Мубориза бар зидди коррупсия дар давлатҳои Ховари Миёна: таҳлили муқоисавӣ

Муаллиф: Одинаев Абдуҳалим

Расм

Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат

ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Фасоди молӣ яке аз мушкилиҳои глобалии кишварҳои ҷаҳон, бахусус дар минтақаи Ховари Миёна ба ҳисоб меравад. Ин масъала дар сархати мушкилоти асосӣ қарор гирифта, ҳамчун яке аз мушкилиҳои ҷиддии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои минтақа гуфта мешавад. Тибқи гузоришҳои гуногуни солҳои гузашта нишон медиҳанд, ки минтақаи Ховари Миёна бо вуҷуди камтарин пешрафтҳо, дар мубориза бо фасоди молӣ ва идорӣ чораҳои зарурӣ меандешанд. Бо вуҷуди ин чорабиниҳо, чунин ҳолатҳо сабаби норозогии мардум гардида, онҳо нисбати ҳокимиятҳо бо шубҳа нигоҳ карда ва аз набудани шаффофият дар идоракунӣ давлатро омили асосии рушди он меҳисобанд.

Фасоди молӣ дар кишварҳои араб ба як мушкилиҳои ҷиддӣ табдил гардида, солҳои зиёд ҷомеаҳои ин кишварҳоро бо мушкилиҳои нав рӯбарӯ кардааст. Чунин фасод, ки ба таври васеъ ба фасоди молиявӣ, идоравӣ ва ғайра ишора мекунад, метавонад таъсироти манфии худро ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ оварда расонад.

Инчунин фасоди сиёсӣ, идорӣ ва молиявӣ яке аз омилҳои бесуботии минтақаи мазкур ишора карда мешавад, ки дар натиҷа бо баҳори араб, низоъҳои дохилӣ ва бӯҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ рӯбарӯ шудааст ва то ҳол роҳи ҳалли худро пайдо накардааст. Махсусан охири соли 2010 ва аввали соли 2011 дар баъзе кишварҳои араб, аз ҷумла Тунис, Миср, Либия, Яман ва Сурия, мардум ба кӯчаҳо ба хотири эътироз баромаданд. Яке аз омилҳои эътирозҳои мардум фасоди шадид дар идораи давлатӣ ва набудани адолат унвон карда мешуд. Баҳори араб фарқияту фосила миёни табақаҳои ҷомеаро ногаҳон ошкор кард ва ба фасод гирифтор шуда, гирди забон овард. Инчунин хашми Муҳаммад Буазизӣ азияткашидаи тунисӣ илҳомбахши хезиши кишварҳои ҳамсоя шуду мардуми Миср, Либия, Яман ва Сурияро берун оварда, барканории режимҳои худро низ талаб карданд. Баҳори арабии кишварҳои араб боиси барканории роҳбарони баъзе кишварҳо ба монанди роҳбарони Тунис, Миср, Либия, Яман ва Сурия гардид. Пасон сабаби афзудани огоҳии мардум нисбат ба фасод шуда ба талаби сахттар ва шаффофият таъкид карданд. Гарчанде яке аз омилҳои тазоҳуроти мардумӣ ба хотири фасоди молӣ қиём карда унвон карда мешуд, вале таъсири амиқ нисбати бартараф кардани фасод нашуд. Аммо огоҳию фишори зиёди мардум сабаби тағйироти бисёр масъалаҳо гардид. Аз сабаби ин ки  фасод ба шаклҳои гуногун сурат мегирад, ҳанӯз яке аз мушкилҳои ҷиддии ҷаҳонӣ боқӣ мемонад ва дар бисёр кишварҳои араб кӯшишҳо барои мубориза бо он сахттар гардидааст. Зеро дар натиҷаи чунин вокунишҳо ислоҳоти ҷиддии ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва шаффофият дар бисёр масъалаҳо ва ҷалби шаҳрвандон ба раванди мубориза бо фасод афзудааст. Тааҷҷубовар нест, ки баъзе кишварҳои араб дар шохиси фасод, ки ҳар сол аз ҷониби созмони “Шаффофияти байналмилалӣ”-и фасод "Transparency International" нашр мешавад, зикр мегарданд ва ҷойҳои гуногун қарор доранд. Аммо бештари онҳо дар сатҳи поён қарор доранд ва аз бисёр кишварҳои ҷаҳон дар мубориза бо фасод пешқадаманд.

Кишварҳои араб дарк мекунанд, ки фасод бузургтарин монеа дар роҳи расидан ба рушди кишарҳост. Фасод ба эпидемия монанд аст, агар иродаи ҷиддии сиёсӣ, иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма барои тағйирот ва ислоҳот вуҷуд надошта бошад, он метавонад солона миллиардҳо доллар ба иқтисоди кишварҳо зарар расонад ва фосиларо миёни ҷомеъа ва ҳукуматҳо бештар намояд. Инчунин, фасод ноустувории сиёсиро дар минтақа афзоиш медиҳад ва ба рушди иҷтимоиву иқтисодии он халал мерасонад.

 

Тадбирҳои мамлакатҳои араб барои мубориза бо фасод

Кишварҳои араб дар баробари талошҳои байналмилалӣ барои мубориза бо фасод ҳамкорӣ мекунанд. Ин ҳамкорӣ дар ташаббусҳои идоракунии рушди кишварҳои араб ба таври равшан намоён аст. Ин ташаббус як қадами муҳим дар самти талошҳои муштарак ва ҳамаҷонибаи арабҳо барои мубориза бо фасод ба ҳисоб меравад. Иродаи қавии арабҳо барои муқобила бо фасод дар рафти конфронси минтақавӣ, ки 21-23 январи соли 2008 дар минтақаи Баҳри Маййит (Урдун) баргузор гардид, тасдиқ ин гуфтаҳо мебошад. Дар ин конфронс, лоиҳае барои дастгирии татбиқи аҳдномаи Созмони Милали Муттаҳид алайҳи коррупсия дар кишварҳои араб оғоз гардид. Конфронс бо иштироки вазирони адлия, ходимони давлатӣ ва намояндагони 19 мамлакати араб, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва бахши хусусӣ баргузор шуд. Ин чорабинӣ ба тааҳҳуди кишварҳои арабӣ барои фаъол кардани талошҳо дар мубориза бо фасод бахшида шуда буд. Кишварҳои иштирокчии конфронс бо қабули механизми ҳамоҳангсозӣ барои таъсиси шабакаи минтақавӣ, ки ҳамчун форуми минтақавӣ барои дастгирии кӯшишҳо оид ба татбиқи аҳдномаи СММ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ хизмат мекунад, фарқ мекарданд.

Кишварҳои арабӣ барои мубориза бо фасоди молӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ кардаанд, ки баъзеи онҳоро инҷо меорем:

  • Баргузории конфронси вазирони корҳои дохилии араб дар соли 1987.

  • Конфронсҳое, ки бо ташаббуси Созмони рушди маъмурии Араб дар Қоҳира дар соли 1999 баргузор шуданд, ки дар он як ҷаласаи махсус ба масъалаи фасод бахшида шуд. Пас аз ин, дар Бейрут дар соли 2002 конфронси дигар баргузор гардид.

  • Баргузории конфронсҳо дар Лигаи Араб барои мубориза бо коррупсия.

  • Аҳдномаи Искандария, ки дар соли 2004 қабул шудааст, дидгоҳи аслии арабҳоро дар бораи масъалаҳо ва афзалиятҳои ислоҳот мураттаб намуда, якчанд меҳварҳои ислоҳотро дар бар мегирад.

  • Аҳдномаи роҳҳои рушд, модернизатсия ва ислоҳотро, ки дар Саммити Араб дар Тунис соли 2004 қабул гардида, муайян мекунад.

 

Инчунин кишварҳои арабӣ дар ҳамкориҳои дохилӣ барои мубориза бо фасоди молӣ созмонҳо ташкил намуданд, ки роҳи ин падидаи номатлубро гиранд ва барҷастатирини онҳо:

 

Созмони Арабӣ мубориза бар зидди фасод:

Ин як созмони мустақил ва ғайритиҷоратии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки соли 2005 дар паи конфронси Маркази тадқиқоти ваҳдати араб дар Бейрут аз 20 то 23 сентябри соли 2004 таъсис ёфтааст. Дар конфронс гурӯҳи нухбагони мутафаккирон, рӯшанфикрон, иқтисоддонҳо, мушовирон ва мутахассисони расонаҳои арабӣ ширкат доштанд, ки бо таваҷҷӯҳи онҳо ба муборизаи зидди фасод ва шаффофияти араб муттаҳид шудаанд. Ҳадаф таҳкими иқтидорҳо барои таъсиси шабакаи муттаҳидаи арабии муассисаҳои махсусгардонидашуда буд, ки барои дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии араб ва институтҳои шаҳрвандии он кор мекунанд.

Созмони Парлумонҳои араб бар зидди фасод:

Ба хотири пешгирии афзоиши фасоди молӣ дар кишварҳои араб, Созмони Парлумонҳои араб таъсис ёфтааст. Ин созмон дар посух ба воқеияти нигаронкунандае, ки аз паҳншавии фасод дар ҷаҳон ва кишварҳои араб ба вуҷуд омадааст, таъсис гардидааст. Ин ташаббус натиҷаи кӯшишҳои аъзоёни парламенти араб мебошад, ки ба нақши муҳимми онҳо дар мубориза бо фасод, рушди идораи давлатӣ ва судӣ пай бурданд. Онҳо инчунин ҳукуматҳоро ба иштирок дар ин мубориза ва тасвиби аҳдномаи Созмони Милали Муттаҳид алайҳи коррупсия даъват карданд ва таъкид намуданд, ки бояд механизмҳои масъулиятшиносӣ дар порлумонҳои арабӣ фаъол карда шаванд.

Делиа Феррейра Рубио - раиси созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” изҳор намуд: "Коррупсия ҷаҳони моро ба макони хатарнок табдил додааст, зеро ҳукуматҳо дар мубориза бо он ба таври дастаҷамъӣ муваффақ нашудаанд. Фасод боиси афзоиши хушунат ва низоъҳо мегардад ва одамонро дар тамоми ҷаҳон дар хатар қарор мегузорад".

Ташхиси созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” дар мавриди кишварҳои араб бештар ба давлатҳои ноустувор, ки пас аз Баҳори араб ба ҷангу низоъҳои дохилӣ гирифтор шудаанд, равона шудааст. Бо вуҷуди ин, шохиси миёнаи кишварҳои араб назар ба миёнаи ҷаҳонӣ хеле пасттар аст, ки танҳо 33 дараҷа мебошад. Кишварҳое, чун Сомалӣ, Сурия, Яман, Либия ва Ҷузр ул-Қумр, шохиси зери 20 дараҷа доранд. Аммо, Амороти Муттаҳидаи Араб бо 67 имтиёз дар "Шохиси дарки фасод 2022" дар байни кишварҳои араб дар ҷои аввал ва дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ҷои 27-ум қарор дорад. Давлати Қатар ва Арабитони Саудӣ бо 58 имтиёз, Шоҳигарии Урдун бо 47 ва Баҳрайн ва Уммон бо 44 имтиёз дар ҷои дувум ҷойгир шудаанд, ки ду кишвари охир аз шохиси миёнаи ҷаҳонӣ болотаранд. Аммо Миср бо 30 имтиёз дар миқёси ҷаҳон дар зинаи 130-ум қарор гирифт, ки нисбат ба соли гузашта 3 зина поинтар аст.

Бино ба маълумоти охир, кишварҳои Халиҷи Форс бо пасттарин холҳо дар шохиси фасоди байналмилалӣ, ки ҳар сол аз ҷониби созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” дар Берлин нашр мешавад, дар шохиси дарки фасод барои соли 2024 (CPI) ҷойгир шудаанд. Панҷ кишвари Халиҷи Форс аз 100 хол беш аз 50 хол гирифтаанд. Амороти Муттаҳидаи Араб бо 68 хол дар ҷаҳони араб дар ҷои аввал ва дар ҷаҳон 28-ум аст. Давлати Қатар ва Арабистони Саудӣ бо 59 имтиёз дар ҷаҳони араб дар ҷои дуввум ва дар ҷаҳон 38-ум аст. Уммон 55 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи 50-ум дар ҷаҳон қарор дорад. Баҳрайн бо 53 имтиёз дар зинаи 53-юм ва Кувайт бо 46 имтиёз дар зинаи 65-ум қарор доранд.

Ҳамин тавр метавон гуфт, ки кишварҳои араб дар мубориза бо фасод пешрафтҳои гуногун нишон додаанд, ки аз шохиси 180 кишвар бо нишондиҳандаи аз 0 (фасоди шадид) то 100 (шаффофияти баланд) баҳогузорӣ мекунад.​ Гарчанде ки кишварҳои Халиҷ, ба монанди Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар ва Арбистони Саудӣ нишондиҳандаҳои хуб доранд, инчунин миёнаи холҳои кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ дар асоси нашрнамудаи созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” 2024 39 хол буд, ки яке аз пасттарин нишондодҳо дар ҷаҳон аст.

 

Одинаев Абдуҳалим,

корманди пешбари илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

Султонов И.

магистранти курси дуюми Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ