Муаллиф: ИОМДОА
Ҳиндустон аз лиҳози таъриху тамаддун ва фарҳанг ба мо наздик аст. Аз саҳфаҳои таърих ба мо маълум аст, ки тӯли солиёни зиёд Ҳиндустон мустамликаи Британия буд ва ин мушкилтарин давра дар таърихи ин кишвар маҳсуб меёбад. Зеро Ҳукумати Британия дар асоси қонуни махсус фаъолият намекард. Ҳар гоҳе, ки мехост, қонунеро аз пеши худ пиёда месохт ва зиндагии мардумро боз ҳам тоқатфарсотар менамуд.
Борҳо бар зидди сохтори бераҳмонаи англисҳо шӯриш бардошта шуд, аммо бенатиҷа анҷом меёфтанд. Аз ҳама шӯриши калоне, ки дар таърихи Ҳиндустон ба амал омадааст, ин Шӯриши сипоҳиён (1857-1859) аст. Яке аз сабабҳои шӯриш ин боло рафтани арзиши андоз, аз ҳуқукҳои худ маҳрум гардидани деҳқонон ва заминдорон, алалхус патронҳои овардаи англисҳо барои сарбозон, ки бо равғани хук ва гов олуда мешуданд. Низомиёни лашкари англисро, ки аз ҳиндуҳо ва мусалмонон иборат буданд лозим буд, то ин патронҳоро пеш аз истифода намудан бо дандон боз кунанд. Онҳо ин амалро ҳеҷ ба худ иҷозат дода наметавонистанд, зеро ин мухолифи дину мазҳаби онҳо буд.
Чандин нафар аз аскарон барои саркашӣ аз ин кор ба қатл расонида шуданд, аммо боқимонда аз иродаи худ даст накашиданд. Дар натиҷа, сипоҳиён шӯриш бардоштанд, вале дар охир шӯриш аз тарафи мустамликадорон бераҳмона пахш карда шуд.
Сабаби асосии борҳо шикаст хӯрдани ин шӯриш ва муборизаҳо дар он буд, ки ҳар қавме барои худ меҷангид. Ҳар гурӯҳе барои манфиатҳо ва озодии худ меҷангид. Ва билохира ҳар нафаре барои ҳуқуқҳои худ меҷангид. Ҳама дар алоҳидагӣ. Иттиҳоди миллӣ вуҷуд надошт, роҳбар ё худ сардоре, ки мебоист мардумро зери як шиор роҳнамоӣ мекард, набуд. Дар алоҳидагӣ ҳукуматеро ба ин бузургӣ шикаст додан ғайриимкон буд. Гоҳ деҳқонон ба шӯр меомаданд, гоҳ заминдорон, гоҳе савдогарон ва гоҳе аҳли зиё. Аммо ҳама бенатиҷа анҷом меёфт, зеро иттиҳоди миллӣ вуҷуд надошт.
Дертар дар саҳнаи таърих ва сиёсати Ҳиндустон шахсиятҳои равшанфикре амсоли Гандӣ, Озод, Неҳру ва дигар қаҳрамонони фидоӣ ва ҳамфикроне пайдо шуданд, ки ҳолатро ба кулли тағйир доданд. Онҳо танҳо барои озодии кишвар мубориза мебурданд, на барои манфиатҳои шахсӣ. Ҳамаи дину мазҳабҳо ва ақалиятҳоро зери як шиор - озодӣ ҷамъ мекарданд. Албатта шахсияти Маҳатма Гандӣ ва Ҷавоҳирлал Неҳру ба ҳама маълум аст, аммо дар бораи Мавлоно Абул Калом Озод мардум маълумоти бештар надоранд.
Мавлоно Озод сиёсатмадори равшанфикр, рӯзноманигори варзида, шоир ва муборизи роҳи озодии кишвари Ҳиндустон мебошад. Баъд аз истиқлолияти кишвар ӯ вазифаи вазири маориф ва илми Ҳиндустони озодро то дами марг (1947-1958) ба уҳда дошт. Маҳз пойдевореро, ки Мавлоно Озод он замон дар маорифи миллии кишвар сохта буд, имрӯз рӯйи он иморатҳои баланди илму дониш сохта шуда истодаанд.
Мавлоно Абул Калом Озод 11 ноябри соли 1888 дар шаҳри Макка ба дунё омадааст. Гузаштагони Мавлоно аз Ҳироти Афғонистон буда, дар давраи ҳукмронии Бобур ба Ҳиндустон ҳиҷрат карда буданд. Аввал дар шаҳри Агра ва баъдан дар шаҳри Деҳлӣ зиндагӣ кардаанд. Ҳангоме, ки дар кишвар Шӯриши сипоҳиён сар зад, падаркалони Озод, ки сарпарастии падари Озодро баъди марги волидайн ба уҳда дошт, ӯро бо худ ба Макка бурд. Падари Озод, Мавлоно Хайруддин дар он ҷо бо духтари (дар сарчашмаи дигар ҷияни шайх Зоҳири Ватрӣ омадааст) шайх Зоҳирии Ватрӣ хонадор шуд. Баъди чанд сол, бо исрори муридону ҳаводоронаш соли 1990 ба Ҳиндустон баргашт ва дар шаҳри Колката сукунат ихтиёр намуд.
Мавлоно Озод ҳанӯз пеш аз Маҳатма Гандӣ дар саҳнаи сиёсати Ҳиндустон қадам гузоштааст. Ӯ ҳанӯз дар 14 солагӣ маҷаллаеро бо номи «Лисан-ул-сидқ» (Садои ҳақиқат) мунташир менамуд. Дар 24 солагӣ (1912) мунташири маҷаллаи «Ал-Ҳилол» - ро шурӯъ намуд. Ин маҷалла дар муддати кӯтоҳт он қадар шуҳрати зиёд пайдо намуд, ки Ҳукумати Британияро ба таҳлука андохт. Маҷалла бо забони урду чоп мешуд ва дар таърихи рӯзноманигории урду бесобиқа буд. Теъдоди нашри он дар як ҳафта ба 26, 000 расид ва тибқи дархост шумораҳои пешини он аз нав нашр мешуданд.
Дар маҷалла, мақолаҳо дар мавзуҳои даъвати мусалмонон (сафи муборизони мусалмон дар ин давра камтар шуда буд) барои ҳамроҳ шудан бо бародарони ҳиндуи худ, муттаҳидии ҳинду-мусалмонӣ, муборизаи ҳамдилона барои озодии кишвар ва маҳкум кардани ҳукумати мустамликавӣ равона гардида буданд.
Баъд аз кӯшишҳои зиёд ҳукумати англис дар соли 1914 тавонист ин маҷалларо бубандад, Мавлоно Озод маҷаллаи дигаре бо номи «Ал-Балоғ» мунташир сохт. Ин маҷалла низ аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва сохтор комилан нусхаи дуввуми маҷаллаи қаблӣ буд. Аммо соли 1916 ин маҷалларо нис ҳукумат баст ва Мавлоно Озодро аз шаҳри Колката берун карда шуд.
Мавлоно Озод дар давраи ҳасостарин ва тақдир ҳалкунанда барои Ҳиндустон (1940-1946) вазифаи президенти Конгресси Миллии Ҳиндустонро ба уҳда дошт. Ӯ бо Маҳатма Ганди аввалин бор дар шаҳри Деҳлӣ 20 январи соли 1920 мулоқот кард. Гарчанде пештар Гандӣ исрор намуда буд, ки Мавлоноро дар зиндон бубинад, аммо ҳукумат иҷозат надод. Баъд аз он, ки онҳо бо ҳамдигар вохӯрданд, нақшаҳои якҷоя тарҳрезӣ шуданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки муборизаи Гандӣ муборизаи ғайризӯроварӣ буд ва зери ин мақсад ҳаракатҳои зиёди дигар низ, аз қабили ҳаракатҳои копартоӣ (Noncooperation movement), даст кашидан аз молҳои бегона, яъне англис (Svadeshi movement) ва ғайра анҷом дода шудаанд. Ҳаракати корпартоӣ низ яке аз ин ҳаракатҳо буд.
Тавре худи Мавлоно Озод мегӯяд: «Моҳи марти соли 1920 дар шаҳри Деҳлӣ Кумита аввалин бор ба ҳаракати корпартоӣ диққати ҷиддӣ дод. Соли 1921 бори аввал барои барномаи корпартоӣ суханронӣ, пешниҳод ва омодагиҳо гирифта шуданд. Имрӯз на фақат мо, балки тамоми дунё натиҷаи ин ҳаракатро интизор аст, ки он то куҷо комёб шудааст».
Албатта ин ҳаракат натиҷа дода буд. Мардум бо хушҳолӣ ба зиндон мерафтанд, ҳукумат ноком шуда буд, зеро ба майдон баромадани ақлиятҳои мухталифи Ҳиндустон гувоҳӣ он буд, ки дар ин кишвар ҳуқуқи ақилиятҳо вуҷуд дорад.
Мавлоно Озод оид ба ин ҳаракат чунин мегӯяд: «Дар кори Кумита дар якҷоягӣ бо Гандӣ, Лала Лаҷпатҳ Рай, Ҳаким Аҷмал Хон ва ман дар ин хусус машварат намудем. Ҳаракати корпартоиро ҳукуматдорон ғалат дарк карданд. Онҳо фикр карданд, ки бо ин ҳаракат мо зидди сохтори таълимоти ғарбӣ ҳастем, вале ин нодуруст аст. Ҳаракати корпартоӣ ин мубориза бар зиди ҳукумати имрӯза аст, ки мо дар зери итоати он қарор дорем. Мақсади ҳаракати корпартоӣ ин аст, ки ҳукумат маҷбур шавад то бидуни хунрезӣ, яроқҳои худро партояд. Ин ҳаракат ҳамаи ватандоронро яксара даъват мекунад ва агар касе ба ҳаракат ҳамроҳ шудан намехоҳад ё баъд аз ҳамроҳ шудан онро тарк мекунад, ҳеҷ боке нест. Нафароне, ки ба ин ҳаракат пайваст мешаванд, бояд саросар лабрез бошанд, дар ботини онҳо ватанпарастӣ бояд ҷӯш занад. Ин ҳаракат ба ягон мазҳаб ва қабилда тааллуқ надорад. Ин ҳаракат як дастурамали сиёсӣ аст, ки бунёдаш аз ҳақиқату шарофат иборат аст. Аз ин рӯ, дар он мазҳаб, ахлоқ, таърих, хулоса, ҳама баробаранд».
Дар баробари ҳаракати корпартоӣ даст кашидан аз молҳои бегона таблиғ мешуд. Ин ҳаракат барои ҳукумати англис комилан як хатари калон буд. Моли онҳоро аз дӯконҳо бароварда, дар хиёбонҳо оташ мезаданд.
Мавлоно Озод мардумро ҳамеша барои муттаҳидии ҳинду-мусалмонӣ даъват мекард. «Барои фарзи аслии худро анҷом додани мусалмонон иттиҳоди ҳинду-мусалмонӣ зарур аст. Ман ин суханро ҳанӯз дар шумораи аввалини «Ал-Ҳилол» дар соли 1912 арз карда будам».
Ў таҳти роҳбарии Гандӣ ин ҳаракатҳоро дар иёлотҳои гуногун пеш мебурд. Мардумро ҷамъ мекард ва ба онҳо таблиғи муттаҳиди ҳинду-мусалмонӣ карда, онҳоро барои муборизаи ғайризуроварӣ, корпартоӣ, даст кашидан аз молҳои бегона даъват мекард. Гурӯҳ-гурӯҳ ба ин ҳаракатҳо шомил шуда, бар зидди ноадолатӣ баромад мекарданд. Маҳз муттаҳидии ҳинду-мусалмонӣ ва ваҳдати миллии мардуми Ҳиндустон кишварро ба озодӣ расонд.
Барои хизматҳои шоён барои халқу миллат рӯзи зодрӯзи Маҳатма Гандӣ - 2 октябр Рӯзи байналмилалии ғайризӯроварӣ ва рӯзи таваллуди Мавлоно Озод - 11 ноябр Рӯзи маорифи миллии Ҳиндустон ҷашн гирифта мешаванд.
Зебунисо Малахова,
корманди Институт