Муаллиф: Соҳиби Баҳруло
Ҳудудҳои қитъавӣ ва ҷазиравии байни Ҳиндустон, Чин ва Австралияро минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ меноманд. Ҳамзамон нимҷазираи Ҳиндухитой, галаҷазираҳои Малай ва қисми осиёгии ҳавзаи уқёнуси Оромро ҳамчун минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мешиносанд. Дар мафҳуми сиёсӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (ОҶШ) фарогирандаи сарзаминҳои ёздаҳ давлати мустақил мебошад, ки ба ду гурӯҳ - қитъавӣ ва ҷазиравӣ ҷудо карда мешаванд. Ба гурӯҳи давлатҳои қитъавӣ - Ветнам, Камбоҷа, Лаос, Мянма, Таиланд, Малайзия ва ба гурӯҳи давлатҳои ҷазиравӣ - Сингапур, Индонезия, Бруней, Тимори Шарқӣ ва Филипин шомил мебошанд. Қисмати ҷанубии нимҷазираи Малака ва қисмати шимолии ҷазираи Калимантанро (Борнео) Малайзия ишғол намудааст. Ҳамчунин ҳудудҳои кишварҳои Мянма, Таиланд, Лаос, Камбоҷа, Ветнам ва Малайзияро минтақаи Ҳиндухитой ном мебаранд ва кишварҳои ҷазиравӣ бошанд таҳти номи кишварҳои Нусантарӣ машҳуранд. Дар фаҳмиши ҷуғрофӣ ба минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ инчунин кисми шарқии Бангладеш, қисми шарқии Ҳиндустон (ҳафт хоҳарон дар қисми шарқии дарёи Браҳмапутра) ва қисми ҷанубии Чин дохил мешаванд. [1]
Бояд иброз кард, ки яке аз омилҳои рушди кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ин ҳамгироӣ дар доираи созмони минтақавӣ, Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад. Имрӯз Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бузургтарин блоки иқтисодӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад, ки аҳолии он тақрибан 600 миллион нафар ва ММД 1,5 триллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва яке аз иқтисодиёти босуръат ва рушдёбандаи даҳ давлати узви ин созмон, ки қариб дар тамоми соҳаҳо ҳамкорӣ мекунанд, рушд намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (минбаъд АКОҶШ-АСЕАН) (англ. Association of South East Asian Nations) як созмони байниҳукуматии минтақавӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии байни кишварҳо дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад. ASEAN 8 августи соли 1967 дар Бангкок бо имзои Эъломияи ASEAN, маъруф ба Эъломияи Бангкок таъсис ёфтааст. Шиори АСЕАН: "Як дидгоҳ, як шахсият, як ҷомеа" мебошад. Ба он созмон чунин давлатҳо дохил мешаванд: Индонезия, Малайзия, Сингапур, Таиланд, Филиппин, баъдан Бруней Даруссалом (аз 7 январи соли 1984), Ветнам (аз 28 июли соли 1995), Лаос ва Мянма (аз 23 июли соли 1997), Камбоҷа (аз 30 апрели соли соли 1999). Папуа-Гвинеяи Нав мақоми махсуси нозир дорад. [2]
Эъломияи Бангкок дар бораи таъсиси АСЕАН ҳадафҳои зерини қонуниро муайян кард:
Мархалаи сифатан нави инкишофи рушди ҳамгироӣ дар доираи панҷ давлатҳои аъзои Ассотсиатсия дар соли 1976 ин қабули Декларасияи ризоият ва Барномаи амалиёт дар Саммити Бали буд. Созишномаву ҳуҷҷатҳо чаҳор ҷанбаи ҳамкории мутақобилаи иқтисодиро муайян кард:
Иқтисодиёти кишварҳои узви АСЕАН дар тӯли даҳсолаҳои охир дар рушди бо суръати иқтисодӣ, сиёсати мутавозуни макроиқтисодӣ, тиҷорати озод, сармоягузорӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои кишварҳои пешрафта, ба даст оварданд. То инҷониб дар сохторҳои иқтисодии давлатҳои АСЕАН тағйиротҳо дар соҳаҳои хизматрасонӣ ва саноат ба таври назаррас афзоиш ёфтанд. Тағйирёбии сохтори иқтисодӣ инчунин дар содироти АСЕАН инъикос меёбад. Дар соли 1975 молҳои саноатӣ камтар аз 18% содироти АСЕАН -ро ташкил медоданд. Аммо то соли 1991 ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ зиёда аз 63 фоизи ҳаҷми умумии содироти минтақа расид.
Нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодии кишварҳои ОҶШ ин аз содироту воридот вобастагӣ доранд. Яке аз омилҳои дигари рушди давлатҳои минтақа ин ҷойгиршавии минтақа, яъне мавқеи ҷуғрофӣ, баромад ба баҳр ва инчунин захираҳои табиии онҳо мебошад. Асоси рушди иқтисодии минтақа ин захираҳои табиии онҳо буда, 80% каучуки табиӣ дар истеҳсолоти ҷаҳонӣ, 60% тунукаю копра (таҷҳизот барои истифодаи канданиҳои фоиданок), 90 % ришта, 50 %-ро кокос, равғани хурмо (палма) ва биринҷ ташкил мекунанд.
Дар айни замон иқтидори иқтисодии давлатҳо на танҳо аз ҳисоби рушди саноати истихроҷи маъдан ва соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ доранд, балки аз ҳисоби таъсиси саноати бофандагии сабук, либос, пойафзол, саноати металлургияи вазнин, кимиё, мошинсозӣ ва истеҳсоли таҷҳизоти саноатӣ, инчунин истеҳсоли нахҳои синтетикӣ, ки ба онҳо хизмат мерасонанд, фаъолият мекунанд. Сармоягузорӣ асоси рушди иқтисодиёти минтақа буда, сармоягузорони асосии давлатҳои ОҶШ ин ИМА, Чин, Ҷопон, Ҳонконг, Ҷумҳурии Корея, Британияи Кабир ва Олмон мебошанд.
Яке аз омилҳои дигари рушди давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Сайёҳӣ як самти муҳим барои кишварҳои узви АСЕАН аст, на танҳо аз ҷиҳати истеҳсол ва тақсимоти даромади асъор, балки он як василаи нишон додани гуногунрангӣ ва ғании фарҳангҳо ва анъанаҳои гуногуни халқҳои давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад. Сарфи назар аз буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ дар соли 2009, соҳаи сайёҳӣ барои кишварҳои АСЕАН даромади назаррасро дод.
Рейтинги баланди эътимоднокӣ ва имтиёзҳои андозбандии ширкатҳои сайёҳӣ дар минтақа чунинанд: сифати хуби хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо; мавҷуд будани кормандони ботаҷриба; барномаҳои хуб дар соҳаи сайёҳӣ, ки барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ равона шудаанд.
Афзоиши фаъолияти сайёҳӣ дар кишварҳо ин:
Омили дигари рушди минтақа ин соҳаи кишоварзӣ аст. Соҳаи кишоварзӣ дар иқтисодиёти АСЕАН нақши калидӣ мебозад. Кишварҳои АСЕАН содиркунандагони асосии маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори ҷаҳонӣ мебошанд. Маҳсулоти содиротии кишоварзӣ аз давлатҳои ОҶШ, асосан аз Малайзия равғани хурмо, резин ва равғани кокос аз Филиппин ва Таиланд бошад ғалла ва биринҷ мебошад.
Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ (минбаъд МОИ) яке аз омилҳои рушди минтақа ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи он чунин соҳаҳо рушд намуданд: соҳаи технология; навсозии соҳаи саноат; такмили ихтисосҳо; қувваи корӣ ва диверсификатсияи иқтисодии давлатҳо.
Асосии маҳсулоти МОИ-ро ин IT-(техналогияи иттилоотӣ)-42%, дорусозӣ ва биотехнология- 24 %, электроника ва иттилооти муҳандисии шабакавӣ-14 %-ро дар бар мегирад. Дар ҳудуди МОИ зиёда аз 3 ҳазор корпоратсия ва 25 ҳазор филиалҳои ширкатҳои хориҷӣ ҷойгир шудаанд. Таҷрибаи коршиносон ва дастрасӣ ба пойгоҳи нави технологӣ барои ҳалли самараноки вазифаҳо оид ба рушди стратегии кишварҳои минтақа кӯмак мерасонад. [4]
МОИ дар минтақа соли 1988 оғоз шуда буд, ки байни давлатҳои сегона, яъне Сингапур, Малайзия ва Индонезия оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ созишнома ба имзо расид. Соли 1996 дар доираи созишномаи сегона минтақаҳои нав дар иёлоти дигари Малайзия 3-то ва Индонезия 6-то дохил карда шуд. Борои васеъшавии масоҳати умумии сегона “Минтақаи Рушди Ҷанубӣ” номгузорӣ шуда буд, инчунин истилоҳи "афзоиши сегона" аксар вақт истифода карда мешавад. Дар “Минтақаи Рушди Ҷанубӣ” дар умум бо ҳудуди 334 ҳазор км2 ва бо аҳолии 35 миллион нафар мебошад. [5]
Ҳадафи “Минтақаи Рушди Ҷанубӣ” густариш ва таҳкими робитаҳои иқтисодии минтақа, вобастагии мутақобилаи се кишвар мебошад. Ин намунаи минтақаи озоди иқтисодии наздисарҳадӣ ҳамчун қаламравест, ки минтақаҳои наздисарҳадии 3 кишварро дар бар мегирад, ки барои ҳавасмандгардонии рушди иқтисодии онҳо дар асоси сиёсати имтиёзнок, субсидияҳои молиявии давлат, бахши тиҷорати хусусӣ ва таъмини инфрасохтори муносиб барои амалӣ намудани ҳадафҳои дарозмуддати макроиқтисодӣ, мебошад.
Дар умум “Минтақаи Рушди Ҷанубӣ” як намунаи хуби минтақаи наздисарҳадӣ мебошад, ки барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти минтақаҳои иштироккунанда тавассути истифодаи афзалиятҳои муқоисавӣ ва инчунин минтақаи хуби ҷуғрофӣ ва вобастагии баланди иқтисодиро дорост. Натиҷаҳои воқеӣ дар соҳаҳои рушди инфрасохтор, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба даст омадаанд. Минтақаи Рушди Ҷанубӣ соли 1993 васеъ шуд ва давлатҳои аъзои АСЕАН-ро дохил карданд.
Омили асосии рушди давлатҳои минтақа ин таъмини имтиёзҳо барои сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ мебошад. Давлатҳо чунин имтиёзҳоро ҷорӣ намуданд:
Низоми самараноки андозбандӣ дар Сингапур, Малайзия, Индонезия ин системаи ягонаи андозбандии корпоративӣ амал менамояд, ки ягона восита барои идоракунии иқтисод дар шароити бозоргонӣ мебошад. Даромад танҳо дар соҳаи корпоративӣ андозбандӣ карда мешавад. Ҳамзамон, дивидендҳое, ки муассисони резидентӣ мегиранд, аз андозбандӣ комилан озод карда мешаванд ва инчунин даромад аз манбаи ширкатҳои ғайрирезидентие, ки дар Сингапур ва Малайзия фаъолият менамоянд, аз андозбандӣ озод карда мешаванд.
Муҳимтарин омили рушди Осиёи Ҷанубу Шарқӣ барои саноаткунонии кишварҳои минтақа ин нақши фаъоли сармояи хориҷӣ ва ширкатҳои фаромиллӣ мебошад. Дар робита бо ин, роҳбарияти ин давлатҳо чунин сиёсатро пеш гирифтаанд:
а) дастгирии ҳуқуқҳои моликияти давлат ва ширкатҳои хориҷӣ;
б) сиёсати ҳамаҷониба оид ба ҳавасмандгардонии сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ;
в) таъсиси минтақаҳои содиротӣ-истеҳсолӣ ва минтақаҳои озоди тиҷоратӣ бо пешниҳоди афзалиятҳои андоз ва молиявӣ.
Ҳамин тариқ, омилҳои рушди кишварҳои ОҶШ дорои хусусиятҳои муайян мебошанд. Омилҳои тараққиёти кишварҳои ОҶШ аз чанд ҷанбаи муҳим иборат аст, ки ба таври хулоса метавон онро чунин баён намуд:
Аз ин рӯ, истифодаи таҷрибаи роҳҳои рушди гуногуни кишварҳои ОҶШ-ро баҳри рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ махсусан Тоҷикистон истифода бурд.
Соҳиби Баҳрулло,
докторант ва ходими хурди илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
[1] Қудратзода.К.Ф., Ниёзӣ.Ё.Б. Осиёи Ҷанубу Шарқӣ вазъи динӣ ва мазҳабӣ. ш. Душанбе 2021 “ҶДММ Суфра” 142 саҳ-3
[2]The ASEAN Magazine, June 2020, p.49. By Novia D. Rulistia: https://asean.org/my-asean/
[3] THE ASEAN DECLARATION (BANGKOK DECLARATION) BANGKOK, * AGUSTUS 1967 https://agreement.asean.org/media/download/20140117154159.pdf
[4] Костюнина, Г. М. Регулирование трудовых отношений в свободных экономических зонах развивающихся стран // Труд за рубежом. –2009. – № 1. – С. 67–79
[5] Tan Yu Hui, R. Singapore’s Untapped Hinterlands: Opportunities and
Obstacles? Monetary Authority of Singapore / R. Tan Yu Hui. – Putrajaya Singapore, 2013.
[6] Deden Tarmidi, Nurlis. Comparative Study of Tax Services in ASEAN Countries https://hrmars.com/papers_submitted/6140/Comparative_Study_of_Tax_Services_in_ASEAN_Countries.pdf