Нақши созмонҳову муассисаҳо аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар таҳкими равобити кишварҳо хело муҳим арзёбӣ мешавад. Инҷо зарур донистем, то назари таҳлилии мутахассисони соҳаро мавриди баррасӣ қарор диҳем. Андре Хантке мутахассис дар равобити байналмилалии Донишгоҳи Нотингам Нигбои Чин баррасиҳояшро оиди пайвастани кишварҳои Ҳиндустон ва Покистон ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баён кардааст, ки метавон онро мавриди омӯзиш қарор дод. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо эълони ҳамоиши соли 2016 дар шаҳри Тошканди Узбакистон, сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай кишварҳои Ҳиндустон ва Покистонро ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмон дар соли 2017 пазируфтанд.
Мавриди зикр аст, ки қарорҳои асосии тавсеаи СҲШ дар Саммити Душанбе дар соли 2014 шарҳ дода шуданд, дар ҳоле ки тасмими ба узвияти комил пазируфтани ҳарду кишвар дар нишасти соли 2015 дар шаҳри Уфаи Русия кайҳо мавриди баррасӣ гардида буд. Ин қарор талошҳои зиёдеро дар дохили СҲШ барои тезонидани тавсеаи созмон баҳсу мунозираҳои зиёдеро ба амал овард. Аммо роҳбарияти СҲШ ӯҳдадориҳои Ҳиндустон ва Покистонро дар соли 2017 ба таври ниҳоӣ расман пазируфта қабул карданд.
Инҷо бояд зикр кард, ки ҳам Ҳиндустон ва ҳам Покистон, ки қаблан дар доираи СҲШ нозир буданд, барои узвияти комил борҳо дархост карданд, то дар рушди минтақавӣ нақши муҳимтаре дошта бошанд. Садорати СҲШ дар ибтидо пеш аз оғози тавсеашавии он тамоми ҷанбаҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, дар натиҷа ҳама аъзо аз пайвастани ин ду кишвари бузурги минтақаи Осиёи Ҷанубӣ розӣ шуданд. Дар ибтидо онҳо аз мушкилоти наве, ки дар баробари тавсеа ба миён меоянд, нигарон буданд, аммо кишвари Чин пешниҳод кард, ки дар сурати фароҳам омадани шароит пайвастани онҳо ба манфиати созмон хоҳад буд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳамоиши Тошканд Вазири корҳои хориҷии Чин Ван ҳадафҳои рушди минбаъдаи СҲШ-ро пешниҳод кард, ки ба назари ӯ тавсеаи созмони мазкур метавон раванди дастурӣ бошад, вале шомилшавии Ҳиндустон ва Покистон маънои марҳилаи нави камолоти рушди созмонро дорад, ки он бояд ба сохтори такмилёфта ва ризоияти кишварҳои узв тавассути машварату маслиҳат асос ёбад.
Ин кор ба дидгоҳи Русия дар бораи нақши СҲШ мувофиқат мекунад. Ҳамин буд, ки дар соли 2014 сафири Русия дар Бритониёи Кабир Александр Яковенко СҲШ-ро "як созмони бонуфуз ва омили муҳим дар масоили ҷаҳонӣ" тавсиф кард. Чин ва Русия талош карданд, ки рушди созмонро дар 15 соли охир афзоиш диҳанд, то консепсияи бисёрқутбагиашон хубтар шинохта шавад. Рушди СҲШ ҳамчун як мақоми салоҳиятдор ба соҳибихтиёртари минтақавӣ низ кӯмак хоҳад кард, ки ҳадафҳояш ба тадриҷ амалӣ мешаванд.
Бо вуҷуди ҳамаи тавонмандиҳо, ки дар натиҷаи густариши нахустини СҲШ аз соли 2001 ба вуҷуд омадааст, нигарониҳо аз набуди ҳамгироии миёни Покистон ва Ҳиндустонро ба ҳамкориҳо монеа эҷод хоҳанд кард. Коршиносон ба ин назаранд, ки пайвастани ҳарду натанҳо метавонад як ёфтани забонҳои муштаракро дар қабули қарорҳо то андозае душвор ва барномаи олии пешбинишудаи стратегияи рушди СҲШ дар соли 2025-ро халалдор кунад, балки он метавонад саволҳоро дар бораи заминаи ҳуқуқӣ ва меъёрии СҲШ низ ба миён орад.
Бояд қайд кард, ки асосу пояи СҲШ дар соли 2001 бо шомилшавии расмии Ӯзбекистон, ки бо таъсиси созмони Панҷгонаи Шанхай (Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон) дар Шанхай таҳия шуд, рабт дорад. Созмони Панҷгонаи Шанхай соли 1996 барои ҳалли масъалаҳои аломатгузории марз пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфт, ки дар баробари таваҷҷуҳ ба ҳалли масоили мазкур, онҳо дар рӯзномаи кории худ тавсеа ба масъалаҳои терроризми фаромиллӣ, сепаратизм ва экстремизмро низ шомил карданд. Дар соли 2000 президенти Чин пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо ҳамчун як ниҳоди минтақавӣ, ҷанбаҳои иқтисодӣ ва фарҳангиро низ дар бар бояд гиранд.
Ҳамин тариқ, чаҳорчӯбаи меъёрии СҲШ ба «Консепсияи нави амният» -и Чин вобастагӣ пайдо кард, ки соли 1997 таҳия гашта буд. Ин консепсия, ки заминаи ҳамкориҳои ояндаро муқаррар мекунад, ба соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахолати тарафайн таъкид мекунад. Қарордоди асосии Шанхай, ки чаҳорчӯбаи меъёрии ин ташкилот аст, нигарониҳоро дар бораи соҳибихтиёрии бе ин ҳам хуб ҳифзшудаи давлатҳои Осиё, ки дарки фаҳмиши анъанавиашон аз нимкураи ғарбӣ фарқ мекунад, дар бар мегирад. Арзишҳои СҲШ оид ба эътимоди тарафайн, манфиати тарафайн, баробарӣ, машварат, эҳтиром ба тамаддунҳои гуногунҷабҳа ва талоши рушди муштарак, ки дахолат накардан ба умури дохилӣ ва ҳамзистии осоиштаро дар назар доранд, дар ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба кӯмак мерасонанд. Гарчанде ки ин арзишҳо даъвати ҳамкорӣ дар доираи СҲШ-ро ба вуҷуд меоранд, онҳо инчунин созмонро танҳо ба умеди ризоият ва иродаи нек барои иҷрои қарорҳои худ дар дохили давлатҳо мадад мерасонанд. Вале баъзе коршиносн ба ин назаранд, ки набудани механизмҳои татбиқӣ ва таносуби созишномаҳо метавонад ба рушди минбаъдаи ташкилот дар сурати надоштани машваратҳои саривақӣ монеаҳо эҷод кунад.
Тибқи моддаи 16-и Оинномаи СҲШ, вақте ки давлати узв аз иштироки худ дар лоиҳаи бисёрҷониба даст кашад, он ҳамкориҳои дуҷонибаро манъ намекунад. Аммо чаҳорчӯбаи СҲШ дурнамои созмонро барои рушди чизе бештар аз як форуми минтақавӣ барои манфиатҳои мушаххаси кишварҳои аъзо маҳдуд мекунад. Аммо собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев таъкид карда буд, ки СҲШ набояд ба як "ташкилоти бюрократӣ ва коғазӣ" табдил ёбад.
Бо назардошти баҳси давомдори Ҳиндустон ва Покистон бар сари Кашмир, тавони ба мувофиқа расидан дар чорчубаи СҲШ маҳдудиятҳо мушоҳида мешавад ва душвор ба назар мерасад, ки ин баҳс бо иштироки созмон ҳалли худро ёбад. Зеро ҳеҷ тарафе ба дахолати беруна ба муноқиша манфиатдор нест. Аммо инҷо метавон қайд кард, ки созишномаҳои оянда, ки ба Ҳиндустон ва Покистон бештар дахл доранд, бояд хусусияти баҳсро ба назар гиранд ва ихтилофоти эҳтимолиро тавассути гуфтушунидҳои дуҷониба бидуни ҷонибдорӣ аз яке ҷонибҳо масъаларо ҳаллу фасл намоянд.
Дар чунин шароит, рушди СҲШ аз як ниҳоди муттаҳидшудаи бисёрҷонибаи минтақавӣ, ки бо мувофиқа омадани ҳамаи аъзоён ба як сохтори соҳибихтиёртаре, ки аз пайдо шудани неруҳои манфиатхоҳ ҷилавгирӣ мекунад, метавонад дар тавсеаёбии худ комёб шавад ва бо ин роҳ ба монеаҳову душвориҳо дучор нагардад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Чин ва Русия, ки поягузорони СҲШ мебошанд, бо кӯмакҳои молиявӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ вобастагӣ бештар доранд. Аммо минтақа барои Чин баҳри амалисозии ташаббуси "Як камарбанд ва як роҳ" низ хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Ҳамин тариқ бо ворид шудани шарикони нав ба саҳна, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ акнун имконият пайдо мекунанд, ки робитаҳои худро гуногунҷанба сохта, бо ин роҳ таъсири анъанавии Чин ва Русияро ба тавозун оранд.
Бояд зикр кард, ки Ҳиндустон кӯшиш мекунад, ки талаботи бузурги худро ба нерӯи барқ таъмин карда, аз сарватҳои табиӣ ва маъдании Осиёи Марказӣ истифода кунад. Мисоли онро метавон дар созишномаи бандари Чабаҳор, ки ба қарибӣ сарвазир Ҳиндустон бо Эрон қарордод баст, Осиёи Марказиро бо он пайваст кунад, ки масираш аз Покистон убур мекунад. Илова аз ин, Ҳиндустон аллакай ба идеяи «Стратегияи энергетикии Осиё», ки Қазоқистон пешниҳод кардааст, ҷонибдории худро эълон кард. Кишвари Покистон низ бо имзои созишномаи КАСА-1000 талош меварзад то аз сарватҳои Осиёи Миёна хуб истифода карда, худро аз мушкилоти барқу энергия раҳо созад.
Дар хулоса, бояд зикр кард, ки асоси амнияти минтақавӣ, ки як замон барои аъзои созмони СҲШ афзалияти аввалиндараҷаи мубориза бо терроризм ва экстремизм буд, метавонад восита гардад, ки ризоият ва ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзо рушд ёбад, то бо ҳам минтақаро аз ҳар гӯна таҳдиду хатар эмин нигоҳ доранд. Мавриди зикр аст, ки дар санаи 10-уми ноябри 2020 раёсати СҲШ ба дӯши Тоҷикистон супорида шуд, ки мудирияти он то соли 2021 идома меёбад ва натиҷа ва хулосабарориҳои ҷамъбастии он дар даврони 20-умин солгарди таъсисёбиаш зери шиори “20 соли СҲШ-ҳамкориҳо барои суботу рушд” дар соли 2021 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ки фоли некест дар таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо миёни кишварҳои аъзо.
Ҳамин тавр Ҳиндустон ва Покистон чун кишвари пешрафтаву таррақиёфта ва дорои хуби таҷрибаҳои хуби низомӣ, иқтисодӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ ва узви созмонҳову муассисаҳои ҷаҳон аз ҷумла СММ ва созмони минтақавии SAARC метавонанд, ҳамкориҳояшонро бо СҲШ шарик сохта, минтақаро ба суи фардои хуб роҳнамоӣ намуда, худро аз ихтилофоту муноқишаҳоро раҳо созанд.
Манобеъ:
Раҳмонов Мирсаид,
коршиноси шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ