НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБУ ИҚЛИМИ САЙЁРА НАЗАРРАС АСТ

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБУ ИҚЛИМИ САЙЁРА НАЗАРРАС АСТ.

Эҳдо ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Об яке аз арзишмандтарин ва муҳимтарин сарвату неъмати бебаҳое аст, ки тамоми мавҷудоти олам аз он истифода карда, ҳаёт ба сар мебаранд. Ин ганҷинаи пурқимат қувваи ғизоие мебошад, ки тавассути он тамоми ҳастии дунё энергияи тоза гирифта, месабзад. Мо метавонем бигӯем, ки об маҳлуле аст, ки бо истифодаи он ҳар чизе дубора ҳаёти тоза гирифта, симову чеҳраашро табъи навин мебахшад. Чунин нигоштааст ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаид Раҳмонов.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.

— Ба андешаи донишмандон, обу арзиши он хеле муҳим аст. Об дорои хотирае аст, ки то 30 сол боқӣ мемонад. Илова бар ин об чун унсури муҳим дар ҳаёти башарият нақши муҳиму калидӣ  мебозад. Тибқи сарчашмаҳо, яке аз масоили умдаи об истифодаи захираҳои он ва обёрикунонӣ аст, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба таври дақиқу дуруст танзиму тақсимбандӣ намешавад. Аз ин рӯ, мардуми сайёра аз норасоии он ба мушкилот дучор мегарданд.

«Қадри зарро заргар медонад»- масале аст, ки мо мардуми Тоҷикистонро водор месозад, то ифтихор намоем, ки чунин неъмати бебаҳо, яъне об дар Ватани азизамон фаровон аст. Мояи ифтихори мо аст, ки қадри ин неъмати бебаҳоро Пешвои миллати мо сари вақт шинохта, ба ҷаҳониён расониданд, ки аз ин ганҷинаи нодир қадрдонӣ карда, ҳар қатраи онро ҳушмандона истифода намоянд.

Бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт», соли 2013-ро «Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва инчунин солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд. Тавассути ташаббусҳои дилсӯзонаи Роҳбари давлати Тоҷикистон даҳҳо семинару чорабиниҳои ватаниву ҷаҳонӣ доир гардида, то ҳол идома доранд.

Мояи ифтихор аст, ки давлати мо бо ташаббусҳои созандаву саривақтӣ зери роҳнамоии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили обу экологии минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳ намуда, онро чун дипломатияи муҳим барои рушди иқтисодӣ ва некуаҳволии мардум арзёбӣ намудааст. Тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои экологӣ аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли он талош дорад.

Сарвари давлат дар ин маврид чунин иброз намудаанд: “Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи мамлакат ва минтақа мебошад”.

Набояд фаромӯш кард, ки имрӯз зиёда аз 70 дарсади одамони сайёра обро барои обёрӣ намудани замин истифода мебаранд. Аз соли 1950 ин фоиз се баробар афзудааст. Мушкилоти дигари асосӣ шӯршавии заминҳо аст, ки тавассути обёрӣ намудани замин хок обро фурӯ бурда, бо намакҳои зери замин бархӯрд карда, дар болои замин қарор мегирад ва ҳосилнокии онро кам месозад. Ҳамин тариқ, тибқи сарчашмаҳо, то ба имрӯз аз набуду норасоии об аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра танқисӣ кашида, эҳсосӣ хатар мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дорои беш аз 1300 кӯл буда, қисми зиёдаш дар минтақаи Помир мавҷуд мебошад. Бештари онҳо дар кӯҳҳои Помиру Олой дар баландии аз 3500 то 5000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Ҳамаи ин фаровониҳоро Президенти Тоҷикистон бо чашми хирад нигариста, арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро ба эътибор гирифта, Ҳукумати мамлакат аз 1 декабри соли 2001 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” қарор қабул кард.

Ҳамин тавр, бо ташаббуси Тоҷикистон 20-21 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид. Дар он намояндагони беш аз 110 кишвари ҷаҳон иштирок карда, дар сессияҳои алоҳида паҳлуҳои гуногуни мушкилоти вобаста ба об, аз ҷумла «Тақвияти амалҳо барои рушди устувори захираҳои обӣ», «Татбиқи ислоҳоти бахши об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муколамаи ҷамъият оид ба ҳисоботи ниҳоӣ», «Мушкилоти об дар мисоли гурезагон ва муҳоҷирон»-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Мавриди гуфтан аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Мояи обрӯмандиву ифтихори мо аст, ки қадри ин неъмати бебаҳоро Сарвари давлат сари вақт шинохта, ба ҷаҳониён расониданд, то аз ин ганҷинаи нодир қадрдонӣ карда, ҳар қатраи онро ҳушмандона истифода баранд.

Об ва нақши он дар ҳаёти башар аз масоили муҳим арзёбӣ шуда, бо ташаббуси Прездиенти Тоҷикистон пайваста дар семинарҳои минтақавиву фароминтақавӣ мавриди таваҷҷуҳ гирифта, баррасӣ мегардад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавриди обу масоили онро мушкили асосии ҷаҳонӣ шинохта, таъкид мекунанд, ки дар айни замон аҳли башар дар пешорӯи норасоии об қарор дорад. Ҳамин тариқ, 24-26 апрели соли 2024 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Донишгоҳи Осиёи Бузург (Grand Asia), воқеъ дар шаҳри Сиялкути вилояти Панҷоб, ки зодгоҳи файласуф ва шоири шаҳири Шарқ Аллома Муҳаммад Иқбол мебошад, аввалин Конфронси байналмилалӣ бахшида ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар асоси таъкидҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон дар он масъалаи мубрами обу экология баррасӣ шуд. Дар кори конфронс роҳбарони институтҳои ҳавошиносӣ, пажуҳишгоҳҳои самти обу иқлим, намояндагон ва мутахассисони иқлиму обу энергетика аз кишварҳои аврупоӣ, институтҳои масъалаҳои энергетика ва энергияи «сабз», профессорон, донишҷӯён ва воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ иштирок намуда, ибрози андеша карданд.

Ҳамин тариқ, кордори Сафорати Тоҷикистон дар Покистон дар конфронс таъкид намуд, ки Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз рӯёрӯйӣ бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим низ осебпазир буда, ҳамасола бо обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиии марбут ба об дучор мешавад.

Дар ин зимн, Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро барои давраи то соли 2030 татбиқ менамояд. Саҳми Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ андак буда, аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо ҷойи 130-ро ишғол намуда, дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол менамояд. Ин давлат инчунин яке аз давлатҳои пешсафи сайёра аз рӯи фоизи истеҳсоли энергияи «сабз» ба ҳисоб меравад.

Дар ин зимн,   25-26 апрели 2024 бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд, ки дар он масъалаҳои вобаста ба таҳлилу мониторинги ҳамаҷонибаи вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои амнияти об, инчунин таҳия ва пешбурди механизму воситаҳои хубу ҳавасмандгардонии ин раванд мавриди муҳокима гардиданд. Коршиносон, масъулон ва олимони соҳаи энергетика аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва ИМА тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ дар мавзуъҳои «Равишҳои нав ба идоракунии амнияти обу энергетикӣ дар шароити тағйирёбии иқлим», «Таъмини устувории тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ тавассути эҷоди барномаи таълимӣ оид ба идоракунии захираҳои об», «Офатҳои табиии марбут ба пиряхҳо ва захираҳои об», «Санъати дипломатӣ барои ҳалли мушкилоти обу энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ», «Мушкилоти тақсими захираҳои об ва истифодаи дурусти онҳо», «Ҳолати кунунӣ ва роҳҳои имконпазири танзими захираҳои обии фаромарзии Амударё» ибрози ақида намуданд.

Инҷо бояд ишора кард, ки ба мисли дигар кишварҳои ҷаҳон Осиёи Марказӣ низ зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор дорад, ки дар сурати пайдо накардани роҳу воситаи пешгирии он натиҷаи манфӣ ба бор хоҳад овард. Мавриди гуфтан аст, ки Тоҷикистон 98 фоизи барқро дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда, аз рӯйи фоизи тавлиди энергияи «сабз» дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Дар ин зимн дар асоси қарори роҳбарияти шаҳри Душанбе соли 2024 Соли маърифати экологӣ эълон гардид ва бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ташаббуси «900 рӯзи ободонӣ» пайваста амалӣ мешавад. Зимнан дар пойтахти мамлакат конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе» доир гардид. Дар он таъкид шуд, ки то соли 2037 Тоҷикистон ба мамлакати сабз ва пойтахти он ба яке аз шаҳрҳои сабзтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил хоҳад ёфт.

Мақсад аз он баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад.

Тибқи маълумот, аз 10 то 13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» баргузор мешавад. Ҳадафи конфронс табодули таҷрибаи беҳтарин ва дарёфти роҳҳои ҳалли инноватсионӣ, инчунин таҳкими шарикӣ байни ҷонибҳои манфиатдор ва баланд бардоштани нақши об дар рушди устувор мебошад. Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амалиёти об аз силсилачорабиниҳое мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба дастгирии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» гузаронида мешавад.

Ҳамин тариқ, бо баргузории он Тоҷикистон кӯшиш менамояд, то платформаро барои пайгирӣ, пешбурд ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи обии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об сабтшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо оид ба ноил гардидан ба ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030-ро баррасӣ намуда, таъмин намояд.

Хулоса, бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон 4 қатънома дар мавзуи об ва 1 қатънома аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо қабул гардидаанд, ки аз ташаббусҳои бисёр муҳим ва саривақтӣ шуморида мешаванд.

Нақшу ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон барои таъмини об ба аҳли сайёра, амалисозии қонунҳои пазируфта бо тарифҳои хоси минтақавӣ, баҳри ҳифзи муҳити зисту иқтисодии мардум бо манобеи мавҷуда, ба андешаи муаллиф, табдил додани он ба истилоҳи англисӣ зери акроними WATER (Watering world, Activate according, Tarified territory, Ecologycal economy, Reasonable resources) арзишу аҳамияти обро мубрамтару муҳимтар нишон медиҳад.

Кишварҳои ҷаҳон аз пешниҳоду ибтикороти Президенти Тоҷикистон, ки яке ташаббускорони асосии масоили обу иқлим маҳсуб меёбанд, хушбин буда, бо гузаронидани форуму ҷаласаҳо талош мекунанд, ки масоили мубрами обу иқлимро бо маслиҳату машварат муштаракона баррасӣ намуда, ба қадри ҳар қатраи об расида, онро сарфакорона истифода намоянд. Тоҷикистон ва сокинони сулҳхоҳи он шукрона аз он менамоянд, ки ин сарзамин аз ин муъҷизаи нодир бой мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар шаҳрванди тоҷикро зарур аст, ки дар ҳифзу сарсабзу хуррамсозии ин сарзамин саҳм гузошта, пайваста онро озоду орому обод нигоҳ дорад.

Бознашр:

https://khovar.tj/2024/06/na-shi-to-ikiston-dar-rushdi-diplomatiyai-obu-i-limi-sajyora-nazarras-ast-e-do-ba-konfronsi-seyumi-bajnalmilalii-sat-i-baland-oid-ba-da-solai-bajnalmilalii-amal-ob-baroi-rushdi-ustuvor/

БОЗГАШТ