Дар шароити имрўза низоми нав ва мураккаби ҷаҳони ташаккул ёфта истодааст, ки моҳиятан метавон онро бисёрќутба ва бисёрсатҳа номид. Яке аз хусусиятҳои муайякунандаи низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ тағйирёбии он ба ҳисоб меравад. Дар асоси чунин тағйирёбӣ рафтори иштирокчиёни асосии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, истифодаи восита ва методҳои бадастории маќсадҳо низ то андозае дигаргун гардидаанд.
Аз чунин мавқеъ сиёсати хориҷӣ ин роҳу самтҳои муайянкардаи давлат дар фаъолияти байналмилалӣ мебошад, ки ин муносибатҳоро бо дигар давлатҳо вобаста ба принсип ва манфиатҳои худ ба воситаи шакл ва усулҳои гуногун ба амал мебарорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири Истиқлоли сиёсӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти барӯманд тавонист ҷойгоҳи шоиста ва таърихиеро дар ҷаҳони муосир ва арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, илова бар ин, ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз рисолати волои истиқлолият миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намудааст.
Боиси зикр аст, ки дар ҳама давру замон кишварҳои алоҳида ҷиҳати ҳифзи манофеи миллии худ дар арсаи байналмилалӣ, расидан ба ҳадафҳои умумибашарӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳоди боэътимоду боварибахш ниёз доранд. Аз ин лиҳоз, ба роҳ мондани чунин навъи иттиҳоди боэътимод дар шакли созмонҳои байналмилалӣ, ки яке аз ниҳодҳои пуриқтидори дастгирии сулҳ ва амнияти байналмилалӣ мебошанд, омили асосии расидан ба марому мақсадҳои ягона дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Вақте аз назари коршиносӣ ва диди воқеъбинона баҳо диҳем, ки чи гуна Ҷумҳурии Тоҷикистон – як кишвари ошӯбзадаву дар ҳоли ҷанг қарордошта ба оромтарину босуботтарин кишвари минтақа ва яке аз кишварҳои осоиштаву бонизом дар ҷаҳон табдил ёфт, мусаллам хоҳад гашт, ки бешубҳа, ин ҳама дастоварду комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи барномарезии дақиқ, талошҳои пайгирона ва хидматҳои софдилонаи фарзанди фарзонаи миллати шарафманди тоҷик, қаҳрамони миллат Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон аст.
Нигоҳе аз даричаи имрӯз ба рӯзҳои аввали таъсиси давлатдории тоҷикон пас аз истиқлол ва ташаккули заминаҳои сиёсати хориҷӣ нишон медиҳад, ки роҳандозии сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ низ дар он шабу рӯз чун ҷузъи раванди умумии ҳаводиси кишварҳои пасошӯравӣ сурат мегирифт.
Таҷрибаи таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки доштани Пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ шарт ва зарур аст. Маҳз барои миллати азиятзада, ранҷкашида ва борҳо аз давлатдорӣ маҳрумгардидаи тоҷик дар шароити ҷаҳони ноороми имрӯз доштани Пешвои сиёсӣ, эътирофи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” ҳамчун рамзи муттаҳидии халқ атрофи ғоя ва андешаҳои ӯ аҳамияти бештари таърихӣ, замонавӣ ва ояндабиниро касб мекунад [12, 13].
Бо шарофати хиради стратегӣ, иродаи қавӣ ва малакаи беназири сиёсии худ, Пешвои миллат дар як муддати нисбатан кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги бародаркуши шаҳрвандиро дарҳам шикананд ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшанд. Дар ин замина Пешвои миллат истифодаи самараноки имкониятҳои байналмилалиро ҷиҳати фурӯ нишондани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор доданд.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи равшан ва мусбии робитаи байни “амният” ва “рушд” ба ҳисоб меравад. Бо кӯмак ва мусоидати Созмони Милали Муттаҳид мо аввалин шуда, барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди ҳазорсола эҳтиёҷи кишварамонро ҳамаҷониба арзёбӣ намудем [9, 112].
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тавонистанд дар даврони истиқлолият на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созанд, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ шинохта шавад.
Таърихи ҷаҳон собит месозад, ки дипломатия нахуст дар заминаи созишномаҳои байнидавлатӣ рӯи кор омадааст, ки аз ҷониби ҳокимон ва шоҳони бонуфузи давлатҳо расмияти ҳуқуқӣ пайдо намудааст. Пайдоиши он, пеш аз ҳама, ба зарурати таъмини амният, иттиҳоди инсонҳо ва ҳамгироии давлатҳо иртибот дорад. Зеро баъди фоҷиаҳои хунини байнидавлатӣ шоҳони давлатҳои қадим барои наҷоти давлат ва халқи худ рӯй ба ҷониби гуфтушунид меоварданд, ки дар таърихи инсоният бо номи дипломатия маъруф аст.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.
Воқеан, баргузории конфронси мазкур метавонад барои муколамаи сатҳи байналмилалии илмӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои бартарафсозии хатарҳои обшавии пиряхҳо ва таъминоти аҳолии сайёра бо об замина фароҳам созад.
Бо назардошти ин, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона пазируфта шуд, ки ҳолати мазкур некбинона ва ояндасоз будани сиёсати экологии Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллатро ифода менамояд.
Дар баробари ин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои милливу байналмилалӣ ва мақсаднок гузаронидани Конфронси болозикр вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса, ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилоти байналмилаливу ҷамъиятии дар ҳудуди кишвар фаъолияткунандаро зарур аст, ки мушкилот, масъалаҳо, мавзӯъҳо ва таҳқиқоти илмиву амалии марбут ба ҳифзи прияхҳоро коркард намуда, ҷиҳати чораандешии дарозмуҳлат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои баррасӣ дар ҳамоиши мазкур пешниҳод созанд.
Тағйирёбии иқлим дар сайёра масъалаи танҳо як кишвар нест. Ин офати сустҳаракаткунанда аст ва оқибат ба ҳама кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад. Роҳҳои ҳалли он ба ҳукумати ҳамаи кишварҳо дахл мекунанд. Пешгирии таъғирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ба инсоният вобастагии зич дорад ва итминон дорем, ки бо пешниҳодҳои ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои олам тадбирҳои заруриро барои нигоҳ доштани пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим сари вақт амалӣ месозанд.
Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат аз он дарак медиҳад, ки чунин ташаббусҳо на танҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо балки ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи захираҳои обӣ, инчунин, роҳандозӣ гардидани ислоҳоти дурусти муҳофизати пиряхҳо нақши муҳиму созанда ва бунёдӣ доранд. Зеро дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ тағйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳими ҳифзи пиряхҳо зарурати қабули санадҳои нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пеш омаданд.
Дар чунин дунёи пурталотум сиёсати хориҷии мустақил ва озод, ки тавассути Пешвои миллат роҳандозӣ ва ҳидоят мешавад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо чанд маркази муҳимми қудрат ва бозингарони асосии ҷаҳон ва минтақа муносибати ботавозун ва баробар дошта бошад.
Умумияти ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, зарурати рушду таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии онҳоро бар пояи дӯстӣ, эътимод ва ҳамкории судманд, аз ҷумла дар арсаи тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва иҷтимоиёт таъкид менамоянд. Бо такя ба ин усул мо метавонем ҳамкориро дар соҳаи амният низ густариш бахшида, ҳамроҳ бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш нуфуз ва мавқеи худро мустаҳкам нигоҳ медорад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад [11, 436].
Ба таъкиди Пешвои миллат, пиряхҳо – манбаи асосии оби тоза мебошанд. Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи байналмилалӣ дар ростои тағйири иқлим ва ҳифзи пиряхҳо бо назардошти имкониятҳои молиявию иқтисодии худ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ минбаъд низ саҳми худро дар самти кам кардани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим хоҳад гузошт.
Ҳамин тариқ метавон хулоса кард, ки ташаббусҳои ояндасози Пешвои миллат дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ таҳким ва густариши робитаҳо дар доираи сохторҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин, созмонҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Инчунин, боис гардид, ки оламиён Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мустақил эътироф намоянду тоҷиконро ба ҳайси мардуми дорандаи таърихи куҳан, сулҳпарвар, башардӯст ва бунёдкор шиносанд. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун “Раванди оби Душанбе” пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст. Ҳоло иқдоми панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон – “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ гашта истодааст. Дар ин ҳошия, масъалаи тағйирёбии ҷаҳонииии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифтааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ташаббусҳои Пешвои миллат саривақтӣ буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шуда, дар сатҳи байналмилалӣ пайравӣ ва татбиқ гардида истодаанд.
РАҲМОНЗОДА А.Ш.
ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои таърих