Муаллиф: ИОМДОА
Дар доираи баргузории анҷумани илмии байналмилалӣ дар мавзӯи “Фалсафаи ашъори Рӯдакӣ”, ки 25-уми январи соли 2019 дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент баргузор гардид, китоби арабшиноси тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Тоҷиддин Мардонӣ - «Рӯдакӣ ва адабиёти араб» рӯнамоӣ гардид.
Зимни муаррифии китоби мазкур қайд гардид, ки Тоҷиддин Мардонӣ дар рисолаи худ нишон додааст, ки эҷодиёти устод Рӯдакӣ аз адабиёти қадими араб натанҳо таъсир пазируфтаааст, балки худ ба эҷодиёти шуарои арабзабон таъсир гузоштааст.
Номзади илмҳои филологӣ, шарқшинос Абдуҳалим Одинаев оид ба мазмун, мундариҷа ва ғояҳои асосии китоби мазкур маълумот дода, қайд намуд, ки ин китоб аз шуҳрати ҷаҳонии Одам аш-шуаро, устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ робитаи устод бо адабиёти Шарқ, хусусан, бо адабиёти асрҳои миёна ва нави араб баҳс мекунад.
Абдуҳалим Одинаев хизматҳои Тоҷиддин Мардониро дар адабиётшиносии нави тоҷик ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ӯ барҳақ асосгузори таҳқиқот дар соҳаи адабиётшиносии муқоисавии арабу тоҷик ба шумор меравад ва тамоми рисолаҳои илмии ӯ далели раднопазири ин гуфтаҳоянд.
Ҳамин тариқ дар ҳамоиш қайд гардид, ки китоби муаррифишуда дастранҷи корманди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои кишвар доктор Тоҷиддин Мардонӣ буда, ӯ дар оянда низ ба ганҷинаи тадқиқоти муқоисавӣ асарҳои тозаеро зам хоҳад намуд.
Номзади имлҳои филологӣ Субҳиддин Зиёев дар навбати хеш қайд намуд, ки устод Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик буда, перомуни ҳаёт ва эҷодиёти ин абармард корҳои илмиву таҳқиқотии зиёде аз ҷониби донишмандони ватаниву хориҷӣ ба анҷом расидааст. Вале перомуни Рӯдакӣ ва адабу фарҳанги арабҳо кам нафароне ҳастанд, ки таҳқиқоти илмӣ карда бошанд. Аз ин рӯ, олими арабшиноси тоҷик Т. Мардонӣ кӯшиш ба харҷ дод, ки ба қатори таҳқиқотҳое, ки аз шоирони классик то замони муосир аксарияташонро мавриди омӯзиши таъсири адаби араб ба шеъри ин шоирон қарор дод китобе бо номи “Рӯдакӣ ва адабиёти араб”-ро низ пешкаши хонандагон ва ҳаводорони шеъри ноби Рӯдакӣ ва таъсири адаби арабӣ ба ашъори ин шоири фарҳехта намоянд.
Кайд гардид, ки Тоҷиддин Мардонӣ дар китоби хеш перомуни Рӯдакӣ ва адабиёти араб, масъалаҳои бори дигар роҷеъ ба осори боқимондаи Рӯдакӣ, кашфи тарҷумаи арабии боз як шеъри Рӯдакӣ, як суратхаёли муштараки шоирона, чанд маънии муштарак дар осори Ибн ал-Муқаффаъ ва Рӯдакӣ, кист “он тирачашм шоири равшанбин”? (Носири Хусрав, Рудакӣ ва Абулало ал-Мааррӣ), Рӯдакӣ дар осори муҳаққиқони араб ва як пайравӣ аз шеъри Рӯдакиро таҳлилу таҳқиқ ва баррасӣ намудаанд.
- Гарчанде мисли Рӯдакӣ дар адабиёти тоҷикӣ назире нест, инчунин ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон, олимон, шоирон, нависандагон, адибон ва муаррихони араб будааст ва ба фарохури осору ашъорашон аз ҷалолати қадру баландии мақоми вай сухан гуфтаанд.
Т. Мардонӣ дар ҷои дигари китоби “Рӯдакӣ ва адабиёти араб” ақидаи баъзе муҳаққиқонро меоранд, ки гӯё Рӯдакӣ шеъри яке аз шоирони намоёни араб Абулҳасан ибни Ҷирҷисро, ки бо тахаллуси Ибн ар-Румӣ машҳур аст, аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Масалан, У. М. Довудпота чунин мешуморад, ки шеъри зерини Рӯдакӣ тарҷумаи дарии шеъри Ибн ар-Румӣ аст:
Ман мӯи хешро на аз он кунам сиёҳ,
То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ.
Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сиёҳ кунанд,
Ман мӯй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ.
Шеъри арабии ибн ар-Румӣ чунин аст:
Ман мӯи пиронаамро баҳри соҳибҷамолон ранг накардаам,
Ки бо ин наздашон меҳру муҳаббат хоҳам.
Балки ба ёди ҷавониам онро ранг кардам
Чун гузашт (ҷавониам) либоси сиёҳи мотам ба бар кардам.
Дар китоб қайд шудааст, ки дар воқеъ ба муносибати Ибн ар-Румӣ, ки модараш эронӣ буд ва аз ин рӯ, шоир бо аслу насаби форсии худ, ки онро ба подшоҳони эронӣ пайваста медонист, ифтихор мекард, ва дар ашъораш калимаву ибори тоҷикиро зиёд истифода кардааст.