НОИБИ РАИСИ КОМИССИЯИ АВРУПО МАРГАРИТАС СХИНАС БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ ОВАРД

Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону

Расм

Муовини раиси Комиссияи Аврупо Маргаритас Схинас дар чаҳорчӯби барномаи густурда дар Осиёи Марказӣ бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Дар чаҳорчӯбаи сафари хеш, Маргаритас Схинас дар Душанбе бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот намуд. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо рӯзномаи феълии равобити дуҷонибаро матраҳ карда, вобаста ба роҳҳои рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ табодули афкор намуданд.

Инчунин, тарафҳо масоили амнияти минтақавӣ, вазъ дар Афғонистон, таҳдиди терроризму экстремизм ва дигар масоили мубрами мавриди эҳтимоми тарафҳоро муҳокима карданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар баёнияи матбуотии намояндагии ИА дар Душанбе қайд шудааст, ки ин сафар барои баррасии афзалиятҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) имкони муҳим фароҳам овард.

Муовини раиси Иттиҳодияи Аврупо бо сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир мулоқот анҷом доданд.

Муҳокима ба масъалаҳои пайвастшавӣ дар заминаи стратегияи Глобалии Иттиҳоди Аврупо бахшида шуд.

Ҷонибҳо, аз ҷумла, ба масъалаҳои нақлиёт, иртибототи рақамӣ ва равобити обу энергетикӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон ҳамчунин Форуми сармоягузорони Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказиро, ки рӯзҳои 29-30 январ дар Брюссел баргузор мешавад, баррасӣ карданд.

Тавре ба рӯзномаи «Азия-Плюс» аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, дар мулоқот бо роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ ҷонибҳо рӯзномаи кунунии муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, дар бораи роҳҳои рушд ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти сиёсӣ, иктисодӣ ва гуманитарӣ табодули афкор намуданд.

Зимни музокирот ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои дастгирии назорати сарҳадӣ бо Афғонистон ва афзалиятҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои рушди устувор, демократия ва ҳуқуқи башар таваҷҷуҳ намуданд.

Дар баёнияи матбуотии намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе қайд мешавад, ки «муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар самти мусбат қарор доранд, ки ин гувоҳӣ аз музокироти давомдор гувоҳӣ медиҳад.

Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҷонибдори идомаи ҳамкории зич дар самтҳои афзалиятнок, аз қабили иқтисодиёти сабз ва рақамӣ, рушди инсон ва идоракунии захираҳои табиӣ мебошанд.

Боиси хушнудӣ аст, ки яке аз аввалин шуда Иттиҳоди Аврупо ба самтҳои афзалиятҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, обу энергетика, рақамикунонӣ, аз ҷумла соҳаи илму маориф ва фарҳанг бо Тоҷикистон таваҷҷуҳ намуд ва ин ҳамкориҳо дар Форуми сармоягузорони Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 29-30 январ дар Брюссел баргузор мешавад ҳамчун фоли нек дар соли 2024 мебошад.

 

Воҳидова Санавбарбону

д.и.т., профессор мудири шуъбаи Аврупо


 

 

БОЗГАШТ