Чуноне маълум аст, 14-15–уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанде 5–умин Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид. Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё яке аз созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки бо дарназардошти таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ, ҳифзи арзишҳои муштараки миллӣ, ҳамкориҳои боварибахши дуҷониба ва бисёрҷониба, пешгирии нузули хатарҳои номатлуби аср ба монанди мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, мубориза бар зидди гардиши қочоқи маводи мухаддир, тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ҳифзи суботи минтақавӣ, нигаҳдоши сулҳ ва амният дар минтақаи Осиё созмон дода шудааст. Дар шаҳри Душанбе Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё хело дар сатҳи баланд ва омодагии хоса баргузор гардид. Дар ҷараёни Машварат масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамзамон фирку ақидаҳо ва пешниҳодоти роҳбарияти кишварҳои узв ва дигар намояндагони дохиливу хориҷӣ ироа ва баррасӣ гардиданд.
Аз равани кори Машварат натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки мақсади бунёд кардани чунин созмон пеш аз ҳама ифодагари эътимоди тарафайн ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои муштарак, нигаҳдошти муҳити осоиштаву обод ва ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллии минтақаи Осиё ва ё худ ҷаҳон мебошад. Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё қатори дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ аҳамияти умумибашарӣ дорад. Зеро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро зарур аст, ки мубодилаи афкори муштаракро миёни халқҳову миллатҳои гуногун роҳандозӣ намояд. Чунки дар шароити бо суръат рушд кардани муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи раванди ҷаҳонишавӣ маҳз тавассути ҳамдастӣ ва кӯмаку мусоидати тарафайн метавонем ҳамкориҳои боэътимод ва устуворро ба роҳ монему фазои сулҳу субот ва оромиву осудагиро нигоҳ дорем.
Дар ҷаҳони муосир таъсири манфии таҳдидҳои глобалӣ-ҷангҳои иттилоотӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом, ҳамлаҳои террористӣ доман паҳн мекунад. Дар ин ҳолат, мухолифати байни иштирокчиёни асосии сиёсатгузории ҷаҳонӣ, дар муносибатҳои байналмилалӣ, тақвият меёбад.
Мусаллам аст, ки имрӯз терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои амният ва суботи Афғонистон ва дигар манотиқи ҷаҳон монеа эҷод менамояд. Аз ин рӯ, яке аз ҳадафҳои СҲТБО пешгирии ҳамин зуҳуроти номатлуб мебошад. Ҷиҳати ин масъала имрӯз СҲТБО аллакай фаъолияти таъсиргузор ва пешгирикунандаро дар минтақаи Осиё нишон додааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимияти вусъат бахшидаи ҳамкориҳои минбаъдаро дар чаҳорчӯбаи СҲТБО дар ҳифзу тақвияти сулҳу субот ва амният дар минтақаи Осиё арзёбӣ намуда, рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба ва дуҷонибаро дар асоси тадбирҳои боварибахш дар самтҳои сиёсат, иқтисодиёт, экология ва иҷтимоиёт роҳандозӣ менамояд.
Дар Тоҷикистон баргузор гаштани Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё имконят дод, ки намояндагони кишварҳои узви Машварат бо мероси фарҳангиву таърихӣ ва сарватҳои табиии Тоҷикистон, инчунин, бунёди платформа барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар ин самт шинос шаванд.
Умуман, Машварати мазкур самтҳои асосии фаъолияти муштаракро барои эҷоди эътимод, амният ва пешрафти раванди МҲТБО муайян кард. Саммити МҲТБО барои ноил шудан ба ҳадафҳои умумӣ ва таҳкими механизмҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба ва ҳамкории васеъ дар доираи ҳалли масъалаҳои фаъоли он мусоидат намуд.
Мавриди қайд аст, ки татбиқи тадбирҳои самарабахш ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои узви МҲТБО, дар ин самт метавонанд дар ҳалли мушкилоти Афғонистон кӯмак расонанд.
Имрӯз амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро падидаҳои террористӣ, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои характери муташаккил дошта таҳдид мекунад. Бинобар ин, мубориза бо чунин таҳдидҳо аз ҳамаи кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё амалиёти фаврии муштаракро талаб мекунад.
Аз ин лиҳоз, бунёд намудани чунин созмони минтақавӣ барои боз ҳам муштаракона ва муташаккилона иштирок намудан дар ҳаллу фасли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, таъмини амният, қавитар намудани равобити мутақобила ва беҳтар сохтани некуаҳволии мардуми минтақа мусоидат менамояд.
Ардамеҳр АШӮРЗОДА
ходими калони
илмии Институт