Осиё: Қитъаи калонтарини дунё ё минтақае дар ҳоли рушд

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Қитъаи Осиё калонтарин қитъаи рӯи дунё ба ҳисоб рафта, дар он 45 давлати соҳибистиқлол воқеъ гардидааст. Осиё ба 6 минтақаи асосӣ тақсим мегардад, ки ҳар яки он саҳм ва мақоми хосаи худро доранд ва аз ҳар ҷиҳат аз якдигар тафовут доранд. Масоҳати Осиё 44,4 млн. км2 буда, аҳолиаш 4,2 миллиард нафар мебошад. Дарозии сарҳад аз Шимол ба Ҷануб 10,5 ҳазор км буда, аз Ғарб ба Шарқ 12,5 ҳазор км-ро ташкил медиҳад. Қитъаи Осиё таърихи қадима дорад ва агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, мебинем, ки аввалин давлатҳои дунё дар Осиё пайда шудаанд. Минтақаҳои Шарқи Наздик, Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Шарқӣ дорои таърих, тамаддун ва фарҳанги ғанӣ мебошанд.

   Релефи қитъаи Осиё ноҳамвор буда, қаторкӯҳҳои зиёде қисми марказӣ ва дигар қисмҳои Осиёро фаро гирифтаанд. Яке аз қитъаҳои фарқкунандаи Осиё аз дигар қитъаҳо дар он аст, ки қисме аз қуллаҳои баландтарини дунё дар инҷо воқеъ аст. Тақсибандии минтақаи Осиё чунин аст:

   1. Осиёи Шимолӣ

   2. Осиёи Ҷанубӣ

   3. Осиёи Ҷануби Шарқӣ (Шарқи Миёна ва Шарқӣ Дур)

   4. Осиёи Марказӣ

   5. Осиёи Ғарбӣ (Шарқи Наздик)

   6. Осиёи Шарқӣ

      Осиёи  Марказӣ

    Минтақаи  Осиёи  Марказӣ  бо  доштани  захираҳои  бузурги  табиӣ  кайҳо  боз  минтақаи  ҷолиб  дар  дунё  ба  ҳисоб  меравад.  Он  панҷ  давлат -  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон,  Туркманистон  ва  Ӯзбекистонро  дар  бар  гирифта  масоҳаташ  зиёда  аз  4  миллион  километри  мураббаъ  мебошад.  Минтақаро  соли  1843 олими  рус  Гумболдт  номгузорӣ  кардааст.  Гоҳҳо  Афғонистонро  низ  шомили  Осиёи  Марказӣ  мегардонанд.  Дар  адабиёти  ғарбӣ  мафҳуми  дигаре  бо  номи  Осиёи  Марказии  Бузург  ба  кор  бурда  мешавад,  ки  ба  истиснои  кишварҳои зикрёфта,  як  қисми  Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Чин  ва  Россияву  Муғулистонро  ҳам  ба  Осиёи  Марказӣ  дохил  мекунад.   Аҳолии  минтақа  қариб  ба  70  миллион  нафар  мерасад.  Сераҳолитарин  кишвар  Ӯзбекистон  буда,  аз  руи  масоҳат  Қазоқистон  ҷои  аввалро  касб  кардааст.  Шаҳрҳои  калонтарини  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  Тошканд,  Алмаато, Душанбе, Бишкек, Ашқобод, Остона, Самарқанд, Чимкент, Андиҷон, Қарағанда  ва  ғайраҳо  мебошанд.

     Мавқеи  ҷуғрофии  Осиёи  Марказӣ  бениҳоят  мураккаб  арзёбӣ  мегардад. Дар  минтақа  баҳрҳои  Каспий  ва  Арал,  дарёҳои  Аму,  Сир,  Иртиш ва  Или,  ҳамвориҳои  бузурги  Турон  ва  Наздикаспий,  системаи  куҳҳои  Тиён Шон  ва  Помир,  қуллаҳои  Балхаш,  Иссиқкул,  Зайсан,   Алакул,  Ҳайдаркул,  Сариқамиш,  обанборҳои  Чардарин,  Токтогул,  Капчагай  ва  Қайроқум   ҷойгир  шудаанд.  Иқлими  Осиёи  Марказӣ  муътадили  қитъавӣ  ва  дар  қисмати  ҷанубиаш  бошад,  субтропикӣ  мебошад.  Осиёи  Марказӣ  аз  захираҳои  табиӣ  ба  вижа  нафту  газ  хеле  бой  мебошад.   Захираҳои  гидроэнергетикии  минтақа  хеле  зиёд  буда, аслан  Тоҷикистон  ва  Қирғизистон  аз  ин  захоир  бархурдоранд. 

       Агар  ба  таърихи  Осиёи  Марказӣ  баргардем,  мебинем  ки  аз  қадимулайём  минтақа  диққати  кишварҳои  хориҷро  ба  худ  ҷалб  кардааст.  Чуноне,  ки  ба  минтақа  ҳахоманишиҳо,  мақдуниҳо,  туркҳо, арабҳо,  муғулҳо  ва  русҳову  англисҳо  ҳуҷум  кардаанд.   Вале  бо  вуҷуди  ин  аз  қадимулаём  дар  минтақа  давлатҳои  зиёде  мавҷуд  буданд,  ки  дар  сарнавишти  халқҳои  Осиёи  Марказӣ  нақши  муҳим  бозидаанд.  Дар  асри  19  манфиатҳои Британияи Кабир   ва  Россияи  подшоҳӣ  дар  инҷо  бармехӯрад,  ки  ин  дар  таърих  бо  номи  Бозии  Бузург  машҳур  аст.

    Осиёи Ҷанубӣ

   Осиёи Ҷанубӣ дар қисми марказиву ҷанубии Осиё ҷойгир шудааст. Ба минтақа кишварҳои Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Малдив, Непал, Покистон, Ҳиндустон, Шри Ланка шомил мебошанд. Минтақа дар давраи кунунӣ яке аз минтақаҳои босуръат тараққикардаиистодаи сайёра ба ҳисоб меравад. Масалан, нишондодҳои иқтисодии Ҳиндустон воқеан ҳам боиси таърифу тавсиф шумурда мешаванд.

   Релефи минтақа барои рушди саноату кишоварзӣ хеле мусоид аст, дарёҳое, ки дар ҳудуди минтақа равонанд, барои обёрии заминҳои ҳамвори ин кишварҳо қуллай мебошанд. Дарёҳои асосии минтақа Ҳинд ва Ганг маҳсуб меёбанд. Дар минтақа миёни Непал ва Чин баландтарин қуллаи дунё бо номи Ҷомолунгма, ки баландиаш 8848 метр аз сатҳи баҳр аст, ҷойгир шудаааст.

   Аз нигоҳи табииву ҷуғрофӣ ба Осиёи Ҷанубӣ нимҷазираи Ҳиндустон, паҳнкӯҳи Декан, ки дар ин нимҷазира воқеъ аст, ҳамвории Ҳинду Ганг, кӯҳҳои Ҳимолой ва инчунин, ҷазираи Шри-Ланка бо як қатор ҷазираҳои хурд, дохил мешаванд.

   Мустақилияти сиёсиву ҷуғрофии Осиёи Ҷанубӣ бо умумияти таърих ва фарҳанги ин кишварҳо алоқаманд аст, чун аксари кишварҳояш ба империяҳои ҳиндӣ ва империяи британӣ шомил мешуданд, забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва дравидӣ бартарӣ доштанд. Инчунин, Осиёи Ҷанубӣ, минтақаи васли ҳиндуизм, буддизм ва ислом ба шумор мерафт.

   Ҳудуди Осиёи Ҷанубӣ 4,5 млн. км2 (10% тамоми Осиё ва 3% тамоми хушкии олам) буда, аҳолиаш 40% аҳолии Осиё ва 22% аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад.

   Кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ дар давраи рушди босуръати иқтисодӣ қарор доранд. Албатта саҳми назаррасро дар иқтисоди ҷаҳон Ҳиндустон ва Покистон соҳиб мебошанд.

   Осиёи Шарқӣ

   Осиёи Шарқӣ яке аз минтақаҳои пешрафта ва тараққикардаи қитъаи Осиё ба ҳисоб меравад. Ба ин минтақа давлатҳои Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ ва қисман Муғулистону Шарқи Дури Россия дохил мешаванд. Мавқеи ҷуғрофии Осиёи Шарқӣ гуногун, мураккаб ва махсус мебошад. Осиёи Шарқӣ аз чор як ҳиссаи қитъаи Осиёро ташкил медиҳад. Минтақа бо ду уқёнуси ҷаҳонӣ сарҳади обӣ дошта баҳрҳои зиёде низ минтақаро аз қисмати шарқӣ фаро гирифтаанд. Дарёҳои асосии минтақа Хуанхе ва Янтсзи ба шумор рафта, ҳарду дар Чин ҷойгир шудаанд. Ҳар як давлате, ки дар ин ҷо мустақар аст, дорои табиату обу ҳавои хоси худ мебошад. Масалан, Чин дорои се минтақаи иқлимӣ аст: мӯътадил, субтропикӣ ва тропикӣ. Ҷопон низ хусусиятҳои хоси худро дорад. Ин кишвари ҷазиравӣ дар ҳудуди зиёда аз 4000 ҷазира ҷойгир шудааст. Дар нимҷазираи Корея ду давлат воқеъ гардидаанд: Ҷумҳурии халқии Демократии Корея ва Ҷумҳурии Корея. Ин давлатҳо баъди солҳои 60-уми асри ХХ бо сабаби бархурди манофеъи қудратҳои ҷаҳонӣ пайдо шудаанд. Муғулистон кишвари қитъавӣ буда, баромади мустақим бо баҳру уқёнусҳо надорад.

   Минтақаи мазкур дар тӯлии таърих дорои давлатҳои мухталифе буд, ки мавқеи худро дар арсаи байналхалқӣ то андозае нигоҳ доштаанд. Аммо дар қарни XX мамолики минтақа дар муносибатҳои байналхалқӣ фаъол гашта, қудратҳои ҷаҳониро ҷалб мекунанд ва саҳнаи бозиҳои геополитикӣ мегарданд.

   Минтақа аз ҷиҳати коркарди захираҳои табиӣ, сатҳи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, истеҳсоли техникаву технология ва сатҳи зиндагии мардум пешрафта ба ҳисоб меравад. Масалан, Чин аз рӯи ҳаҷми номиналии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ҷаҳон ҷои дуюмро касб мекунад ва Ҷопон бошад ҷои саввумро мегирад. Ин аз он дарак медиҳад, ки роҳбарияти ин кишварҳо барои рушду нумӯи давлати худ саъю кушиши зиёд мекунанд. Аз ҷиҳати аҳолӣ низ ин сарзаминҳо нақши вижаи худро дар сайёра доранд. Зиёда аз 35 фоизи аҳолии қитъаи Осиё ва қариб 19 фоизи аҳолии кураи Заминро мардуми Чин ташкил медиҳанд.

   Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

   Осиёи Ҷанубу Шарқӣ минтақае мебошад, ки таи даҳсолаҳои охир бо тараққиёти босуръати худ ҷомеаи ҷаҳонро ба тааҷҷуб овардааст. Минтақа аз нимҷазираи Ҳиндухитой ва як қатор ҷазираҳо иборат аст. Ба минтақа 11 кишвар дохил мешаванд. Инҳо Тайланд, Мянма, Лаос, Камбоҷа, Ветнам, Малайзия, Сингапур, Индонезия, Бруней, Тимори Шарқӣ ва Филиппин мебошанд. Аз ин кишварҳо панҷтоаш-Бруней, Индонезия, Сингапур, Тимори Шарқӣ ва Филиппин кишварҳои ҷазиравӣ мебошанд.

   Осиёи Ҷанубу Шарқӣ минтақаест, ки ҳудудҳои қитъавӣ ва ҷазиравии миёни Чин, Ҳиндустон ва Австралияро дар бар мегирад. Ба он нимҷазираи Ҳиндучин, галаҷазираҳои Малай ва қисме аз минтақаи Осиёву уқёнуси Ором шомиланд.

   Ба Осиёи Ҷанубу Шарқӣ баъзан вақт навоҳии шарқии Бангладеш ва манотиқи шарқии Ҳиндустонро, ки дар қисмати шарқии дарёи Брахмапутра ҷойгир аст ва бо номи Ҳафтхоҳарон машҳур аст, дохил мекунанд.

   Сатҳи худшиносии милли бархе кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба мисли Малайзия ва Индонезия боло рафта истодааст. Ба ин кишварҳо дастуру фармонҳои Амрико оид ба густариши демократикунонии ҷомеа ва рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон он қадар хушнамеояд, зеро онҳо мехоҳанд ин корҳоро ба таври худ ба миён гузоранд ва аз вобастагӣ бикананд. Дар масоили низомиву сиёсии худ низ ин кишварҳо нисбатан мустақиланд.

       Осиёи  Ғарбӣ

    Осиёи  Ҷанубу  Ғарбӣ  ё  бо  ибораи  дигар  Шарқи  Наздик,  дар  ҳоле  ки  мафҳуми  Шарқи  Наздик  васеътар  аст (ба  Шарқи  Надик  бархе  кишварҳои  африкоӣ  низ  шомиланд), яке  аз  минтақаҳои  фарҳангию  таърихӣ,  ҷурофӣ  ва  геополитикии  қитъаи  Осиё  ба  ҳисоб  меравад.  Минтақа  мамолики  зеринро  фаро  гирифтааст: Афғонистон, Арабистони  Саудӣ, Яман, Уммон, Аморати Муттаҳидаи  Араб,  Қатар, Баҳрайн, Кувейт, Исроил, Урдун, Лубнон, Сурия,  Кипр,  Туркия, Ироқ, Гурҷистон, Арманистон,  Озарбойҷон, Эрон.  

    Мавқеи  ҷуғрофии  минтақа мураккаб  буда,  дар  он  анвои  гуногуни  иқлим, релеф  ва  заминро  мушоҳида  кардан  мумкин  аст.  Калонтарин  нимҷазираи  дунё  нимҷазираи  Арабистон  дар  ин  ҷо  мустақар  аст.  Ҳамаи  кишварҳои  минтақа  ба ҷуз  Арманистон  ва  Озарбойҷон роҳи  кушоди  баҳрӣ  доранд.  Баҳри  Миёназамин, Сурх, Сиёҳ, Каспий, Араб   ва  халиҷи  Форс  минтақаро  иҳота  кардаанд  ва  аз  ҷониби  давлатҳои  сарҳаддошта  истифода  мешаванд.  Дарёҳои  бузургтарини  минтақа  Даҷла  ва  Фурот  маҳсуб  меёбанд.  Иқлими  минтақа  хушки  биёбонӣ  ба  ҳисоб  меравад.  Иқлими  тропикӣ  низ  дар  баъзе  кишварҳо  ҳукмрон  аст.

    Минтақаи  мазкурро  “гаҳвораҳои  тамаддунҳо”  низ  ном  мебаранд  зеро  аввалин  давлатҳои  дунё  ва  тамаддуни  башарӣ  маҳз  дар  ин  ҷо  пайдо  гаштааст.  Дар  аҳди  қадим,  асрҳои  миёна  ва  замони  нав  дар  минтақа  давлатҳои  зиёде  арзи  ҳастӣ  кардаанд,  ки  муҳимтаринашон  Бобул, Ошур,  Аккад, Модҳо, Урарту, Ҳахоманишиҳо, Парфия, Сосониён, Рум,  Хилофати  Араб,  Хилофати  Усмониҳо, Сафавиён, Афшориҳо, Коҷорҳо  ва  ғайра  мебошанд.

    Осиёи  Ҷанубу  Ғарбӣ  аҳолии  зиёде  дорад,  ки  қисми  аъзами  онҳоро  арабҳо,  форсҳо,  туркҳо, курдҳо, паштуҳо ва  озариҳо  ташкил  медиҳанд.  Ҷумҳурии  Исломии  Эрон  сернуфузтарин  мамлакати  минтақа  маҳсуб  меёбад.  Аҳолии  ин  кишвар  ба  80  млн  нафар  баробар  аст.  Шаҳрҳои  бузургтарини  минтақа  ин  Теҳрон, Истамбул,  Бағдод,  Ар-Риёз, Анқара, Табрез, Машҳад, Ҷидда, Дубай, Димишқ, Алкувейт, Аммон, Бейрут, Исфаҳон, Кобул, Шероз, Боку, Ереван, Тифлис  ва  ғайраҳо  мебошанд.

    Аксари  мардуми  минтақа пайравони  дини  Ислом  маҳсуб меёбанд.  Мусулмонони  шиамазҳаб  дар  Ҷумҳурии  Исломии  Эрон, Озорбойҷон, Баҳрайн ва  Ироқ  зиёда  аз  50 фисади  аҳолиро  ташкил  медиҳанд.   Дар  Арабистони  Саудӣ, Яман, Кувейт,  АМА,  Қатар,  Лубнон ва  Сурия  низ  теъдоди  муайяни  ин  равияи  дини Ислом  иқомат  мекунанд.  Дар  боқимонда  давлатҳои  минтақа  суннимазҳабон  аксариятро  ташкил  медиҳанд,  фақат  се  кишвари  минтақа  Арманистон, Кипр  ва  Гурҷистон (теъдоди  мусулмонҳо  дар  Кипр  ва  Гурҷистон  аз  10% то  20%-ро ташкил  медиҳад)  аз  дини  насронӣ  пайравӣ  мекунанд. Теъдоди  ками  насрониҳо  дар  Лубнон,  Сурия, Исроил  ва  Ироқ  низ  умр  ба  сар  мебаранд.  Қариб  80%  аҳолии  Исроил  пайравони  дини  яҳудӣ  мебошанд.

   Тибқи назари олмон дар байни минтақаҳои Осиё минтақаи  Осиёи  Ҷанубу  Ғарбӣ  аз  лиҳози  рушди  иқтисод, яке  аз  минтақаҳои  ояндадор  ба  ҳисоб  меравад.  Иқтисоди  ҷаҳонӣ  то  ҳадде  аз  иқтисоди  Осиёи  Ҷанубу  Ғарбӣ  вобаста аст,  чун  қисми  аъзами  кишварҳои  минтақа  содиркунандаи  нафту  газ  мебошанд  ва  ба  Созмони  кишварҳои  содиркунандаи  нафт  шомил  гардидаанд.  Давлатҳои  нисбатан  мутарриқи  минтақа  Туркия, Исроил, ҶИЭ  ва  Арабистони Саудӣ  мебошанд.  Дар  минтақа  инчунин  якчанд  кишвар  солҳои  ахир  бо  суръати  кайҳонӣ  рушд  карда  истодаанд,  ки  ба  онҳо  АМА,  Қатар, Баҳрайн, Уммон, Урдун, Кувейт  ва  Озорбойҷон  шомиланд.

    Ҳабибҷон Мирзоев,

ходими илмии Институт

БОЗГАШТ