ОИД БА МАСОИЛИ МАВРИДИ ИСТИФОДА ГИРИФТАНИ ИСТИЛОИ ҲОКИМИЯТИ ЧОРУМ

Муаллиф: Холидаи НИЁЗДУХТ

Расм

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ чунин ибрози назар намуданд, ки: “Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ин чун ду шохаи ба ҳам пайванди матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад” [8].

Васоити ахбори омма (минбаъд ВАО) яке аз ниҳодҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ буда, аз бисёр органҳо ва ҷузъҳо иборат мебошад, ки ба воситаи онҳо аҳолӣ дар бораи ҳаёти сиёсии ҷаҳон иттилоот мегиранд.

         Рушди босуръати технологияҳои иттилоотию хизматрасонӣ ва ташаккулёбии ҷомеаи иттилоотӣ ба соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири амиқи худро расонида истодааст. Ҳатто, ба рафтори одамон, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва шарту шароити кору фаъолиятро тағйир дод. Дар ин замина ҳаёти сиёсии ҷомеа низ як сӯ намемонад, зери таъсири таҳаввули технологию иттилоотӣ қарор гирифта, шакл ва мазмуни худро тағйир медиҳад.

         Барои хубтар дарк карда тавонистани нақши системаи ВАО дар ҳаёти сиёсӣ каме аз таърихи он меорем. Таърих гувоҳ аст, ки дар Декрет оиди матбуоти В.И. Ленин аз 27 октябри соли 1917 қайд шуда буд, ки азбаски ҳокимияти нав акнун ба по рост шуда истодааст ба даст додани буржуазия додани матбуот ғайриимкон буда, он дар ин вазъият аз бомба ҳам хавфноктар мешавад [4]. Дар ҳамин асно В.И. Ленин чунин меҳисобид, ки бояд матбуот ҷузъи ҷудонопазири ҳизб бошад. Аммо матбуот ҳамчун механизми ташкили ҳизб ва ба даст овардани ҳокимият ҳисобида мешуд.

         Дар солҳои охири қарни 20 – ум дар Тоҷикистон журналистикаи советӣ сохта шуд. Дигаргуниҳои зиёде дар нимаи солҳои навадум доир ба системаи ВАО бисёр тағйирот ворид намуданд. Фаъолияти матбуот бисёр хуб ба чашм мерасид. Аз ин ҷост, ки дар миёнаи солҳои 80-ум ибораи “озодии баён” пайдо шуд. “Озодии баён”, ин ҳуқуқи ҳама чизи дар ҷаҳон рухдодаро мисли худаш фаҳмидану натарсида баён намуданро дар назар дорад. Дар охири асри ХХ ба усулҳои анъанавии дипломатия тағйироти назаррас ворид гадидааст. Ин ба он вобаста аст, ки нақши ташаккули технологияҳои иттилоотӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ оғоз ёфтааст. Имрӯз ВАО сатҳи нави робитаҳои кишварҳои ҷаҳонро ташаккул дода, инфрасохтори ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст.

         Фаъолияти ВАО ба ҳаёти ҷомеа, хусусияти иҷтимоиву равонӣ ва маънавии ҳар як узви ҷомеъа таъсири бениҳоят калон дорад. Зеро ҳама гуна иттилооти наве, ки тавассути ВАО ворид мешаванд, дуруст ба назар гирифта шуда, самтҳо ва арзишҳои сиёсиро такрор мекунад, ки дар тафаккури одамон собит шудаанд.  Дар замони муосир аҳамияти ВАО ҳамчун сарчашмаи ахбор афзуда, доир ба соҳаҳои гуногуни ҳаёт таъсири хешро гузоштааст. Яъне дар ҳар як ҷамъият ВАО ин муҳите мебошад, ки онро хизматрасонии умумӣ низ меноманд ва он аз ҷониби умум идора карда мешавад.    

         Аз солҳои 50-уми асри XX инҷониб масъалаи ҷомеаи иттилоотӣ аз ҷониби олимони соҳаҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Ба омӯзиши ин масъала олимони  Ғарб таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар таҳқиқи паҳлӯҳои гуногуни он саҳми арзанда гузоштаанд.

Аввалҳои асри XXI ҷаҳонро системаи ҷаҳонии иттилоотӣ ишғол намуд, ки ин низоми ниҳодҳои миллӣ ва байналмилалии дастрасӣ ба иттилоотро барои давлат ва ҷомеа таъмин мекунанд. Шаклу воситаҳои ҷамъкунӣ ва паҳнкунии иттилоот ба маротиб меафзояд ва рӯз аз рӯз хубтару беҳтар фаъолияташро ба роҳ мемонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки оғози асри XXI ҷаҳони муосирро дигаргуниҳои гуногуне фаро гирифтанд, ки ба ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ таъсири худро гузоштаанд. Таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир ба шумор рафта, рӯз то рӯз аҳамияти бештарро ба худ ҷалб менамояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намудааст, ки технологияҳои иттилоотию хизматрасонӣ бештар ба як василаи сиёсӣ табдил ёфта истодааст. Таҳдид ва хавфу хатарҳое, ки дар ин самт пайдо гардидаанд, дар сатҳи байнидавлатӣ коркарди қарорҳо ва гурӯҳҳои зудамали муштаракро тақозо менамоянд. Аз ин рӯ,  айни замон роҳи шарҳдиҳии ин рӯйдодҳо аҳамияти зиёд дорад. ВАО метавонад ҳам сабабгори ҳолатҳои низоъӣ ва ҳам барои тасвири объективонаи ҳодиса, маълумоти саривақтӣ ва бо салоҳияти ҷонибҳо оид ба нақшаҳо барои барқарор намудани муносибатҳо байни давлатҳо мусоидат кунад.

Дар асоси талаботи моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст” [1]. Ин меъёр дар моддаи 19 Пакти Байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ мавқеи худро нишон додааст, ки “ҳар як шахс ҳуқуқи озодона баён кардани фикри худро дорад, ин ҳуқуқ иборат аз озодона ҷустуқӯ кардан, гирифтан ва паҳн кардани ҳар гуна ахбор ва ғояҳо новобаста аз ҳудуди давлатӣ, ба тариқи хаттӣ ва ё шифоҳӣ, инчунин ифодаи афкор тавассути жанри бадеӣ ва ё бо дигар роҳ аз рӯи интихоб бошад” [2]. Инчунин қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма аз соли 2013 бо тағйирот аз 24.02.2017, №1407 қабул карда шудааст, ки қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба онҳоро танзим менамояд. Дар моддаи 1 қонуни мазкур мафҳумҳои асосии фаъолияти ВАО шарҳ дода шудаанд. Тибқи ин муқаррарот сензура - аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдори онҳо, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, аз редаксияи воситаи ахбори омма талаб намудани мувофиқаи пешакии мавод ё маълумоти интишоршаванда [3] мебошад.

Ҳамчунин дар асоси моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа ҳамчун рӯзи ид ба танзим дароварда шудааст ва он ҳама сола қайд карда мешавад. Лозим ба тазаккур аст, ки Хонум Сезин Синанолу, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, санаи 5 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар бахшида ба рӯзи умиҷаҳонии озодии матбуот  бо иштироки рӯзноманигорон, коршиносон ва намояндагони васоити ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мақомоти давлатӣ, инчунин ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндагони агентиҳои СММ баргузор гардид дар сухани худ гуфт: “Дар асри XXI, ки давраи иттилоотӣ ва рақамисозӣ аст, дастрасии пурра ва бехатар ба ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои дониши дастаҷамъӣ ва фароҳам овардани шукуфоии муштарак муҳим аст. Ғайр аз он, пандемияи COVID-19 муҳим будани дастрасиро ба маълумоти боэътимод барои наҷоти ҳаёт нишон дод. Биёед ҳамкориро баҳри баланд бардоштани дастрасии ВАО ба маълумоти дақиқ бо мақсади таъмини ҳуқуқи ҳар як фард ба гирифтани иттилоот вусъат бахшем [7]”.

Аз ин ҷост, ки ВАО фаъолияти хешро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.

Хотиррасон шудан ба маврид аст, ки мутобиќи моддаи 9 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њокимияти давлатї дар Тољикистон ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї [1] амалӣ карда мешавад.

ВАО яке аз сохторњои муњим барои давлатњои муосир, махсусан кишварњое, ки худро њуќуќбунёд эълон кардаанд, ба њисоб меравад. Аксар муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки ВАО ҳамчун ҳокимияти чаҳорум баромад менамояд. Мисоли ин суханони китоби тозанашри Якубов Ҷ.К., ки бо номи “Ҳокимияти чаҳорум” [5]  маълум аст шуда метавонад.

Қисме аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ вуҷуд доштани боз як шохаи ҳокимият яъне, ҳокимияти таъсисиро дар назар дошт. Соли 1976 дар Конститутсияи давлати Алљазоир шаш шохаи њокимият номбар карда шуда буд, дар баробари шохањои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ боз шохањои сиёсї, назоратї ва таъсисї низ мављуд буданд [7, 560].

Устод Якубов Ҷ.К., дар китоби худ “Ҳокимияти чаҳорум” [5, 12]  чунин ибрози ақида менамоянд, ки: ВАО ин як воситаи махсусе мебошад, ки бе он сиёсат ва равандҳои сиёсии ҷомеаро тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро ВАО дар ҷомеа нақшеро мебозанд, ки ягон мақомот ё ягон шохаи ҳокимият чунин нақшро бозида наметавонад. ВАО ҳамчун воситаи муҳими иттилоотӣ барои ҳамаи системаҳои сиёсӣ яке аз аслиҳаҳои муҳим буда, дар ҳама давру замонҳо маҳз ба мардум дар бораи сиёсати дохилӣ ва берунии давлат маълумот медиҳанд. Агар дар ҷомеаи муосир институти ВАО вуҷуд надошта бошад, дар он ҷо сиёсат ва ҳокимияти сиёсӣ низ вуҷуд дошта наметавонад, чунки сиёсатшиносон ва сиёсатмадорон тариқи ВАО мақсад ва мароми худро мерасонанд, яъне тариқи радио, телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун нақши сиёсати имрӯзаро изҳор менамоянд. Дар ҷомеаи демократӣ озодии баён мавқеи муайянро ишғол менамояд. Дар ин ҷода ВАО хеле вусъат ёфта, самаранок истифода мешавад. Барои ҳамин ҳам ВАО дар ҷомеаи демократӣ фаъолияти худро аз болои тамоми шохаҳои ҳокимият ва объектҳои сиёсӣ ташкил медиҳад. Ин қувваи бузургро танҳо ВАО доро мебошад ва дар ҳақиқат ҳам чунин аст [5, 11].

Банда аз омӯзиши мавзуи мазкур ва овардани иқтибоси кучаке аз кори илмии устод саволҳои зерини беҷавоберо барои худ пайдо намудам, ки фикр мекунам ба мақсад мувофиқ мебошанд. Масалан устод Якубов Ҷ.К. гуфтаанд, ки: ВАО дар ҷомеа нақшеро мебозанд, ки ягон мақомот ё ягон шохаи ҳокимият чунин нақшро бозида наметавонад. Барои ҳамин ҳам ВАО дар ҷомеаи демократӣ фаъолияти худро аз болои тамоми шохаҳои ҳокимият ва объектҳои сиёсӣ ташкил медиҳад. Ин қувваи бузургро танҳо ВАО доро мебошад ва дар ҳақиқат ҳам чунин аст. Роҷеъ ба масъалаи дар аввал гузошташуда, чунин меҳисобам, ки манзури устод аз нишон додани нақш кадом нақшро дар назар доранд? Устод дар бобати масъалаи дар навбати дувум гузошта шуда бошад кадом қувваи бузургро дар назар доранд? Оё ВАО метавонад, ки дар тамоми ҳолат дар ҷомеае, ки демократия ҳаст фаъолияти худро аз болои тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монад? Саволҳои пешомада моро водор месозанд, ки бобати масъалаи ВАО ҳамчун ҳокимияти чаҳорум боз омузем.

Баҳри омӯзиши мавзӯъҳое, ки ба ҳокимияти чаҳорум вобаста мебошанд маводҳои илмиеро ҷустуҷу намудам ва бо мақолаи донишҷуе вохурдам, ки он дар китоби мақолаҳои конференсияи анъанавии илмӣ – амалии олимону профессорон бо номи “Прокуратура ҳамчун мақомоти махсуси ҳокимияти давлатӣ” ҷой дода шуда буд мақолаи донишҷӯ Ғафуров М.М. – ро хондам, ки муаллиф бар он ақида аст, ки: дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти прокуратура ниҳоди мустақил ва мутамарказонида шудаест, ки низоми алоҳидаи мақомоти ҳокимияти давлатиро пурра менамояд ва мақомоти прокуратура ба ягон шохаи ҳокимияти давлатӣ мансуб набуда, ба сифати шохаи мустақил баромад намуда метавонад [6, 138].

Пас аз омӯзиши мақолаи мазкур ва чанде аз сарчашмаҳои илмӣ – таълимӣ бар ман муяссар гардид, ки бобати масъалаи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ хулосабарорӣ намоям. Чи хеле, ки ба мо маълум аст моддаи 9  конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ВАО ва  прокуратураро ба ягонтои ин шохаи ҳокимият ё ин, ки шохаи алоҳидаи ҳокимият нишон надодааст. Аз ин ҷост, ки бархе аз муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки ВАО ва ё мақомоти прокуратура ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ баромад намуда метавонад. Дар ин замина саволе ба миён меояд, ки оё дар ҳақиқат таҷзияи ҳокимият ба се шоха амалӣ мегардад ё эҳтимолияти ташаккулёбии шохаҳои дигар низ ҷой дорад?

Месазад, ки бобати масъалаҳои дар боло гузошташуда, корҳои илмӣ-таҳқиқотиро анҷом дод. Яъне масъалаҳои мазкур доираи васеи муаммоҳоро дар худ тобеъ намудаанд. Аз ин ҷост, ки дар як навбат тибқи таҳлилҳои анҷом додашуда ВАО ва прокуратура дорои баъзе аз нишонаҳое мебошанд, ки онҳоро ҳамшабеҳи ҳокимияти мустақил меноманд.

 Холидаи  НИЁЗДУХТ

магистранти  курси 2-юми ихтисоси

сиёсати беруна ва дипломатияи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон

БОЗГАШТ