Ҳиндустон яке аз кишварҳое ба шумор меравад, ки дар он намояндагони тамоми дину мазҳаб зиндагӣ мекунанд. Мардуми ин сарзамин мамлакаташонро аз ҷиҳати рушди демократия дар ҷойҳои аввал мешуморанд. Бо вуҷуди ин дар 28 штати кишвар бо забонҳои гуногун суҳбат мекунанд ва агарчи аз тарафи ҳукумат сиёсати хуби забонӣ бурда шавад ҳам, на ҳама вақт муяссар мешавад, ки донандагони гуногуни забон бо ин сиёсат сад дар сад розӣ бошанд.
Агарчи масъалаҳои сиёсати забонӣ то андозае ҳал шуда бошанд ҳам, масъалаи динҳои гуногун дар Ҳиндустон ташвишовар мебошад. Дар Ҳиндустон қариб 200 миллион мусулмон зиндагӣ мекунад. Аз рӯи шумораи аҳолии мусулмоннишин Ҳиндустон дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм (баъди Индонезия ва Покистон) меистад.
Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки аввалин мусулмононе, ки ба Ҳиндустон сафар кардаанд, тоҷирон ва сайёҳон буданд, ки сарвату зебоии манзараҳои ин сарзамин онҳоро ба ваҷд оварда буд. Баъд аз тарафи мусулмонони сулолаҳои гуногун (ғуриҳо, ғазнавиҳо, хилҷиҳо, баҳманиҳо, туғлакҳо,) ба ин ҷо тохтутозҳои ҳарбӣ бисёр буданд ва аксарияташон шикаст ҳам хӯрда буданд. Лекин дар таърих нашъунамои дини исломро дар Ҳиндустон асосан ба ҳукмронии сулолаи муғулҳо вобаста медонанд. Сулолаи муғулҳои бузург дар Ҳиндустон на фақат забони форсиро паҳн карда буданд, балки дар ин вақт бисёре аз ҳиндуҳо дини мубини исломро пазируфтанд. Агарчи баъди ҷудо шудани Ҳиндустону Покистон дар соли 1947 бисёре аз аҳолии мусулмони Ҳиндустон ба тарафи Покистон гузашта бошанд ҳам иддаи зиёди пайравони дини ислом дар Ҳиндустон монда буданд ва то ҳанӯз хеле зиёданд. Ҳатто аз рӯи дараҷаи афзоиши шумораи аҳолӣ мусулмонон дар сафи пеш қарор доранд.
Дар байни Ҳиндустону Покистон масъалаи аз ҳама тезутунд ва ҳалталабе, ки дар тӯли даҳсолаҳо ҳалли худро наёфта истодааст, ин проблемаи Кашмир мебошад. Дар солҳои охир кишвари Покистон ба ин масъала розӣ аст, ки Кашмир бояд роҳи ҳалли мушкилиро худаш ёбад. Азбаски аҳолии Кашмирро асосан мусулмонҳо ташкил медиҳанд, дар ин акс масъала ба манфиати Покистон ҳал хоҳад шуд. Барои ҳамин қариб ки ҳар сол байни Ҳиндустону Покистон вобаста ба масъалаи Кашмир зиддиятҳои тезутунд ба вуқӯъ мепайванданд.
Дар масъалаи дохилии сиёсати Ҳиндустон доир ба вазъияти мусулмонон дар ин кишвар, Покистон бисёр дахолат намекунад. Агарчи ҳиндуҳо ва мусулмонони Ҳиндустон асосан бо ҳам ҳисси бадбинию ҳамдигарнофаҳмӣ надошта бошанд ҳам, сиёсати баъзан нофаҳмо ё ангезаҳою ҷудоиандозиҳои як қабил гурӯҳҳо ва одамон ба ҷанҷолу кашмакашиҳои беҳуда оварда мерасонанд.
Масалан, қабули илова ба «Қонун дар бораи шаҳрвандӣ» боиси норозигии мусулмонони ин кишвар гардид. Дар қонуни мазкур сабт гардидааст, ки фирориёни ғайримусулмони давлатҳои Бангладеш, Афғонистон ва Покистон, ки барои эътиқоди динию мазҳабиашон зери фишору таъқиб қарор дода, ба Ҳиндустон ҳиҷрат кардаанд, метавонанд соҳиби статуси шаҳрвандӣ гарданд.
Бисёре аз коршиносон бар он акидаанд, ки додани бартарӣ мувофиқи аломат ё нишонаи динӣ сиёсати ҳукумати Ҳиндустонро ҳамчун давлати дунявию демократӣ зери шубҳа мегузорад.
Моҳи декабри соли гузашта (11-уми декабр, 20019) баъди қабули илова ба «Қонун дар бораи шаҳрвандӣ» намоишҳои эътирозӣ дар штатҳои гуногуни Ҳиндустон инчунин дар пойтахти мамлакат шаҳри Деҳлӣ авҷ гирифтанд. Мувофиқи расонаҳои хабарӣ 53 нафар ба ҳалокат расида, садҳо нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд ва инчунин теъдоди зиёди одамон ба ҳабс гирифта шуданд. Ташаббускори ин қонун Ҳизби Халқии Ҳиндустон (Бхаратийа Ҷаната Парти) буд. Агарчӣ баъзе аз бошандагони Ҳиндустон ин қонунро ҳамчун поймол кардани ҳуқуқҳои башарии пайравони дини ислом фаҳманд, дигарҳоро муҳоҷирати пуршиддати муҳоҷирон ба Ҳиндустон ба ташвиш овардааст, чунки сатҳи бекорӣ ва камбизиотӣ дар ин кишвар хеле зиёд аст.
Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар низ ин қонунро дискриминатсионӣ (поймол кардани ҳуқуқ) мешуморанд. Онҳо мегӯянд, ки ҳамаи муҳоҷирон барои ҳуқуқ ба ҳимоя ва дастгирӣ доранд. Созмони Милали Муттаҳид кушишҳои Ҳукумати Ҳиндустонро барои ҳимоя кардани одамоне, ки зери таъқиб қарор доранд, дастгирӣ мекунад, лекин чунин чораҳо бояд мувофиқи риояи қонунгузории кишвар сурат гиранд ва риояи ҳуқуқи тамоми муҳоҷирон ба назар гирифта шавад.
Сарвазири Ҳиндустон Раҷендра Модӣ ба халқ муроҷиат карда изҳор намуда буд, ки ин қонун танҳо барои ақаллиятҳое, ки дар кишварҳои Бангладеш, Афғонистон ва Покистон ҳастанд тааллуқ дорад. Барои ҳамин, дар қонун қайд карда шудааст, ки шаҳрвандони ғайримусулмони ин мамлакатҳо, чунки мусулмонҳо дар ин кишварҳо ақаллиятро ташкил намедиҳанд.
Лекин мунаққидони қонун низ чунин мешуморанд, ки он зидди мусулмонон равона шудааст ва бо ҳамин ҳуқуқи мусулмононро поймол мекунад.
28 июни соли 2020 рӯзномаи «Хиндустан Таймз» (Hindustan Times) мақолаеро чоп намуд, ки дар он омадааст, ки Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар озод кардани иштирокчиёни намоишҳои эътирозиро, ки баъди қабули «Қонун оид ба шаҳрвандӣ» барои ҳуқуқҳои худ мубориза бурданд тақозо дорад. Коршиносони СММ қайд мекунанд, ки аксарияти эътирозгарон донишҷӯён мебошанд. Инчунин Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар қайд мекунад, ки ба ҳабс гирифтани иштирокчиёни намоишҳи эътирозӣ маънои онро дорад, ки ҳуқуқи озодии сухан дар Ҳиндустон риоя намешавад.
Аз як ҷиҳат агар ин қонун барои ҳимояи ҳуқуқи инсон равона шуда бошад, аз тарафи дигар он зиёд нофаҳмиҳоро дар ҳудуди кишвар ба вуҷуд овард.
Нигина Душанбиева,
ходими илмии Институт