Муаллиф: Ваҳобова Назира Сатторовна
Фолклор калимаи англисӣ (folk-lore) буда, маънояш ҳикмати мардумист. Фолклор афсонаҳо, ривоятҳо, ҳар гуна шеърҳо, оҳангҳои мусиқӣ – хулоса, он навъ эҷодиёти мардумиро, ки аслан шифоҳӣ эҷод ва паҳн шудаасту аз як насл ба насли дигар мерос мемонад, дар бар мегирад. Яъне фолклор ҳеҷ вақт нест намешавад, ҳамеша “зинда” аст ва хазинаи худро сол то солу аср то аср ғанитар месозад. Дар “Энсиклопедияи советии тоҷик” фолклор чунин шарҳ ёфтааст: “Эҷодиёти даҳанакии халқ, эҷодиёти бадеии ягон халқ, ки аз тарафи омма гуфта ё сароида мешавад; маҷмуи навъҳо ва шаклҳои он дар илм эҷодиёти бадеии халқ, назми халқӣ, назми шифоҳӣ, шеърҳои халқӣ ва фолклор (англ, folklore-ҳикмати халқ) низ ном гирифтааст”.[1] Адибон дар ҳама давру замонҳо аз ин сарчашмаи бебаҳо, аз ин ҳикмати пурарзиши мардумӣ ҳамеша истифода бурдаанд. Агар адибон аз ин хазина ҳар чи қадар бештар моҳирона ва халоққона истифода кунанд, ҳамон қадар қимати бадеии асарҳояшон зиёд мешавад. Нависандаи маъруфи рус Максим Горкий (1868-1936) гуфтааст, ки “Нависандае, ки аз фолклор маълумот надорад, нависандаи бад аст. Дар эчодиёти халқ сарватҳои бепоён ниҳон аст ва нависандаи бошуур бояд онро аз худ кунад. Фақат дар ҳамин ҷо забони модарии худро омӯхтан мумкин аст ва он дар ин ҷо бой ва машҳур аст”. Олимони русу тоҷик барои омӯхтану дастрас намудани ҳунари шифоҳии халқ заҳмати зиёд кашидаанд. ”А. Н. Болдиров, Ҳаким Карим, А. З. Розенфелд, М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, А. Мирзоев, Л. Бузургзода, Алӣ Хуш, Ш. Ҳусейнзода, И. С. Брагинский, Н. Маъсумӣ поягузорони фолклори тоҷиканд. Дар тадқиқи анвоъ ва қонуниятҳои фолклори тоҷик Р. Амонов, В. Асрорӣ, Б. Тилавов... ва дигар олимон хидмати намоён кардаанд.”[2] Олимони тоҷик баробари ҷамъоварӣ ва нашри дурдонаҳои фолклори тоҷик боз рӯ ба фолклори мардумони Афғонистон оварда, дар ин самт низ корҳои намоёнеро ба анҷом расондаанд. Даст задан ба омӯзиши фолклори Афғонистон ин пеш аз ҳама бо он алоқаманд аст, ки дар ин санъати сухангӯӣ мардумони Тоҷикистону Афғонистон ба масъалаҳои ба зиндагии якдигар монанд, ба тарзи баёни якхела ва қадрдонии сухани шифоҳӣ ба як андозаву як фаҳмиш муроҷиат кардаанд. Ҳамон ошиқии бо суханҳо самимона ифодашудае, ки дар ашъори фолклории ҳар ду кишвар ба назар мерасад, воқеан ҳамин тавр буда, аз дурӯягиву бепоягӣ орист.
Омӯзиши фолклори мардумони Афғонистон ҳанӯз аз асри гузашта оғоз ёфта буд. Чанде аз олимони тоҷик, ки ба таҳқиқу таҳлили сухани шифоҳии бошандагони Афғонистон сару кор доштанд онро пурратару дақиқтар аз вақти дар ин мамлакат кор карданашон шуруъ кардаанд. Онҳо дар як вақт баробари кори асосии худ – тарҷумонӣ, дарс гуфтан ва ғайра ин фурсати бисёр қулайро истифода бурда, ба ҷамъоварии мавод оид ба фолклори Афғонистон машғул шудаанд. Қисми дигари олимон дар сафарҳои кӯтоҳмуддаташон ба ин кишвар, китобҳоеро, ки худи афғонҳо бахшида ба фолклори Афғонистон омода ва нашр кардаанд, дастрас намуда, ба Тоҷикистон овардаанд ва онҳоро истифода бурда, бахшида ба фолклори Афғонистон мақолаҳо навиштаанд Онҳо инчунин намунаҳои фолклори мардумони Афғонистонро ба хати кирилӣ гардонда, ба хонандаи тоҷик пешниҳод кардаанд. Хонандаи тоҷик бошад ин намунаҳоро баробар ба маҳсули шифоҳии кишвари худ қироат ва ҳифз мекарданд. Дар нимаи дуюми асри ХХ омӯзишу таблиғи фолклори Афғонистон дар Тоҷикистон ба таври назаррас мушоҳида карда мешуд.
Соли 1966 дар Тоҷикистон нашриёти “Ирфон” “Намунаи фолклори халқҳои Афғонистон” ном китоберо бо теъдоди 28 ҳазор нусха чоп намуда буд. Ин худ ишора, (мо дар назар дорем, хусусан, теъдоди нашрро), ба он аст, ки дар мамлакати мо таваҷҷуҳ ба фолклори мардумони ҳамсояву ҳамзабон хеле зиёд ва ҷиддӣ аст.
“Намунаи фолклори халқҳои Афғонистон”‑ро Носирҷон Маъсумӣ ва М. Холов ба чоп омода кардаанд. Устод Носирҷон Маъсумӣ, ки худ ба адабу фарҳанги Афғонистон таваҷҷуҳи хос дошт, ба ин маҷмӯа бо номи “Назми халқии афғон” пешлафзе навиштааст.
Пеш аз он, ки роҷеъ ба ин китоб чизе бигӯем, бисёр ба маврид медонем, агар он чӣ пеш аз пешлафзи Носирҷон Маъсумӣ дода шудааст, онро айнан ёдовар шавем. Онро ҳам шояд устод Носирҷон Маъсумӣ худашон гуфта бошанд, лекин новобаста аз он, ки муаллифи он кист, мазмунаш барои қавитар намудани ҳадафи ҳамин кори мо бисёр муфид менамояд. Он чӣ мехоҳем иқтибос кунем ин аст: “Назми даҳанакии халқҳои форсизабони Афғонистон аз ҷиҳати мавзӯъ ва мундариҷа ба назми даҳанакии тоинқилобии халқи тоҷик ҳамранг буда, аз ҷиҳати инъикоси масъалаҳои гуногуни ҳаётӣ диққатҷалбкунанда мебошад”.[3] Бе баҳс, ин хулоса дуруст аст, чунки дар фолклори пеш аз инқилобии тоҷикон вобаста ба мушкилоти ҷомеа ва инсони ҷудогона, бештар оҳангҳои ғамангез, ба мисли камзӯрӣ, дастнорас будани маҳбуба бо сабаби нодорӣ, дурафтодагӣ аз ночорӣ, ба орзу нарасидан ё баъзе муқарароти дар ҷомеа сахт риояшаванда, ки монеаи хушиҳоро ба даст овардан шудаанд, садо медиҳанд, вале магар чунин дубайтиҳо, ки берун аз масоили мушкилоти болоии зикр шуда мебошанд, хоси тамоми замонҳо ва тамоми мардумон нестанд?:
Ало ёрҷон, ту маҳрӯи ма бошӣ,
Сари корам ба паҳлӯи ма бошӣ.
Сари корам ба сӯи дасти ростам,
Ту худ норинҷи хушбӯи ма бошӣ.[4]
Ё дар ҷои дигар:
Бирав бо ёр бигӯ: ёри ту омад!
Гули наргис харидори ту омад!
Бирав, бо ёр бигӯ: чашмон‑т равшан!
Ҳамон ёри вафодори ту омад![5]
Бисёр вақт шеъру таронаҳои мардумии форсзабонҳо ифодакунандаи орзуҳое мебошанд, ки дар зиндагӣ мавқеи хос доранд ва ин орзуҳо зиннати бебаҳои зиндагианд, рангорангии ҳаётро афзоиш мебахшанд ва умедро ба фардо зиёд мекунанд. Ҷавонон бо ин гуна орзуҳо маънии ҳастии замони ҷавонии худро, дидори маҳбубаи моҳлиқоро, ояндаи зиндагии якҷояро бо дилдор осудаву беғубор ва пурфайзу пуршодӣ мебинанд, тавре ки дар дубайтии зер бисёр самимӣ омадаасту ифодаи орзуи ширин буданаш пинҳон нест:
Ало, ёрҷон, биё ҳар ду нишинем,
Ҷавон ҳастем муроди дил бубинем.
Ҷавон ҳастем, ҷавони наврасида,
Гули умеди худро мо бичинем.[6]
Ё ин ки:
Ало, ёрҷон сару ҷонам фидоят,
Миёни ҳар ду дида ҷои поят,
Аз он тарсам, ки пои худ гузорӣ,
Зи мижгонам халад хоре ба поят.[7]
“Намунаи фолклори халқҳои Афғонистон” аз 895 дубайтӣ, 135 ландӣ (дар забони пашту як навъи шеър, ки ду мисраъро дар бар мегирад) ва 21 суруд ва таронаҳо иборат аст. Носирҷон Маъсумӣ ба гуфтаҳои Абдурауфи Бенаво, ки худ ландиҳои ба забони пашту эҷод шударо ҷамъоварӣ ва ба забони дарӣ тарҷума намудааст, такя намуда, мафҳуми ландиро чунин шарҳ додааст: “Хусусиятҳои шеърии ландӣ дар сарсухани донишманди маъруфи Афғонистон Абдурауфи Бенаво қайд шудаанд. Бенаво чунин навиштааст: “Ландӣ иборат аст аз он ашъори миллӣ, ки шоири он маълум нест ва метавон онро оинаи эҳсосоти ҳар марду зани пуштун донист.”[8] Маъсумӣ ин иқтибосро аз “Ландӣ” ном китобе, ки онро Ҳабиби Навобӣ тартиб дода, соли 1337 (1958) дар матбааи “Аскарони Кобул” чоп намудааст, гирифтааст Носирҷон Маъсумӣ ба гуфтаҳои адабиётшиноси афғон Ҳабиби Навобӣ ишора карда, боз оид ба ландӣ чунин гуфтааст: “Ин китоб маҷмӯаи 176 ландӣ ё он ашъорест, ки дар кӯҳистонҳо, дараҳо ва ғаждиҳо аз тарафи дилбохтагон, навҷавонон ва дӯшезагон ба соддагӣ ва равонӣ, бидуни таъсири забонҳои дигар дар авзони махсусе суруда шуда, ки гоҳе ҳам хитоби занон аст ва ҳолати мухталифи разму базм, сафару ҳазар, сукуну рақс, ғаму хуширо намояндагӣ мекунад.” [9]
Дар пешлафзи худ устод Маъсумӣ як навъ умумият доштани фолклори мардуми тоҷик ва фолклори мардуми Афғонистонро зикр карда, чунин хулоса намудааст: “Дар назми халқии форсизабони Афғонистон, мисли фолклори тоҷик, шакли рубоӣ (чорбайта) бештар паҳн шудааст ва мавқеи муҳим дорад. Аз сабаби монандии шароити таърихӣ ва ҳаёти замони гузашта мавзӯъ ва мазмуни аксарияти рубоиёти халқии афғонӣ ва рубоиёти халқии пешинаи тоҷик наздик ва монанд аст”.[10]
Хонандаи тоҷик ин намунаҳои фолклори халқҳои Афғонистонро бисёр бо дилчаспиву рағбати зиёд пазироӣ кардааст. Мардуми тоҷик, хусусан дар замоне, ки ҳоло на оинаи нилгун буду на компютер ва на телефонҳои чандинкора (многофункциональный) ҳар лаҳзаи ғаниматро истифода бурда, орзую ҳавас, муҳаббат, зебоиҳои мушоҳидашаванда ва дилбохтагии худро ба чизе ё ба касе дар шакли назм, бисёр табиӣ таъсирбахшу роҳатбахш ифода мекард. Имрӯзҳо ҳам ин гуна шуғлу майл аз байн нарафтааст. Барои ҳамин ҳам мардуми тоҷик аз мутолиаи осори шифоҳии мардуми афғон, ки дар фолклори халқҳои ин мамлакат мавқеи хос дорад, лаззат бурда, рангорангии эҳсоси табиии худро дар ин порчаҳои назми оддии пурмаъно дарёфт мекунад.
Устод Носирҷон Маъсумӣ кӯшиш кардаанд, ки боз баъзе муштаракоти дигарро, ки дар назми фолклории тоҷику афғон дидаанд, онро низ баён кунанд. Қиссаи “Сияҳмӯй ва Ҷалолӣ”‑и мардуми афғонро ба қиссаи “Бобопирак”‑и тоҷикӣ муқоиса карда, бо ҳам шабоҳат доштани онҳоро зикр намуда, чунин гуфтааст: “Дар асл қиссаи “Сияҳмӯй ва Ҷалолӣ” хеле аҷиб менамояд. Дар кӯҳистони тоҷик бо номи “Бобопирак” низ қиссае мавҷуд аст, ки бо мазмуни ошиқонаи худ ба қиссаи “Сияҳмӯй ва Ҷалолӣ” хеле шабоҳат дорад. Қиёси ин ду қисса ва муайян кардани хусусиятҳои умумию хусусии онҳоро ба мутахассисони фолклори тоҷик вомегузорем”.[11]
Он назме, ки дар “Намунаи фолклори халқҳои Афғонистон” гирд оварда шудаанд, онро ҳофизони афғон ва ҳофизони тоҷик бо мароқи зиёд аз худ намуда, ба оҳанги фораму дилкаш дар тӯйю тамошоҳо ва ҳар навъ маҳфилҳои шодмонӣ сароидаанд ва месароянд. Ин гуна сурудҳо ҳатто ба воситаи радио ва телевизиони тоҷик борҳо садо додаанд ва лоиқ ба эътирофи шунавандаҳои мушкилписанду завқи баланд дошта шудаанд. Садҳо овозхонҳои одӣ ҳам, яъне овозхонҳои касбӣ не, бо рағбати зиёд овозхонҳои касбиро тақлид карда, сурудҳои халқии афғониро бо рағбати зиёд аз бар карда месароянд. Барои мисол дуто аз сурудое, ки дар Тоҷикистон хеле машҳуру писанд шудаанду аз тариқи радио садо медиҳанд, сурудҳои “Шоҳи парӣ” ва “Дилбарам, дилбар” мебошанд, ки дар “Намунаи фолклори халқҳои Афғонистон” шомил аст, инҳоянд:
Шоҳи парӣ
То ба кай нола кунам аз ғамат, эй шоҳи парӣ,
Бигзар аз нозу адову ситаму ишвагарӣ.
Мемакидам лаби лаъли ту ба сад аҷзу ниёз,
Шуда аз рӯзи азал қисмати ман хунҷигарӣ.
Шудам овораву ҳайрону парешону ғамин,
Зулфи ту карда пароканда насими саҳарӣ.
Гаҳ ба вайронаву гаҳ ҷониби саҳро биравам,
Эй Худо ман чӣ кунам бо ҳама ин дар ба дарӣ.[12]
Дилбарам, дилбар
Дилбарам, дилбар хонахаробам кард,
Чашми шаҳлояш бетабу тобам кард.
Дилам бисёр имшаб бода меша,
Гарам аз дасти дилбар дода меша.
Туро чун бингарам ман бо рақибон,
Дилам хориҷ зи байни ҷода меша.
Нигоҳат як ҷаҳон андоз дора,
Ба як мижгон задан сад ноз дора.
Намехоҳам ба гулшан рафтанашро,
Ки булбул дидаи гулбоз дора.
Биё қосид, ба ту гӯям нишоне,
Саломи ман ба ёри ман расонӣ.
Надорам тоқати таҳрири мактуб,
Паёми ман ба ӯ гӯӣ забонӣ.[13]
Яке аз хусусиятҳои назми шифоҳии мардуми афғон соддагиву равшанбаёниву самимӣ будан аст. Агар ҳамин гуна назми мардуми даризабони Афғонистонро каме бештар ҷустуҷӯ ва каме муфассалтар аз назар гузаронем, пас бисёр монандиҳои онро бо назми шифоҳии мардуми Тоҷикистон ёфта метавонем. Барои ин кофист, ки ба дубайтии зер бодиққат нигоҳ кунем:
Сари роҳат нишастам субҳ вақте,
Зи оби дида бишнондам дарахте.
Шамол омад, дарахт аз реша барканд,
Мани мискин надорам ҳеҷ бахте.[14]
Магар ин ҳамон рубоии тоҷикии ба мо аз ҷавонӣ ошно нест, ки дар Тоҷикистон дар забони ҳама, аз ҷумла дар забони мардуми шеърдӯсти кӯҳсор ҳамеша садо медиҳад ва аз насл ба насл гузашта, тобиши маъноияш ҳеҷ каму коста намешавад:
Сари роҳат нишастам оҳ вақте,
Ба оби дида бишнондам дарахте.
Шамол омад дарахтам решакан шуд,
Мани мискин надорам ҳеҷ бахте.
Пас аз он, ки чунин мазмуни монанд доштаро дар фолклори мардумони Афғонистон ва мардуми Тоҷикистон мебинем, ҳатман фикр мекунем, ки ин дубайтӣ ё дар Афғонистон эҷод шудаасту пас ба Тоҷикистон расидааст ва ё баракс дар Тоҷикистон эҷод шудасту пас дар Афғонистон паҳн шудааст. Дуруст нахоҳад шуд, агар гӯем, ки он дар ҳар ду мамлакат новобаста аз якдигар пайдо шудааст. Лекин варианти дар як ҷо эҷод шуда, то ҷойҳои дигар паҳн шуданаш, бештар дуруст меояд. Маълум аст, ки аз сарзамини Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз сарзамини Афғонистон ба Тоҷикистон омадану рафтани мардум дар тамоми асрҳо қатъ нашудааст ва ин чиз ҳоло ҳам мушоҳида мешавад. Рафту омади маъмулӣ, ё онро табиӣ гӯем ҳам мешавад, ҳамеша ҷараён дошт. Лекин боз рафту омади дигар хел намуд дошта, яъне маҷбурӣ, аз ноилоҷӣ, вобаста ба воқеа ва вазъи таърихӣ гоҳ‑гоҳе сурат гирифтааст. Таърих гувоҳ аст, ки чӣ қадар тоҷикон пас аз Инқилоби Октябр рӯ ба Афғонистон карда, ба ин мамлакат кӯч бастанд. Бо гузаштани бештар аз ҳафтод сол, ҳангоми дар Тоҷикистони чун давлати мустақили тозабунёд, оғоз ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ боз ҳазорҳо тоҷикон ноилоҷ тамоми дороии худро гузошта, барои ҷонро ба саломат бурдан, рӯ ба қаламрави Афғонистон карда буданд. Тавре ба ҳама маълум аст, бо беҳтар шудани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон ва дарёфти сулҳу оромӣ бо талошҳои ҷасурона ва паёпайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикони ба Афғонистон ҳамчун гуреза рафта, боз баргардонда шуданд. Боварӣ дорам, ки тоҷикон ҳангоми ин гуна маҷбуран аз ноилоҷӣ дар Афғонистон ғарибу мусофир шуда боз шеърҳое офаридаанд, ки мазмунашон ифодакунандаи ҳоли табоҳи онҳост.
Аз ин ҷо аз назари мо ин дубайтии дар боло ёдшуда шояд дар Тоҷикистон эҷод шудасту аз тариқи сайёҳон, тоҷирон ё дар натиҷаи ҳамин гуна ҳиҷрати иҷборӣ дар Афғонистон паҳн шудааст. Дар ҳамин гуна мавридҳо хоҳу нохоҳ ба ёд чунин рубоӣ ҳамчун далели қотеъ ба ёд мерасад, ки марди аз Кӯлоби Тоҷикистон дар Балхи Афғнистон афтодаву ғариб шуда, чун ҳасрати дилу зулми тақдир ба забон шеъреро ба вуҷуд овардааст, ки дар саросари Тоҷкистон кайҳо паҳн ва машҳур шудааст:
Чархо, фалако маро ба чарх овардӣ,
Кӯлоб будум маро ба Балх овардӣ.
Кӯлоб будум оби ширин мехӯрдум,
Баргашта маро ба оби талх овардӣ.
Вақте мо муштаракоти фарҳангӣ ва ё умумияти фарҳангӣ мегӯем, онгоҳ мо зиндагӣ, фаъолият ва таърихи халқҳоеро дар назар дорем, ки аз рӯи забон ва фарҳанг умумияте доранд. Ин умумият ҳам дар замонҳои гузашта ва ҳам дар замони ҳозира нақши муҳимеро иҷро мекунад. Агар ҳадафи ин чиз, яъне умумияти фарҳангӣ, пурра дарк карда шавад, он барои нигаҳдории оромии доимӣ аҳамияти бузург дошта метавонад ва дар пояи ҳамин оромӣ одамон оқилона барои қавитар шудани ин умумият ва идома додани он чораҳо меандешанд.
Нашри китоби “Намунаи фолклори халқҳои Афғонистон” ва мақолаи устод Носирҷон Маъсумӣ “Назми халқии афғон” дар он, ин худ як навъ тақвият бахшидан аст ба ҳамин муштаракоти фарҳангии мардумони Тоҷикистону Афғонистон.
Дар Афғонистон ҳоло вазъият чӣ тавр мебошад, ба ҳама маълум аст. Дар чунин ҳолат идома додани омӯзиши адабу фарҳанги Афғонистон, аз ҷумла фолклори гуногугзабони он кори саҳл нест, вале бо вуҷуди он олимони тоҷик роҳҳои гуногунро ҷустуҷӯ намуда, намегузоранд, ки омӯзишу паҳн кардани ашъори шифоҳии мардуми Афғонистон қатъ гардад. Чанде пеш бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва адабиётшиноси ҷавони тоҷик Рустам Оймаҳмадов нашри ҷилди сйюми китоби “Фолклори тоҷикони Афғонистон” аз чоп баромад. Дар ин ҷо дар ҳудуди ҳазор дубайтӣ ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин кори хайр ёвари Рустам Оймаҳмадов дӯстони афғонистонӣ ва интернет шудаанд. Бешак ин китоби хеле арзишманд мавриди тақризи мунаққидон хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, тавре мебинем, ҳоло аз баҳри беканори фолклори Афғонистон ҳамагӣ чанд қатрае ба даст омадааст, ки ҳар қатрааш на танҳо баёнгари лафзи ширину латифи мардуми зебосухан аст, балки мисоли равшани муштаракоти фарҳангии мардумони Тоҷикистону Афғонистон мебошад.
Назира Ваҳобова,
ходими пешбари илмии
шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик
[1] Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 8, Душанбе, 1988, с. 215-216
[2] Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик.Ҷилди 3, Душанбе, 2004, с. 291.
[3] Намунаи фолклори халқҳои Афғонистон. Душанбе, 1966, с. 2.
[4] Асари номбурда, с. 116.
[5] Асари номбурда, с. 235.
[6] [6] Асари номбурда, с. 55.
[7] Асари номбурда, с. 65.
[8] Асари номбурда, с. 13‑14
[9] Асари номбурда, с. 12-13.
[10] Намунаи фолклори халқҳои Афғонистон. Душанбе, 1966, с. 6.
[11] Ҳамон асар, с. 12
[12] Асари номбурда, саҳ. 279.
[13] Асари номбурда, саҳ. 283.
[14] Намунаи фолклори халқҳои Афғонистон. Душанбе, 1966, с. 45.