Ҳавзаи саввум — фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ҳануз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам, онҳоро на фақат ҳамбастагии таърихи ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ ба ҳам ҷазб мекунанд.
Ҳавзаи чаҳорум — доираи нуфузи давлатҳои мусалмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои руҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба хам мепайванданд.
Ниҳоят, ҳавзаи панҷум — ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳириву ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба суйи тамаддуни воҳиди умумибашари роҳ мепаймояд[5].
Бо шарофати Консепсияи зикргардида ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишвари мо таваҷҷуҳ намуда, дар натиҷа Тоҷикистони ҷавон, бо 80 кишвари хориҷӣ робитаҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Дар ин давра Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, талафоти бузурги инсонӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавиро ба бор овард, ки барқарорсозии онҳо хеле душвор буд. Бо истиќрори њокимияти конститутсионї дар кишвар вазифа ва њадафи аслии Тољикистон масъалаи оташбас ва расидан ба сулњ дар кишвар буд. Татбиқи ин ҳадафҳо ба тамоми сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти кишвар, таҳкими соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи тамомияти арзии он тобеъ буд. Ташаккул ва тасдиқи сиёсати берунии Тоҷикистон бо душвориҳои калон гузашт. Аммо ба ин нигоҳ накарда, яке аз вазифаҳои муҳими фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон ташаккули заминаи ҳуқуқии байналмиллалии ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо ҳам дар чаҳорчӯби дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба буд. Дар баробари ин андўхтани таҷриба дар фаъолияти дипломатӣ ва вазифаи ташаккули механизми таъмини манфиатҳои стратегии миллӣ дар хориҷи кишвар дар мадди аввал меистод. Мушкилоти ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар он буд, ки вай амалан аз сифр оғоз ёфт. Дар мамлакат анъанаҳои мукаммали сиёсати хориҷӣ вуҷуд надоштанд. Бо дарназардошти он, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва тамоми кӯшишҳо барои хотима додан ба он ва оғози барқарорсозии баъдиҷангӣ равона карда шуда буданд, ҳукумат воқеан танҳо дар соли 2001 ба таҳияи сиёсати хориҷӣ шурӯъ кард.
Раҳмонов Эмомали. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат [Текст] / Иборат аз чаҳор чилд. Чилди аввал.- Душанбе. «Ирфон», 2002, 512 c. С-167
Сохиби, Б. Ҷанбаҳои таърихии ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистон ва Индонезия дар даврони навин / Б. Сохиби // Осиё ва Аврупо. – 2025. – №. 2(22). – P. 132-138. – EDN ZXRRGY.