МУНОСИБАТҲОИ ДУҶОНИБА ВА БИСЁРҶОНИБАИ ҚИРҒИЗИСТОНУ ЧИН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР ВА РОҲҲОИ РУШДИ ОН

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Ҷумҳурии Мардумии Чин истиқлолияти Ҷумҳурии Қирғизистонро 27 декабри соли 1991 эътироф кард ва 5 январи соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат барқарор гардиданд. Аз он лаҳза, таърихи нави муносибатҳои Қирғизистон ва Чин ҳамчун давлатҳои ҳамсояи дӯст ва соҳибихтиёр оғоз ёфт. Чин яке аз аввалин кишварҳое буд, ки расман сафорати худро дар Бишкек моҳи майи соли 1992 ифтитоҳ намуд. Ҳамчунин Қирғизистон сафорати худро дар Пекин 31 августи соли 1993 дар ҷараёни сафари Вазири корҳои хориҷӣ ба Чин ифтитоҳ намуд[1]. Аз соли 1994 Чин дар раддабандии бозори содироти маҳсулоти Қирғизистон ҷои аввал ва дар воридот бошад дар ҷои дуюм қарор дошт.
  Тафсири муносибатҳои дуҷонибаи Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин
  То имрӯз байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин тақрибан 250 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байниидоравӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба имзо расидааст, ки ин аз мавҷудияти заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва хоҳиши ду кишвар барои инкишоф додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд шаҳодат медиҳад. Гузашта аз ин рушди робита бо Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Қирғизистон хеле муҳим аст, зеро:
  • Аз нигоҳи иқтисодӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз пештозони соҳаи иқтисод ва технология буда, дар бозори ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад.
  • Аз нигоҳи сиёсӣ, Чин дар муносибатҳои байналхалқӣ яке аз акторони асосӣ буда, дар Шӯрои амнияти СММ мақоми намояндагии доимиро дорад.
  • Аз нигоҳи ҷуғрофӣ бошад, Чин бо Қирғизистон дорои марзи муштарак мебошанд, ки назорату ҳамкории ҷиддиро тақозо мекунад.
  • Аз нигоҳи таърихивию фарҳангӣ, қаламрави Осиёи Миёна ҳамчун долоне дар “Шоҳроҳи Абрешим” дар рушди муносибатҳои Осиёву Аврупо нақши калидиро иҷро кардааст, ва дар ниҳоят
  • Аз нигоҳи илму маърифат, дар замони муосир Чин яке аз қабулкунандагони асосии донишомӯзон аз Қирғизистон гардидааст.
  Собиқ сафири Қирғизистон дар Пекин А. Султонов дар мусоҳиба бо рӯзноманигорони Агентии Синхуа қайд кардааст, ки Қирғизистон аз рушди муносибатҳои дуҷониба қаноатманд аст. Ба гуфтаи дипломати қирғиз, дар як муддати таърихан кӯтоҳ, ду кишвар ба тавсеаи муносибатҳои воқеан неки ҳамсоягӣ ва дӯстона, ки бо баробарӣ, эҳтироми тарафайн ва эътимоди тарафайн тавсиф мешаванд, муваффақ шуданд. Имрӯзҳо байни Қирғизистон ва Чин ягон зиддияти ҷиддӣ ва масъалаҳои ҳалношуда мавҷуд нестанд, ки ба рушди пай дар пайи ҳамкорӣ халал мерасонанд. Сафири Қирғизистон ҳамчунин таъкид кардаст, ки ҷониби Қирғизистон ба сиёсати "Як Чин" содиқ аст ва ба ҳама гуна шаклҳои "истиқлолияти Тайван" мухолиф аст[2].
  Сафири Ҷумҳурии мардумии Чин дар Бишкек хонуми Ду Девен дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Овози Қирғизистон” қайд карда буд, ки муносибатҳои кунунии Чин ва Қирғизистон аз ҳама давру замонҳояшон хубтаранд. Ба гуфтаи дипломат, мардум аллакай одат кардаанд, ки Чин ва Қирғизистон ҳамсояҳои хуб, дӯстони хуб ва шарикони боэътимод ҳастанд. Ду кишвар дар тӯли асрҳо паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагӣ мекарданд. Роҳи қадимаи абрешим аз робитаҳои дӯстонаи байни халқҳояшон шаҳодат медиҳад[3].
  Соҳаи сиёсат ва амният. Ҳамкории сиёсии ду кишвар дар марҳилаи кунунӣ дар сатҳи баланд  қарор дорад. Заминаи ин ҳамкориҳоро муҳимтарин созишномаҳои байни ду давлат ба танзим медароранд. Асоси ин созишномаҳо ин Изҳороти муштараки Қирғизистон ва Чин дар бараи принсипҳои муносибатҳои дуҷониба мебошад, ки моҳи майи соли 1992 дар ҷараёни нахустин сафари расмии собиқ Президенти Қирғизистон А.Акаев ба Чин баста шуда буд. Ҳамчунин дар соли 1996 Эъломияи муштарак дар бораи пояҳои муносибатҳои дӯстона ва Созишнома ва дар бораи сарҳади давлатии Қирғизистон ва Чин ва дар соли 2002 Шартнома дар бораи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расид, ки таконе дар муносибатҳои дуҷониба гардид. Ҳамкории дуҷонибаи ду кишвари ҳамсоя баъди қабули Эъломияи муштарак дар бораи равобити стратегӣ дар соли 2013 ба даври дигари рушди муносибаҳо гузашт ва инчунин дар моҳи июни соли 2018 муносибатҳо то сатҳи ҳамкории стратегии ҳамаҷониба расонида шуд[4]. Дар тӯли ин солҳо, дар муносибатҳои дуҷониба Қирғизистон ва Чин ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд, аз он ҷумла эътимоди сиёсии тарафайн тақвият ёфт, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар соҳаҳои амалӣ тавсеа ёфтанд, заминаи мустаҳкам барои ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ фароҳам оварда шуд ва шарикӣ дар соҳаи амният аз наздик рушд карда истодааст.
  Масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва субот чун анъана яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Қирғизистон ва Чин мебошад. Дар ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба дар мубориза бо се "қувваҳои бад" - терроризми, экстремизм ва сепаратизм, ва инчунин амнияти киберӣ, муқовимат бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва таҳдиди қочоқи маводи мухаддир мавқеъҳои муштарак доранд. Дар ин замина ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии ҳар ду кишвар ба таври муассир рушд карда истодаанд. Инчунин ҳамкориҳои ҳарбиву сиёии ин ду кишвари ҳаммарз дар чорчӯбаи дуҷониба маҳдуд набуда, дар заминаи созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ дар ҳоли рушданд ва ҳакорӣ дар заминаи Созмони Ҳамкории Шанхай далели ин гуфтаҳост[5. С. 155].
  Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ. Ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ яке аз омилҳои асосии рушди муносибатҳои Қирғизистон ва Чин мебошад. Ҳамкории дуҷониба дар ин самт дар доираи Созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар соли 1998 ва таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистон-Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар соли 1994 амалӣ карда мешавад. Чин шарики асосии тиҷоратӣ ва сармоягузории Қирғизистон мебошад. Дар охири солҳои 2017 ва 2018, маълумотҳои омори нишон медиҳанд, ки Чин дар савдо ва сармоягузорӣ ба иқтисоди Қирғизистон дар мақоми аввал қарор гигифтааст[6].
  Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2017 гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар 1 миллиарду 563 миллион долларро ташкил додааст. Дар ин давра содирот аз Қирғизистон ба Чин 80 миллион доллар ва воридот бошад 1,483 миллиард долларро ташкил додааст. Ҳаҷми савдо дар соли 2018 ба 1 миллиарду 597 миллион доллари ИМА баробар шуда, содирот ба 97,5 миллион доллар ва воридот ба 1,500 миллиард доллар расид. Ҳамчунин ҷараёни сармояи мустақими хориҷӣ аз Чин ба Қирғизистон дар соли 2016 то 301,303 миллион доллар, дар соли 2017 - 303,025 миллион долларро ташкил додааст[7]. Таҳлили омории соли 2017 нишон медиҳад, ки зиёда аз 33,4%-и воридот аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба Қирғизистон ворид шудааст ва дар зер барои муқоиса ҷадвали манбаъҳои воридотӣ ба Қирғизистон оварда шудаанд.
                                                       
                        Ҷадвали 1: Давлатҳои воридкунандаи молу маҳсулот ба иқтисоди Қирғизистон дар соли 2017. Манбаъ: Энсклопедия Британника. [8]

  Маводи асосии содиротӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Чин маҳсулоти хӯрокворӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ (асал, чормағз, меваҳои тару хушк, нӯшокиҳо ва ғ.), пӯсти хом, маъданҳо ва консентратҳои металлҳои қиматбаҳо ва ғайраҳо мебошанд. Воридот аз Чин ба Қирғизистон - маҳсулоти саноати сабук ва бофандагӣ, мошинсозӣ, саноати кимиё, кимиёи ғайриорганикӣ, маҳсулоти парфюмерӣ ва косметикӣ, дорусозӣ, нақлиёти заминӣ, шиша, сафол, семент, чарм, чӯб, коғаз ва картонро ташкил медиҳанд.
  Дар айни замон, ду ҷониб дар Ҷумҳурии Қирғизистон як қатор лоиҳаҳои муштаракро, ки барои Қирғизистон аҳамияти муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ доранд, бомуваффақият татбиқ карда истодаанд. Чин дар коркарду истихроҷи маъдан дар минтақаҳои гуногуни Қирғизистон корҳои муҳимро ба сомон расонидааст. Дар айни замон ташаббуси раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар бораи таъсиси "Як камарбанд - як роҳ" ва сохтани "камарбанди иқтисодии роҳи абрешим" низ имконоти васеъ барои ҳамкории Қирғизистон ва Чинро фароҳам овардааст. Ин ташаббус дорои хусусияти дарозмӯҳлати бисёрвекторӣ буда, ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, дар соҳаи инфрасохтор, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, сармоягузорӣ ва молия равона карда шудааст.
  Сониян, суръати ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар бемайлон меафзояд. Солҳои охир ба шарофати бунёди лоиҳаи "як камарбанд – як роҳ" доираи ҳамкориҳои амалии ду кишвар васеъ шуда, шумораи лоиҳаҳои муштараки амалишаванда меафзоянд, ки ин ба баланд шудани сатҳи зиндагии мардуми ҳарду кишвар ва сатҳи рушди Қирғизистону Чин дар маҷмӯъ мусоидат мекунад. Дар ҳоли ҳозир, дар Ҷумҳурии Қирғизистон беш аз 500 ширкатҳои чинӣ ва чинӣ-қирғизӣ фаъолият доранд, ки дар ташкили ҷойҳои нави корӣ, ва таҳкими дӯстии анъанавии халқҳои ду кишвар саҳм мегузоранд[9].
  Пешниҳод мешавад, ки барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни ин кишварҳо самтҳои зерини ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ рушд дода шаванд: ин ҳамкорӣ дар рушди инфрасохтор ва нақлиёт, энергетика, саноати коркард, кишоварзӣ, истихроҷи маъдан, сайёҳӣ ва инчунин ҳамкориҳои наздимарзӣ бо Шинҷон.

Ҳабибҷон Мирзоев
ходими пешбари илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

БОЗГАШТ