Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Муаллиф: Зиёев Субҳиддин

Расм

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад[1].

Бо роҳандозии муносибатҳо бо кишварҳои мусулмоннишин самти афзалиятноки сиёсати хориҷӣ яке аз нахустин кишварҳои арабие, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф карда буд Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошад. Зеро дар миёни кишварҳои арабӣ Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мавқеи хосро ишғол менамояд[2]. Мусаллам аст, ки Арабистони Саудӣ бо доштани ду макони муқаддаси мусулмонон - Макка ва Мадина  мавриди эҳтиром қарор дорад ва дар байни кишварҳои арабӣ ва мусулмонӣ аз ҷойгоҳи вижае бархӯрдор аст.

Раванди муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ нишон медиҳад, ки дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳ ба ҳузури таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави тамаддуни исломӣ ва аҳамияти бузурги мақоми ин кишвар ҳамчун нигаҳбонони амокини муқаддаси дини ислом, густариш ва инкишофи муносибатҳо бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ хеле муфид арзёбӣ мегардад[3].

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои гуногунҷанба ва бисёрҷанбаро бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба роҳ мондааст, ки бевосита дар баланд бардоштан ва густариши равобити Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ ва ҷаҳони ислом нақши муассир дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Мутаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамбастагии зичро ба роҳ монда аст[4].

Тоҷикистон ҳамчун як кишвари босуръат рушдкунанда аз сиёсатҳои иқтисодии насли нави Саудӣ, бахусус валиаҳди ҷавони он Муҳаммад ибн Салмон Абдулазиз Оли Сауд дар бахши иқтисодиёт истиқбол менамояд[5].

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Конфронси Исломӣ буда дар чорабиниҳову вохӯриҳо мавқеъи хосаи худро дорад. Зеро дар он масъалаҳои доғи рӯзро баррасӣ намуда, роҳҳои ҳалли онро пешниҳод менамояд. Аз ҷумла дар ҷараёни баргузории мулоқоти ҳафтуми сарварони давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ дар Дорулбайзо (Мағриб) мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазири Арабистони Саудӣ, валиаҳд, шоҳзода Абдулло ибни Абдулазиз декабри соли 1994 доир шуд. 24-25 сентябри соли 1995 фиристодаи махсуси ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад Аҳмад Бодиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар дошт. Ҳадафи сафари ӯ баррасии пешниҳоди Созмони Конфронси Исломӣ дар бораи барқарор намудани сулҳу осоиш дар Давлати Исломии Афғонистон буд. Фиристодаи Шоҳигарии Арабистони Саудиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд[6].

Бояд қайд намуд, ки вохӯриҳои Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ доктор Юсуф ал-Усаймин баргузор мегардад ва Тоҷикистон раванди музокиротро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ роҳи ягонаи ҳалли низоъҳо медонад. Ҳамчуноне ки дар таҳаввулоти вазъи минтақаҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифта буд[7].

Мусаллам аст, ки қазияи Исроил ва Фаластин рӯзҳои охир аҳли ҷомеаи башарро ба ташвиш овардааст. Зиёда аз 75 сол мешавад, ки дар сарзамини Фаластин хунрезиву нооромӣ ҳукмфармост. Ҳафтуми октябри соли 2023 ин ҷангҳо аз нав ба вуқӯъ пайвастанд, ки дар натиҷа, аз ҳарду ҷониб талафоти зиёд шуд, ҳазорҳо нафар қурбонии задухӯрд шуданд, ҳамчунин, қисми зиёди мардум ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Мутаассифона, дар байни ин захмдидагону қурбониён шумораи занҳо, калонсолон ва хусусан кӯдакон хеле зиёданд[8].

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз равандҳои навини низоъҳои ҷаҳон махсусан Давлати Фаластинро аз наздик пайгирӣ намуда дар вохӯрии муштараки изтирории сарони кишварҳои арабию исломӣ, ки дар шаҳри ар-Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид[9], Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 ноябри соли 2023 иштирок ва суханронӣ намуданд[10], ки Агентии матбуоти Саудӣ аз раванди суханони ӯ ба нашр расидааст, омадааст[11], ки вазъи буҳронӣ дар Фаластин ба далели бомбгузорӣ ва кушта шудани ҳазорон ғайринизомии фаластинӣ, аз ҷумла занону кӯдакон, оворакунии иҷборӣ, бастани роҳҳо барои интиқол ва кӯмаки башардӯстона ва харобшавии инфрасохтори ҳаётан муҳими сокинони Ғазза, кишварҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро хеле нигарон кардааст. Ҷаноби Олӣ дар суханронии худ дар нишасти ғайринавбатии мулоқоти сарони кишварҳои арабу ислом, ки дар Риёз баргузор шуд, даъват кард, ки оташбаси сареъ ва нишаст дар сари мизи гуфтушунид барои ба эътидол овардани вазъ ва таъмини сулҳи одилона ва пойдор тавассути иҷрои қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба таъсиси давлати мустақили Фаластин, ки пойтахти он Қудси Шарқӣ мебошад, даъват намуданд. Ӯ гуфт: “Моҳи ноябри соли 1947 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таъсиси ду давлати мустақил дар сарзамини Фаластин қарори рақами 181 содир кард. Аммо то имрӯз орзую ормонҳои мардуми Фаластин бораи таъсис намудани давлати худ ҷомаи амал напӯшидааст, аз ин нуқтаи назар, кишварҳои мо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои иҷрои қатъномаҳои дахлдори кабулкардаи Ассамблеяи Генералӣ ва Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид саъю кушиш намоянд”. Ва афзуд, ки таъмини ҳимояти байналмилалӣ барои мардуми Фаластин ва пуштибонӣ аз талошҳое, ки ба қабули як роҳи муколамаи ҳамаҷонибаи сиёсӣ нигаронида шудааст, барои расидан ба ҳалли масъала барои ҷилавгирӣ аз ранҷу азоби беш аз ду миллион нафар дар навори Ғазза, аз нарасидани дору, озуқа, қувваи барқ ва дигар чизҳои зарурии ҳаётӣ дар шароити муҳосираи пурра хело муҳим аст. Ва таъкид кард, ки буҳронҳои ҷиддӣ, таҳдидҳо ва чолишҳое, ки ҷаҳони ислом шоҳиди он аст, беш аз пеш моро ба сӯи ваҳдату тавофуқ, иттиҳод ва ҳамоҳангӣ мекашонад. Имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки ин омилҳо боиси нооромшавии ҷиддии манотиқи мухталифи ҷаҳони ислом шудаанд. Ин раванд ба маҷбуран кӯчонидани миллионҳо одамон боис шуда, болои онҳо оқибатҳои манфии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба бор овард, ки онҳо дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтару амнтар буданд.

Ва ишора намуданд, ки кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаи ҷаҳони ислом, ки аз имконоти густурдаи молӣ ва сармоягузорӣ бархурдор ҳастанд, дар ин роҳ метавонанд нақши муассир бозанд.

Тоҷикистон, ки дар таърихи навини худ ҷанги харобиоварро паси сар кардааст, аз иқдомоти сулҳҷӯёна ва ҳалли осоиштаи тамоми мушкилоту низоъҳои ҷаҳон ҷонибдорӣ мекунад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳидро даъват намуда, барои иҷрои ӯҳдадориҳои қонунӣ оид ба ҳифзи қонун ва тартиботи байналмилалӣ дар робита ба Фаластин ба таври қатъӣ назорат кунанд[12].

 

Зиёев С.Н., Одинаев А.С.

Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

 


[1] - Ниг:.. Дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон. 26.01.2021. (https://mfa.tj/tg/main/sijosati-khoriji/dastovardhoi-sijosati-khorijii-tojikiston)

[2] - Ниг:.. Арабистони Саудӣ — шарики муҳим дар раванди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо. 12.02.2018. Сомонаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ. (www.osiyoavrupo.tj)

[3] - Ниг:.. Арабистони Саудӣ — шарики муҳим дар раванди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо. 12.02.2018. Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ. (www.osiyoavrupo.tj)

[4] - Ниг:.. Ҳамкории Тоҷикистон бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ. Қутбидинов Неъматулло. MTC. 14.11.2023. (https://mts.tj/)

[5] - Ниг:.. Арабистони Саудӣ — шарики муҳим дар раванди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо. 12.02.2018. Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ. (www.osiyoavrupo.tj)

[6] - Ниг:.. Арабистони Саудӣ — шарики муҳим дар раванди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо. 12.02.2018. Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ. (www.osiyoavrupo.tj)

[7] - Ниг:.. Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ. 05.05.2021. Хабарҳо ва рӯйдодҳо. (https://mfa.tj/)

[8] - Ниг:.. Гузориш аз семинари илмии “Қазияи навбатии Исроил ва Фаластин”. Каримова Шоҳона. 02.11.2023. Сомонаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ. (www.osiyoavrupo.tj)

[9] - Ниг:.. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди Риёз шуд ва аз ҷониби муовини амири минтақа истиқбол гирифт. Агентии матбуоти Саудӣ. (https://www.spa.gov.sa/N1994975)  رئيس جمهورية طاجيكستان يصل الرياض وفي مقدمة مستقبليه نائب أمير المنطقة

[10] - Ниг:.. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ иштирок намуданд. 11.11.2023. Агентии Миллии Иттилоотии Тоҷикистон. (https://khovar.tj/)

[11] - Ниг:.. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Вазъи бӯҳронӣ дар Фаластин ҷомеаи ҷаҳониро хеле нигарон кардааст. (https://www.spa.gov.sa/8b9f4ea16dw)  رئيس جمهورية طاجيكستان: الوضع المتأزم في فلسطين يثير قلق المجتمع الدولي بشكل كبير

[12] - Ниг:.. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Вазъи бӯҳронӣ дар Фаластин ҷомеаи ҷаҳониро хеле нигарон кардааст. (https://www.spa.gov.sa/8b9f4ea16dw)  رئيس جمهورية طاجيكستان: الوضع المتأزم في فلسطين يثير قلق المجتمع الدولي بشكل كبير

БОЗГАШТ