Об зару Тоҷикистон заршинос

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ба ифтихори конференсияи байналмилалӣ 

таҳти унвони "Об барои рушди устувор"  солҳои 2018-2028 ва ҷашни Ваҳдат 

  Об яке аз арзишмандтарин ва муҳимтарин  сарвату неъмати бебаҳоест, ки тамоми мавҷудоти олам аз он истифода карда, ҳаёт ба сар мебарад. Онро метавон чун ганҷинае  донист, ки тамоми башарият аз он  истифода мебарад. Ин ганҷинаи пурқимат ягона қувваи ғизої мебошад, ки тавассути он тамоми ҳастии дунё энергияи тоза гирифта, месабзанд. Мо метавонем онро чунин маъниндод карда бигуем, об як маҳлулест, ки ба воситаи истифодаи он ҳар чизе  дубора ҳаёти тоза гирифта, симову чеҳраашро табъи навин мебахшад. Ва лизо он аз унсури муҳими табиа буда, дар тамоми ҳаёти башарият нақши муҳимеро иҷро менамояд.

 

  "Қадри зарро заргар медонад", масалест, ки мо мардуми Тоҷикистонро водор месозад, то ифтихор намоем, ки  чунин неъмати бебаҳо яъне об дар ватани азизамон  фаровон аст. Ва боиси  обрумандии  мо низ аст, ки қадри ин неъмати бебаҳоро роҳбари кишвар, ки чун сояи халқи Худо ба ҳисоб меравад, сари вақт шинохт ва ба ҷаҳониён расонд, ки то аз ин ганҷинаи нодири дунёи рангоранг қадрдонӣ карда, ҳар қатраи онро ҳушмандона истифода намоянд. Ва ин ташаббусҳои дилсӯзонаи роҳбари Тоҷикистон буд, ки  соли "Оби Тоза","Об барои Ҳаёт" ва "Об барои рушди устувор"  солҳои 2018-2028 ва даҳҳо семинару чорабиниҳои ватаниву ҷаҳонӣ  доир гардид ва то ҳол идома дорад.

  Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки  барои қадри зарро шинохтан аввал инсон бояд заргаршинос бошад, вагарна ҳамаи дороиву зарру зеваротро аз даст медиҳад ва нодору фақир мегардад. Ва имрӯз ҳар шаҳрванди кишвар бояд аз  ибтикори роҳбари кишвар  ифтихор карда,  онро ҳимоят кунад, ба қадри он расида, онро сарфакорона истифода барад, то ба мисли заршинос дар ҷаҳон ҷилову ҷилва пайдо кунад.

  Имрӯзҳо Тоҷикистон дар остонаи  ду чорабинии муҳим қарор дорад. Яке баргузории  конференсияи байналмилалии  "Об барои рушди устувор"   солҳои 2018-2028, ки дар  санаи 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе ва дигаре ҷашни Ваҳдат, ки дар санаи 27 июн дар вилояти Суғд баргузор мешавад. Ин ду чорабинї аз дастовардҳои истиқлолият буда, мо сокинонро водор месозад, то қадршиносу заргаршинос бошем ва ҳуввияти миллиамро шинохта, барои рушду пешрафти ватан софдилона, якҷоя талош намоем ва ба қавли шоир:

Ба ҳар коре ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад гулдаста гардад.

  Як нуқтаро бояд таъкид кард, ки кишвари Тоҷикистон саршор аз обҳои тоза буда, метавонад  ин неъмати худододро оқилона истифода карда, аз он барои кишварҳои ҷаҳон ва  ҳамсоя аз ҷумла Афғонистону Покистон низ манфиат расонад. Ташрифи ахири намояндагони олии вазорати оби Покистон ва баргузори семинар оиди "Об барои рушди устувор"  -Тоҷикистон ташаббускори асосӣ  дар Исломобод дар соли ҷорӣ   шаҳодат аз ин ҳамкориҳои минтақавӣ медиҳад,ки аҳамияти стратегии бузург дорад.

  Об ва арзиши волои он аз ҷониби донишмандон ва муҳаққиқон баррасӣ шуда, чун маводи муҳими стратегӣ шинохта шудааст. Дар китоби "Ҷаҳон дар соли 2020", ки аз ҷониби нависанда  Ҳамиш Мекрой таҳия шудааст, об чун манбаи асосӣ ишора шуда, он ба мисли сузишворӣ  ба як чолиши сиёсӣ дар байни кишварҳо дар солҳои баъдӣ  табдил хоҳад ёфт. Аксари вақт  манобеи аслии об  аз ҳудуди кишваре убур карда, ба кишвари дигар суҳулият фароҳам меоранд, ки онро "дуздида" ба дигар кишвар фурушад. Чунин кашмакашиҳоро касе пешгўї карда наметавонад, ки  ба  чи натиҷа хоҳанд овард, аммо назорат ва мудирияти об як падидаи чолишоварии  муҳими стратегия  аст, ки  миёни кишварҳо ва мардуми он сурат мегирад ва вазъиятро боз ҳам пурпечутобтар месозад, қайд шудааст дар китоби мазкур.

  Тибқи сарчашмаҳо  яке аз масоили умдаи об ин истифодаи захираҳои он ва обёрикунонї аст, ки  дар бисёре аз  кишварҳои дунё дуруст мудирият намешавад ва лиҳозо мардуми сайёра аз норасоии он ба мушкилоти зиёд дучор мегарданд. Имрӯз зиёда аз 70 % одамони сайёра обро барои обёрӣ кардани замин истифода мекунанд. Аз соли 1950 ин фоиз се баробар афзоиш ёфтааст, ки аз як се ҳиссаи ғизои ҷаҳон тавассути истифодаи об  ба даст мебиёранд. Адами афзоиш дар  истифодаи об барои обёрӣ, ҷаҳонро гуруснагӣ фаро хоҳад гирифт. Аммо як мушкили дигари асосӣ дар шуразании замин аст, ки  тавассути обёрӣ кардани замин, хок обро фурў бурда, бо намакҳои зери замин бархурд карда, ба болои замин омада, қарор мегирад ва ҳосилнокии онро кам месозад.

  Ва ин кор мутахассисони соҳаро водор месозад, то роҳҳои пешгирии онро ёфта, ҳосилнокиро хуб эмин нигоҳ доранд. Дар ин самт кишварҳои Ҳиндустон, Покистон ва Миср хело хуб фаъол буда, системаи обёриашонро ба таври муносиб роҳандозӣ кардаанд, ки ҳосилнокии заминҳо низ хуб идора мешавад. Ҳамаи ин натиҷаи ҷидду ҷаҳди мутахассисон ин кишварҳоро нишон медиҳад, ки мушкилотро мавриди омӯзиш қарор дода, роҳҳои ҳа

 Бояд  ёдовар шавем, ки 80% заминҳои Покистон, Миср ва 92% Ҳиндустон  бо системаи обёркунии барқарор шуда, ҳамеша талош меварзанд то аз технологияву барномаҳои навин истифода карда, ҳосилнокии заминҳояшонро муҳофизат намоянд.

  Аз ин сабаб ба маврид аст, ки  дар ҳошияи конференсияи дар пешистода, кишварҳои ҳамҷавор ва минтақа фикру андешаҳои худро мавриди табодул ќарор дода, аз таҷрибаҳои якдигар самаранок истифода кунанд, то захираҳои оби ҷаҳон ва минтақа одилона ва софдилона байни ҳам тақсимбандӣ ва табодул гардад ва рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар байни онон таҳким ёбад.

  Хулоса метавон таъкид кард, ки мардуми мо  бояд шукрона аз ин неъмати бебаҳо намоянд, ки дар сарзамини обҳои ошомиданӣ, куҳҳои баланди осмонӣ ва табиати зебои худододӣ дар зери сояи амну суботи миллӣ умр ба сар мебаранд. Ва бо истифода аз ин захираҳо ва талошу машваратҳои муфид метавонанд кишвари Тоҷикистонро ба як давлати пешрафтаи дунё табдил диҳанд. 

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки  тухми хеш ба дасти хеш кишт

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт

                                                                       (М.Иқбол)

Мирсаид Раҳмонов,

ходими илмии Инсититути

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои  Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

БОЗГАШТ