ОМИЛҲОИ ҶАЛБИ САРМОЯИ МУСТАҚИМИ ХОРИҶӢ ДАР СИНГАПУР

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

Сингапур пас аз дарёфти истиқлолият яке аз кишварҳои қафомондаи ҷаҳон ба ҳисоб мерафт. Ҳатто дар кишвар институти давлатдорӣ, сарватҳои табиӣ, заминҳои кишоварзӣ ва оби нушокӣ набуд. Дар баробари он ба дигар мушкилотҳои беруна рӯ ба рӯ буд. Иқтидори иқтисодии он танҳо мавқеи хуби ҷуғрофӣ, яъне даромад аз роҳҳои баҳрии гулугоҳи Малак муайян мекард. Барои бартараф намудани мушкилотҳои зикргардида, кишвар ба самти ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ таваҷҷуҳи хоса намуд. Дар натиҷаи он яке аз марказҳои ҷолибтарини минтақавӣ барои сармоягузории мустақими хориҷӣ гардид. Дар айни замон давлати рушдёфтаи минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва ҷаҳон мебошад.

Сингапурро бо туфайли фазои мусоиди кафолати ҳуқуқӣ, андозбандии мусоид, имтиёзҳо, инноватсия ва минтақаи озоди иқтисодӣ, ки яке аз ҷузъи сиёсати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ мебошад, зери омӯзиш қарор медиҳем. Дар Сингапур танзими ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ барои осонии шароити сармоягузорӣ ба воситаи коҳиш додани давомнокии расмиёт, коҳиш додани вақти бақайдгирии тиҷорат то як соат ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ муқаррар шудааст. Сиёсати сармояи мустақими хориҷӣ ба либерализатсионии рушди сармоягузорӣ нигаронида шудааст. Дар Сингапур дастгирии иттилоот оид ба роҳнамоӣ ва ҳавасмандкунии фаъолияти сармоягузорӣ ба воситаи платформаи “Алоқа бо Сингапур” (Contact Singapore) амалӣ карда мешавад. Платформаи “Алоқа бо Сингапур” яке аз муассисаи ҳукуматии кишвар буда, вазифаи асосии он ҷалби сармоягузорӣ мебошад. Сармоягузорони хориҷӣ дар кишвар аз рӯи принсипи “равзанаи ягона” фаъолият мекунанд, ки он бо мақсади барқарор намудани робита бо мақомоти давлатӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ сохта шудаанд. Инчунин омбудсмени сармоягузорӣ дар кишвар мавҷуд буда, мақсади асосии он хифзи ҳуқуқи манфиатҳои сармоягузорон ва баррасии масъалаҳои мушкилоти фаъолияти сармоягузорӣ мебошад.

Ҳавасмангардонии молиявӣ барои дастрасии сармоягузорон тавассути барномаҳои дастгирии корхонаҳои навтаъсис, ки ҳукумати Сингапур барои ҳар як 3 сармоягузор 7 доллари сингапурӣ пардохт менамояд. Сиёсати андозбандии Сингапур- андоз аз даромад 17% (даромад зиёда аз 300 000 доллари сингпурӣ) ва 9% муқаррар шудааст.[1] Низоми андозбандӣ яке аз сиёсати муваффақи кишвар ба ҳисоб меравад. Дар Сингапур соли 2008 системаи ягонаи андозбандии тиҷоратиро ҷорӣ намудаанд, ки дар он даромад танҳо дар сатҳи ширкат андозбандӣ карда мешавад. Даромад аз ширкатҳое, ки шаҳрвандони Сингапур мебошанд, аз андоз комилан озод карда шудаанд. Омили ҳалкунанда, ки рушди бомуваффақияти иқтисодии Сингапурро таъмин менамояд ин пеш аз ҳама дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо сатҳи баланди иштироки давлат мебошад. Назорати саҳмияҳои ширкатҳои пешбарандаи Сингапур дар ихтиёри давлат мебошад. Моликияти давлатӣ дар ҳама бахшҳо аз ҷиҳати стратегӣ нақши муҳим дорад.

Дар айни замон дар Сингапур низоми андозбандӣ амал мекунад, ки барои ҷалби сармоягузорони байналмилалӣ, бебоҷ интиқол додани фоида аз баргардонидани сармоягузориҳо, озод намудани андоз аз фоизҳо ва аз пасандозҳои бонкӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки муваққатан дар Сингапур иқомат доранд, аз андозбандии дукарата озод карда шудаанд. [2]

Намудҳои алоҳидаи андозбандӣ:[3]

Андоз корпоративӣ аз даромад

17%

Андоз аз фоидаи сармоя

0%

Андози даромад:

  • Дивидендҳо
  • Даромад аз фурӯши активҳо
  • Пардохт барои патент, ноу-хау ва ғ.
  • Интиқолӣ пул

 

0%

15%

10%

0%

Меъёри андоз барои шахсони воқеъӣ

0-20%

Боҷҳои воридотӣ

7%

 

Дар Сингапур қарздиҳии имтиёзнок ё бо фоизҳои паст барои харидани таҷҳизоти истеҳсолӣ дода мешавад.

Минтақаҳои озоди иқтисодии Сингапур як намунаи муваффақ бо истилоҳи “нуқта”-и озод мебошад, ки ба содироти мол нигаронида шудааст. Ҳукумати Сингапур барои ба содирот нигаронидани маҳсулот як қатор минтақаҳоро минтақаҳои саноатӣ эълон карда, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ имкониятҳои хуб пешниҳод намудааст.

Ҳамин тариқ, дар сиёсати сармоягузорӣ самтҳои дар боло зикршуда, яке аз хусусиятҳои асосии маваффақияти Сингапур ба ҳисоб меравад, ки тавассути ҷалби сармоягузорон дар соҳаҳои афзалиятноки стратегӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Омӯзиши истифодаи таҷрибаи он ба мисли кишварҳои рӯ ба тариққӣ аз ҷумла барои Тоҷикистон муҳим мебошад.

 

Соҳиби Баҳруло,

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва

Сангинзода Мавзуна,

магистранти соли дуюми Институт

 


[1] Налоговое сопровождение сингапурской компании [Манбаи электронӣ] URL:http://chinawindow.ru/offshores/singapore/tax/

[2] Соҳиби Б. Омилҳо ва роҳҳои рушди минтақаи озоди иқтисодии Сингапур// маҷаллаи  Осиё ва Аврупо №4, (12) 2022 с-166-67 [Манбаи электронӣ] URL:https://www.osiyoavrupo.tj/majalla-pdf/2022-4

[3] Singapore Economic Development Board (Шӯрои рушди иқтисодии Сингапур) [Манбаи электронӣ] URL:https://www.edb.gov.sg/

БОЗГАШТ