Муаллиф: Саидов Нуралӣ
19-уми январи соли ҷорӣ, вакилони парламенти Олмон-Бундестаг лоиҳаи қонун “Дар бораи шаҳрвандӣ”-ро бо тағйироту иловаҳо оид ба қоидаҳои нави гирифтани шиносномаи Олмон, ки аз ҷониби Ҳукумати Олмон пешниҳод гардида буд, дар қироати охирин ба тасвиб расонид.
Ба тарафдории он 382 вакил овоз дод, 234 нафар мухолиф ва 23 нафар бетараф монданд. Қонуни нав пас аз се моҳи интишори расмӣ аз 1-уми апрели соли 2024 эътибор пайдо мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Олмон аввалин маротиба 1-уми ноябри соли 2023 лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи шаҳрвандӣ” ба парламент пешниҳод карда буд ва 30-юми ноябри соли ҷорӣ вакилони парламенти Олмон нахустин бор лоиҳаи қонуни навро баррасӣ намуданд.
Дар умум, ба қонуни нав чунин тағйироту иловаҳо ворид гардидааст:
- Пеш аз ҳама, бояд қайд кард, ки тибқи қонуни нав минбаъд тартиби гирифтани шаҳрвандии Олмон барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ин кишвар кору фаъолият ва зиндагӣ мекунанд, нисбатан осонтар мегардад;
- Пештар барои шаҳрвандии Олмонро гирифтан афроди хориҷӣ бояд 8 (ҳашт) сол дар Олмон зиндагӣ мекарданд, акнун ин муҳлат аз 8 (ҳашт) сол то 5(панҷ) сол муқаррар карда шуд;
- Дар сурати соҳиб гардидан ба муваффақиятҳои назаррас дар ҷомеа: донистани забони олмонӣ дар сатҳи баланд, иштироки назаррас дар фаъолияти ихтиёрӣ (волонтёр), фаъолияи самаранок ҳамчун мутахасси кордон ва соҳибтаҷриба ва ғайраҳо барои гирифтани шаҳрвандии Олмон 3(се ) сол кофӣ хоҳад буд;
- Инчунин, ба хориҷиёне, ки шаҳрвандии Олмонро гирифтаанд, иҷозат дода мешавад, ки шиносномаи қаблии худро нигоҳ доранд;
- Ба фарзандони хориҷиёне, ки дар Олмон таваллуд шудаанд, ба таври худкор (автоматӣ) шаҳрвандии Олмон дода мешавад. Пештар чунин ҳолат танҳо дар сурате рух медиҳад, ки яке аз волидон дар Олмон зиёда аз ҳашт сол зиндагӣ карда бошад;
- Ҳар касе, ки дар гузашта дар самти нажодпарастӣ ва антисемитизм ҷиноят содир кардааст, наметавонад шиносномаи Олмонро ба даст орад. Ба ашхосе, ки дар Олмон зиндагӣ кардан мехоҳанд, бояд возеҳ фаҳмонд, ки «антисемитӣ, нажодпарастӣ ё дигар кирдорҳои ғайриинсонӣ» дар ҷомеае, ки он дар асоси принсипҳои озодӣ ва демократӣ авлавият дорад мухолифанд.1
Аз нуктаи назари мақомоти расмӣ тағйироту иловаҳо ба қонуни нав пеш аз ҳама барои ҷалби мутахассисон пешбинӣ гардидааст ва мақомоти Олмон ният доранд, ки Олмонро барои мутахассисони соҳибихтисос ҷолибтар созанд.
Вазири корҳои дохилии Олмон Нэнси Фазер зимни муаррифии лоиҳаи қонун дар ҷаласаи Бундестаг моҳи августи соли ҷорӣ чунин қайд кард: "Мо мехоҳем, ки шахсоне, ки муддати тӯлонӣ узви ҷомеаи мо ҳастанд, метавонанд дар ташаккули кишвари мо ба таври демократӣ фаъолона ширкат намоянд. Демократияи мо ба шахсоне ниёз дорад, ки дар ташаккули ин раванд саҳмгузор бошанд ва онро ҳимоя ва қавӣ гардонанд" 2
Мухолифини Ҳукумат блоки иттифоқҳои христианӣ-демократӣ ва христианҳои иҷтимоӣ (ХДС/ХСС), инчунин «Алтернатива барои Германия» (АдГ) лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи ҳукуматро дар рафти муҳокима ва раъйдиҳии дар Бундестаг сахт интиқод карданд. “Ин қонун барои беқурбшавии шаҳрвандӣ аст" изҳор дошт, Александр Тром аз фраксияи парламентии блоки консервативии ХДС/ХСС). Ба андешаи вай, ислоҳоте, ки аз ҷониби сотсиал-демократҳо, (СДПГ), “сабз”-ҳо ва либералҳои СвДП пешбарӣ шудаанд, комилан нодуруст пеш меравад, дар ҳоле, ки дигар кишварҳо, ба монанди Фаронса, қоидаҳои ба даст овардани шаҳрвандро ҷиддитар ба роҳ мемонанд. «Алтернатива барои Германия» (АдГ) ин қонунро "кӯшиши халалдор кардани низоми иҷтимоӣ ва амнияти Олмон" номид.3
Коршиносон чунин мешуморанд ки, дар айни замон иқтисодиёти Олмон ба ҷалби қувваи корӣ ва кормандони баландихтисоси беруна ниёз дорад. Бинобар ин, қабули қонуни душаҳрвандӣ саривақтӣ буда, он барои ҳалли проблемаи мазкур мусоидат хоҳад кард.
Сарчашмаҳо:
1. https://www.deutschland.de/ru/news/uskorenie-naturalizacii-v-germanii
2. https://www.dw.com/ru/bundestag-prinal-zakon-ob-uprosenii-polucenia-grazdanstva-frg/a-68029852
3. https://asiaplustj.info/ru/news/world/20240120/v-germanii-prinyali-zakon-uprotshayutshii-poluchenie-grazhdanstva см 22.01.2024
Н. САИДОВ
ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
номзади илмҳои фалсафа