Нақши зан дар ҷомеа

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Модар азизтарин ва маҳбубтарин шахс барои одам аст. Рӯзе меояд, ки тамоми дунё дари худро ба сӯи ту мебандад, ҳама аз ту рӯ мегардонанд, вале дари модар ва падар ҳамеша ба рӯи ту боз аст. Модар туро бевосита аз он ки нобино ҳастӣ ва ё ношунаво, маҷрӯҳу бемор ҳастӣ ва ё маъюбу девона қабул мекунад ва дӯст медорад. Модар пеш аз он ки туро ба олами ҳастӣ оварад, нӯҳ моҳу нӯҳ рӯзу нӯҳ соат дар батни худ эҳтиёт мекунад, бо ҳазор азобу машаққат ва бедорхобиҳои зиёд фарзанди хешро ба воя мерасонад. Вақте ки кӯдак бемор мешавад, модар аз баҳри ҳама кас ва ҳама чи мегузарад ва сари болини фарзандаш меояд, то даме ки фарзандаш шифо ёбад. Фарзанд барои модар ва падар азизтарин шахсест, ки ҳаёти худро қурбони фарзандони хеш мекунанд, бо ҳазор азобу машаққатҳо меҳнати сангин мекунанд, то фарзандашон осуда бошад, шабзиндадорӣ мекунанд, то фарзанди эшон хоб бошад, гуруснагӣ мекашанд, то фарзанди эшон сер бошад. Имруз ягон волидайн намехоҳад ки фарзанди ӯ аз дигарҳо қафомонда бошад, кӯшиш мекунад, ки фарзандашро ба муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои беҳтарин диҳад, то фарзанд соҳибилм ва соҳибмаърифат ба воя расад. Дар урфият “қадри модарро то модар нашавӣ намефаҳмӣ” мегӯянд, ки мутаассифона ҳатто баъди модар шудан ҳам бархе қадри модарро намефаҳманд. Ё ки бо ташвиши зиндагии худ гирифторанду вақт надоранд, ки ба суолҳои модар бо меҳрубонӣ ҷавоб диҳанд. Вале модар ягона инсонест, ки тамоми нозҳои фарзандонашро мебардорад, тамоми ҳарфҳои дили кӯдаконашро гӯш мекунад ва бо тамоми ҳастияш кӯшиш мекунад, ки ба зиндагии эшон мусоидат намояд. Модар ва падар гавҳари ноёбанд. Касе падару модар дорад, давлатмандтарин инсони рӯи дунё ба ҳисоб меравад. Агар милиардер ҳам бошиву модар ва ё падар надошта бошӣ, камбағалтарин инсони рӯи заминӣ, ятимтарин инсони заминӣ, чун модар ва падар беҳтарин ва наздиктарин дӯсти инсон ба ҳисоб мераванд, ки ҳеҷ гоҳ туро фиреб нахоҳанд дод, баръакс онҳо ҳастии худро ба ту ҳадя хоҳанд намуд.
Паёмбари акрам Муҳаммад (с) гуфтаанд, ки “ҷаннат зери қудуми модарон аст”. Дар бораи модар чи қадаре ки нависем кам аст. Волидонро ба руи даст бардошта пиёда то Ҳаҷ барем ҳам, қарзи фарзандии хешро пеши онон адо накардаем. Сухан оҷиз аст, ки дар бораи эшон нависем, зеро дар бораи эшон гуфтаниҳо хеле зиёд аст. Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми модарони рӯи заминро бо идашон табрику таҳният намуда ба эшон аз даргоҳи Худованди Мутаъол саодати дорайн ва бахту тахти фарзандонро таманно дорам. Пайваста сарбаланду хонаобод бошед.
 
Ин ҷо чанд сухане перомуни як масъалаи бисёр муҳим навиштанӣ ҳастам: Ғамхориҳои ҳукумат ба занон. Бояд гуфт, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусу ибтикорҳои пешвои муаззами миллат ҷаноби олӣ Э.Раҳмон барои занони тоҷик имрӯз беҳтарин шароитҳоро фароҳам овардаанд, то духтарон баробари писарон дар муассиҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ илм омӯзанд, маълумоти олии пурра гиранд ва баробари мардон дар корхонаҳо ва ширкатҳои бонуфуз фаъолият баранд. Имрӯз зани тоҷик мисли марди тоҷик дар Тоҷикистон баробарҳуқуқ аст. Сафи занони роҳбар низ рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Зани тоҷик имрӯз депутати парлумони Тоҷикистон аст.  Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳар як иду айём бонувони барӯманди кишварро табрику таҳният гуфта, ба аёдати эшон мераванд. Масалан, дар арафаи иди занон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бонувони собиқадори сиёсат, маориф, иқтисодиётро аёдат кард ва бо Рӯзи модар табрик намуд.  “Раиси вилояти Суғд Р. Аҳмадзода барои дидорбинӣ ба хонаи  Биҳоҷал Раҳимова, ходими давлатию ҷамъиятӣ, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Файзинисо Ғафурова, собиқадори соҳаи маориф, Ҳамроҳ Тоҳирова, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, шаҳрванди фахрии Хуҷанд Вера Трошинина заҳматкаши ақибгоҳи солҳои ҶБВ, дорандаи медалҳои ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба, Муқаддам Юсупова, собиқадори соҳаи маориф, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Хосият Зокирова, собиқадори хизмати давлатӣ ва дигарон рафтанд.
Ё як мисоли дигар: Дар толори раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи модарон” баргузор гардид. Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳамаи бонувони пажӯҳишгари АМИТ –ро бо идашон табрику таҳният намуд ва дар охири ҷаласа ба ҳамаи аҳли толор, ки ҷинси латифро ташкил медоданд, тӯҳфаҳои пурарзиш супорида шуд.
Ҳамчунин муовини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ низ як қатор занони барӯманди кишвар ва собиқадорони меҳнатро бо идашон табрику муборакбод гуфта, аз номи раиси ҲХДТ Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супурд, ки ҳамаи ин мисолҳои зикршуда далели таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои ҳукумат ба бонувони тоҷик мебошад.
Имрӯзҳо занони кишвар ҳуқуқи ширкат дар ҳама сохторҳои давлатиро доранд ва теъдоди занони сиёсатматмадор хушбахтона кам нестанд, масалан: Озодаи Раҳмон, Хайринисо Юсуфӣ, Матлуба Сатториён, Раъно Маҳмудзода, Назира Ғаффорӣ, Нигора Ғаффорзода, Зайнйра Азимӣ ва дигарон.  Масалан Ойниҳол Бобоназарова яке аз чеҳраҳои шинохтатарини сиёсат ба шумор рафта, кандидатураи худро соли 2012 ба президентӣ пешниҳод намудааст. Бояд гуфт, ки дар қатори бонуҳои сиёсатмадор боз занҳои ҷавоне низ ҳастанд, масалан Ширин Амонзода вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва ё Дилноза Аҳмадзода муовини Раиси кумитаи ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиши ҶТ маҳсуб меёбад, ки ин ҳама далели рӯшани ғамхориҳои пешвои муаззами миллат ба бонувони Тоҷикистон мебошад.
Занҳо дар соҳаи адабиёт, илм, иқтисодиёт, санъат, варзиш ва дигар соҳаҳо низ саҳми назарраси хешро нишон медиҳанд. Имрӯз Гулрухсор, Фарзона унвони шоири халқии Тоҷикистонро соҳиб шудаанд. Ҳамчунин шоираҳои дигаре низ ҳастанд, ки дар байни халқ бо шеърҳои худ машҳуранд, ба монанди Зулфия Атоӣ, Ҳадиса, Шаҳрия, Гулноз ва дигарон. Дар байни варзишгарон метавон номи Зебунисо Рустамоваро гирифт, ки чембиони арсаи байналмиллалӣ дар камонкашӣ ба ҳисоб меравад ва мактаби хусусусии хешро дар ин ҷода таъсис додааст, ки имрӯз ҷавондухтарон дар он ҷо ин ҳунарро ёд мегиранд. Мавзуна Чориева низ яке аз бонувони чавони варзишгари тоҷик ба ҳисоб меравад, ки дар байни мардум машҳур аст. Бонувони муҳаққиқ доктори илмҳои филология, профессор Ғаффорова Умеда, доктори илмҳои филология, профессор Хоҷаева Матлуба, доктори илмҳои филология, профессор Ғаффорова Замира, доктори илмҳои филология, профессор Ваҳҳобова Санавбар ва дигарон, ки бо роҳбарии онҳо чандин нафар ҷавонзанон ва ҷавонмардони унвонҷу рисолаи номзадии хешро ҳимоя намудаанд, яке аз номвартарин занҳои пажӯҳишгари кишварамон ба ҳисоб мераванд.
Хушбахтона, имрӯз зан ба ҷуз он ки бо як даст гаҳвораро ҷунбонад, бо дасти дигари хеш дунёро меҷумбонад. Барои пешрафти ҷомеа саҳми худро мегузорад, дар соҳаи тиб ва маориф, фарҳанг, дар ҳама соҳаҳо фаъолият бурда, баробари мардон ба оилаи худ кӯмаки моддӣ ва маънавӣ менамояд ва бидуни тардид, ки барои пешрафти ҷомеа низ саҳми босазои худро мегузорад. Зан, ки амсоли гул аст ва ба дӯши нозуки худ ба ҷуз аз ба воя расонидани фарзанд, ки кори сангин аст, боз ҳазорон мушкилоту проблемаҳои оилавӣ ва корхонаро бор намудааст. Аз ин сабаб месазад, ки занҳоро эҳтиёт намуд ва ба онҳо имтиёз дод, то корашон сабуктар бошад, зеро онҳо ҷинси латифанд, ҳарчанд, ки бархе аз занон нерӯ ва матонати мардона доранд. Ин ташаббусу дастгириҳо аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон дар симои Раиси Ҷумҳур мӯҳтарам Э.Раҳмон дида мешавад. Ба занҳои ҳунарманд аз тарафи пешвои миллат ҳар сол гранд дода мешавад, ки онҳо лоиҳаҳои хешро ба роҳ монанд ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла дӯзандагиву бофандагӣ, йурмадӯзӣ ва дигар ҳунарҳоро истифода бурда, ба дигар занҳо низ омӯзанд. Ин ҳама маълумот қатра аз баҳре буд ки пешкаши хонандагон намудем, чун ин мавзӯъ бисёр васеъ буда, баҳс ва тадқиқоти алоҳидаеро талаб мекунад.
 
 
Каримова Шоҳона,
ходими илмии Институт
 

БОЗГАШТ