Муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Украина

Муаллиф: Ҷаҳонгир Нарзиев

Расм

Ҷумҳурии Украина яке аз давлатҳое буд, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Украина 24 апрели 1992 барқарор гардиданд. Санади муҳиме, ки муносибатҳои дуҷониба бар он асос ёфтаанд, 6 июли соли 2001 Аҳднома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Украина мебошад. Принсипҳои поягузори муносибатҳоро эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳангоми муҳокима ва ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дарбар гирифта, давлатҳо аз мавқеи якдигар пайваста пуштибонӣ менамоянд. Заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатњои Тоҷикистону Украинаро зиёда аз 80 санад ташкил медиҳад, ки самтҳои мухталифи ҳамкории ду кишварро фаро мегирад. Боздидҳои мутақобилаи расмию кории роҳбарони ҳарду давлат дар рушди муносибатҳои ҳамаҷониба байни Тоҷикистон ва Украина нақши хоса доранд.


Сафарҳои расмӣ сарони кишварҳо:

  • 5-6 июли соли 2001 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина анҷом пазируфт.
  • 8-10 апрели соли 2003 сафари кории Президенти Украина Леонид Кучма ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
  • 6-7 марти соли 2008 ташрифи расмии Президенти Украина Виктор Юшенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
  • 3-5 декабри соли 2008 ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина анҷом дода шуд.
  • 3 сентябри соли 2011 дар Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Украина Виктор Янукович дар доираи саммити Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор шуд.
  • 15-16 декабри соли 2011 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина анҷом пазируфт [6].
  • 2 июли соли 2012 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина сурат гирифт [6].

Асосҳои ҳуқуқии муносибатҳо
 

Дар чорчўбаи сафарҳои мазкур масъалаҳои калидии ҳамкориҳои муштараки Тоҷикистону Украина дар самти тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба муҳокима шуда, як қатор ҳуҷҷати густаришдиҳандаи соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои минбаъда ба имзо расиданд. Заминаи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Украинаро созишномаҳо “Оид ба принсип ва самтҳои ҳамкории иқтисодӣ”, “Оид ба савдои озод”, “Оид ба ҷалб ва ҳифзи мутақобилаи маблағгузорӣ” ташкил медиҳанд. Ҷузъи муҳими ҳамоҳангсози таҳкимкунандаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкории иқтисодӣ мебошад, ки соли 2002 таъсис дода шудааст. Дар протоколҳои баимзорасидаи ин Комиссия тавофуқҳои муҳим оид ба таъмини ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, дар соҳаи сохтмони иншоотҳо нави энергетикӣ ва таҷдиди иншооти мавҷуда, лоиҳакашӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқии гармидиҳанда дар заминаи конҳои ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сармоягузорони украинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла, оид ба истеҳсоли таҷҳизотҳои гуногуни барқӣ, корхонаҳои истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ инъикос гардидаанд [5].
 

Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ
 

Украина яке аз мавқеъҳои пешбарандаро дар муомилоти воридотию содиротӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунад. Номгӯи асосии воридот аз Украина ба Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти консервашуда, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, маводи доруворӣ, семент, гилхок, ангишт, кокс, пек, нафт, корунди сунъӣ, оксиди алюминий, гидрооксиди алюмин, муҳаррикҳо ва генераторҳо, гидротурбинаҳо, коғаз, масолеҳи сохтмон, маснуоти металлӣ, таҷҳизоти маишӣ, техникаи хоҷагии қишлоқ, тракторҳо, вагонҳои роҳи оҳан, мебел ва фурнитура мебошад. Маводи асосии содирот аз Тоҷикистон ба Украина нахи пахта, маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла, мева, сабзавот ва меваи хушк мебошанд. Дар айни замон муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ Тоҷикистону Украина тамоюли рушди босуръатро доро буда, ба дурнамои рушди дарозмуддат равона гардидааст.

Дар давраҳои январ-июли соли 2019 Украина ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 18,77 млн.дол.ИМА маҳсулот ворид кард.Тоҷикистон бошад ба Украина дар ҳаҷми 723 ҳазор доллари ИМА маҳсулот ворид кард [4].

Дар солҳои охир ҳамкории байниминтақавии ду давлат ривоҷу равнақ ёфт. Байни вилоятҳои Хатлон ва Харков, Хатлон ва Луганск, Суғд ва Днепропетровск ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқисодӣ, илмию техникӣ ва гуманитарӣ ба имзо расиданд. Инчунин, ташрифҳои мутақобилаи намояндагони муассисаҳо, доираҳои соҳибкорӣ ва намояндагони корхонаҳои саноатӣ ба Тоҷикистон ва Украина сурат гирифтанд.

тасдики тартиби штангхои эхтиётй ва подшипникхои фишордиханда барои гидрогенераторхои ГЭС -и Норак.
 

Ҳамкориҳо дар самти энергетика-гидроэнергетика
 

 Дар асоси созишномаи ки 24 декабри соли 2009 байни ширкати Барқи тоҷик ва Корхонаи давлатии "Электротяжмаш"-и Украина  барои таъмин ва ворид намудан қисмҳои эҳтиёти ва таҷҳизоти гидроэнергетики дар НБО-Норак ва НБО-Роғун ба имзо расида буд ҳамкориҳо дар ин самт идома доранд. Дар солҳои 2018 ва 2019 ҳангоми ба кор даровардани чархаи аввал ва дуюми НБО-Роғун мутахассисони ширкатҳои Украинии "Электротяжмаш" ва "Турбоатом"   саҳми худро гузоштанд.
 

Ҳамкориҳо дар самтҳои маориф ва фарҳанг
 

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ афзоиш ёфта истодааст. Ҳамасола шаҳрвандони Ҷумҳурии

Тоҷикистон тибқи бурсияҳои давлатӣ ба мактабҳои олии Украина дохил мешаванд.Робитаҳо байни олимони ду давлат тавсеа ёфта истодаанд. Солҳои охир ҳамкориҳо байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Украина самаранок густариш меёбад.

Дар Тоҷикистон ва Украина гузаронидани рӯзҳои фарҳангӣ, ки ба тавсеа ва таъмиқи ҳамкории фарҳангии ҳарду давлат равона карда шудааст, ба ҳукми анъана даромадааст. Тоҷикистон ва Украина инчунин ба густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мутақобилан судманд таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Ҳамкории Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Украина асосан бо робитаҳои илмӣ ва ҳамкории президентҳои Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо президенти Академияи миллии илмҳои Украина, инчунин президенти Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илмҳо (IAAS) B.E. Патон [1, c-127].

Робитаҳои илмии ду кишварро бидуни номи як олими барҷаста баррасӣ кардан мумкин нест - Б.Э. Патон. Барои саҳмаш дар рушди илм ва муносибатҳои байни муассисаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистон ва Украина Б.Э. Патон узви хориҷии Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва доктори фахрии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон интихоб гардид. Бо ташаббуси B.E. Патон, моҳи апрели соли 2001 дар Душанбе ҷаласаи Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илмҳо баргузор гардид. Аъзоёни ин ҷаласа бо сардории Б.Е. Патон дар тантанаҳои бахшида ба 50-умин солгарди ташкилёбии Акдемияи милли илмҳои Тоҷикистон ширкат варзид.

Ҳатто он вақт, академик Б.Е. Патон ба дастовардҳои Акдемияи милли илмҳои Тоҷикистон баҳои баланд дода, оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тотористон ва Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илмҳо як қатор пешниҳодҳои пурқимат таҳия намуд. Он сол академик Б.Е. Патонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Рахмон [3, c-28].

Ҳар сол ҳамкории Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Украина дар бисёр соҳаҳои илмӣ, аз ҷумла: астрофизика, илмҳои биологӣ, химия ва технологияҳои кимиёвӣ, металлургия, шарқшиносӣ густариш меёбад.

Мубодилаи байни академӣ бо маводи иттилоотӣ ба роҳ монда шудааст, аз ин рӯ Китобхонаи марказии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тотористон мунтазам адабиёти илмии Академияи Миллии Украинаро мегирад.

Барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тотористон ва Академияи миллии илмҳои Украина ва IAAS ҳама заминаҳо мавҷуданд.

Дар соли 2010 ду созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ ва техникӣ ба имзо расид:

  1. Созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ ва техникӣ байни Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Расадхонаи асосии астрономии Академияи Миллии Украина (27.05.2010).
  2. Созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ ва техникӣ байни Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Расадхонаи астрономии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко (26.05.2011) [2, c-30].

 

Хулоса

17 маи соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба Украина ба Тоҷикистон ташриф оварданд ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Омодагӣ ва рағбати мутақобил ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ дар ҳамаи соҳаҳо изҳор гардид дар натиҷаи мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин [7].

Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2021-2022 аз сӯи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Украина Дмитрий Кулеба ба имзо расад.

Ҳамасола шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи бурсияҳои давлатӣ ба мактабҳои олии Украина дохил мешаванд.

Дар айни замон муносибатҳои Тоҷикистон ва Украина тамоюли рушди босуръатро доро буда, ба дурнамои дарозмуддат равона гардидааст.

Тоҷикистон ва Украина инчунин ба густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мутақобилан судманд таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

 Дар натиҷаи омӯзиш ва таҳлили муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Украина дар тӯли 29 соли робитаи дипломати барои дурнамои рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисоди, тиҷорати, гидроэнергети ва илмиву фарҳангии чунин пешниҳод менамоем:

  1. Оиди рушди ҳамкориҳои сиёсии ҳарду кишвар созишномаҳои дар боло зикр шуда фаъолияташон амиқтар шавад.
  2. Барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар самти иқтисоду тиҷорат форуми соҳибкорони ҳарду кишвар оид ба амали намудани ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон саноаткунонии босуръати кишвар ташкил карда шавад ва дар чаҳорчубаи он ташкили корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон амали карди шавад.
  3. Барои ҳамкориҳои илму фарҳанг фестивалҳои фарҳангии ҳарду кишвар зиёд карда шаванд чун ки бороҳи гузаронидани чунин фестивалҳо ва номоишгоҳо самти туризм низ рушд меёбад.

  Адабиёт:

  1. Текущий архив отдела зарубежных связей Академии наук Республики Таджикистан (ТА ОЗС АН РТ). Папка 2. – С. 127.
  2. Краткий отчет о деятельности Академии наук Республики Таджикистан за 2008г. – Душанбе, 2009. – С. 30.
  3. Краткий отчет о деятельности Академии наук Республики Таджикистан за 2008г. – Душанбе, 2009. – С. 28.
  4. Сафорати Украина дар Тоҷикистон папкаи ҳамкориҳои тиҷоратии Украина ва Тоҷикистон: https://tajikistan.mfa.gov.ua/ru/embassy/3526-trade (Санаи муроҷиат08.2021)
  5. Маркази қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: http://mmk.tj/content/%D1%81%D0%BE%D0%B7%D0%B8%D1%88%D0%BD%D0%BE%D0%BC%D0%B0 (санаи муроҷиат08.2021)
  6. Возорати карҳои хориҷа папкаи Украина: https://mfa.tj/tg/main/view/144/munosibathoi-tojikiston-bo-ukraina (санаи муроҷиат08.2021)
  7. https://sputnik-tj.com/20210517/taqviyati-hamkoriho-siyosivu-iqtisodii-tojikistonu-ukraina-1039509246.html

  

ходими хурди илмӣ,

Нарзиев Ҷаҳонгир
 

ходими хурди илмӣ

ва докторант PhD-и

Соҳиби Баҳруло

 

 

БОЗГАШТ