Натиҷагирӣ аз сафарҳои расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса (солҳои 2019-2021)

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати “Дарҳои кушод”-ро пеш гирифт. Дар ин давра кишварро зарур буд, ки бо кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла бо Фаронса, Олмон, Австрия, Италия, Шоҳигарии Белгия, Эстония ва ғайра ҳамкориҳои дуҷониба барқарор намояд. Зеро Фаронса барои Тоҷикистон яке аз шарикони калидӣ ва боэътимод дар Аврупо ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷумҳурии Фаронса яке аз кишварҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро дар марҳилаи аввал эътироф кард ва 3 марти соли 1992 бо нахуст дипломати фаронсавӣ Пиер Андриё муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар барқарор гардид.
  Фаронса яке аз кишварҳои мутараққии Аврупо ба ҳисоб рафта, дар ин мантақа мақоми аввалро касб менамояд. Дар ҷаҳон яке аз давлати абарқудрат буда, бо атриёт ва саноати сабук ва ҷойҳои таърихии диққатҷалбкунандаи худ машҳур мебошад.
  Нахустин робитаҳои сатҳи олӣ дар Душанбе соли 1992 аз ҷониби котиби давлатии Фаронса оид ба корҳои хориҷӣ Алиана Вивен буд.
  Дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон Вазири мудофиаи Фаронса Ален Мари бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намудааст.
  Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Душанбе 3 ноябри соли 2001 ва сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфтанд. Дар айни замон сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Убайдулло Ҷамолиддин Маҳмадсаид аз январи соли 2018 фаъолият менамоянд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса дар соҳаҳои сиёсӣ, низомӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ рушд намуданд.
  Бинобар ин, метавон ду сафари охирони Пешвои миллатро таъкид кард, ки дар рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса нақши асосӣ доранд.
  Ҳамкориҳои ҳарбии ду давлат махсусан дар давраи будубоши пойгоҳи низомии ҳавоии Фаронса дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе инкишоф ёфтанд. Тибқи Созишномаи тарафҳо 8-уми декабри соли 2001 дар фурӯдгоҳи Душанбе як контингенти иборат аз 300 сарбози фаронсавӣ ҷойгир буд, ки онҳо то охири соли 2014 ба нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон кӯмаки техникӣ мерасонанд. Инчунин моҳи декабри соли 2002 Созишнома оид ба ҳамкориҳои байни муассисаҳои ҳарбии ду давлат ба имзо расид. Созишномаи мазкур ҳамкориро дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои низомӣ барои Тоҷикистон пешбинӣ мекарданд.
  Cоли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии хеш ба Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд.
  Дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, соҳаҳои гуманитариву фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз он ҷумла, тақвияти ҳамкориҳои минбаъда миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаҳои авиатсияи гражданӣ, энергетика, соҳаи нақлиёт, телекоммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ ва фаъолияти муҳандисию машваратӣ, аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар номида шуд.
  Мавриди зикр аст, ки ҳамкориҳо дар соҳаи саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, кимиёвӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, аз ҷумла истеҳсоли алюминий самтҳои афзалиятнок барои ҳарду ҷониб ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самтҳо миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар доираи сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим ва манфиатнок аст.
  Масалан саҳмгузории ширкатҳои фаронсавӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳамчунин дар бахшҳои гуногуни иҷтимоӣ ва хусусан дар соҳаи тандурустӣ, самти тамоман афзалиятнок мебошад.
  Тоҷикистон ва Фаронса аз дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии якдигар изҳори қаноатмандӣ карда, қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” -ро намунаи чунин иқдомот номиданд.
  Боиси зикр аст, ки дидорбинии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон барои ба имзо расидани боз 5 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса гардид:
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба алоқаи ҳавоӣ;
- Эъломияи ҳамкорӣ дар соҳаи сайеҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса;
- Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумхурии Фаронса ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи 2019-2023;
- Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Фаронсавии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAC);
- Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкории таҳсилотӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Париж 1 Пантеон-Сорбонна.
  Дар маҷмӯъ дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Фаронса 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
  Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-14 октябри соли 2021 ба Аврупо ва ҳамчунин ба Фаронса дар таърихи ҳамкориҳои дуҷониба саҳифаи наверо боз кард.

                                                              

  Пешвои миллат дар доираи сафари хеш ба Иттиҳоди Аврупо аввал аз Шоҳигарии Белгия дидан намуда, бо роҳбарони Белгия ва Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуданд. Маълум аст ки ҳадафи сафар ва мулоқот пеш аз ҳама барқарор кардани муносибати хуб бо Тоҷикистон ва баррасии вазъи Афғонистон буд.
  Дар доираи сафари расмӣ мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва раҳбарони баландпояи ин кишвар доир гардид, ки мавзӯи асосии музокирот вазъи Афғонистон пас аз ишғоли қудрат дар ин кишвар аз ҷониби ҷунбиши радикалии Толибон буд.
  Маврид ба зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари худ ба Париж дар як чорабинии фарҳангӣ - намоишгоҳи экспонатҳои таърихии "Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ" ширкат варзида, дар Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО суханронӣ намуданд.

                                                             

  13 октябр бошад, "Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ" - бузургтарин намоишгоҳи экспонатҳои таърихии марбут ба ниёгони тоҷикон дар Осорхонаи миллии санъати шарқии Париж - Осорхонаи Гимет кушода шуд, ки ин намоишгоҳ то 10 январи соли 2022 идома ёфт.
  Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби сафари расмии худ аз Белгия ва Фаронса аз Брюссел дидан кард ва 11 октябр дар он ҷо бо раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел мулоқот кард. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, зерсохтор, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карданд.
  Дар доираи сафари мазкур, Презитенти Фаронса Эммануэл Макрон намошшгоҳи археологии кишвари моро дар Париж «ҳайратангез» номида ва ин таваҷҷуҳи фаронсавиёнро нисбат ба фарҳанги тоҷикон зиёд намуд.
  Эммануэл Макрон аз муносиботи қотеъонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва ҳифзи ҳуқуқи занон истиқбол кард.
  Эммануэл Макрон таассуроташро пас аз боздиди намоиши нигораҳои Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ баён дошт ва иброз намуд: «Тоҷикистон чорроҳаи воқеии тамаддун буда, аз тамаддунҳои аҳди Сосониён ва Юнони Қадим нашъа гирифтааст».
  Ҳамин тариқ, муносибатҳои Тоҷикистон бо Фаронса дар шароити кунунии муносибатҳои байналмилалӣ рушдёбанда буда, соҳаҳои гуногунро дар бар мегиранд. Аз ҷумла ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисод, фарҳанг, илм ва маориф барои ҳарду кишвар ба манфиат дониста мешаванд.
  1. Қобили қайд аст, ки барои муҳаққиқон дар соҳаи илм бояд ҳамкориҳои дуҷониба барқарор карда шаванд.
  2. Семинар ва конфронсҳои муштарак ташкил карда шаванд.
  3. Байни Институтҳои илмии ховаршиносии тамаддуни Шарқ мубодилаи афкор ба роҳ монда шавад.
  4. Хушбахтона байни Пажӯҳишгоҳҳои бонуфӯзи илмии Фаронса ва Тоҷикистон Созишномаҳо аз тарафи Президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон Академик Фарҳод Раҳимӣ ба имзо расидаанд. Беҳтар мешуд, ки иҷрои ин Созишномаҳо дар рӯи қоғаз набуда фаъолтар карда шаванд.
  5. Олимони тоҷик ва муҳаққиқон дар самти тадқиқоташан ба ниҳодҳои илмии Фаронса сафари илмӣ дошта бошанд. Онҳо метавонанд ба Тоҷикистон барои омӯхтани таърих ва фарҳанги тоҷикӣ ба курсҳои тобистона сафарбар карда шаванд.
  6. Хуб мешуд, ки мақолаи мо дар Фаронса ба нашр расанд ва аз татқиқотҳои олимони тоҷик олимони Фаронса ҳам дар ҷараён бошанд.
Санавбарбону Воҳидова д.и.т., профессор
мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико

БОЗГАШТ