МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҲИНДУСТОН:ҶАНБАИ ТАЪРИХӢ ВА МУОСИР

Муаллиф: Ширин Қурбонова

Расм

Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат

ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”

Коррупсия мушкилоти ҷаҳонӣ мебошад, ки дар Ҳиндустон аз сабаби вусъат ёфтани он решаҳои таърихӣ ва хусусияти системавӣ дорад. Тибқи маълумоти Индекси дарки коррупсия (CPI) аз созмони Transparency International, дар соли 2024 Ҳиндустон аз миёни 180 кишвар дар ҷои 85-ум қарор дорад ва нишондиҳандаи он 39 аз 100 аст, ки яке аз мушкилоти идомаёбанда дар мубориза бо коррупсия шаҳодат медиҳад [1, 12].

Аз ҷиҳати таърихӣ, коррупсия дар Ҳиндустон бо анъанаҳои додани тӯҳфа, будани низоми бюрократӣ ва мероси мустамликавӣ алоқаманд аст. Механизмҳои муосири ҳуқуқӣ, сарфи назар аз ислоҳоти назаррас, аз сабаби монеаҳои институтсионалӣ ва фарҳангӣ дар амалисозӣ бо мушкилот рӯбарӯ мешаванд. Ҳадафи мақола таҳлили ҷанбаҳои таърихӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия дар Ҳиндустон ва пешниҳоду тавсияҳои амалӣ барои баланд бардоштани самаранокии сиёсати зиддикоррупсионӣ мебошад.

Решаҳои коррупсия дар Ҳиндустон таърихи қадима дорад, ки аллакай дар асри IV пеш аз милод дар рисолаи «Артхашастра», ки ба Каутиля-мушовири императори Ҳиндустон Чандаргупата Мауря (асрҳои 321-297  пеш аз мелод) нисбат дода мешавад, мушкилоти порагирӣ ва сӯиистифода аз ваколатҳо зикр шудааст [2, 67].

Каутиля қайд мекунад, ки «моли подшоҳ наметавонад, ҳатто ба андозаи кам, аз ҷониби масъулони он ғайриқонунӣ истифода нашавад». Дар ин давра коррупсия аксар вақт ба шакли «тӯҳфаҳо» ба мансабдорон барои дарёфти имтиёзҳо зоҳир мешуд, ки ин як меъёри иҷтимоӣ додани пора ба ҳисоб меравад.

Дар давраи империяҳои Мауря ва Гупта (асрҳои IV–VI) коррупсия тавассути низоми сахти ҷазоҳо, аз ҷумла мусодираи амвол ва ҷазоҳои ҷисмонӣ, назорат мешуд. Дар оянда бо мураккаб шудани дастгоҳи бюрократӣ вусъати коррупсия афзоиш ёфт.

Идораи мустамликавии Британия (асрҳои XVIII–XX) амалҳои коррупсиониро шадидтар кард. Ширкати Ост-Ҳиндустон аз пора додан ба ҳокимони маҳаллӣ ва мансабдорон барои васеъ кардани нуфузаш истифода мебурд. Маъмурияти мустамликавӣ низоми мураккаби бюрократиро эҷод кард, ки дар он коррупсия ба воситаи идоракунӣ амал мекард. Пора дар тиҷорат, андозбандӣ ва низоми судӣ хеле маъмул буд. Сарфи назар аз кӯшишҳои ислоҳот, ба монанди ҷорӣ кардани Кодекси Корнуоллис (1793)  коррупсия  щамчун мушкилот дар Ҳиндустон боқӣ монд.

Пас аз ба даст овардани истиқлолият дар соли 1947, Ҳиндустон бо зарурати бунёди низоми нави давлатӣ рӯбарӯ шуд. Коррупсия, ки аз давраи мустамликавӣ дар мамлакат ба  мерос монда буд, аз сабаби заъфи муассисаҳо, мушкилоти иқтисодӣ ва афзоиши бюрократия шиддат ёфт. Рӯйдоди муҳим «Қазияи Бофорс» (1987) буд, ки коррупсияро дар сатҳи баланди сиёсӣ ошкор кард ва ҳамчун ангезандаи ҳаракати ҷамъиятӣ алайҳи коррупсия хизмат кард.

Сиёсати муосири зиддикоррупсионӣ дар Ҳиндустон ба якчанд қонунҳои калидӣ такя мекунад:

Қонуни пешгирии коррупсияи соли 1988 (Prevention of Corruption Act) порагирии фаъол ва ғайрифаъолро, пора додан ба мансабдорони хориҷӣ ва сӯиистифодаи мансабиро ҷиноят эълон кард [3, 15].

Дар соли 2018 ба ин қонун ислоҳот ворид карда шуд, ки масъулияти додани пораро дучанд вазнин кард ва риояи моддаҳои ин қонунро барои созмонҳои тиҷоратӣ ҷорӣ намуд.

Комиссияи марказии назорат (CVC) барои таҳқиқи шикоятҳои коррупсионӣ ва мониторинги фаъолияти хидматчиёни давлатӣ соли 2003 дар асоси қонуни махсус таъсис дода шуд.

Институтҳои Омбудсмен (Lokpal) дар сатҳи федералӣ ва омбудсменҳои маҳаллӣ (Lokayukta) дар сатҳи иёлотҳо барои баррасии парвандаҳои коррупсионӣ алайҳи мансабдорон соли 2013 таъсис дода шуд [4, 23].

Барои шахсоне, ки дар бораи коррупсия хабар медиҳанд, Қонун дар бораи ҳифзи хабардиҳандагон аз соли 2014 қабул шуд, ки гарчанде татбиқи он хело маҳдуд боқӣ мондааст.

Дар Ҳиндустон якчанд мақомот барои муқовимат ба коррупсия масъуланд:

1. Суди Олии Ҳиндустон, ки дар солҳои охир қарорҳои сахт дар бораи парвандаҳои коррупсионӣ қабул мекунад.

2. Бюрои марказии тафтишот (CBI), ки вазифаи мақоми асосии тафтишотиро дар ҷиноятҳои коррупсионӣ иҷро мекунад.

3. Комиссияи марказии назорат (CVC), ки фаъолияти хидматчиёни давлатиро назорат мекунад.

4. Бюроҳои зиддикоррупсионии иёлотҳо, ба монанди Бюрои зиддикоррупсионии Маҳараштра.

Ҳиндустон дар соли 2011 ба Конвенсияи СММ алайҳи коррупсия ҳамроҳ шуд, ки кишвар вазифадор аст, ки қонунгузориро бо стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ созад [5, 8].

Ҳиндустон инчунин аз соли 2010 узви Гурӯҳи таҳияи чораҳои молиявии мубориза бо пулшӯӣ (ФАТФ) аст ва дар соли 2023 раёсати G20-ро ба уҳда дошт, ки дар он ба масъалаи зиддикоррупсионӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард [6, 34].

Сарфи назар аз пойгоҳи қонунии пешрафта, коррупсия дар соҳаҳое чун хариди давлатӣ, гумрук, низоми андоз, пулис ва хидматрасонии коммуналӣ паҳншуда боқӣ мемонад.

Мушкилоти асосӣ давлати Ҳиндустон оид ба пешгирии коррупсия инҳоянд:

1. Самаранокии пасти татбиқи қонун аз сабаби монеаҳои бюрократӣ ва нуфузи сиёсӣ.

2. Ҳифзи нокифояи хабардиҳандагони коррупсия, ки ошкорсозии далелҳоро бозмедорад.

3. Сатҳи баланди таҳаммулпазирии ҷамъиятӣ нисбат ба коррупсия, ки бо анъанаҳои фарҳангӣ шарҳ дода мешавад.

4. Коррупсия ба мавзӯи асосии маъракаҳои сиёсӣ дар Ҳиндустон табдил ёфтааст. Сиёсатмадорон аксар вақт аз суханронии зиддикоррупсионӣ барои бадном кардани рақибон истифода мебаранд, аммо кам чораҳои самаранокро мебинанд. Ин боиси коҳиши эътимод ба муассисаҳои давлатӣ мегардад.

Барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо коррупсия дар Ҳиндустон чораҳои зерин пешниҳод мешаванд:

1. Тақвияти ҳифзи хабардиҳандагон. Зарур аст, ки механизмҳои самараноки ҳифзи шахсони хабардиҳанда дар бораи коррупсия, аз ҷумла каналҳои беном ва барномаҳои кӯчонидан, таҳия шаванд.

2. Содда кардани расмиёти риояти қонун. Ҳукумат бояд талаботи возеҳ ба барномаҳои риояти зиддикоррупсионӣ барои бахши хусусӣ тасдиқ кунад, то хавфҳои масъулиятро коҳиш диҳад.

3. Баланд бардоштани истиқлолияти мақомоти зиддикоррупсионӣ. CBI ва CVC бояд аз нуфузи сиёсӣ тавассути расмиёти шаффофи таъйини роҳбарон озод карда шаванд.

4. Таъсиси судҳои махсуси зиддикоррупсионӣ. Ин баррасии парвандаҳоро суръат мебахшад ва эътимод доштан ба низоми судӣ баланд мешавад.

5. Рақамисозии хидматҳои давлатӣ. Вусъат додани платформаҳо, ба монанди Digital India, барои пешниҳоди хидматҳо ба таври онлайн имкониятҳои коррупсияро дар сатҳи поёнӣ коҳиш медиҳад.

6. Истифодаи технологияи блокчейн. Ҷорӣ кардани блокчейн дар низомҳои хариди давлатӣ ва кадастри замин шаффофияти муомилотро таъмин мекунад.

7. Барномаҳои таълимӣ. Ворид кардани тарбияи зиддикоррупсионӣ ба барномаҳои мактабӣ ва донишгоҳӣ ба ташаккули таҳаммулнопазирӣ нисбат ба коррупсия дар байни ҷавонон мусоидат мекунад. 

8. Ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ. Дастгирии созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳое, ки ба таҳқиқи коррупсия машғуланд, назорати ҷамъиятиро тақвият мебахшад.

9. Мубодилаи таҷриба. Ҳиндустон метавонад таҷрибаҳои беҳтарини Сингапур ва Ҳонконгро дар соҳаи ислоҳоти зиддикоррупсионӣ қабул кунад. 

10. Тақвияти мониторинги ФАТФ. Иштироки фаъол дар ташаббусҳои ФАТФ дар мубориза бо пулшӯии марбут ба коррупсия кумак мекунад.

Муқовимат ба коррупсия дар Ҳиндустон равиши ҳамаҷонибаро талаб мекунад, ки омилҳои таърихӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангиро ба назар мегирад. Аз ҷиҳати таърихӣ коррупсия қисми амалияҳои маъмурӣ ва ҷамъиятӣ аст, ки бартараф кардани он хело ҳам душвор мебошад. Механизмҳои муосири ҳуқуқӣ, ба монанди Қонуни пешгирии коррупсия ва институти Lokpal заминаро барои мубориза фароҳам меоранд, аммо самаранокии онҳо аз мушкилоти системавӣ маҳдуд аст. Тавсияҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла такмили қонунгузорӣ, ислоҳоти институтсионалӣ, рақамисозӣ ва ташаббусҳои таълимӣ, метавонанд самаранокии сиёсати зиддикоррупсиониро ба таври назаррас афзоиш диҳанд. Муваффақият танҳо дар сурати мавҷудияти иродаи сиёсӣ, дастгирии ҷамъиятӣ ва ҳамкории байналмилалӣ имконпазир аст.

ҚУРБОНОВА ШИРИН

сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих. 

 

БОЗГАШТ