Нақши Тоҷикистон дар таҳкими робитаҳои Миср ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ҷумҳурии Мисри Араб яке аз кишварҳои арабии шимолӣ Африка мебошад, ки сиёсаташро дар ҳамкорӣ бо кишварҳои шарқӣ тарҷеҳ медиҳад. Аз ин лиҳоз пеш аз барқарории нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе дар рӯзномаҳои мисрӣ хабарҳо барои равшанӣ андохтани бештар бо хабарнигорон ва сатҳи баланди дипломатӣ гуфтугӯҳоро анҷом дода, нашр карда мешуданд. Аз ҷумла гуфтугӯи Заробиддин Қосимӣ, сафири Тоҷикистон дар Қоҳира дар моҳи июли соли равон, ки дар он аз аввалин тасмим дар бораи таъсиси ин созмон дар Тоҷикистон гирифта шуда буд, ба нашр расид. Сафири Тоҷикистон изҳор кард, ки кишвараш ба тақвияти нақши созмон дар иҷрои вазифаҳои асосӣ, ки дастгирии сулҳу амният ва рушди тиҷорат, равобити фарҳангӣ ва башардӯстона мебошанд, саъй дорад [11]. Созмони Ҳамкории Шанхай, ки имсол бистумин солгарди худро дар Тоҷикистон ҷашн мегирад, аз рӯзи аввали фаъолияташ собит кард, ки он як созмони динамикӣ ва ниҳоди пешбари байналмилалӣ натанҳо дар сатҳи минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Инчунин ин созмон ба яке аз моделҳои нав барои созмонҳои пешсафи байналмилалӣ ва муносибати нодири минтақавӣ мубаддал гаштааст, ки борҳо моҳияти якпорчагии худро дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ собит кардааст [11].
Бояд ишора намуд, ки яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон рушд ва дастгирии равобит бо Миср мебошад, зеро Миср як кишвари калидӣ дар минтақаи Шарқи араб буда, яке аз аввалин кишварҳои ҷаҳон аст, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф карда, бо он муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда ва тақрибан 30 сол боз ҳамкорӣ намудааст [8]. Бо изофа аз таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозии сулҳ ва бозсозии кишвар  пас аз ҷанг, ки имрӯз ҳамчун як модели беҳамто ва идеалии бунёди сулҳ дар олам эътироф шудааст [8]. Дар ин росто, Миср бо сиёсати "ба самти Шарқ"-и пешгирифтааш ҳадафи густариши ҳамкориро бо кишварҳое ба мисли Русия, Чин ва Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, ки Тоҷикистон узви он аст, менамояд [8]. Бояд қайд намуд, ки ду кишвар фаъолона аз сулҳу субот дар саросари ҷаҳон дифоъ мекунанд. Тавассути нақшаҳо ва ниятҳои муштарак ҳамкориҳои дуҷониба махсусан дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ғайра рӯ ба густариш мебошанд [9].
Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзи (ҷумъа) 20-умин нишасти худро дар Душанбе бо тасвиби оғози раванди расмии шомилшавии Эрон ба узвияти он, дар ҳоле ки истиқболи мақоми шарики муколама ба Арабистони Саудӣ, Миср ва Қатарро пазируфт. Инчунин Афғонистон баъди бозгашти ҷунбиши “Толибон” ба сари қудрат, як қисми муҳимми меҳварҳои нишастро ташкил дод [2].
Ҷиҳати дохил шудан ба Созмони Ҳамкории Шанхай Ҷумҳурии Мисри Араб кушишҳои худро дир  ин самт равона намудааст. Аз ҷумла доктор Муҳаммад ал-Бадрӣ, сафири Миср дар Пекин, бо Владимир Норов- Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай мулоқот карда, дар он дурнамои ҳамкориҳои ояндаи созмон ва Миср, роҳҳои пешравӣ ва тақвият додани онро дар давраи оянда баррасӣ карданд [4]. Доктор ал-Бадрӣ муносибатҳои хуби Мисрро бо ҳама кишварҳои узви ин созмон ва ҳамкории самаранокро бо аъзоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба таҳкими тавонмандӣ тавассути Агентии Миср оид ба шарикӣ барои рушди Миср таъкид карда, ба саъю кӯшиши фаъолонаи Миср бо ин Созмон ва аъзои он дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ, ишора намудааст [4].
Дар навбати худ, дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай ба муносибатҳои хубе, ки Миср бо ҳамаи кишварҳои узв дорад, таъкид карда, сиёсати хориҷии Мисрро ба пояҳо ва принсипҳое, ки муносибатҳои байналмилалиро танзим мекунанд, ситоиш намуд. Инчунин нақши калидии Мисрро дар муҳити минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ки Миср дар кишварҳои Осиёи Марказӣ решаи таърихӣ дорад, бо робитаҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, мазҳабӣ ва таъсири мубодилаи фарҳангӣ тақвият ёфтааст, ироа намуд [4].
Дар муқобил ҷиҳати таҳким бахшидани равобити Миср бо Созмони Ҳамкории Шанхай, Ляо Лиикян, сафири Чин дар Қоҳира, аҳамияти нахустин сафари Ван Йи, мушовири давлатӣ ва вазири умури хориҷии Чин ба Мисрро пас аз паҳншавии пандемияи Ковид-19, ки таваҷҷӯҳи зиёди Пекинро ба рушди ҳамаҷонибаи шарикии стратегии ду кишвар таваҷҷӯҳ мешавад, таъкид кард. Инчунин дар Қоҳира Луанг Йи оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтушунид анҷом дод[10]. Ляо Лиикян гуфт, ки кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай якдилона розӣ шуданд, ки Мисрро ба ҳайси шарики муколама пазиранд, ки он барои иштироки бештар дар умури минтақавӣ ва байналмилалӣ дарҳои нав кушода, нақши созандаро мебозад ва саъю талоши Пекинро барои ҳамкорӣ бо Қоҳира барои бунёди Ҷамъияти Чин-Миср дар ояндаи наздик, таъкид намуд. Ӯ муносибатҳои ду кишварро барои кишварҳои Чину Араб ва ҷомеаҳои Чину Африқо чун намунаи ибратбахш арзёбӣ намуд [10]. Сафири Чин нақши мусбии Мисрро дар чаҳорчӯби Форуми Ҳамкориҳои Чину Араб ва Форуми Ҳамкориҳои Чину Африқо ситоиш карда, омодагии Пекинро барои кор дар ҳамоҳангсозии стратегияҳои рушд бо Миср ва тавсеа дар соҳаҳои истеҳсолӣ, инфрасохтор, нерӯи нав, кайҳон ва технологияи пешрафта таъкид намуд [10].
Дар робита ба таҳкими равобити ҳамкории дуҷониба байни ду кишвар дар сатҳи байналмилалӣ Вазири корҳои хориҷии Чин қабули Мисрро ба ҳайси шарики муколама дар Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм, экстремизм, энергетика ва илм пазируфт [7]. Аз ҷониби дигар Президенти Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси инчунин омодагии баҳрабардорӣ аз таҷрибаи барҷастаи Чинро дар партави инфрасохтори муосири Миср, ки бо ташаббуси Чин “як камарбанд ва як роҳ” мебошад, шарҳ дод. Инчунин нақши муҳимме, ки "Минтақаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Чин ва Миср" дар минтақаи иқтисодии канали Сувейс мебозад, ҳамчун намунаи муваффақи ҳамкориҳои сармоягузории ду кишвар мебошад, баён намуд [7].
Шояд дар ин ҷо суоле ба миён ояд, ки чаро кишварҳои арабӣ рӯ ба ин Созмон овардаанд! Дар тӯли солҳои охир ва дар як муддати кӯтоҳ Чин чун як нерӯи иқтисодии бузурги ҷаҳонӣ ба вуҷуд омада, тавсеаи босуръати иқтисодӣ намудааст ва ин дастовардро наметавон нодида гирифт [5,75].
Болоравии пайвастаи Ҷумҳурии Халқии Чин тамоми оламро ба ҳайрат оварда, барои бисёр кишварҳо манбаи илҳом ва ҳамзамон боиси нигаронии дигарон гардидааст. Аммо дар мавриди кишварҳои арабӣ, чунон ба назар мерасад, ки тасмимгирандагони аксари кишварҳои арабӣ чунин мепиндоранд, ки “Чин метавонад дар оянда абарқудрати рақами якум шавад; ин раванд равобити стратегиро бо ин қудрати афзоянда як масъалаи ҳаётан муҳим ва стратегӣ месозад” [5,76].
Дар чаҳорчӯбаи заминаҳои стратегӣ равобити Арабу Чин дар тӯли чанд даҳсолаи охир пайваста рушд кард, зеро Чин ҳоло харидори асосии нафти араб, шарики асосии иқтисодии кишварҳои арабӣ ва бузургтарин сармоягузори минтақаи араб гардидааст. Бо оғози Пекин ба ташаббуси “Як камарбанд як роҳ” дар соли 2013, Чин шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро бо Арабистони Саудӣ, Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Алҷазоир таҳия кардааст [5,76].
Дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай нақшаи ҳамкории дарозмуддати иқтисодии кишварҳои узв қабул шудааст, ки мусоидат ба мубодилаи озоди молҳо, хидматҳо ва технологияҳо дар байни ҳамаи кишварҳои узвро тарҷеҳ медиҳад. Инчунин ҳамкории кишварҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм ва технологияҳои инноватсионӣ, инчунин дар соҳаҳои тандурустӣ ва кишоварзӣ босуръат рушд мекунад [11]. Дар робита ба ҳамкориҳо миёни Чину кишваҳои араб се омили такмилкунандаи тақвияти ҳамкориҳо вуҷуд доранд, ки метавонанд хусусиятҳои муносибатҳои Арабу Чинро ташаккул диҳанд:
аввал, Чинро ҳамчун як қудрати афзоянда, бе ягон мудохилаи сиёсӣ ба корҳои дохилии кишварҳои ҳамкор муаррифӣ шудааст.
Дувум - вобастагии мутақобила ба энергия.
Сеюм - Чин дар идоракунии муносибатҳои дипломатии худ бо кишварҳои минтақа моҳиртар гардидааст [5,77]. Дар ин замина, Чин тавонист бо ҳама ҷонибҳои даргир дар минтақаи Ховари Миёна, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Эрон, Исроил ва Фаластин муносибатҳои хубро, гарчанде заиф ҳам бошад, нигоҳ дорад [5,77].
Инчунин метавон гуфт, ки Чин мекӯшад муносибатҳои дуҷонибаи худро бо кишварҳои муҳимму асосии Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ барои пешбурди ҳадафҳои сиёсати хориҷии худ мустаҳкам кунад. Дар ин замина Чин бо Алҷазоир (2014), Миср (2014), Арабистони Саудӣ (2016), Эрон (2016) ва АМА (2018) "шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ" барқарор кардааст [5,77].
Бояд қайд намуд, ки ҳар яке аз кишварҳои арабӣ хусусиятҳои худро доро мебошад. Аммо дар робита миёни Мисру Чун метавон гуфт, ки Миср як кишвари аз ҷиҳати низомӣ қавӣ буда, хусусан дар Африқо ва минтақаи шарқи Баҳри Миёназамин таъсири назарраси сиёсӣ дорад. Инчунин Миср бузургтарин кишвари арабӣ аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ ва бозори иқтисодии ояндадор барои маҳсулоти чинӣ мебошад. Илова бар ин, аҳамияти тиҷоратии он дар заминаи ташаббуси Пекин “Як камарбанд як роҳ”дар натиҷаи назорати Миср бар канали Сувейс мебошад [5,78].
Манфиатҳои иқтисодӣ омили пешбарандаи рушди муносибатҳои Чину Араб мебошанд, зеро минтақа ба макони муҳимми маҳсулоти чинӣ ва ба бозори сердаромади қарордодҳои иншоотӣ ва сохтмонӣ, ки ширкатҳои чинӣ иҷро мекунанд, табдил ёфтааст [5,81].
Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки Чин бузургтарин сармоягузори хориҷӣ дар минтақа аст, бузургтарин шарики тиҷоратии даҳ кишвари арабӣ, аз ҷумла Миср, Арабистони Саудӣ, АМА ва Ироқ, дуввумин шарики тиҷоратии ҷаҳони араб ва бузургтарин бозор барои содироти нафту кимиёи Халиҷи Форс шуморида мешавад [5,81].
Пас дар паёми охири нишасти муштараки сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки давраи кунунии раёсати ин созмони байналмилалии минтақавӣ ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда буд, зери шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ», 16-17 сентябри 2021, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор дошт: «Имрӯз дар поёни ҳамоиши душанбегӣ бори аввал дар таърих Суруди махсуси СҲШ садо дод... Яке аз натиҷаҳои муҳимми иҷлосия қабули қарорҳо оид ба васеъ намудани ҳайати “оилаи СҲШ” буд... Мо тартиби қабули Эронро ба узвияти Созмон оғоз кардем ва ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ мақоми шарики муколама додем. Ҳамин тариқ, фазои СҲШ васеъ шуда, ҳоло шумораи он ба бисту як  (21) давлат расидааст» [3].
Пас аз эълони Душанбе Миср ҳамчун шарики муколама метавонад дар фаъолият ва ҷаласаҳои ин созмон ширкат кунад. Инчунин татбиқи густариши ҳамкорияшро бо кишварҳои шарқӣ ба шакли амиқтар ба роҳ монад.
 
Манбаъҳо:
  1. Вазъият дар Афғонистон ҷаласаҳои Созмони Ҳамкории Шанхайро тира мекунад. Доктор Набил Рашвон. 22.09.2021. рӯзномаи “Бавобату-л-аҳлият”. (http://alahalygate.com/archives/152642) الأوضاع فى أفغانستان تخيم على اجتماعات منظمة شنغهاى للتعاون
  2. Дастгирии мақоми "шарик" ба Арабистони Саудӣ, Миср ва Қатар дар Созмони Ҳамкории Шанхай. Рӯзномаи “аш-Шарқ ал-авсат”.18.09.2021. (https://aawsat.com/home/article/3195096). تأييد منح صفة «شريك» للسعودية ومصر وقطر في منظمة شنغهاي للتعاون
  3. Изҳороти матбуотӣ пас аз ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай. 17.09.2021. (http://president.tj/node/26541)
  4. Мулоқоти сафири Миср дар Пекин бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай. Самар Наср. Рӯзномаи “Бавобату-л-аҳром”. 01.06.2021.( https://gate.ahram.org.eg/News/2754469.) سفير مصر في بكين يلتقي سكرتير عام منظمة شنغهاي للتعاون
  5. Муносибатҳои Чину Араб, дурнамои ҳозира ва оянда. Носир Тамимӣ. Маҷаллаи масъалаҳои Авруосиёи Араб, шумораи аввал, 169 С-. 2021. Саҳ العلاقات العربية الصينية الحاضر وآفاق المستقبل
  6. Пешниҳоди Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии густариши эҳтимолии террористон дар атрофи Афғонистон ва ташкили камарбанди амниятӣ. 17.09.2021. (tps://www.youm7.com/) طاجيكستان تقترح تشكيل حزام أمني حول أفغانستان لمنع التوسع المحتمل للإرهابيين
  7. Президент Абдулфаттоҳ ас-Сиси вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт. корҳои хориҷии Миср. 18.07.2021. (presidency.eg/ar/) الرئيس عبد الفتاح السيسي يستقبل وزير خارجية جمهورية الصين الشعبية
  8. Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира: Афзалиятҳои сиёсати хориҷии мо рушд ва дастгирии равобит бо Миср аст. 2015. Рӯзномаи “Ахборук”. (https://akhbarak.net/news/5900342) سفير طاجيكستان بالقاهرة: أولويات سياستنا الخارجية تطوير ودعم العلاقات مع مصر
  9. Сафири Тоҷикистон: Миср яке аз кишварҳои муҳими Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ аст. рӯзномаи “ал-Мубтада”. 06.09.2021. (www.mobtada.com/details/1083950) سفير طاجيكستان: مصر من الدول المحورية فى الشرق الأوسط وشمال إفريقيا
  10. Тасдиқи сафири Чин дар Қоҳира аз таваҷҷӯҳи зиёди Пекин ба рушди шарикии стратегӣ бо Миср. Рӯзномаи “Баввобату-ш-шуруқ”. 21.07.2021. (www.shorouknews.com) سفير الصين بالقاهرة يؤكد الاهتمام الكبير الذي توليه بكين لتطوير الشراكة الاستراتيجية مع مصر
  11. Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон мизбони нишасти ҷашнии сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай хоҳад шуд. Рӯзномаи “Баввобату-ш-шуруқ”. 07.07.2021. (https://gate.ahram.org.eg/News//2859468) طاجيكستان تستضيف قمة اليوبيل لقادة دول منظمة شنغهاي للتعاون في سبتمبر المقبل
 
 
Таҳияи Одинаев Абдуҳалим
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
 
 

БОЗГАШТ