Муаллиф: Раҷабов Ҳабибулло
Дар мамлакате, ки рақси миллиаш дар тамоми ҷаҳон машҳур аст, табиист, ки шумораи раққосаҳову рақосҳои боистеъдод хеле зиёд аст. Барои ҳамин ҳам аз байни онҳо машҳуртаринашонро ёдовар шудан кори осон нест. Яке аз ҳамин гуна раққосаҳо Падминӣ (1932 – 2006) мебошад. Ин ҳунарпеша дар зиёда аз 250 филми ҳиндӣ рақс кардааст. Се хоҳарони болаёқат–Падминӣ, Лалита ва Рагинӣ дар рақс машҳур буданд. Дар ин сегона Падминӣ машҳуртарин буд. Падминӣ 35 соли умри худро бо шавҳараш Рамачандран дар ИМА гузаронда, он ҷо калонтарин мактаби рақси классикии ҳиндӣ кушодаст. Ҳангоми зиндагӣ дар ИМА, Падминӣ дар филмҳо нақш меофарид ва рақс мекард. Ҳамзамон гоҳ-гоҳе ба ватани худ – Ҳиндустон омада, ҳунари худро намоиш медод.
Падминӣ аввалин ҳунарпешаи Ҳиндустони Ҷанубӣ буд, ки ба ҷаҳони Болливуд ворид шудааст. Падминӣ ба ғайр аз филмҳои ҳиндӣ боз дар аввалин филми якҷояи Иттифоқи Советӣ ва Ҳиндустон «Саёҳати се баҳр» (1957) нақш дорад. Вай дар филми “Садоқат” бо раққосаи номӣ Виҷаянтимала рақс кардааст. Вай бо Раҷ Капур дар филмҳои«Дар замине, ки Ганг ҷорӣ аст» (1960), «Номи ман масхарабоз» (1972) нақш иҷро кардааст. Падминӣ сазовори бисёр ҷоизаҳо шудааст. Вай инчунин дар Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён, ки дар шаҳри Маскав (1957) баргузор шуда буд, ҷоизаи "Раққосаи беҳтарини классикӣ"-ро гирифтааст.
Пандит Брижмохан Мишра барандаи ҷоизаи машҳури “Падма Вибҳушан” ва “Академияи драмаи мусиқӣ” мебошад. Бирҷу Маҳараҷ рақси классикии ҳиндӣ Катҳакро ба қуллаҳои нав расондааст. Вай дар драмаи рақсии Катҳак қоидаҳои муайяни ҳатмиро муқаррар кардааст. Вай ҷаҳонро саёҳат карда, дар баробари гузаронидани семинарҳо барои донишҷӯёне, ки Катҳакро меомӯзанд, ҳазорон намоишҳои рақсӣ ташкил намудааст. Пандит Биржу Маҳараҷ низ муассиси Калашрам аст.
Сонал Мансингҳ (тав. 1944) бо намуди рақси Одиссӣ машҳур аст ва ҳамчун раққосаи барҷастаи классикии Ҳиндустон шинохта шудааст. Сонал Мансингҳ фаъолияти рақсии худро дар соли 1962 оғоз кардааст. Вай дар Деҳлии Нав Маркази рақси классикии ҳиндиро таъсис додааст, ки дастпарваронаш хеле зиёд ва соҳибистеъдод мебошанд. Сонал Мансингҳ дар соли 1992 ба мукофоти “Падма Бҳушан” ва дар соли 1987 ба ҷоизаи “Академияи драмаи мусиқӣ” сарфароз шудааст. Вай боз дар соли 2003 Падма Вибҳушанро (дуюмин ҷоизаи олии шаҳрвандӣ дар Ҳиндустон) гирифтааст.
Малика Сарабҳайӣ- яке аз машҳуртартин раққоса ва ҳунарпешаи классикии ҳиндӣ, соли 1953 дар Аҳмадободи музофоти Гуҷарат дар оилаи раққосаи классикӣ Мриналини Сарабҳайӣ ва олими соҳаи кайҳон Викрам Сарабҳайӣ таваллуд шудаст. Малика дар рақсҳои “Кучипудӣ” ва “Бҳарататям” худро ҳамчун раққосаи боистеъдод ва соҳиби маҳорати баланд нишон додааст.
Малика аз овони ҷавонӣ ба омӯхтани рақс даст зада, дар 15-солагиаш аллакай дар филмҳои бадеӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Вай дар Париж нақши Драупадиро (қаҳрамонзане аз ҳамосаи «Махабҳарата») бозида, соли 1977 сазовори ҷоизаи “Ситораи тиллоӣ” шудаст. Малика дар давоми фаъолияти босамари худ бисёр ҷоизаҳои миллӣ ва байналмилалро ба даст овардааст. Аз ҷумла, ба олитарин ҷоизаи давлатии Ҳиндустон “Падма Бҳушан” ва ҷоизаи “Академияи драмаи мусиқӣ” сарфароз гаштааст. Ҳоло Малика Сарабҳайӣ “Академияи драмаи мусиқӣ” -ро, ки дар Аҳмадобод ҷойгир аст, сарварӣ мекунад.
Рукминӣ Девӣ Арундал (1904-1986) раққосаи машҳури рақси Бҳарататям ва асосгузори рақси Калакшетра шинохта мешавад. Бо вуҷуди аз табақаи болоии ҷамъияти Ҳиндустон буданаш, ки барояшон рақс кардани занҳо чандон дастгирӣ намеёбад, тамоми умри худро ба ин санъат бахшидааст. Вай соли 1956 бо гирифтани ҷоизаи “Падма Бҳушан” сарфароз шудааст. Рукминӣ Девӣ бо фаъолияти сермаҳсули худ дар бахшҳои рақс, маориф ва фарҳанг маъруф аст. Раққоса барои ривоҷу таблиғи рақсу мусиқии классикии Ҳиндустон саҳми назаррас гузоштааст. Вай инчунин дар соли 1967 аз “Академияи драмаи мусиқӣ” дастгирии молӣ гирифтааст ва имрӯз дар рӯйхати “Ҳиндустон 100” аз ҷумлаи нафароне ҳаст, ки дар нерумандсозии санъати Ҳиндустон саҳми арзишманд доранд. Чанде аз огоҳон ишора ва ҳатто тасдиқ мекунанд, ки Рукминӣ Девӣ Арундал аз ҷониби Морарҷӣ Десай - нахуствазири Ҳиндустон пешниҳод шуда будаст, ки Президенти Ҳиндустон шавад, вале ӯ рад кардааст. Рукминӣ Девӣ инчунин бо талошҳои худ дар ҳифзи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳайвонот машҳур буд. Ин раққосаи номӣ аввалин зан дар таърихи Ҳиндустон мебошад, ки ба ҳайси узви Раҷя Сабҳа - палатаи болоии парлумони Ҳиндустон, таъйин шуда буд. Вай инчунин барои қавитар ва равшантар кардани санъати рақс ва дигар ҳунарҳои анъанавии мардуми Ҳиндустон ҳиссагузор аст.
Шована Нараян. Раққоссаи машхури Катҳак Шована Нараян 17 феврали соли 1949 дар Банголаи Ғарбӣ таваллуд шудааст. Вай дар солҳои 1970-ум худро ҳамчун раққосаи боистеъдод муаррифӣ карда, маҳбубият ҳосил кардааст. Рақсҳои ӯ пур аз паёмҳои илҳомбахш мебошанд. Рақси ӯ ифодаи эҳсоси хос аст. Шована Нараян, хатмкардаи Миранда Ҳаус, соли 2008 дар Донишгоҳи Мадрас дараҷаи M.Phil дар соҳаи дифоъ ва тадқиқоти стратегӣ ва дар соли 2001 дар Донишгоҳи Панҷоб дараҷаи магистрро дар илмҳои иҷтимоӣ гирифтааст. Шована Нараян дар соли 1992 бо Ҷоизаи Падма Шрӣ ва соли 1999 Ҷоизаи Сангит Натак Академӣ сарфароз шудааст. Шована Нараян раққосаи машҳур ва муҳтарами рақси Катҳак дар Ҳинд аст. Вай ҳамчун ҳунарманди рақси Катҳак ва ҳамчун хизматчӣ дар Хадамоти аудит ва муҳосиботи Ҳиндустон фаъолият дорад. Ӯ ҳунари худро дар Ҳиндустон ва дар саросари ҷаҳон иҷро карда, лоиқ ба гирифтани ҷоизаи Падма Шрӣ шудааст. Устоди ӯ Бирҷу Маҳараҷ–шахси шинохтаи олами рақс аст.
Шована Нараян дар Миранда Ҳауси Деҳлӣ таҳсил кардааст. Дар аспирантураи соҳаи физика низ фарогири таҳсил шудааст. Вай дар соли 2001 дар Донишгоҳи Панҷоб дар соҳаи ҷомеашиносӣ ва дар соли 2008 дар Донишгоҳи Мадрас дар соҳаи дифоъ ва тадқиқоти стратегӣ таҳсили магистратураро гирифтааст. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси хизматчӣ дар Хадамоти аудит ва ҳисобҳои Ҳиндустон хизмат кардааст. Вай соли 2010 ба нафақа баромадааст.
Шована Нараян ҳамчун ҳунарпеша ва гуру (устод) имрӯз яке аз ҳунармандони машҳур ва барҷастаи рақси Катҳак дар Ҳиндустон аст. Вай ҳамчун коргардони рақс ва иҷрокунандаи рақс хеле маъруф аст. Вай дар бисёр фестивалҳои машҳури миллӣ ва байналмилалӣ дар саросари ҷаҳон ҳунари волои рақскунӣ нишон дода, тамошобинонро мафтун кардааст. Ӯ хунари худро дар назди сарварони бисёр мамлакатҳо нишон додааст. Шована Нараян ба бисёр раққосаҳои катҳак, ки баъзе аз онҳо санъаткорони машҳури насли наврас шудаанд, таълим додааст.
Шована Нараян ҳамчун балетмейстер ва иҷрокунандаи рақс дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони байналмилалӣ асарҳо эҷод кардааст, аз ҷумла балети классикии ғарбӣ, фламенкои испанӣ ва ғайра. Вай инчунин аввалин директори маросими ифтитоҳ ва пӯшидани Бозиҳои 6-уми олимпии соли 2003 дар Деҳлии Нав буд. Дар маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавии мусобиқа аз ҷониби ӯ намоиши рақсӣ намоиш дода шуд. Шована Нараян бо раққосони пешқадами рақсҳои классикии ҳиндӣ ҳамкорӣ карда, шоҳасарҳои зиёде эҷод кардааст. Ин раққосаро инчунин ҳамчун режиссёр низ мешиносанд.
Удай Шанкар. Удай Шанкар, ки соли 1971 бо ҷоизаи Падма Вибҳушан мукофотонида шудааст, дар иҷрои усулҳои театрии ғарбӣ маъруф аст ва дар айни ҳол шакли санъати қадимии рақси анъанавии ҳиндуҳоро дар Ҳиндустон, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо муваффақият паҳн кардааст. Ӯ дар соли 1962 бо ҷоизаи Сангит Натак Академӣ ва Ҷоизаи Десикотама аз ҷониби Донишгоҳи Висвабҳаратӣ мукофотонида шудааст.
Ямини Пурнатилака Кришнамуртӣ. Ямини Пурнатилака Кришнамуртӣ, ки бо номи Ямини Кришнамуртӣ маъруф аст, машҳуртарин раққосаи Кучипудӣ ва Бҳарататям аст. Ямини Кришнамуртӣ фаъолияти худро дар рақс дар соли 1957 дар синни ҳабдаҳсолагӣ оғоз кардааст. Барои он ки тахмин кунем, кӣ будани ин раққосаро, бояд ба далели поёнӣ бо диққат нигоҳ кунем: Ямини Пурнатилака Кришнамуртӣ соли 1968 бо ҷоизаи Падма Шри, соли 2001 бо ҷоизаи Падма Бҳушан васоли 2016 бо ҷоизаи Падма Вибҳушан мукофотонида шудааст. Ин ба камтарин шахсиятҳо муяссар мешавад. Бояд махсус зикр кард, ки дар Ҳиндустон қариб якуним миллиард аҳолӣ дошта шумораи онҳое, ки дар давоми умри худ, барои дар ягон соҳа фаъолияти босамар нишон додан сазовори олитарин мукофотҳои шаҳрвандии Ҳиндустон ба мисли мукофотҳои Падма Шрӣ, Падма Бҳушан ва Падма Вибҳушан шуда бошанд, ангуштшумор ҳастанд. Барои боз ҳам дақиқтар дарк намудани мақоми ин мукофотҳо дар ҷомеаи ҳиндустонӣ боз бояд ба чунин далел нигоҳ кунем: Дар соли 2023 аз тарафи Президенти Ҳиндустон Драупади Мурмуҳамагӣ 91нафар мукофоти Падма Шри, 9 нафар мукофоти Падма Бҳушан ва 6 нафар мукофоти Падма Вибхушан гирифтанд.
Дар соли 2014 Ямини Кришнамуртӣ аз ҷониби Мактаби Шамбҳавӣ барои рақси "Шахсияти Қаҳрамони барҷаста" ба муносибати Рӯзи занон бо ҷоизаи "Натя Шастра" мукофотонида шуд. Қадри ин мукофот низ хеле баланд аст. Шуҳрати ин зани раққоса ба он дараҷа барҷаста мебошад, ки садҳо ҳазор духтарони ҳиндустонӣ мехоҳанд ба вай пайравӣ кунанд.
Ҳабибулло Раҷабов,
сарходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ