НАҚШИ ПОЙТАХТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ МИЛЛӢ: ТАҲЛИЛИ РУШДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР 8 СОЛИ РОҲБАРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Муаллиф: Ҳайдарзода Рустам

Расм

Бахшида ба Рӯзи пойтахти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе

 

Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли қариб як аср аз як мавзеи хурди тиҷоратӣ ба пойтахти муосир табдил ёфтааст. Ин раванд, ки дар давраи Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ суръати нав касб кардааст, нақши муҳимми пойтахтро дар ташаккули давлатдории  навини миллӣ таъкид мекунад.

Душанбе бо масоҳати 203,18 км² дар водии Ҳисор, дар баландии 750-930 метр аз сатҳи баҳр ва дар ду соҳили дарёи Душанбе воқеъ аст. Иқлими хушки он ва мавқеи стратегӣ дар байни кӯҳҳои Ҳисор барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, тиҷорат ва сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Тибқи маълумоти барӯйхатгирӣ, аҳолии шаҳр аз 5,6 ҳазор нафар дар соли 1926 то 851,3 ҳазор нафар дар соли 2019 афзоиш ёфтааст. Мувофиқи пешбиниҳо, то соли 2025 ин рақам ба 1 миллион нафар мерасад, ки нисбат ба соли 2010 (731,1 ҳазор) 16,4% зиёд аст. Ин афзоиш талабот ба манзил, хизматрасонии маориф ва инфрасохтори иҷтимоиро ба таври қобили мулоҳиза афзун мекунад.

Душанбе ҳамчун маркази асосии сиёсати умумимиллӣ на танҳо қалби таппондаи Тоҷикистон, балки оинаи равандҳои давлатсозӣ дар сатҳи миллӣ аст. Мақоми хоси он дар баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла маъракаҳои давлатӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, зоҳир мегардад. Ҳамчунин, пойтахт бо равобити густурдаи хориҷӣ макони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои ҷаҳонӣ, иттиҳодияҳои фаромиллӣ ва бонкҳои байналмилалӣ буда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Ба ибораи дигар, Душанбе ҳамчун нишонаи Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳамчун нишонаи Душанбе дар зеҳни хориҷиён ҷой гирифтааст.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели 2017, № 862 ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардида, масъулияти идораи пойтахт, рушди инфрасохтор ва ҳалли мушкилоти иҷтимоиро бар уҳда гирифт. Дар тӯли 8 соли роҳбариаш (2017-2025), ӯ ислоҳоти муҳимеро дар самтҳои гуногун амалӣ намуд:

1. Навсозии инфрасохтор: таҳия ва татбиқи нақшаи генералии нави шаҳр;  ҷорӣ кардани хатсайрҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ; навсозии кӯчаҳо ва маҳаллаҳо, сохтмони маҷмааҳои истиқоматӣ. 

2. Баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ:  дар соли 2019 Рустами Эмомалӣ аз сокинон даъват кард, ки тавассути мессенҷерҳо ва почтаи электронӣ камбудиҳои соҳаи тандурустиро мустақиман ба ӯ гузориш диҳанд, ки ин нишонаи равиши инноватсионӣ ба идоракунӣ аст.

Аз 17 апрели 2020 Рустами Эмомалӣ ҳамчун Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб гардид, ки мавқеи ӯро дар сохтори давлатӣ мустаҳкам намуд. Аз 5 январи 2012 ҳамчун президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва аз 24 апрели 2019 ҳамчун президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ фаъолият намуда, ба рушди варзиш дар минтақа саҳм гузошт.

Фаъолияти Рустами Эмомалӣ дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 аз 1 марти соли 2018 № 78 ба табдили пойтахт ба шаҳри муосир ва бисёрсоҳа нигаронида шудааст. Ҳадафи асосии барнома баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон тавассути рушди устувори иқтисодӣ аст. Зерҳадафҳои зерин муайян гардидаанд:  фароҳам овардани шароити мусоиди зист (Smart-City, дастрасӣ ба манзил, "иқтисодиёти сабз"); тақвияти рушди неруи инсонӣ (маориф, тандурустӣ, шуғли шоиста).

Барнома самтҳои афзалиятноки рушди шаҳри Душанберо муайян карда, ба ҳадафҳои миллии стратегӣ, аз қабили амнияти энергетикӣ, саноатикунонии босуръат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва густариши шуғли пурмаҳсул нигаронида шудааст. Дар доираи он, то соли 2025 иҷрои 431 чорабинӣ бо арзиши 35,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки маблағгузории он аз буҷети ҷумҳуриявӣ (9,1%), буҷети маҳаллӣ (26,7%), сармояи хориҷӣ (32,4%) ва бахши хусусӣ (31,8%) таъмин мешавад. Ин барнома на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон ва мустаҳкамсозии инфрасохтор равона шудааст.

Дар тӯли ҳашт соли охир, новобаста аз мушкилоти ҷаҳонӣ ва тағйироти демографӣ-иқтисодӣ, шаҳри Душанбе ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) ба ҳисоби миёнаи солона 7,3% афзоиш ёфта, 2,8 маротиба боло рафт ва саҳми он дар ММД-и кишвар дар ҳудуди 20% устувор монд. МММ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 13,4 ҳазор сомонӣ (2016) ба 24,8 ҳазор сомонӣ (2024) расид, ки 1,9 маротиба зиёд аст. Ин афзоиш аз ҳисоби рушди саноат (3,1 маротиба), сармояи асосӣ (2,8 маротиба), гардиши савдо (4,7 маротиба), хизматрасонии пулакӣ (3,3 маротиба), мусофиркашонӣ (1,7 маротиба) ва боркашонӣ (2,7 маротиба) таъмин шуд.

Дар соҳаи саноат, аз 18 чорабинии ба нақша гирифташуда бо арзиши 558,8 миллион сомонӣ, 17 чорабинӣ бо сарфи 1,7 миллиард сомонӣ (3 маротиба аз нақша зиёд) иҷро шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3,1 маротиба афзуд, шумораи корхонаҳо аз 467 (2017) ба 815 (2024) расид ва 580 корхонаи нав бо 19 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфт. Содироти маҳсулот ба хориҷа ба 672 миллион сомонӣ расида, 110 коргоҳи нав бо зиёда аз 10 ҳазор ҷойи корӣ бунёд шуд.

Дар бахши меъморӣ ва сохтмон, аз 59 чорабинии пешбинишуда бо арзиши 15,4 миллиард сомонӣ, 55 чорабинӣ бо сарфи 23,4 миллиард сомонӣ (1,5 маротиба аз нақша зиёд) амалӣ гардид. Дар ин давра, 1145 иншооти гуногун бо арзиши 22,4 миллиард сомонӣ ва 3,4 миллион метри мураббаъ манзил сохта шуд, ки дар соли 2024 ба 635 ҳазор метри мураббаъ расид (3,2 маротиба зиёд нисбат ба 2017). Нақшаи генералии шаҳр бо қарори №212 (28 апрели 2017) тасдиқ шуда, 25 лоиҳаи банақшагирӣ таҳия гардид.

Энергетика: Аз 35 чорабинии ба нақша гирифташуда бо арзиши 1,4 миллиард сомонӣ, 27 чорабинӣ бо 921 миллион сомонӣ (84% аз нақша) иҷро шуд. 4 зеристгоҳи нав сохта, 5 зеристгоҳ бо 195 миллион сомонӣ таҷдид гардид. Талафоти барқ аз 27% ба 8,5% коҳиш ёфт.

Нақлиёт: Аз 122 чорабинӣ бо арзиши 5,9 миллиард сомонӣ, 69 чорабинӣ бо 6 миллиард сомонӣ (102% аз нақша) амалӣ шуд. 192 км роҳ бо 3 миллиард сомонӣ ва 207 истгоҳи нақлиётӣ бо 56 миллион сомонӣ сохта шуд.

Сармояи инсонӣ:

1. Маориф: Аз 48 чорабинӣ бо арзиши 884,3 миллион сомонӣ, 35 чорабинӣ бо 2,3 миллиард сомонӣ (2,6 маротиба аз нақша) иҷро гардид. 49 муассисаи таълимӣ барои 85 ҳазор хонанда сохта шуд.

2. Тандурустӣ: Аз 36 чорабинӣ бо 3,6 миллиард сомонӣ, 22 чорабинӣ бо 941 миллион сомонӣ (26% аз нақша) амалӣ шуд, аммо дар маҷмӯъ 2,7 миллиард сомонӣ сарф гардид.

Аз 431 чорабинии пешбинишуда, 307 чорабинӣ бо 39,4 миллиард сомонӣ (112% аз нақша) иҷро шуд, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ (3,2 миллиард сомонӣ, 100,4%), маҳаллӣ (9,1 миллиард сомонӣ, 96,4%), сармояи хориҷӣ (6,1 миллиард сомонӣ, 54%) ва бахши хусусӣ (21 миллиард сомонӣ, 1,9 маротиба) таъмин гардид. Иҷрои солона аз 96% (2017) то 145% (2023) ва 2,6 маротиба (2024) боло рафта, дар маҷмӯъ 121%-ро ташкил дод.

Натиҷаҳои ҳаштсолаи иҷрои барнома бо роҳбари мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ нишон медиҳанд, ки Душанбе ба маркази устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Рушди саноат, сохтмон ва инфрасохтор, ҳамроҳ бо беҳбуди сармояи инсонӣ, пойтахтро ба шаҳри муосир ва ҷолиб барои сармоягузорӣ мубаддал кардааст. Фаъолияти Рустами Эмомалӣ дар вазифаи Раиси шаҳри Душанбе нишон медиҳад, ки пойтахт на танҳо маркази идоракунӣ, балки муҳаррики рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аст. Дастовардҳои 8 соли охир, аз ҷумла афзоиши инфрасохтор, саноат ва сатҳи зиндагӣ, аз муваффақияти сиёсати созандаи ӯ шаҳодат медиҳанд. Бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  рушди Душанбе ҳамчун рамзи давлатдории навини миллӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон идома меёбад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки он кишварҳое, ки сари вақт раванди ҷавонсозии элитаи сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва илмиро ба роҳ монданд, тавонистанд рушди устувори худро дар оянда таъмин кунанд. Ба ҷавонон бояд роҳ кушод ва дар идора ва рушди кишвар ба онҳо кумак кард. Дар ин замина, ба назари мо, муваффақтарин таъйиноти Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъйини Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе буд.

Бояд гуфт, ки ин таъйинот на танҳо барои сиёсатмадори ҷавон, балки барои тамоми низоми омодасозии кадрҳои идоракунии Тоҷикистон як имтиҳон буд. Дар давоми фаъолияти худ Рустами Эмомалӣ на танҳо эътимоди роҳбарияти кишварро сазовор кард, балки бо меҳнати софдилонаи худ эҳтиром ва муҳаббати сокинони пойтахти Ватани моро ба даст овард.

Аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ Рустами Эмомалӣ ба интихоби дастаи худ, ки бо онҳо кор мекард, таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Тағйири куллии Душанбе, хусусан намуди берунии шаҳр, нишон дод, ки раиси ҷавони шаҳр тавонист дастаи муттаҳиди ҳамфикронро ташкил кунад, ки мисли як механизми ягона кор мекард. Рустами Эмомалӣ талошҳои худро пеш аз ҳама ба беҳбуди инфрасохтори иҷтимоии шаҳр, такмили низоми нақлиёти ҷамъиятӣ, сохтмони мактабҳо ва кӯдакистонҳои нав, боғҳои фароғатӣ ва майдонҳои варзишӣ равона кард. Махсусан мехоҳем таваҷҷуҳи доимии Рустами Эмомалӣ ба фароҳам овардани шароит барои рушди кӯдакон ва наврасонро таъкид кунам. Яке аз роҳҳои мубориза бо тамоюли ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои радикалии динӣ эҷоди шароит барои рушди кӯдакон ва наврасон аст. Ба шарофати талошҳои Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе садҳо майдончаҳои кӯдакона ва варзишӣ кушода шуданд. Кӯшишҳои ӯ барои рушди футбол дар Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки насли нави футболбозони тоҷик ба вуҷуд ояд, ки имрӯз кишвари моро дар хориҷа сазоворона муаррифӣ мекунанд ва бо пирӯзиҳояшон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба таҳкими имиҷи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамоянд. Фаъолияташ дар вазифаи президенти Федератсияи футболи кишвар ин намуди варзиши ватаниро ба сатҳи ҷаҳонӣ баровард. Масалан, имрӯз дастаи футболи “Истиқлол” дар арсаи байналмилалӣ сазоворона баромад мекунад ва бори аввал дар таърихи футболи ватанӣ, тими миллии кишвар оид ба футбол ба Ҷоми Осиё роҳ ёфт.

Дастовардҳои иқтисодии пойтахти мо, имиҷи байналмилалии зебои кишварамон, ки дар он саммитҳои ҷаҳонӣ баргузор мешаванд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки Рустами Эмомалӣ вазифаҳои ба уҳдааш гузошташударо дар идораи шаҳри Душанбе ба таври аъло иҷро мекунад. Фаъолияташ дар вазифаи раиси шаҳри Душанбе бори дигар исбот мекунад, ки барои идораи шаҳр ё давлат синну сол меъёр нест. Меъёрҳои асосӣ инҳоянд: таҳсилот, донишҳои муосир, андешаи инноватсионӣ ва эҷодкор, фаҳмиши равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, иқтисод ва муҳаббати беандоза ба Тоҷикистон.

Дар давраи фаъолияташ ҳамчун Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Рустами Эмомалӣ худро ҳамчун сиёсатмадори пухта нишон дод, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ сазоворона муаррифӣ мекунад.

Ба шарофати ташаббусҳо ва талошҳои Рустами Эмомалӣ дар вазифаи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар сиёсати нави иқтисодӣ амалӣ шуда, фазои сармоягузорӣ беҳтар мегардад. Маҳбубияти сиёсии ӯ дар ҷомеаи тоҷик хеле баланд аст. Фаросат ва ҳалим будани Рустами Эмомалӣ мавриди таҳсини ҳамаи тоҷикистониён аст. Зеҳни дурбини ӯ, ростқавлӣ ва поквиҷдонияш дар тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон эҳтиром ба даст овардааст. Имрӯз ҷавонон, ки аксарияти аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, ба сиёсатмадори умедбахши Рустами Эмомалӣ умедҳои калон бастаанд.

Ҷавоне, ки ҷавонони ватанро раҳкушо бошад,

Чу фарри Рустами Дастон мар ӯро зиё бошад.

Касе муҳтоҷу мазлум аст, аз хайраш шавад хурсанд,

Ба ҳар кас дӯсти бинмуд, сидқаш доимо бошад.

Замони шаҳрдори равнақи ҳар соҳа боло рафт,

Вуҷудаш тоза, дил поку бари аз кинаҳо бошад.

Ба ҳангоми ҷавони ибрате шуд баҳри ҳар раҳбар,

Ҳалиму меҳрубону сахтгири корҳо бошад!

Фақат хидмат ба мардум мекунад – ин тӯҳфаи ирсӣ!

Ба хислат ботаҳаммул, ҷиддӣ, пок аз ҳар риё бошад.

Ҳакимона хамӯш аст ӯ, ҳақиқатро парастишгар,

Далер асту баазму ҷои ӯ дар дидаҳо бошад!

Ба панди қиблагоҳаш ҳаст содиқ доимо аз ҷон,

Зиҳи фармонбаре, к-аз бахт ҳоди Пешво бошад!

Бигӯяд Дониёр аз қалб, пайрав бош бо ин мард!

Дуогӯем доим мо: нигаҳбонаш Худо бошад!

 

Ҳайдарзода Рустам Ҷура - директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,доктори илмҳои фалсафа, профессор.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим,доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор 

БОЗГАШТ