Милоди накӯи умр ҳумоюн бодо!

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

                          (Шодбошӣ)
 
Имрӯз донишманди маъруф, нафаре, ки баҳри побарҷо мондани миллат ҷонисориҳо мекунад ва таҳқиқоти мондагораш дар кишварҳои Осиёву Аврупо машҳур гардидааст, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Акбар Турсон ҷашни ЗОДРӮЗ доранд.
Бояд зикр намоем, ки устод Акбар Турсон аз зумраи он донишмандоне ҳастанд, ки метавонанд дар ҳама риштаҳои улум баҳсҳои пурмазмуну асоснок ва тӯлонӣ анҷом диҳанд. 
Акбар Турсон Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардаанд (1961). Ихтисос – «фалсафа». Солҳои 1961–1963 ходими хурди илмии Шӯъбаи физикаю математикаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1963–1967 аспиранти шӯъбаи номбурда, 1969– 1979 ходими калони илмии Институти фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1979–1986 ҷонишини сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Тоҷик буданд. Директор ва мудири шӯъбаи таърихи тамаддуни Осиёи Марказии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон (1986-1992), муовини директори Институти иқтисодии ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии АИ Тоҷикистон (1993-1994). Муҳаққиқи даъватшудаи Маркази таҳқиқоти Шарқи Миёнаи Донишгоҳи Пенсилван (Филаделфия, ИМА, 1994-1998). Солҳои 1987–1990 дар кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ба ҳайси профессори кафедра кор кардаанд. Аз соли 1966 то давраи пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ узви Иттифоқи журналистони ИҶШС буданд. Корманди калони илмии Маркази зистшиносии Осиёи Марказии донишгоҳи мазкур (1998-2010). Директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон (2011-2015).
Муаллифи зиёда аз 300 мақола ва асарҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва публисистӣ мебошанд. Дар таълифоти худ масъалаҳои фалсафии улуми табиатшиносӣ, ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм, проблемаи инсон ва кайҳонро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додаанд. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафа, шарқшиносӣ, фарҳангшиносӣ.
Мавсуф муаллифи бобҳо ва фаслҳои ҷудогонаи як қисм асарҳои АИ ИҶШС, аз ҷумла «Проблемаҳои фалсафа ва методологияи табиатшиносии муосир» (1973), «Проблемаҳои таърих ва методологияи маърифати илмӣ» (1974), «Ҷиҳатҳои методологии тадқиқи биосфера» (1975), «Бунёди фалсафаи фанҳои табиатшиносӣ» (1976), «Проблемаҳои фалсафии астрономия» (1976), «Принсипи симметрия» (1978), «Астрономия, методология, ҷаҳонбинӣ» (1979), «Назарияи физикӣ» (1980), «Ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм» (1980), «Фалсафа, табиатшиносӣ ва замони ҳозира» (1981), «Диалектика дар илмҳои табиат ва инсон» (1983) мебошанд. Як қатор китобу мақолаҳои эшон бо забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Маърӯза ва гузоришҳояшон дар конгрессҳои 4, 5 ва 7-уми байналмилалӣ оид ба мантиқ, методология ва фалсафаи илм (Бухарест (1971), Лондон-Онтарио (1975), Залсбург (1983), Конгресси 13- уми байналхалқӣ оид ба таърихи илм (Москва, 1971), Конгресси 16-уми умумиҷаҳонии файласуфҳо (Дюсселдорф, 1978), Маҷлисҳои 2-юм ва 3- юми умумииттифоқӣ оид ба масъалаҳои фалсафии табиатшиносӣ (Москва, 1970; 1980) дарҷ шудаанд. Бо ифтихорномаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз карда шудаанд.
Инчунин ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ гардиданд.
Мо ҳайати кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон устоди гиромиқадр академик Акбар Турсонро ба муносибати шодрӯзашон табрику таҳният намуда, барояшон саломатии бардавом орзумандем.
 
                  Ба қавли шоир:

Чунон кун зиндагонӣ дар замона,
Ки аз вай зинда монад ҷовидона.
 
Ҳайати кормандони Институт
1 октябри соли 2021

БОЗГАШТ