Мероси хаттии ниёгон дар китобхонаҳои Ҳиндустон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

     Дар Ҳиндустон мутобиқи маълумотҳои расмӣ 5486  китобхонаҳои оммавӣ вуҷуд доранд, ки калонтаринашон Китобхонаи миллии Калкутта (1836), Китобхонаи оммавии ба номи Коннемара (1827-1902, губернатори Мадрас) дар шаҳри Ченай (музофоти Тамилнад, соли таъсис 1860), Китобхонаи Ҷамъияти Осиёӣ дар шаҳри Мумбай (соли таъсис 1804), Китобхонаи оммавии шаҳри Деҳлӣ (1951), Китобхонаи Ризо дар Рампур (музофоти Уттар Прадеш, соли таъсис 1774), Китобхонаи Шарқии Худобахш дар шаҳри Патна (музофоти Биҳор, соли таъсис1891), Китобхонаи котиботи Деҳлии Нав ва ғайра. Боз инро низ бояд гуфт, ки дар Ҳиндустон  875 Донишгоҳ  мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо китобхонаи худро доранд.
      Китобхонаи миллии Калкутта  бештар аз 2 млн. 600 ҳазор китоб дорад. Дар ин ҷо тақрибан 6 ҳазор дастхатҳо ба забонҳои гуногун ҳастанд. Яке аз китобхонаҳои миллие, ки захираҳои дастхатҳои  барои мо ҷолиб дорад, ин китобхонаи  шарқии Худобахш мебошад, ки   дар шаҳри Патнаи музофоти Биҳор воқеъ аст. Ин китобхона расман дарҳои худро барои хонандаҳо соли 1891 боз кардааст. Расми тантанавор кушодани он бо дасти губернатори Бангола Чарлз Алфред Эллиот 5 октябри соли 1891 сурат гирифтааст. Истифодаи китобхонаро барои  хонандаҳо худи Хон Баҳодур Худойбахш 29 октябри соли 1891 эълон карда буд. Ҳамон вақт ин китобхона 4000 дастхат дошт, ки 1400-тои он  аз падараш Мавллавӣ Муҳаммадбахш  ба мерос монда буд. Китобхона дар назди Миссияи миллии дастхатоҳи Ҳиндустон ба қайди махсус гирифта шудааст. Пас аз озод шудани Ҳиндустон соли 1969  парламенти Ҳиндустон  роҷеъ ба ин китобхона қарори махсус қабул кард, ки мутобиқи он Ҳукумати Ҳиндустон  Китобхонаи шарқии оммавии Худобахшро маркази аҳамияти миллӣ дошта эълон намуд. Аз ҳамон вақт ҳукумати мамлакат нигаҳдориву маблағгузории ин китобхонаро ба ӯҳда гирифтааст, ки ин нишони  эътибори хос доштани китобхона мебошад. Мутобиқи маълумотҳои соли 2020 китобхонаи Худобахш дорои бештар аз 2 миллиону 83 ҳазор китоби нашршуда ва 21 ҳазору 136 дастхат  ба забонҳои форсӣ, арабӣ, урду, туркӣ ва пушту  мебошад. Бе ягон маҳдудият ба ин китобхона  аъзо шуда аз захираи китобҳояш истифода бурдан мумкин аст.
     Дигар чунин китобхонае, ки бо миқдоизиёддастхатҳодоштанаш фарқмекунад, инкитобхонаи“Рампур Раз китаб”, яъне китобхнаи Ризо дар Рампур мебошад, ки дар музофоти Уттар Прадеш воқеъаст. Сохтмони китобхона аз охири асри ҳаждаҳ оғозёфтааст. Дар бунёди иморати он, ки яке аз зеботарин имортҳои Ҳиндустон ба шумор меравад, чандин нав обҳои бо маърифат ҳиссагузоштаанд ва дар охирин китобхона номи нав об Ризо Алихони Рампуриро  гирифтааст . Дар ин ҷобисёрдастхатҳоинодир ба забонҳоиарабӣ, форсӣ, санскрит, ҳиндӣ, урдува  пушту    ҷамъоварӣ карда шудаанд, ки миёни онҳо нусхаи аслии аввалин тарҷумаи Қуръон мафҳуз аст.
    Ин китобхонаро чандин касон  яке аз бузургтарин ва зеботарин бино дар қитъаи Осиёгуфтаанд. Дастхатҳо ба  забонҳои форсӣ, арабӣ, урду, туркӣ ичунин дар китобхонаҳои шахсӣ низ мафҳуз аст. Дар оилаи аксарияти   бошандагони Ҳиндустон, хусусан мусулмонҳо, новобаста аз забони модариашон, омӯхтани забонҳои форсиву арабӣ хеле зиёд мушоҳида мешуд. Дар давоми чандин асрҳо аз байни шахсиятҳои маъруфи илму адаб ва сиёсат кам шахсоне ёфт мешуданд, ки  забони форсиро наомӯхта бошанд. Ин  ҳатто дар ҳамон садсолаҳое, ки  мустамликадорони англис фақат паҳн шудани забону фарҳанги кишвари худашонро  таблиӯғ менамуданд, мушоҳида шудааст. Боз ҳамин тавр ҳам ҳаст, ки баъзе аз ашхоси илму адаб забони  форсӣ-тоҷикиро надонанд ҳам аз ашъори шоирони маъруфи форсизабон бохабар буда, рубоие ва ё ғазале азёд кардаанд. Дар китобхонаҳои чунин ашхоси фарҳангдӯст низ дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ, ки қимати фарҳангӣ доранд, мафҳуз аст.
    Дар китобхонаҳои қисматҳои шимолии Ҳиндустон, аз ҷумла шаҳрҳои Оллоҳобод, Лакҳнав, Алигарҳ (китобхона ба номи Мавлоно Озод), Сринагар ва ғайра, дар ҷануб хусусан дар қисмати Ҳайдаробод  шумораи зиёди дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ мавҷуд мебошанд. Ҳатто дар оилаи онҳое, ки   илму адаб шуғли асосиашон нест,  дастхатҳои пурқимати  форсӣ-тоҷикӣ нигоҳ дошта мешаванд. Дастхатҳоӣ форсӣ-тоҷикиро дар осорхонаҳои бузурги Ҳиндустон низ дидан мумкин аст.
    Дар шаҳри Деҳлӣ, дар қисмати Деҳлии Куҳна, дар наздикии Қалъаи Сурх як кӯчае ҳаст бо номи Дарёи Ганҷ. Ҳар рӯзи якшанбе дар ҳамин кӯча дар рӯи қисмати пиёдагарди он дар масофаи хеле тӯлонӣ, дар рӯи замин китобҳои куҳна, ва ё ягон иллате дар муқоваашон дошта, инчунин баъзан дастхатҳо,  барои фурӯш паҳн карда мешаванд. Яъне аз ин ҷо ҳам  бисёр китобҳои нодир, аз ҷумла дастхатҳоро ёфтан мумкин аст. 
   Чун мо дар бораи дастхатҳои форсӣ тоҷикии дар Ҳиндустон мавҷуд буда маълумот ҳосил карданӣ ҳастем, ин кори душвор нест. Душворӣ дар дигар чиз дида мешавад, ки ин ҷо нисбат ба он чанд андешаро  гуфтанӣ ҳастем. Дар Тоҷикистон дар нимаи дувуми асри ХХ чандин олимони тоҷик ба омӯхтани адабиёти форсизабони Ҳиндустон даст задаанд  ва бо ҳамон андозае, ки имконият ва маводе доштанд, моро бо мероси адабии бузургтарин шоирони форсизабони Ҳиндустон ба мисли Мирзо Абдулқодири Бедил, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Зебунисо,  Муҳаммад Иқбол, Мирзо Асадулло Ғолиб, Ғании Кашмирӣ, Неъматхони Олӣ, Фонии Кашмирӣ, Ғанимати Кунҷоҳӣ ва дигарон шинос кардаанд. Академик Аҳрор Мухторов соли 1982 аз сафари илмии семоҳа аз Ҳиндустон баргашта, соли 1984 китоберо бо номи “Дурдонаҳои маданияти Тоҷикистон дар ганҷнаҳои Ҳиндустон” чоп намуданд ва баъзе маълумотҳоро оиди захираҳои адабиёти форсизабон Ҳиндустон додаанд. Ин худ як огоҳие буд, ки мутобиқи он бояд омӯзиши адабиёти форсизабони Ҳиндустон фаврӣ ва ба таври хеле ҷиддӣ сурат гирад. Вале хулосабарорие ва чорабиние, ки ин кор амалӣ шавад, дида нашуд.
     Ман соли 1984 аз сафари Ҳиндустон баргашта ба шодравон академик Осимӣ, ки ба ғайр аз президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, боз директори Институти Шарқшиносӣ буданду ман вазифаи котиби илмии ин институтро пештар ба уҳда доштам, вохӯрдам ва оид ба дастхатҳои форсӣ-тоҷикии дар китобхонаҳои Ҳиндустон буда ва вазъи ташвишовари онҳо  пешниҳодҳои худро ба он кас маълумот додам. Устод бисёр бо диққат гӯш карданд ва гуфтанд, ки оид ба ин масъала академия нақшаи махсус дорад ва дар солҳои наздиктарин  амалӣ хоҳад шуд.  Вале шояд сабабҳое буданд, ки дар ин мавзӯъ таваҷҷуҳи бештар сурат нагирифт. Соли 1989 вақте ки ман дар Ҳиндустон будам  академик Муҳаммад Осимӣ, академик Аҳрор Мухторов, олимони шинохта Абдулқодир Маниёзов, Абдуллоҷон Ғаффоров ва аспирант Равшан Раҳмонӣ  барои иштирок дар конференсияи байналмилалии забони форсӣ ба шаҳри Деҳлӣ омада буданд. Ман дар суҳбат бо онҳо боз масъалаи омӯзиши дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ ва вазъи нигаҳдории на он қадар хуби дастхатҳоро гуфта будам ва хоҳиш кардам, ки ба ин масъала аз ҷониби олимони тоҷик эътибор дода шавад. Лекин ин масъала ҳеҷ роҳи ҳалли худро наёфт. Пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, вақте ки президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон Илолов Мамадшо Илолович (солҳои 2005-2013) буданд, боре дар кабинети кориашон  бо ду олими ҳиндустонӣ, сафири ҳамонвақтаи Ҳиндустон ва ман суҳбате доштем, ки махсус ба масъалаи захираҳои хаттии форсу тоҷикзабони  Ҳиндустон бахшида шуда буд. Мӯҳтарам Илолов тарафдорӣ ва дастгирии худро саҳеҳ баён  карданд. Ҳамон вақт   тасмим гирифта шуд, ки ба хотири шиносоӣ ва маълумоти васеътару саҳеҳтар гирифтан,  як гуруҳи махсуси корӣ (на камтар аз 6 нафар) дар назди Академияи Илмҳо иборат аз олимони варзидаи шарқшинос (матншинос) ташкил карда мешавад. Сафири Ҳиндустон зикр карданд, омода ҳастанд дар ин масъала кӯмак расонанд. Дигар меҳмонони ҳиндустонӣ низ изҳор намуданд, ки ҳатман барои амалӣ намудани ин нақша саҳми худро мегузоранд. Вале шояд бо сабаби наёфтани маблағи зарурӣ аз ҷониби Академияи миллии илмҳо ин ният дар самти гуфтушунид монд, ки боиси афсӯс хӯрдан аст.
     Ҳоло ман аз ин фурсати муносиб истифода бурда, боз якчанд пешниҳоди худро бо умеди он ки шояд ягон вақт амалӣ шаванд, иброз менамоям, зеро боварӣ  дорам, ки  ин  кори боманфиате мебошад.  Дар марҳилаи нахуст зарур аст, ки:
     1.Барои ба Ҳиндустон сафари хизматӣ кардан ва шинос шудан бо захираи дастхатҳои форсӣ-тоҷикии китобхонаҳои ин мамлакат бояд як гурӯҳи корӣ аз ҷумлаи олимони варзидаи Тоҷикистон дар ҳайати на камтар аз 8-10 нафар ташкил карда шавад.
  1. Дар ҳайати ин гурӯҳ пеш аз ҳама ҳатман ҳамон олимоне шомил шаванд, ки дастхатҳоеро, ки бо алфбои арабиасос навишта шудаанд, бе мушкилӣ хонда тавонанд.
  2. Дар ҳайати ин гурӯҳ як нафар тарҷумон, ки забонҳои англисӣ ва ҳиндиро медонад, бояд шомил бошад.
  3. Мӯҳлати сафари илмӣ ба Ҳиндустон аз 3-4 моҳ кам набошад.
  4. Гурӯҳи корӣ пас аз сафар имкониятҳои дастрасӣ ёфтан, ба Тоҷикистон овардан ва гирифтани нусхаҳои электронии дастхатҳои аҳамияти бештар дошаро пешниҳод намояд.
  5. Барои дастрас намудани феҳристи дастхатҳо пешниҳодҳо кунад.
  6. Барои ин сафар, ки маблағи муайянро талаб мекунад, сарпарастони ватандӯсту фарҳангдӯст ҷалб карда шаванд, зеро барои муассисаҳои буҷавии давлатӣ ин кор каме душвортар аст.
  7. Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон барои бо муваффақият ба анҷом расонидани ин сафари илмӣ ҷиҳати расман шинос шудан ба захираи дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ ёрӣ расонад.
      Дар охир ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки дар Ҳиндустон ҳам сиҳату бе зарар нигоҳ доштани дастхатҳо кори осон нест ва сарф намудани маблағи зиёдро талаб мекунад. Аллакай бисёр дастхатҳо бо мурури замон зарар дидаанд ва рӯз то рӯз ин зарар бештар ва намоёнтар шуда истодааст. Ҳоло ҳам вақт ҳаст, ки барои наҷот додан ва бо ягон навъе аз дастхатҳоро истифода бурдан талош кунем.
     Ба шумораи зиёли ин дастхатҳо, ки соҳаҳои мухталифи фанҳои гуногунро дар бар мегиранд, нигоҳ карда, тахмин ҳам карда наметавонем, ки чи қадар вақт, чи қадар маблағ ва чи қадар мутахассисон лозим аст, то ягон натиҷаи дилхоҳеро ба даст дарорем, лекин дар ҳар сурат ин кори пураҳамиятро бояд кард. Агар ҳамин кор амалӣ шавад ва мо ҳамчун ворисони мероси қиматбаҳои ниёгонамон тавонем нусхаҳои электронии заруртарин дастхатҳоро ба Тоҷикистон биёрем, кори ниҳоят судмандеро ба анҷом мерасонем.

Ҳ
абибулло Раҷабов
 
        
 
 
 

БОЗГАШТ