Муаллиф: Солиева Гулафзо
МАВҚЕИ ЗАН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН
Зан-модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат ва ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, дониш, камолоту пешрафт, гузашта, имрӯз ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд. Зеро зан олиҳаест, ки дар у қимматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Бузургтаринҳо аз пешвоҳо ва шахсиятҳое, ки ҷаҳон дар нерумандӣ ва тавоноиашон қоил гардидааст, аз зан ба дунё омадаанду дар домани ӯ парвариш ёфтаанд.
Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан, саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил, ёфта, равиши тоза гирифта истодааст.
Бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои зикргардида ва тақвияти бештари омилҳои мавҷуда иқтибоси таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин маврид саривақтӣ мешуморем: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, муррабии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».
Таърихи башар собит намуд, ки ҷомеа ҳамеша ва дар ҳама давру замон ба саҳми зан дар рушди ҷомеа ниёз дорад. Имрӯз мақоми зан густурда гардида, имконоти иштироки фаъоли ӯ дар тамоми бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишварамон фароҳам шудааст. Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист неруи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзанд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар Тоҷикистон ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ нисбати дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ бештар аст. Умуман барои ояндаи дурахшони оилаву тарбияи насли наврас ва ободии ҷомеа зани тоҷик ҳамеша омода аст. Занони соҳибфазлу соҳибмаърифат ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа ба чашми хирад менигаранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ҳангоми мулоқот бо намояндагони занони фаъоли мамлакат 11 марти соли 2020 бахшида ба “Рӯзи Модарон” чунин иброз дошта буданд: « Бузургии зан –модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чаро ғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад».
Сарвари давлат дар Паёми моҳи декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии мамлакат вазифа гузоштанд, ки “бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад”. Мо итминони комил дорем, ки пиёда намудани ин барнома мавқеи занонро дар ҷомеа боз ҳам баланд мебардорад.
Умуман, мо занони кишвар, дар ҳамаи паёмҳо, суханрониҳо ва мулоқотҳо таваҷҷуҳи Пешвои миллатро ба масъалаи занону духтарон пайваста эҳсос менамоем. Боварӣ дорем, ки чунин сиёсати Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли мо мусоидат хоҳад кард.
Солиева Гулафзо,
магистранти курси дуюми
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиёи ва Аврупои АМИТ