд ва ин кишвар ояндаи хуб дорад.
Воҳидова Санавбарбону
доктори илмҳои таърих, профессор
мудири шуъбаи Аврупо ва Америка
[1] Мулоқот бо Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс http://www.president.tj/node/31431
[2] Муносибатҳои Тоҷикистон бо Германия https://mfa.tj/tg/main/view/180/munosibathoi-tojikiston-bo-olmon
[3] Товарооборот Таджикистана и Германии вырос в 2 раза, до почти $94 млн https://fomag.ru/news-streem/tovarooborot-tadzhikistana-i-germanii-vyros-v-2-raza-do-pochti-94-mln/