Муаллиф: Қиёмидинова Мафтуна
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023 дар бораи ташаккули «иқтисоди сабз» ироа гардид ва чунин самтҳо дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид: “Ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем”.
Бояд қайд кард, ки дар солҳои охир мафҳуми иқтисодиёти «сабз» вирди забони олимон, сиёсатмадорон, муҳаққиқон ва коршиносону мутахассисони бахшҳои ҳифзи муҳити зист, энергетика, иқтисодиёт ва ғ. гаштааст. Бояд иброз кард, ки фаҳмиши ягона ва умумӣ барои ифодаи иқтисодиёти «сабз» вуҷуд надорад. Зеро коршиносони Ташкилоти СММ оид ба муҳити зист иқтисодиёти «сабз»-ро ба маънои васеъаш чунин тарзи фаъолияти хоҷагидорӣ меҳисобанд, ки «ба боло рафтани сатҳи зиндагии одамон ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамзамон хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад». Ба маънои маҳдудаш иқтисодиёти «сабз»- ро ҳамчун технологияи коркард, истеҳсол ва истифодабарии таҷҳизот барои назорат ва кам кардани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва газҳои гулхонаӣ, мониторинг ва пешгӯии тағйирёбии иқлим, ҳамчунин технологияҳои энергия сарфакунанда ва энергетикаи барқароршаванда маънидод кардан мумкин аст.
Дар иқтисодиёти «сабз» ба он намудҳои фаъолияти хоҷагидорие афзалият дода мешавад, ки дар баробари таҷдид ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ба баланд шудани сифати ҳаёт ва муҳити зист мусоидат намояд. Дар ҳуҷҷатҳои расмии кишварҳои гуногун ҳадафҳои иқтисодиёти «сабз» аз ҳам тафовут доранд. Масалан, барои кишварҳои рушдёфта ҳадафи асосӣ – рақобат ва таъмини ҷойҳои корӣ, дар ҳуҷҷатҳои кишварҳои рӯ ба инкишоф ҳадаф — расидан ба рушди устувор, коҳиш додани масоили камбизоатӣ, масъалаҳои ҳуқуқӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Вале дар ягон ҳуҷҷатҳо қазияҳои экологӣ, бахусус маҳдудияти экологии рушд дар мафҳуми иқтисодиёти «сабз» ишора нагардидааст. Ин далели он аст, ки омили асосӣ дар иқтисодиёти «сабз» — худи иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Иқтисодиёти «сабз» ба таъминоти талаботҳои инсон бо назардошти алоқамандӣ бо муҳити зист ташаккул меёбад. Инҷо сухан на доир ба миқдор, балки доир ба сифат меравад.
Вақте ки мо «иқтисодиёти сабз» мегӯем ва ё мешунавем, дар пеши назар пеш аз ҳама олами набототи сабз, рустаниҳо, табиат ҷилвагар мешавад. Мафҳуми «иқтисодиёти сабз», хеле васеъ аст ва фаъолиятҳои зиёдро дар бар мегирад. Имрӯзҳо дар ҷаҳон оид ба рушди иқтисодиёти сабз кӯшишҳо ва амалҳо ба назар мерасанд. Аз он ҷумла, яке аз ҳадафҳои сиёсати давлати мо низ ба рушди иқтисодиёти сабз ва беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии аҳолии ҷумҳурӣ равона шудааст. Дар Паёмҳои Пешвои миллат ба рушди «иқтисодиёти сабз» диққати махсус зоҳир гардида, об ҳамчун як унсури асосӣ дониста шудааст.
Хушбахтона, мо дар сарзамине умр ба сар мебарем, ки сарсабзу хуррам буда, дорои манбаъҳои зиёди табиӣ, ба мисли ҳавои тоза, кӯҳҳо ва дараҳои зебо, обҳои босафо, рустаниҳои гуногуни шифоӣ ва ғизоӣ, парандаҳои нодир, канданиҳои фоиданок ва ғайраҳо мебошад. Агар мо ба таҷрибаи суннатии гузаштагонамон назар андозем, мебинем, ки ниёгони мо захираҳои табиӣ, ба мисли об, замин, ҳаво, кӯҳҳо, парандаҳо, рустаниҳоро муқаддас мепиндоштанд ва барои барқарорсозии онҳо кӯшиш ба харҷ медоданд. Ба воситаи панду насиҳат ҷавононро ба сарсабз гардондани табиат даъват менамуданд, ба воситаи ҳашарҳо дарахту буттаҳо мешинонданд, сарчашмаҳои об ва обҳои ҷориро тоза мекарданд, ҳайвонҳо ва парандаҳоро ҳифз менамуданд.
Мутаассифона, имрӯз гуфта метавонем, ки маърифати экологии аҳолӣ коҳиш ёфтааст ва таъсири манфии инсон ба табиат хеле зиёд чой доранд. Одамон дар рӯзҳои гарм аз сояи дарахтон истифода мебаранд, вале онҳоро об намедиҳанд, аз мева ва рустаниҳои табиат истифода мебаранд, вале барои барқароркунии онҳо андеша намекунанд, медонанд, ки об муъҷиза аст, вале онро олуда мекунанд, партовҳоро ба муҳит партофта, зебоии табиатро вайрон мекунанд ва ғайраҳо. Ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистони мо камзамин буда, 93%-ро кӯҳҳо ва 7% — ро заминҳои ҳамвор ташкил медиҳад. Дар баъзе ноҳияҳо мисли ноҳияи Рашт 97,6 %-ро кӯҳҳо ва фақат 2,6%-ро замини ҳамвор ташкил медиҳад.
Сол ба сол вобаста ба афзоиши аҳолӣ, тараққиёти иншоотҳои сохтмонӣ, манзилҳои зист, зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ, васеъшавии истеҳсолот ва зиёд шудани нақлиёт боиси мураккабшавии ҳолати экологӣ ва олудашавии муҳити зист мегардад. Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки то соли 2030 миқдори автомобил дар ҷаҳон боз 50% меафзояд. Ин боиси боз ҳам бештар истифода шудани нафту газ ва олуда шудани муҳит мешавад. Яке аз мушкилоти имрӯзаи муҳити атроф зиёд шудани партовҳои пластики як карата ва сӯзондани онҳо мебошад, ки табиат ва ҳаворо олуда мегардонад. Аз сабаби паст будани маърифати экологӣ партовҳои пластики як карата пас аз истифодабарӣ дар муҳити атроф ва ҷойҳои ғайримуқаррарӣ партофта мешаванд.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки солҳои охир дар натиҷаи тағйирёбии глобалии иқлим рӯй додани офатҳои табиӣ, ба мисли кӯчиши замин, обшавии пиряхҳо, обхезиҳо, омадани селу тарма, гармсел, кам шудани оби дарёҳо, нобудшавии ҷангалҳо, кам шудани парандаҳо ва баъзе ҳайвонҳои нодир ба назар мерасад.
Ин ҳодисаҳо моро водор месозад, ки инсон бояд рафтори худро нисбат ба табиат ва захираҳои он тағйир дода, ба табиат дилсӯзона муносибат намояд. Мақсад аз рӯ овардан ба «иқтисодиёти сабз» пеш аз ҳама истифодаи босамаронаи манбаъҳои табиӣ ва интихоби роҳи дурусти тараққиёти ба табиат безарар мебошад. Баъзе одамон чунин мепиндоранд, ки онҳо ҳеҷ муносибате ба тағйирёбии иқлим ва ё ҳолатҳои табиӣ надоранд. Аммо ин нодуруст аст. Ҳар як фард ба воситаи рафтор ва амали худ метавонад ба табиат таъсиргузор бошад. Хуб мешуд, ки агар ҳар як инсон ба табиат таъсири мусбат расонад на таъсири зараровар.
Ҳадафи «иқтисодиёти сабз» ин беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ тавассути истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои навтарин аст. Умуман «иқтисодиёти сабз аз масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ иборат аст. Ба гуфтаи роҳбари Маркази таҳқиқот ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Пажӯҳишгоҳи физикаву техникаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.т. Кабутов К. дар мамлакат истифода бурдани энергияи офтобу шамол, неругоҳҳои обии хурд ва биогаз дурнамои хуб дорад. Истифодаи обгармкунаки офтобӣ дар шаҳру деҳот боиси сарфаи ҳезуму кумур ва барқ мешавад. Аз поруи чорво ба ҷои таппак метавон биогаз ҳосил кард, ки самараи он даҳчанд аст. Ё тавассути бунёди неругоҳҳои барқи обии хурд метавон чанд хонаводаро тамоми сол бо барқи арзону тоза таъмин кард.
Саволе ба миён меояд, ки ҳамчун шаҳрванд дар ҳудуди ҷои зисти худ мо кадом корҳоро анҷом дода метавонем, то ки дар рушди иқтисодиёти сабз саҳмгузор бошем?
Бояд амале кард, ки боиси ҳимояи муҳити зист ва солимии ҷомеа бошад. Аз ҷумла:-мусоидат кардан барои баланд бардоштани маърифати экологии шахрвандон;-мустаҳкам кардани маърифати экологӣ дар оила, мактаб, маҳалла ба роҳ мондани тадбирҳои таблиғотӣ оид ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист напартофтани партовҳо ба атроф, ба оби ҷӯйборҳо ва дарёҳо;-насӯзондани маводи пластикӣ, зараровар ва ифлоскунандаи ҳавои атмосферӣ;-кабудизоркунии кӯчаву хиёбонҳо ва заминҳои назди ҳавлӣ; даст кашидан аз маводу ашёи як карата ва истифодаи ашёи бисёр карата- даст кашидан аз заҳр химикатҳо, поруҳои химиявӣ ва истифодаи поруҳои минералӣ; - иштирок дар барқароркунии захираҳои табиӣ (шинондани дарахту буттаҳо, пошидани тухми гиёҳҳои шифобахш, набуридани ҷангалзорҳо…);- ташкил кардани боғҳо, гармхонаҳо ва парваришгоҳҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти тоза;-кам кардани партовҳои маишӣ ва истифодаи дуюмбораи партовҳои органикӣ ба воситаи ташкил кардани чуқуриҳои компостӣ;- сохтани хонаҳои экологие, ки рӯшноии офтоб дастрас бошад, гармӣ бухор нашавад, истифодаи гармкунакҳои офтобӣ, дегдонҳо ва бухориҳои каммасраф.
Ба андешаи мо, дар сурати ҳалли дастаҷамъонаи рушди сифатан нави иқтисоди сабз, дар базаи технологияи нави аз ҷиҳати экологӣ тоза, рушди соҳаи кишоварзии органикӣ, самаранокии баланди соҳаи энергетикӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоии аз ҷиҳати илмӣ асосноккардашудаи шаҳрҳо ва минтақаҳои кишвар, кам кардани патовҳои истеҳсолӣ ба муҳити зист ва рушди нақлиёти экологии тоза метавонем вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии ояндаи кишварро беҳ намуда, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва беҳдошти муҳити зисти одамонро беҳтар гардонем. Умуман, аз нуқтаи таъмини босуботи экологӣ-иқтисодӣ иқтисоди сабз бояд ҳалли чунин вазифаҳои асосиро дар бар гирад: - дар нақшаи рушди стратегии иқтисоди миллии кишвар бояд самтҳои асосии гузаштан ба иқтисоди сабз ҷой дода шаванд;
- бартарият дар соҳаҳои афзалиятнок ва илмталабкунанда, технологияи нав, рушди инфрасохтори бозорӣ бо таъсири минималии ба муҳити зист равонагардида бояд ба амал бароварда шавад;
- вазни қиёсии соҳаҳои ба ашёи хом нигаронидашуда бояд кам карда шавад; - оқилона истифодабарии захираҳои табиӣ ва сарфи он ба таври қатъӣ баланд бардошта шуда, он дар кам кардани яку якбораи хароҷотҳо ба воҳиди ягонаи натиҷаҳо ба назар мерасад;
- дар натиҷаи истифодаи технологияи кампартов ва бепартов, амалигардонии дастовардҳои навтарини илмию техникӣ, технологияи инноватсионӣ ва ғайра,
Аз ҷумла дар доираи иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Стратегияи рушди иқтисодӣ «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 таҳия гардида, 30 сентября соли 2022 ба тасвиб расид. Мақсади стратегияи мазкур гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди сабз мебошад. Ҳаҷми маблағгузории стратегияи мазкур 21,6 млрд. сомониро пешбинӣ намудааст, ки дастгирии сармоягузории институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд нақши калидӣ дорад. Вобаста ба ин аз шарикони рушд даъват ба амал оварда шуд, ки барои татбиқи саривақтӣ ва сифатноки стратегияи рушди иқтисодӣ «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 саҳми арзандаи худро гузоранд.
Амалӣ намудани стратегияи мазкур ба таъмини рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯ аҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Адабиёт
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ»
3. Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037
4. Бобылев С. Н. Зеленая экономика и модернизация / С. Н. Бобылев, В. М. Захаров //Эколога-экономические основы устойчивого развития. Бюллетень «На пути к устойчивому развитию России». - 2012. - № 60. - 90 с.
5. Краснощеков В. Н. Теория и практика эколога-экономического обоснования комплексных мелиораций в системе адаптивно-ландшафтного земледелия / В. Н. Краснощеков. – М.: МГУП, 2001. – 293 с.
6. Исайнов Ҳ. Р. Иқтисоди миллӣ: китоби дарсӣ. Душанбе: Ирфон, 2018. - 648 c. 4.
Қиёмидинова Мафтуна
ходими хурди илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ