Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону
Имрӯз бо ташаббуси шуъбаи Аврупо ва Амрико семинари илмӣ таҳти унвони “Изучение новых технологических вызовов искусственного интеллекта и дрон технологий”, баргузор гардид.
Дар семинари мазкур ҳамаи кормандони Институти Осиё ва Аврупои АМИТ иштирок намуданд.
Азбаски, қарни XXI қарни рушди технологияи наву навтарин ва иттилоот мебошад, дар ҳамин радиф семинари имрӯзаи мо ҳам ба омӯзиши чолишҳои нави зеҳни сунъӣ ва технологияи дрон бахшида шуда буд.
Дар семинар изҳори ақида намуданд, ки бояд ҷавонон технологияи наву навтаринро омӯхта, аз хатару чолишҳои имрӯза огоҳ бошанд.
Илова бар ин, вобаста ба таҳаввулоти ҷолиби технологияҳои бесарнишин ва зеҳни сунъӣ (AI), махсусан дар заминаи ҷангҳои муосир ва барномаҳои тиҷоратӣ ибрози назар кардем.
Чи хеле ки корманди илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико Раҳимов Фаридун ибрози ақида намуд, ки истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар бисёр соҳаҳо инқилоб ба амал овард, аммо шояд дар ҳеҷ кадоми онҳо ба таври назаррас дар соҳаи мудофиа сафарбар карда нашудааст. Имрӯз дронҳоро тавассути серверҳо бо истифода аз омӯзиши мошинсозӣ ва зеҳни сунъӣ метавон дастӣ ё дурдаст идора кард.
Муқовимат бо таҳдиди ҳавопаймоҳои бесарнишин низ яке аз мавзӯи семинари имрӯза буд. Системаҳои муҳофизатӣ метавонанд технологияҳои мураккабро, аз қабили системаҳои лазерӣ ва импулсҳои электромагнитӣ (EMP) дар якҷоягӣ бо дахолатҳои ҷисмонӣ, аз қабили шабакаҳо ва дастгоҳҳои роҳбандӣ дар бар гиранд. Ҷолиб он аст, ки ҳатто паррандагон метавонанд барои дастгир кардани дронҳои озори худ истифода шаванд.
Ҳамин тариқ, мо бояд аз технологияи наву навтарин огоҳ бошем, то тавонем наздикон ва ватани хешро саривақт ҳифз карда тавонем. Дар ҳамаи иттилооти зеҳни сунъӣ инсон мақоми аввалиндараҷаро мебозад.
Воҳидова Санавбарбону
доктори илмҳои таърих, профессор
мудири шуъбаи Аврупо ва Америка