Моҳияти арзишҳои миллӣ дар эҳёи фарҳанги миллӣ

Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул

Расм

Моҳияти арзишҳои миллӣ дар эҳёи фарҳанги миллӣ

(дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат)

аз 09.03.2024с., шаҳри Душанбе

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар раванди ташаккул ва рушди ҷомеаи муосири тоҷик ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳёи фарҳанги миллии ниёгонамон нозукиҳои гуногунро ба худ касб намудаанд. Қобили зикри хос аст, ки арзишҳои миллӣ муайянкунандаи ҷой ва мавқеи зиндагии шоистаи инсон буда, муносибати ӯро ба ҷомеа ва давлат, гузаштаи дури ниёгони миллати тоҷик, ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мутамаддин, фардои дурахшони мамлакат ва масъулияти ҳифзи моликияти миллиро дар бар мегирад. Дар робита ба ин дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин чунин омадааст, ки: Мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ - ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд”. Дар ҳамин замина ёдовар шудан ба маврид аст, ки арзишҳои миллӣ дар воқеъ вижагиҳое мебошанд, ки барои миллату давлат хеле муҳимму арзишманд мебошанд. Дар дунёи мутамаддин миллате вуҷуд надорад, ки арзишҳои миллии хешро надошта бошад ва ё бидуни он арзи вуҷуд дошта бошад, зеро чунин падида ба таназзули миллат оварда мерасонад. Қадр накардан, эҳтиром нагузоштан, эҳё накардан ва густариш надодани арзишҳои миллӣ - ин худ таназзули миллат буда, оқибатҳои фоҷиаовар ба бор меорад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад”.  Дар шароити дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мояи ифтихор аст, ки мардуми мо ҳувияти худро дар бозиҳои геополитикӣ ҳифз намуд. Ҳар як фарди худшиноси миллат мебояд дар риояи ҳифзи асолати миллӣ саҳмгузор бошад. Таҳдиди хатари аз байн рафтани фарҳанги миллии либоспӯшӣ, рӯ овардан ба маданияту фарҳанги либоспӯшии бегона ва тақлиди кӯр-кӯронаи он барои насли ояндаи миллат фоҷиаовар мебошад.

Аз ҷумла сарвари кишвар иброз намуданд, ки  “бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ - бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад”.  Аз ин лиҳоз фикр мекунам, ки риояи талабот ба либоспӯшӣ дар замони муосир дар доираи ахлоқ, одоб, этика, эстетика ва маданият сурат гирад - ин барои тарбияи ҷавонон ва дар оянда арҷ гузоштан аз ҷониби насли наврас ба хусус ҷавонон ба арзишҳои миллӣ ва ҳифз намудани фарҳанги миллӣ  заминаи устувор мегузорад.

Аз дигар ҷониб “воқеан, дар замони муосир халқу миллатҳо бо роҳи омӯхтану ихтироъ кардани илму дониш ва техникаву технологияҳои муосир кӯшиш мекунанд, ки арзишҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва озодиҳои шахсии худро дар паноҳи давлати соҳибистиқлоли хеш аз таҳдиди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва суйиистифодаи арзишҳо ҳифз намоянд”.

Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки моҳияти арзишҳои миллии тоҷикон ва эҳёи фарҳанги миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкорию созандагӣ дар роҳи сулҳу субот ва амнияти кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбанд. Аз ин суханронии пурмазмун метавон хулоса намуд, ки дарки моҳияти арзишҳои моддию маънавӣ ва рушду ташаккули таърихии он аз гузашта то ба имрӯз ба мардуми кишвар ба таври фаҳмову равон ироа гардид. Ва аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем”.

Боварии комил дорем, ки дар бартараф кардани ин падидаи номатлуб саҳми модарону бонувон ва духтарони азизу арҷманди мо беназир аст. Чунки Модарону бонувони мо - тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард”.

Арҷгузории воқеӣ ба арзишҳои миллӣ, хусусан эҳёи суннатҳои беҳтарини таърихиву фарҳангӣ, ба мо маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ муяссар гардиданд. Бинобар ин бар зидди зуҳуроти бешарафонаи бегонапарастӣ, тақлиду таассуб, зоҳирпарастӣ, хурофот, ки аз падидаҳои номатлубу вабои аср ба шумор мераванд, муборизаи беамон бурда, диққати аҳли ҷомеа, ҷавонон, занону бонувонро ба тарғиби ойинҳои муқаддаси аҷдодӣ равона намудан ба мақсад мувофиқ аст.

Имрӯз дар асри 21 дар асри техникаву технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ қарор дорем ва мебинем, ки  либосҳои миллии тоҷиконаи ниёгони мо дорои тарзу шаклҳои гуногун мебошанд, бинобар ин бояд мо зиёиён, фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат кушиш ба харҷ диҳем, ки ин “ихтироъкорӣ” - ҳо дар доираи меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии ниёгони мо тарроҳӣ гардида, пешкаши сокинони кишварамон гардад.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна

ходими пешбари илмии шуъбаи ИДМ АМИТ

12.03.2024с.

БОЗГАШТ