НАЗАРЕ БА ПАҲЛӮҲОИ МУСБАТУ МАНФИИ ШОМИЛШАВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРУОСИЁ (ИИАО)

Муаллиф: Судуров С.А.

Расм

        Масъалаи шомилшавии эҳтимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) яке аз мавзӯъҳои доғи рӯз, муҳим ва баҳсбарангези сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеаи кишвар мебошад. ИИАО, ки соли 2015 бо ташаббуси Федератсияи Русия таъсис ёфта, кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистонро муттаҳид месозад, ҳадафи эҷоди бозори ягонаро дорад. Дар ҳоле ки тарафдорони ин матлаб имтиёзу манфиатҳои зиёдеро, аз ҷумла озоду осон шудани ҳаракати сармоя ва қувваи кориро пешбинӣ мекунанд, мухолифон ба таҳдидҳои ҷиддӣ, ба монанди аз даст додани қисмате аз истиқлоли иқтисодӣ ва афзоиши рақобат, ишора мекунанд. Барои баҳо додан ба ин масъалаи муҳим мо бояд таҷрибаи кишварҳои аъзои ин Иттиҳод ва паёомадҳои мусбату манфии ин иқдомро ба таври ҷиддӣ баррасӣ намоем. Барои дарки  жарфтари вазъияти Тоҷикистон дар оянда зарур аст, ки ба таҷрибаи кишварҳое назар андозем, ки аллакай дар  ИИАО  узвият пайдо кардаанд.

        Қирғизистон: Ин кишвар, ки аз нигоҳи сохтори иқтисодӣ ба Тоҷикистон шабоҳат дорад, соли 2015 узви  ИИАО гардид.                          Паёмадҳои мусбат: Бори аввал барои ширкатҳои Қирғизистон роҳи бозори бузурги Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Беларус боз шуд. Ин махсусан барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар баъзе мавридҳо афзоиш ёфт, муҳим буд. Инчунин барои муҳоҷирони меҳнатии қирғиз, ки шумораи онҳо дар Федератсияи Русия хеле зиёд аст, шароитҳои корӣ ва иҷтимоӣ беҳтар шуданд. Онҳо акнун, баробар бо дигар шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳод, имтиёзҳо доранд, аз ҷумла дар соҳаи бақайдгирӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ.                     

        Паёмадҳои манфӣ: Аз ҷониби дигар, савдои Қирғизистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки қаблан яке аз сарчашмаҳои асосии даромад буд,  бар асари боло рафтани тарифҳои гумрукӣ ба  таври назаррас коҳиш ёфт. Ин ба боло рафтани нархи маҳсулоти чинӣ дар бозорҳои Қирғизистон оварда расонд. Соҳибкорони хурд низ бо рақобати шадид аз ҷониби корхонаҳои калони русиягӣ  ва қазоқӣ рӯ ба рӯ шуданд, ки ин боиси муфлисшавии баъзе аз онҳо гардид.

        Арманистон: Арманистон низ соли 2015 узви ИИАО шуд. Ин кишвар аз лиҳози иқтисодӣ ба Русия вобастагии бештар дорад. Паёмадҳои мусбат: Арманистон тавонист, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии худро ба Русия афзоиш диҳад. Ҳамчунин сармоягузориҳои Русия дар соҳаҳои энергетика ва саноат зиёд шуданд. Паёмадҳои манфӣ: Пайвастан ба ИИАО боиси аз даст додани мустақилият дар арсаи сиёсати гумрукӣ ва тиҷоратии Арманистон гардид. Тарифи гумрукӣ барои воридоти мол аз кишварҳои ғайри ИИАО зиёд шуд, ки ин боиси болоравии нархи мошинҳои хориҷӣ, таҷҳизот ва дигар маҳсулоти воридотӣ гардид.

Агар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ИИАО шомил шавад, ба эҳтимоли зиёд ба ҳамин гуна паёмадҳо  мубтало хоҳад гашт.

 Паёмадҳои мусбат (имконот)

1. Ҳаракати озоди қувваи корӣ: Ин муҳимтарин бартарии эҳтимолӣ барои Тоҷикистон аст. Имрӯз миллионҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия кор мекунанд ва онҳо бо мушкилоти зиёди бюрократӣ, аз қабили бақайдгирӣ, иҷозатномаи корӣ ва хатарҳои марбут ба риояи ҳуқуқи худ рӯ ба рӯ мешаванд. Шомилшавӣ ба ИИАО ин масъалаҳоро аз байн мебарад ва ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки дар бозори ягонаи меҳнат бидуни маҳдудият кор кунанд.

2. Дастрасӣ ба бозори бузург: ИИАО бозореро бо беш аз 180 миллион нафар фаро мегирад. Ин имконияти бузург барои содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла меваҳои хушк, сабзавот ва меваҳои тару тоза, мебошад. Истеҳсолкунандагони тоҷик метавонанд маҳсулоти худро ба шаҳрҳои калони Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Беларус бидуни мушкилоти гумрукӣ ворид кунанд.

3. Ҷалби сармоя ва технологияҳо: Ҳамгироии иқтисодӣ метавонад ҷараёни сармоягузориҳоро аз кишварҳои ИИАО, махсусан аз Федератсияи Русия ва Қазоқистон, афзоиш диҳад. Ин сармоягузориҳо метавонанд барои рушди инфрасохтор, энергетика ва саноат басо муҳим бошанд. Ҳамчунин ин иқдом барои нав кардани технологияҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

Паёмадҳои манфӣ (таҳдидҳо)

1. Афзоиши рақобат ва зарба ба саноати маҳаллӣ: Дар доираи ИИАО ширкатҳои тоҷикистонӣ бо рақобати шадид аз ҷониби корхонаҳои калони Федератсияи Русия ва Қазоқистон рӯ ба рӯ мешаванд. Ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ, матоъ ва дигар молҳо метавонанд рақобатпазирии худро аз даст диҳанд, ки ин  боиси коҳиши истеҳсолоти маҳаллӣ ва баста шудани корхонаҳо мегардад. Корхонаҳои тоҷик, ки ба маҳсулот ва технологияҳои арзони чинӣ    мутобиқ шудаанд, бо афзоиши тарифҳо маҷбур мешаванд, ки ба технологияҳои гаронтари русягӣ ва қазоқӣ рӯ биёранд. Ин метавонад раванди модернизатсияи иқтисоди Тоҷикистонро коҳиш диҳад ва вобастагии онро аз технологияҳои хориҷӣ  тақвият бахшад.

2. Вобастагии аз ҳад зиёд: Шомил шудан ба ИИАО маънои мутобиқ шудан ба сиёсати тиҷоратӣ ва гумрукии онро дорад. Ин метавонад истиқлоли Тоҷикистонро дар таҳияву татбиқи сиёсати мустақилонаи иқтисодӣ коҳиш диҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар наметавонад ба танҳоӣ тарифҳои гумрукиро тағйир диҳад ё созишномаҳои нави тиҷоратии озодро бо кишварҳои дигар (масалан, бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ) имзо намояд. Ин мушкилоти ҷиддист, зеро Тоҷикистон бо Чин робитаҳои тиҷоратии афзоянда дорад.

3. Афзоиши нархҳои воридотӣ: Тарифҳои ягонаи гумрукии ИИАО нисбат ба тарифҳои Тоҷикистон аксаран баландтаранд. Ин боиси болоравии нархи мошинҳо, маҳсулоти технологӣ ва либос аз кишварҳои берун аз Иттиҳод, ба монанди Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки яке аз ду шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон аст, мегардад. Маълум аст, ки дар Қирғизистон, баъд аз шомил шудан ба ИИАО, соҳибкорони хурди бозор, ки аз воридоти арзон фоида мебурданд, зарари калон диданд. Ҳамин тавр, бозори “Корвон” ва “Султони Кабир” дар шаҳри Душанбе ва дигар бозорҳои бузурги манотиқи мухталифи кишвар метавонанд бо болоравии нархҳо ва коҳиши рақобатпазирӣ  дучор  шаванд.

4. Мушкилот дар диверсификатсияи иқтисодӣ: ИИАО ба ширкатҳои тоҷик имкон медиҳад, ки танҳо бо бозори Иттиҳод маҳдуд шаванд, ки ин метавонад имконоти онҳоро ҷиҳати вуруд ба бозорҳои дигари ҷаҳонӣ (масалан, Аврупо, Африқо, Амрико ва Осиё) маҳдуд созад.       

        Дар маҷмӯъ, масъалаи шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ИИАО бисёр мураккаб ва баҳсбарангез аст. Бар асоси таҷрибаи кишварҳои дигар ва таҳлили эҳтимолҳо, метавон хулоса кард, ки тасмимгирӣ дар ин масъала бисёр ҳассос ва стратегияи дарозмуддатро талаб мекунад. Аз як тараф, ин иқдом метавонад мушкилоти муҳоҷирони меҳнатиро ҳал кунад ва ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ имконоти нав фароҳам биёварад. Аз тарафи дигар, он метавонад саноати маҳаллиро  таҳти хатари ҷиддии рақобат қарор диҳад ва истиқлоли иқтисодии кишварро коҳиш диҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пеш аз гирифтани чунин тасмими муҳим, ҳамаи ин паёомадҳоро бодиққат таҳлил намуда, бо коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ машварат кунад. Қарори ниҳоӣ бояд ба манфиатҳои дарозмуддати миллӣ ва рушди устувори кишвар  дархӯр бошад, на танҳо ба баъзе имтиёзҳои муваққатӣ.

        Оё Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рақобати озод ва ҳамзамон ба аз даст додани қисмате аз истиқлоли иқтисодӣ омода мебошад?  Ин суолест, ки бояд ба он бисёр эҳтиёткорона  ва бо масъулияти баланд посух дода шавад. Бинобар ин, шомилшавии эҳтимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ИИАО бояд ҳамчун як тасмими муҳими стратегӣ, бо назардошти ҳамаи хатарҳо ва имконҳо, баррасӣ шавад. Ҳукумати кишвар бояд, бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои аъзои он, барномаи дақиқеро барои ҳифзи соҳаҳои осебпазир ва истифодаи самараноки имконҳои нав таҳия намояд. Дар ниҳоят, ин тасмим аз як барномаи дақиқ ва омодагии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, соҳибкорон ва тамоми ҷомеа вобаста аст. Оё Ҷумҳурии Тоҷикистон қодир аст, ки аз имконоти ин Иттиҳод самаранок ба  нафъи худ истифода бурда, аз хатарҳои он канораҷӯӣ намояд? Ин масъала то ҳол баҳсбарангез  мебошад.

 

Судуров С.А.

 ходими калони илмии шӯъбаи ИДМ– и     

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ