Нақши марказҳои логистикӣ дар иқтисодиёти Кореяи Ҷанубӣ

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

Дар замони муосир рушди иқтисод, яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор рафта, пайваста дар майдони сиёсии кишварҳои абарқудрат ва инчунин кишварҳои рӯ ба инкишоф дар рақобат аст. Дар минтақаи Осиёи Чанубу Шарқӣ се кишвари пуриқтидор Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир мебошанд, ки дар бозори ҷаҳонӣ бо маҳсулотҳои баландсифати худ ҷойгоҳи махсус касб карда, ҳамеша дар рақобат мебошанд. Бояд зикр намуд, ки Кореяи Ҷанубӣ иқтисоди рушдкунанда дошта, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз бо моделҳои рушди иқтисодии худ шинохта шудааст. Яке аз омилҳои рушди иқтисоди ин кишвар бунёди марказҳои логистикӣ мебошад. Марказҳои логистикии Кореяи Ҷанубӣ Leschaco Group, CJ Korea Express, Sebang, Orient Overseas Container Line (OOCL), Daewoo Logistics Co., Ltd, JBG ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд.

Кореяи Ҷанубӣ Стратегияи тиҷорати озодро қабул намуда, тариқи марказҳои логистикӣ бо дигар кишварҳо додугирифт менамояд. Мақсади асосии ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ табдил додани бандарҳои бузурги Корея ба марказҳои логистикии Осиёи Шарқӣ мебошад, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ, иқтисодиёти кишвар пайваста, бо суръати тез рушд намудааст. Бандари Пусан яке аз бандарҳое мебошад, ки дар як сол иқтидори интиқоли 8 миллион контейнерро дошта, нақшаи 20 сол пеш оғозшударо дар соли 2011 пеш аз муҳлат ба анҷом расонидааст. Ин бандар дорои шароити хуб буда, бо таҷҳизотҳои нави муосир муҷаҳҳаз гардидаааст, ки мақоми мегабандарро ноил шудааст. Ин бандар ба интиқоли трафикии киштиҳои контейнерӣ, ки дар масирҳои асосии боркашонӣ ҳаракат мекунанд, кӯмак мерасонад. Бартарии Пусан дар мавқеи ҷойгиршавии стратегии он мебошад, зеро дар чорроҳаи шимолу шарқи Чин, Япония ва Шарқи Дури Русия дар долони асосии нақлиётӣ бо Аврупо ва Амрико ҷойгир мебошад. Дар рушди иқтисодии кишвар бандарҳо, соҳаи саноат, электроника, саноати автомобилсозӣ, чинибарорӣ, коғазбарорӣ, химия, киштисозӣ, технологияи баландсуръат нақши муҳим мебозад.[1]

Фурудгоҳи байналмилалии Инчхон аз рӯи ҳаҷми бор рекорд гузошта, бо афзоиш идома дорад ва дар соли 2019 ҳаҷми бор ба 2,76 миллион тонна расид. Тибқи маълумоти Шӯрои байналмилалии фурудгоҳ (ACI, Airports Council International) аз соли 2013 инҷониб Фурудгоҳи байналмилалии Дубай аз рӯи интиқоли борҳои байналмилалӣ дар ҷойи дуюм буда, аз Фурудгоҳи байналмилалии Инчхон пешсаф мебошад. Бо вуҷуди ин, Фурудгоҳи байналмилалии Инчхон кӯшиш намудааст, ки мавқеи пештараи худро тариқи пешниҳод намудани рушди системаи ҳавасмандкунии логистикӣ барқарор кунад. Қайд кардан зарур аст, ки фурудгоҳи байналмилалии Инчхон 12 сол пайи ҳам дар ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор дошт. Ҳамасола аз ҷониби Шӯрои байналмилалии фурудгоҳ бо зиёда аз 1700 фурудгоҳҳои ҷаҳон Шӯрои машваратӣ гузаронида мешавад. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки фаъолияти фурудгоҳи байналмилалии Инчхон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, аввалин фурудгоҳ мебошад, ки бо шуҳрати байналмилалии худ ба Шӯрои фурудгоҳҳо шомил гардидааст. Кореяи Ҷанубӣ бисёр бандарҳои тиҷоратии байналмилалӣ дорад, аз қабили Пусан, Инчхон, Пхёттхэк, Кванян, Улсан, Пхоҳан ва Тонхэ. Дар соли 2019 ҳаҷми интиқоли бор дар бандарҳои кишвар 1643,97 миллион тоннаро ташкил медод, ки нисбат ба соли гузашта 1,2% афзоиш ёфтааст.[2]

Системаи функсионалии логистикӣ барои фароҳам овардани тиҷорат муҳим аст. Бояд қайд намуд, ки инфрасохтори логистикӣ яке аз омилҳои асосии арзёбии фаъолияти системаи логистикӣ мебошад. Модели рушди иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ системаи логистикӣ, минтақаи ҷуғрофӣ, андозагирӣ, андозагирии истифода аз логистика дида мешавад. Системаи минтақавӣ ё макрологистикии Кореяи Ҷанубӣ аз чаҳор унсур иборат мебошад:

  1. захираҳои инсонӣ ва қобилият;
  2. логистика ва хизматрасониҳои нақлиётӣ дар бахши давлатӣ ва хусусӣ;
  3. муассисаҳои вилоятӣ ва миллӣ, сиёсат ва қоидаҳо;
  4. инфрасохтори нақлиёт ва коммуникатсия.

Ин андозагириҳои логистикӣ барои муайян намудани қобилияти умумии системаи макрологистикӣ дар доираи минтақаи ҷуғрофӣ аз ҷиҳати қобилият ва иҷрои система бо ҳамдигар алоқаманд мебошанд.[3]

Системаи Logistopи Кореяи Ҷанубӣ як платформаи логистикии интеллектуалӣ мебошад, ки барои тиҷорат хидматҳои гуногуни логистикӣ пешниҳод мекунад. На танҳо хидматҳои нақлиётӣ барои муштариёни корпоративӣ, инчунин мониторинги вақти коркарди пардохт ва хадамот, ҳолатҳои фавқулода пешниҳод карда мешавад. Ҳамин тариқ, онҳо як ширкати логистикии пурра рақамӣ ва муттаҳидшудаи логистикӣ мебошанд. Инчунин онҳо метавонанд логистикаи фармоиширо барои ширкатҳои махсуси логистикӣ ба монанди тиҷорати электронӣ тавассути оптимизатсияи пайвастаи логистикӣ бо истифода аз маълумотҳо таҳия намоянд. Ҳамзамон онҳо логистика, техналогия ва муштариёнро тавассути шабакаҳои логистикӣ, платформаи интеллектуалӣ, фаъолияти асосии анбор ва имкониятҳои амалиётӣ пайваст карда метавонанд.[4]

Қайд кардан ба маврид аст, ки Кореяи Ҷанубӣ барои рушди иқтисоди кишвар ва зудтар ба муштариён дастрасӣ намудан ба низоми тиҷорати электронӣ гузашт. Марказҳои логистикӣ тавассути тиҷорати электронӣ бо муштариён додугирифт намуда, молҳои худро мерасонанд. Соҳибкорон ҳангоми идоракунии фармоишҳои тиҷорати электронӣ омилҳои зиёдеро ба назар мегиранд. Тиҷорати электронӣ се омили асосиро дар бар мегирад: анбор, интиқол ва фармоиш. Кореяи Ҷанубӣ махсусан Сеул молҳое, ки тавассути электронӣ харидорӣ гардидаанд аз уҳдаи интиқоли онҳо ба муштариён хело хуб мебароянд. Ширкатҳои бузурги логистикии Кореяи Ҷанубӣ эҳтиёҷоти анбор ва иҷрои фармоишҳои муштариёнро таъмин карда метавонанд. Ҳамин тариқ, тиҷорати электронӣ метавонад дар ҷойҳои сераҳолӣ ба монанди Сеул пайваста рушд намояд.

Логистикаи тарафи сеюм, ки бо номи 3PL машҳур аст, системае мебошад, ки дар он ширкат идоракунии инвентаризатсионӣ ва хидматрасониро ба ширкати дигар пешниҳод мекунад. Ширкати 3PL аксар вакт аз ҷониби ширкати (мизоҷ) истифода мешавад, шуъбаи логистикии худро надорад. Дар навбати худ, 3PL баъзе ва ё ҳамаи эҳтиёҷоти логистикии муштариёнро таъмин мекунад. Бозори логистикаи тарафи сеюми Кореяи Ҷанубӣ (3PL) аз рӯи хадамот (идоракунии нақлиёти дохилӣ, идоракунии нақлиёти байналмилалӣ, анбор, тақсимоти арзишҳои иловагӣ) ва аз ҷониби корбарони ниҳоӣ истеҳсолот ва афтомобилсозӣ, нефту газ, тиҷорати яклухту чакана аз ҷумла тиҷорати электронӣ ва ғайраҳоро ба анҷом мерасонад. Ҳисобот ва пешгӯии бозори логистикаи сеюм 3PL-ро дар Кореяи Ҷанубӣ бо арзиши доллари амрикоӣ барои ҳамаи ширкатҳои логистикӣ пешниҳод мекунад. Рушди тиҷорати электронии Кореяи Ҷанубиро асосан бозори тиҷорати электронӣ пеш мебарад. Кореяи ҷанубӣ аз ҷиҳати бозори тиҷорати электронӣ дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад, ки даромади пешбинишуда дар соли 2022 пас аз Чин, ИМА, Япония, Германия, ва Британияи Кабир 118 миллиард доллари амрикоиро ташкил медод. Савдои яклухту чаканаи электронии Кореяи Ҷанубӣ дар соли 2022 32%-и ҳаҷми савдои чаканаро ташкил дода, Чин 46%, Британияи Кабир 36%, Инданезия 20% ва Иёлоти Муттаҳида 16%-ро ташкил медод.[5]

Хулоса, метавон гуфт, ки Кореяи Ҷанубӣ маҳз тавассути марказҳои логистикӣ ва тиҷорати электронӣ сатҳи иқтисоди кишварро баланд бардошта, пайваста рушд мекунад. Дар рушди иқтисоди кишвар марказҳои логистикӣ нақши калидӣ мебозанд. Аз ин рӯ, сол то сол дар Кореяи Ҷанубӣ ширкатҳои логистикӣ зиёд гардида, дар бозори дохила ва инчунин дар бозори ҷаҳонӣ нуфуз пайдо кардааст. Инчунин метавон гуфт, ки Кореяи Ҷанубӣ маҳз тавассути марказҳои логистикӣ ва тиҷорати электронӣ дар бозори ҷаҳонӣ машҳур гардидааст.

 

Файзуллаева Н.

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

 


[1]Korean cultural center-Korean information- economy “The Korean economy” URL: https://www.koreanculture.org/korea-information-economy Санаи муроҷиат 8.06.2023

[2] Korean cultural center – Korean information- economy  “The Korean  economy” URL: https://www.koreanculture.org/korea-information-economy Санаи муроҷиат 8.06.2023

[3] Jyri  Vilko, Boris Karandassov, Ekaterina Myller  “Logistic Infrastructure and its Effects on Economic Development”//China-USA Business, ISSN 1537-1514 November 2011 №.11, 1152-1167 URL:  https: // www. davidpublishe r.com/Public/uploads/Contribute/5593aa7ea8099.pdf   Санаи муроҷиат 14.09.2023

[4]Best Logistics Companies in Korea for Commerce Fulfillment Solutions URL: https://www.seoulz.com/best-logistics-companies-in-korea-for-ecommerce-fulfillment-solutions/ Санаи муроҷиат 2.06. 2023

[5] Анализ размера  и доли рынка стронней  логистики 3PL в Южной Корее тенденции роста и прагнозы URL: https://www.mordorintelligence.com/industry-reports/south-korea-3pl-market Санаи муроҷиат 7.07.2023

 

БОЗГАШТ