Осиё. Арзишҳои минтақавӣ ва аҳамияти ҳамкориҳо

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Амну субот воситаи ягонаи рушди Осиё  - қораи бузуртарини ҷаҳон мебошад. Устувории рушди минтақа ва равобити тиҷоратӣ ба суботи минтақавии он вобастагии комил дорад, яъне вазъи геополитикӣ, суботу амният ва ҳамкорӣ барои рушди иқтисодию тиҷоратии минтақаҳои қора, хусусан Осиёи Марказӣ, муҳим арзёбӣ мегардад. Мавриди зикр аст, ки арзишҳои Осиёро шоирон ва нависандагони бузург, ба мисли Муҳаммад Иқбол ва Мирзо Турсунзода низ хуб дарк намуда, аҳамияти стратегии минтақаро дар шеъру достонҳояшон равшану возеҳ баён кардаанд.
Минтақашиносон қитъаи Осиёро ба ҳудудҳои ҷуғрофии Осиёи Шарқӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ғарбӣ, Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҷудо кардаанд. Бештари аҳолии Осиё дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ сукунат дорад. Осиёи Ҷанубӣ аз лиҳози ҷуғрофӣ бо Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, Ховари Миёна ва уқёнуси Ҳинд пайвандӣ дорад. Дар ин минтақа кишварҳои Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Малдив, Непал, Покистон ва Шри - Ланка ҷойгиранд. Шумораи аҳолии минтақа беш аз 1 миллиарду 785 миллион нафар мебошад, ки 22% - и аҳолии дунёро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар муддати кӯтоҳи раҳоӣ аз юғи мустамликадорон кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ  бо нишон додани натоиҷи назарраси  сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тавонистанд аъзои фаъоли созмону форумҳои муътабари ҷаҳонӣ гашта, дар аксари барномаҳои ҷаҳонию минтақавии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ саҳми чашмрас дошта бошанд. Созмони ҳамкории минтақавӣ (SAARC) муҳимтарин форуми пайвандгари минтақавист, ки бар асоси рушду нумӯи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии минтақа таъсис ва ташкил шуда, то имрӯз фаъолият менамояд.
Дар натиҷаи фурӯпошии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои Осиёи Миёна  истиқлолият ба даст оварда, чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Онҳо барои рушди минтақавӣ қадамҳои нахустини худро гузоштанд ва ҳамкориро бо кишварҳои дигари қора, хусусан Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳон оғоз карданд. Дар натиҷа, байни  давлатҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ созишномаҳои дуҷониба ва чандҷониба, аз ҷумла бо Ҳиндустону Покистон, ба имзо расиданд, ки ба манфиати рушди ҳамаи кишварҳо мебошанд. Созишномаҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои интиқоли неруи барқ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ - CASA-1000 (Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон) ва интиқоли газ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ - TАPI (Туркманистан, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) аҳамияти азими иқтисодию иҷтимоии байниминтақавӣ доранд ва дар рушди тиҷорати минтақавию ҷаҳонӣ кумак мерасонанд.
Мутаассифона, бо вуҷуди доштани чунин тавоноиҳо ва имконот, ҳанӯз мушкилоте мавҷуданд, ки монеаи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоии минтақа мешаванд. Мавҷудияти хатар ва набудани амнияту субот дар минтақа имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар ҳамин ҳол, бештари аҳли сиёсат, иқтисод ва фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба ин назаранд, ки бо истифода аз адолат ва рушди ҳамкориҳои минтақавию фароминтақавӣ метавон амният ва сулҳро ба даст овард ва робитаҳоро беҳтар истеҳком бахшид.
 Афғонистон марказ ва пули иртиботиест, ки Осиёи Миёнаро бо Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Ғарбӣ пайваст кардааст. Лиҳозо, амну субот дар Афғонистон омили фарохии ҳамаи Осиё буда, фасоду касоди он минтақаро ба чолишҳову хатарҳо оварда мерасонад. Ба қавли Иқболи Лоҳурӣ:
Осиё як пайкари обу гил аст,
Миллати афғон дар он пайкар дил аст.
 
Бо ҳамаи ин пасту баландиҳо ва чолишу хатарҳо саволе ба миён меояд: оё суботу амнияти Осиёи Миёна метавонад барои таҳкими муносибатҳои минтақавӣ кумак бирасонад, то пули тиҷоратии ин минтақа устувор ва рушд боқӣ монад?
Коршиносон бар ин назаранд, ки бештари барномаҳои умдаи Созмони ҳамкории минтақавӣ (SAARC) мукаммал иҷро намешаванд ва баъзеи онҳо ба ислоҳоти шадид зарурат доранд.
Муассисон, роҳбарон ва аҳолии минтақа ин созмони SAARC-ро муҳим ва стратегӣ эътироф карда, бовар доранд, ки фарҳанг, расму оин ва димломатияи мардумии муштарак метавонанд барои зиндагии хубу муносиби сокинони минтақа заминаи мустаҳкам фароҳам оранд.
Коршиносон ва таҳлилгарон арзишҳои Осиёи Ҷанубиро дар рушд ва суботи минтақавӣ дониста, пешниҳод менамоянд, ки давлатмардони кишварҳои минтақа аз стратегияи инсонгароии “афзоиши тиҷорат”, “коҳиши ҷангу ҷаҳолат”, “ҳамдиливу ҳамзабонию фароғат ” кор гирифта, тавассути он поя ва сутуни рушди устувор ва амниятро дар минтақа фароҳам оваранд, то тавонанд муштаракона минтақаро ба як маркази нави тиҷоратӣ, саёҳативу саноатии Осиё ва ҷаҳон табдил диҳанд.
Хулоса, минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дорои стратегияи ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва иқтисодист ва ҳамкорию пайванди он бо давлатҳои Осиёи Миёна муҳим арзёбӣ шуда, омили рушди иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, субот ва амният буда метавонад, зеро оромӣ ва ҳамкорӣ омили суботи равонӣ ва рӯҳии тамоми мардумони минтақа буда, барои рушду нумӯи иқтисоду фарҳанги минтақа заминаи устувор ба вуҷуд меоварад.
 
Мирсаид Раҳмонов,
таҳлилгари шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва
Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
 
Манбаъ: https://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=42984
 
 
 

БОЗГАШТ