Бозгашт ба нахустин ҷаласаи муштараки вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс дар пойтахти Арабистони Саудӣ шаҳри Риёз 7 сентябри соли 2022 метавон мулоҳиза кард, ки ин ҷаласа мавриди таваҷҷуҳ, таҳлилу тадқиқи марказҳои тадқиқотӣ ва арзёбии коршиносони араб дар воситаҳои ахбори умум гардидааст.
Масалан, рӯзномаи бонуфузи Амороти Муттаҳидаи Араб “ал-Халиҷ” тафсилоти ҷаласаро манзури хонандагон карда, аз ҷумла менависад:
Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои арабии Халиҷ ва ҳамтоёни онҳо аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдори худро барои барқарор кардани шарикии қавӣ дар асоси арзишҳо ва манфиатҳои муштарак ва робитаҳои амиқи таърихии байни халқҳояшон ва ҳамкориҳои мавҷуда дар сатҳи дуҷониба ва бисьёрҷониба дар соҳаҳои муҳталиф таъкид карданд.
Дар ин бора дар баёнияе, ки дар поёни нахустин нишасти муштараки вазирони муколамаи стратегӣ мунташир шуд, гуфта шудааст.
Вазирон аз даъвати нахустин ҷаласа истиқбол намуда, қайд карданд, ки онҳо оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуда, аҳамияти ҳамоҳангсозии мавқеъҳои ду ҷонибро тавассути механизмҳои стратегӣ таъкид карданд.
Вазирон ҳамкории муштаракро ҷиҳати таҳкими талошҳои ҷаҳонии барқарорсозии иқтисодӣ ва рафъи мушкилоте, ки дар натиҷаи пандемияи Ковид-19 ва барқарорсозии занҷирҳои таъминот, нақлиёт ва коммуникатсия, амнияти озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ ва обӣ, рушди манбаъҳо ва технологияҳои энергияи сабз ва муқовимат бо мушкилоти муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, омӯзиш ва табодули таҷриба дар ҳама соҳаҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои тиҷоратӣ ва дастгирии сармоягузорӣ, аз ҷумла тавассути механизмҳои дахлдори тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Вазирон ҳамчунин аҳамияти робита байни усулҳову ҳадафҳо ва афзалиятҳоро дар консепсияи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби бисёрҷониба, ки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 21 июли соли гузашта дар Чолбон-Отаи Қиргизистон ва карорҳои Шӯрои хамкории давлатҳои арабии Халиҷ барои ба роҳ мондани хамкорӣ бо кишварҳои Осиё Марказӣ омадааст, таъкид карданд.
Чи тавре дар баёния омадааст, Тарафҳо ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳо Нақшаи чорабиниҳои муштаракро оид ба муколамаи стратегӣ ва ҳамкорӣ барои солҳои 2023-2027, аз ҷумла муколамаи сиёсӣ ва амниятӣ ва иқтисодӣ ва роҳандозии ҳамкориҳои самарабахши соҳибкорони ҳарду минтақа, андешидани чораҳои заруриро ҷиҳати татбиқи босуръати ин нақша дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба қабул карданд.
Вазирон аз даъвати Қазоқистон барои баргузории нахустин Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Халиҷ дар шаҳри Остона моҳи июни соли 2023 истиқбол карданд.
Вазирон ҳамчунин аз даъвати Ӯзбекистон барои баргузории нишасти дувуми вазирон барои муколамаи стратегӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ дар шаҳри Самарқанд дар соли 2023 истиқбол карданд.
Рӯзномаи “ал-Халиҷ” суханони Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳонро дар ифтитоҳи нишасти ар-Риёз меорад, ки баён доштааст:
"Кишварҳои Халиҷ ва Осиёи Марказӣ дорои имконоти фаровоне ҳастанд, ки ба рушди мутақобила мусоидат мекунад."
Номбурда ба мавқеъи стратегӣ ва гуногунии захираҳои табиӣ, инчунин сармояи инсонии кишварҳои минтақа ишора карда, ҳавасмандии кишварҳои Халиҷ ва Осиёи Марказиро барои баррасии имконоти мавҷуд дар бахшҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, энергетика ва дигар соҳаҳо бо назардошти он, ки онро нуқтаи ибтидоӣ дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои муштарак, шукуфоӣ ва рушди кишварҳову мардуми ду минтақа мебошанд, баланд арзёбӣ кард.
Шоҳзода Файсал ибни Фарҳон аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Халиҷ ва Осиёи Марказиро дар баробари чолишҳои таъхирнопазири ҷаҳонӣ, аз қабили амнияти озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ, мубориза бо эпидемияҳо ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим таъкид карда, иброз дошт, ки нишасти вазирони корҳои хориҷии ин ду минтақа барои табодули афкор роҷеъ ба таҳаввулоти минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои амният дар Халиҷ ва Осиёи Марказӣ ва дар миқёси байналмилалӣ аҳамияти бузург хоҳад дошт.
Дар баробари даъват ба идомаи ҳамкориҳои кишварҳои Халиҷ ва Осиёи Марказӣ, Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ изҳори умедворӣ мекунад, ки Нақшаи амалиёти муштарак барои солҳои 2023-2026, ки дар ин нишаст таҳия шудааст, ба амалӣ шудани ормонҳо ва саъйю кӯшиши кишварҳои ҳарду минтака ва мардуми он заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Дар ин росто, таҳлили коршиноси араб, мудири кулли Агентии расонаии Eurabia, муҳаррири рӯзномаи «Ал-Ватан ал-Арабӣ» Холид Абузаҳр роҷеъ ба аҳамияи ҳамкориҳои давлатҳои арабии Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ дар марҳилаи кунунӣ ҷолиб ба назар мерасад.
«Дар тӯли чанд соли охир ҷаҳон ба макони нав табдил ёфтааст, ки баъзеҳо онро поёни савлати Амрико ва болоравии нақши Чин меноманд. Бо вуҷуди ин, оё мо бояд ба ҷаҳон аз дидгоҳи рақобати абарқудратҳо нигоҳ кунем? Қудратҳои миёна ё қудратҳои минтақавӣ дар ин муодила дар куҷо қарор гирифтаанд?
Ман бовар дорам, ки бар хилофи замонҳои қаблӣ қудратҳои минтақавӣ барои ташаккули ояндаи ҷаҳонӣ тавоноии бештар доранд. Дар ин макони нав давлатҳои Шарқи Наздик ва Халиҷ нақши бузургтаре хоҳанд бозид.
Сарфи назар аз ҳама пешрафтҳои инсоният, ҷомеа ва технология, танҳо як чиз абарқудратҳоро нигоҳ медорад: қобилият барои харобкорӣ. Маҳз истифодаи зӯроварии мутлақ ва қонунигардонии яккатозӣ иродаи онҳоро қувват мебахшад. Масалан, Ҷанги Дуюми Ҷаҳон байни Олмони фашистӣ ва Ғарбу Шӯравӣ харобиҳо овард. Ин ба ғолибон имкон дод, ки як чизи нав созанд, гарчанде дар он вақт ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ модели алоҳидаи худро доштанд.
Бархурди ин ҳарду модел дар давоми Ҷанги сард ба миён омад ва он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун ҷаҳонишавӣ ба воқеият табдил ёфт. Бо вуҷуди ин, имрӯз мо ба як маъно ба тақсимоти байни Шарқ ва Ғарб бармегардем. Украинаро метавон ҳамчун хати демаркатсионӣ донист. Ман онро ба ибтидои мусобиқаи бокс муқоиса мекунам, вақте ки рақибон дар аввал бо чанд зарба якдигарро месанҷанд. Ин як дарс ҳаст, ки онро хеле зуд омӯхтан лозим меояд - чанд гардиш дар байни абарқудратҳо метавонад харобии мутлақро ба вуҷуд орад ва боиси тамоман нобуд шудани қудратҳои миёна гардад.
Русия қудратманд аст, аммо дигар дар сатҳи Чин ё ИМА нест. Он бар хилофи он ки дар ибтидо фикр мекард, ба як муноқишаи бузургтаре фаро гирифта шудааст. Украина бо пуштибонии қавии низомии ИМА ҳоло Русияро мехоҳад боздорад. Бо вуҷуди ин, бар хилофи аксари қудратҳои ғарбӣ, Русия ҳанӯз ҳам иродаи комил барои зӯроварии мутлақро дорад ва ин метавонад иродаи ҳам Украина ва ҳам Ғарбро аз байн барад. Ғарб бояд дар хотир дошта бошад, ки ба Русия иҷоза дод, то нерӯи худро барои мағлуб кардани ДИИШ дар Сурия истифода барад. Ҳоло Ғарб дигар намехоҳад, ки чунин корро нисбати Украина кунад. Бо вуҷуди он, тағйирот дар динамика бархӯрди эҳтимолии ИМА ва Чинро суръат бахшид.
Ҳоло назари дигари стратегии ҷаҳон вуҷуд дорад. Воқеан, Украина бештар ба як буфери аввал ё шояд аввалин задухурдҳои байни Шарқу Ғарб ё, ба ибораи дигар, байни ИМА ва Чин монанд аст. Аз ин рӯ, қудратҳои миёна бояд ба хатари гузаштани ИМА ва Чин аз душманӣ (дӯстӣ ва асосан душманӣ) ба душмании комил мутаваҷҷеҳ бошанд. Барои пешгирӣ аз ин ва муҳофизати худ бояд стратегияи фарогире вуҷуд дошта бошад, ки берун аз минтақаи Ховари Миёна мегузарад ва ин стратегия бояд Осиёи Марказиро дар бар гирад. Ман боварии комил дорам, ки равобит ва ҳамкории қавитар миёни давлатҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ омили калидӣ барои расидан ба ин субот аст.
Вазъият дар Украина дар ояндаи наздик ҳамчунон боқӣ хоҳад монд, гарчанде метавонист аз он канорагирӣ кард, агар Аврупо ва Украина қодир ба ҷилавгирӣ аз Русия дар мувозинат бо сиёсати ИМА мебуданд. Ин бепарвоии даҳсолаи тӯлонӣ ба ин фалокат оварда расонд. Бо вуҷуди ин, ин як машқи душвор аст ва сиёсати мутамаркиз ва муттасилро на танҳо дар сатҳи низомӣ, балки дар сатҳи иқтисодӣ ва энергетикӣ тақозо мекунад.
Ин аст, ки барои Халиҷ ва Осиёи Марказӣ рушди робитаҳои мутақобила муҳим аст. Онҳо, азбаски бо хатарҳои монанд рӯ ба рӯ ҳастанд, зарурати сиёсати мутавозинро дарк мекунанд ва ба корҳои дохилии кишварҳо эҳтиром мегузоранд. Аз ин рӯ, байни ҳарду минтақа ҳамгироии бештари сиёсӣ ва иқтисодӣ зарур аст. Он инчунин як имконияти таърихӣ барои сохтани моделҳои муваффақ ҳангоми омӯхтани хатогиҳои дигарон мебошад. Ин метавонад сокинони ҳарду минтақаро ба шукуфоӣ ва субот оварда расонад.
Боз як нуқтаи назари бадбинӣ вуҷуд дорад. Абарқудратҳо метавонанд чизҳои зиёдеро таҳмил кунанд, вақте ки он танҳо ба як минтақа дахл дорад, аммо онҳо ду бор фикр мекунанд, дар ҳолате агар масъала ба ду минтақаи муҳим дахл мекунад. Аз ин рӯ, имрӯз қудрати бештар барои маҳаллисозӣ вуҷуд дорад. Бори дигар, ин ҷои нав муносибати хамелеонро тақозо мекунад. Ва ин маънои онро дорад, ки Халиҷ ва Осиёи Марказӣ метавонанд роҳҳои ҳалли масъаларо ба вуҷуд оранд ва бад-ин васила ба ташвиқи ҳамкорӣ байни абарқудратҳо мусоидат кунанд. Ҳар қадар, ки қудратҳои маҳаллӣ тобеъи қудратҳои бузург шаванд, ҳамон қадар хатари афтодан ба ин бархӯрди ғайримустақим бештар мешавад, ки он ногузир ба бархӯрди мустақим мунҷар хоҳад шуд.
Қудратҳои миёна иқтидори худро барои миёнаравӣ дар мушкилоти душвори дипломатӣ исбот карданд. Нақши Қазоқистон дар музокироти Остона, нақши Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар табодули асирон байни Русия ва ИМА, инчунин Украина ва Русия шаҳодати ин нақши эҳтимолӣ мебошанд. Таваҷҷуҳи ахир ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти таҳсилоти олӣ ва инноватсия дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба Арабистони Саудӣ ва АМА имкони шукуфоии бештар ба ҳарду минтақаро нишон медиҳад.
Имрӯз ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии бештар байни кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ метавонад як мувозинати хеле заруриро эҷод кунад, ки Шарқ ва Ғарб аз он баҳра баранд. Абарқудратҳо бояд ин корро ба хотири худ ва суботи ҷаҳон ташвиқ кунанд».
Манбаъ:
ARAB NEWS, Khaled Abou Zahr, GCC and Central Asia have the power to help keep the peace
December 23, 2022
таҳия ва тарҷумаи:
Шаҳлохон Муродалӣ
ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик