Муаллиф: Эшонқулов Эшонқул
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мачлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон матраҳ гардид, пешниҳоди таъсиси сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ дар назди Ҳукумати мамлакат буд.
Таъкид гардид, ки мақсади ин тасмим «густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт» аст. Бояд мутаваҷеҳ шуд, ки яке аз маъноҳои маъмулии вожаи «ҳифз» муҳофизат кардан аст ва муҳофизат кардан на танҳо аз боду борон, балки аз харобкорону тороҷгарон ва дуздону яғмогарон низ ҳаст.
Тӯли ду садаи охир бисёр ёдгориҳои таърихии халқи мо дар густураи Тоҷикистони Таърихӣ, аз як тараф, ба сабаби обёрии заминҳои бекорхобида ва сохтмони шаҳру деҳаҳои нав зери хатари нобудӣ афтода, баъзан хароб гардиданд ва аз тарафи дигар, ё ба кишварҳои дигар бурда шуданд ва ё ба номи қавму қабилаҳои дигар сабт шуданд. Аз ин рӯ, таъсиси чунин як ниҳод хеле муҳим ва аҳаммияти он аз аҳаммияти баланд бардоштани ҳаҷми маошу нафақа, ки аз тарафи мардум истиқболи гарм ёфт, камтар нест ва ҳатто дар тӯлонимуддат бештар аз он аст.
Махсусан солҳои охир раванди ба номи худ сабт кардани ёдгориҳои таърихии суғдиву бохтарӣ суръат мегирад. Ҳатто, дурӯғин олимоне пайдо шудаанд, ки на танҳо ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ, балки мансубияти нажодии худи суғдиёнро ҳам таҳриф карда, китобҳо менависанд ва ин дурӯғномаҳо аз ҷониби ниҳодҳое дастгирӣ меёбанду интишор ва тарғиб мешаванд.
Агар чи маънии «соҳибӣ кардан»-и «ҳифз» дар матни Паём ба сароҳат баён нашудааст, чанд нукта ба ин ҳадаф ишорат мекунанд, аз ҷумла: «Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардиданд» ва ҳамчунин:«Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид».
Ҳамчунин, чанд рӯз пас аз ироаи Паём таъсис додани намояндагии алоҳидаи Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО ва ба ин вазифа таъйин шудани як олими пуркору пурталош аз аҳаммияти масъала шаҳодат медиҳад. Қаблан вазифаи намояндагии ҷумҳуриро дар назди ЮНЕСКО сафири Тоҷикистон дар Фаронса иҷро мекард. Воқеан, имрӯз Тоҷикистон ба марҳилае расидааст, ки бояд амнияти таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳамчунин, амнияти забониро дар қатори рукнҳои асосии сиёсати давлат гузорад. Зимнан, чунин як ниҳод барои амнияти забонӣ ё ба дӯши Кумитаи забон ва истилоҳот ва ё ба салоҳияти ҳамин Агентии навтаъсис гузоштани ин вазифа тақозои замон аст. Воқеият тақозо мекунад, ки ин масъалаҳо дар сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ ҳаллу фасл гарданд.
Ҳамчунин, ин татбиқи амалии ин тасмиму қарорҳо ҳамкориву ҳамдастӣ ва заҳматҳои муштараки олимону мутахассисони соҳаҳои гуногунро тақозо дорад.
Эшонқул Эшонқулов,
ходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ