Омӯзиши моделҳои нави иқтисодии кишварҳои пешрафта дар самти саноати кӯҳӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

(Дар мисоли Ҷумҳурии  Қазоқистон)    

Назаре ба гузашта, ба даврони марбути замони шӯравӣ нишон медиҳад, ки дар он вақт Тоҷикистон яке аз ҷумҳуриҳои саноатӣ аграрӣ табдил ёфта буд. Дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба маҳсулоти кишоварзӣ зиёд буд. Соли 1991 шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар ҶШС Тоҷикистон ба 2308 адад мерасид. Аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ дар ҶШС Тоҷикистон 425 адад корхонаҳои нисбатан калон буда, аз онҳо 207 корхонаи саноати вазнин ва 119 ададаш корхонаҳои саноати сабук буданд. Бо вуҷуди чунин иқтидори саноатӣ, кишвари мо он замон ба қатори ҷумҳуриҳои на он қадар пешрафта дохил мешуд.

    Даврони истиқлолият, воқеан, марҳилаи эҳёи дубораи саноати кӯҳӣ ба ҳисоб меравад, зеро ҳукумати кишвар дар ин муддат дар ҷодаи рушд ва такомули  низоми иқтисодии кишвар, аз ҷумла афзалият бахшидан ба саноати куҳӣ, ободонӣ ва таъмини шароити кории корхонаҳои саноати кӯҳкорӣ як силсила иқдомоти назаррасро амалӣ намуд. Дар солҳои охир ҳукумати кишвар барои сохтани корхонаҳои азим бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ ва ҷалби саромоягузорони хориҷӣ чандин ҳазор  корхонаи саноатӣ арзи вуҷуд кард, ки аз таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти давлат ба ин самт гувоҳӣ медиҳад.

   Ҳарчи бештар таъмин намудани талаботи мардум ба маҳсулотҳои гуногун боиси танзимкунии ҷараёни истеҳсолот гардид ва алоқаҳои сифатан нав байни молистеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон ҷорӣ гардид. Ташаккулёбии иқтисодиёти гуногунҷабҳа боиси барпо намудани миқдори зиёди корхонаҳои шахсӣ муштарак, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ гардид.

   Аз ҷумла, тавассути ҷалби сармояи мустақим бунёди корхонаҳои саноати кӯҳӣ оғоз гардида, ҷиҳати ғанигардонии буҷети мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила беҳтар намудани некӯаҳволии мардум як қатор чораҳои мушаххас амалӣ гардиданд. Қайд намудан зарур аст, ки захираҳои канданиҳои фоиданоки мавҷудбудаи Тоҷикистон  имкон медиҳад, ки дар сурати таҳқиқи дуруст ва оқилонаи омӯзиши моделҳои ҷолиби иқтисодии кишварҳои пешрафта дар самти саноати кӯҳӣ, имкон медиҳад, ки кишварамонро ба яке аз давлатҳои муваффақ дар минтақа ва ҷаҳон табдил диҳем. 

   Хусусан, захираҳои бузурги маъдани нуқраву тилло, уран, сурбу руҳ, сурма, масолеҳи сохтмон, ангиштсанг, нафту газ, нуриҳои минералӣ ва монанди инҳо яке аз омилҳои муҳими таъминкунандаи рушди иқтисодиёти  давлат ба шумор мераванд.

  Бо мақсади рушд ва такомули саноати кӯҳӣ дар кишвар дар марҳилаи мусоир зарурати таҳлил, тадқиқ ва омӯзиши моделҳои нави иқтисодии кишварҳои муваффақ дар самти саноати кӯҳӣ ба миён омадааст, ки тавассути татбиқи ҷузъиёте ва ё кулле аз ин моделҳо дар ташаккули саноати кӯҳии Тоҷикистон манфатбахшу судманд гардад.

   Бо назардошти 93 фоизи кишвари моро фаро гирифтани кӯҳсор ва минтақаҳои кӯҳӣ, лозим шуморида мешавад, ки таҷрибаи кишварҳое, ки дар ин самт муваффақият ба даст овардаанд, мавриди омӯзиш қарор диҳем.

   

   Яке аз кишварҳои муваффақ ва ҷолиб барои омӯзиш ин Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад,  ки қонунгузории худро дар ин самт бо дарназардошти ҷалби сармояи хориҷӣ ба танзим даровардааст.

   Манбаҳои бузурги канданиҳои фоиданок ва гуногуншаклии онҳо (аз 105 элементҳои системаи даврии Менделеев 60 намуди он дар ин кишвар мавҷуд аст) дар Қазоқистон, ин бозори ин ҷумҳуриро барои воридшавии сармояи хориҷӣ ҷолиб мегардонад.

   Аз соли 2013 инҷониб Қазоқистон дар чунин самтҳо муваффақ шудааст:

  - истеҳсолкунандаи пешрафтаи уран дар ҷаҳон (38 фоизи ҳаҷмии умумии дар ҷаҳон истеҳсолшуда ба ин кишвар рост меояд)

   - дуюмин кишвар аз ҷиҳати истеҳсоли хромит (- 13%),

   - чорумин давлати истеҳсолкунандаи титан (- 6%) ва магний (- 3%),

   - панҷумин кишвари иитеҳсолкунандаи рений (- 5%).

   Ҳамчунин, Қазоқистон истеҳсолкунандаи асосии мис, руҳ, барит, бокситҳо, кадмий, галий ва сулфур  ба ҳисоб меравад.

   Дар соли 2015 Ҳукумати Қазоқистон маҷмуи қонунҳои навро қабул намуд, ки барои гирифтани иҷозатномаҳои коркарди канданиҳои фоиданок ва кам намудани андозҳо мусоидат намуд.

   Воридсозии коди нав барои истихроҷи ангишт дар соли 2018, ки аз омилҳои асосии ҷалби инвесторони хориҷӣ дар соҳаи куҳкорӣ гардид. Интизор аст, ки коди нав дар асоси намунаи санадҳои меъёрии Австралия қабул карда шуд, ки аз 1-уми январи соли 2018 ҳукми қонунӣ пайдо кард ва дастрасӣ ба маълумотҳои геологӣ, баҳодиҳии захираҳо ва гирифтани иҷозатномаҳои лозимиро осон гардонид.

   Дар соли 2013 Ҳукумати Қазоқистон изҳори омодагӣ оид ба дастгирии махсуси истеҳсолоти саноати кӯҳиро баён намуда, қайд кард, ки барои корҳои иктишофӣ 1,08 млрд доллари ИМА ҷудо менамояд, ки он барои шаш сол (то соли 2019) нақшабандӣ карда шуда буд. Ғайр аз ин, ҳукумати ин кишвар барномаи истихроҷи дукаратаи канданиҳои фоиданокро барои солҳои 2010-2014 амалӣ карда буд. Ин ташаббусҳои Остона ба ҷалби сармоягузорони хориҷӣ мусоидат намуд: консерни австралиягӣ-британии “Rio Tinto” барои иктишофи мис дар Ҷумҳурии Қазоқистон 100 млн. доллари ИМА ҷудо намуд. Дар ин самт, ширкатҳои швейтсарии “Glencore” ва австралиягии “Iluka Resources” таҷрибаи хуби ҳамкориро бо Қазоқистонро доро буда, бо дарназардошти сабукиву шароитҳои хуби ивесттитсионӣ дастовардҳои хуби моливу моддиро соҳиб шуданд.

   Мутобиқи ҳисоботи Бонки умумиҷаҳонӣ «Doing Business 2016» дар соли 2015 Ҷумҳурии Қазоқистон дар байни 189 кишварҳои ҷаҳон ҷои 41-умро соҳиб шуд ва ба руйхати даҳгонаи давлатҳое, ки назар ба соли қаблӣ пешрафт кардаанд, дохил карда шуд. Дар доираи ин ҳисобот, самти афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои минбаъд модернизатсия ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ арзёбӣ карда шудааст.

   Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иқтисоди Ҷумҳурии Қазоқистон аз бахши саноати куҳӣ ва ду ҳамкори тиҷоратиаш – Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии халқии Хитой сахт алоқаманд аст, ки сиёсати хариди ашёву мащсулоти хом аз ҷониби ин давлатҳо, рушди саноати куҳии Қазоқистонро то андозае муайян мекунад. Ба ақидаи коршиносон ин алоқамандиҳо рушди иқтисодиёти ин кишварро дар солҳои 2014-2015 то андозае суст намудааст. Ҳукумати Қазоқистон ин масъаларо ба таври ҷиддӣ пайгирӣ намуда, кушиши беандоза барои диверсификатсияи иқтисоди худ, тариқи сармоягузорӣ ба соҳаи нақлиёт, фармасевтика, телекоммуникатсия ва ғайраро пеш гирифтааст.

   Новобаста аз боигариҳои беканори канданиҳои фоиданоки дар ҳудуди Қазоқистон мавҷудбуда, стратегияи пешгирифтаи ин кишвар вобаста ба рушди саноати куҳӣ, коркади канданиҳои фоданок ба таври кофӣ роҳандозӣ карда нашудааст.   

   Ба таври кулл, таҳлилу таҳқиқҳо нишон медиҳанд, ки рушди босуботу дастовардҳои назаррас ва воридшавии мустақими сармоягузорони хориҷӣ ба соҳаи саноати куҳӣ ва коркарди канданиҳои фоиданок дар Қазоқистон, зарурияти омӯзиши амиқи стратегияи ин кишварро дар  ин соҳаи афзалиятнокро ба миён меорад. Зеро дар муқоиса бо ин кишвар, дар Тоҷикистон ҳамаи элементҳои системаи даврии Менделеев мавҷуд буда, дар натиҷаи тадбиқи моделҳои натиҷабахши иқтисодии кишварҳои муввафақ дар шароити кишвари мо, дурнамои рушди босуботи саноати куҳии Тоҷикистон дар назар аст.

 

Зиёвудин ҚУРБОНОВ,

мудири устохонаи таҷрибаомӯзӣ-таълимии

муассисаи давлатии таълимии коллеҷи куҳии

ба номи С. Юсуповаи назди ДКМТ

 

   Адабиёт ва маводҳои истифодашуда:

Australian Trade and Investment Commission, 2016. Mining to Kazakhstan. Available from:www.austrade.gov.au/Australian/Export/Export-markets/Countries/Kazakhstan/Industries/Mining

Central Intelligence Agency, 2016. The World Factbook: Kazakhstan. Available from: www.cia.gov/library/publications/the-world-factbook/geos/kz.html

Engineering and Mining Journal, 2011. Kazakhstan – not just another ‘Stan’. Available from: www.e-mj.com/index.php/features/796-kazakhstannot-just-another-stan.html

US Geological Survey, 2016. 2013 Minerals Yearbook: Kazakhstan [online]. Available from: minerals.usgs.gov/minerals/pubs/country/2013/myb3-2013-kz.pdf

 

БОЗГАШТ