ОЛИМОН ПЕРОМУНИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ТАБОДУЛИ НАЗАР НАМУДАНД

Муаллиф: Дороншоева Некбахт

Расм

Дар таърихи 23 июни соли ҷорӣ толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Таҳдидҳо ва хатарҳои эҳтимолӣ ба суботу амният ва равандҳои интегратсионӣ дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ташкил ва дар доираи нақшаи солонаи шуъбаи Осиёи Марказии институт амалӣ гардидааст.

Конференсия ба масъалаҳои мубрами замони муосир дар қаринаи таҳаввулот ва навгониҳои низоми муносибатҳои байналмилалии муосир, мубориза барои архитектураи нави амният ва рушди устувор, тағйирот ва афзалиятҳои стратегияи геополитикӣ ва равандҳои ҳамгироиву ҷаҳонишавӣ ва амсоли он тахассус дода шудааст. Конференсияи мазкур самтҳои таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои дохилӣ ва берунӣ, масоили сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмиву-фарҳангӣ ва иттилоотии амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва бевосита Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба интегратсияи кишварҳои Осиёи Марказӣ, манфиатҳои муштараки ин давлатҳо ва роҳҳои ҳамоҳангсозии чорабиниҳои Ҳукуматҳои ин кишварҳо, экология ва муҳити зист: ҳифзи пиряхҳо, истифодаи босамари об ва захираҳои энергетикӣ дар минтақа, саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ, муҳоҷират ва таъсири он ба амнияти минтақавӣ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва аҳамияти он барои таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва ғайра баргузор гардид. Дар ҳамин замина мавзуъ ва мушкилиҳои марбут ба таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ба суботу амният ва рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ дар маркази таваҷҷуҳи олимон ва муҳаққиқони конференсия қарор гирифта буд. Ба ҳамин иртибот андак кам 30 маъруза ва гузоришҳои илмӣ ба ширкаткунандагони конфронс пешниҳод шуда буд.

Конференсияи мазкур на танҳо аз нигоҳи илмӣ, балки аз нигоҳи баррасӣ ва ибрози назари олимону муҳаққиқон низ як падидаи бузург дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар ба шумор рафта, дар кори он муовини Президенти АМИТ профессор А.Н. Муҳаммад иштирок ва суханронӣ намуд.

Дороншоева Н.Ш.

номзади илмҳои сиёсӣ,

мудири шуъбаи Осиёи Марказии

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ