ҶОЙГОҲИ ЗАН ДАР ҶОМЕАИ ҲИНДУСТОН

Муаллиф: Шарипова Меҳринисо

Расм

Ҷавоҳирлал Неҳру гуфта буд, ки “Барои ҷавоб додан ба ин савол, ки дар ин ё он мамлакат мардум чӣ гуна умр ба сар мебаранд, пеш аз ҳама бояд мавқеи занро дар ин кишвар муайян намуд”. Дар бораи зиндагӣ ва мавқеи занон дар ҷомеаи ҳинд аз филмҳои классикии Боллевуд, ки дар онҳо хонумҳои зебо бо либосҳои миллии худ - сариҳои гуногун, пироҳанҳои суннатии занонаи Ҳиндустон худро ба тамоми ҷаҳон муарифӣ мекунанд, маълумот гирифтан мумкин аст. Аммо ин маълумотҳо чандон асоси воқеӣ надоранд. Мо ин гуна занҳоро дида хулоса мебарорем, ки онҳо бо шавқу завқи занона хушбахтии худро моҳирона ба намоиш мегузоранд. Вале, дар асл манзараи мавқеи занони ҳинд он қадар рӯҳбаландкунанда нест.

Нақши зан дар кишвари Ҳиндустон ба таври анъанавӣ танҳо ба анҷом додани корҳои хона ва таваллуди кӯдакон маҳдуд мешавад. Занон бо меҳру муҳаббати зиёд падару модари солхӯрдаи худро то охири ҳаёташон нигоҳубин мекунанд. Мардон пайваста аз пайи ризқу рӯзӣ ба корҳои одӣ машғуланд, то ин ки зиндагии хуб дошта бошанд, зану кӯдаконашон гурусна намонанд. Шавҳар ва бародарон ба муҳоҷирати тӯлонӣ ба дур аз оилаҳо ва ҷигарбандони худ барои кор сафар мекунанд. Занони Ҳиндустон дар деҳот, ки қисми зиёди қаламрави кишварро ишғол кардааст, аз паси иҷрои корҳои гуногун мебошанд. Дар деҳаҳои дур ва ноҳияҳои кӯҳӣ ба корҳои саҳро, яъне чойпарварӣ, шоликорӣ ва пахтачинӣ машғуланд. Қафомондагии иқтисодӣ ва таъсири урфу одатҳои қадимӣ занони деҳотиро дар асорати ҳақиқӣ нигоҳ медоранд. Дар шаҳрҳо бо шарофати қонунгузории муқарраршуда ва нуфузи тарзи зиндагии Ғарб занон таҳсил мекунанд ва новобаста аз мавҷудияти мушкилиҳои зиндагӣ ва норасоию камбизоатӣ дар оилаҳояшон соҳиби касбу ҳунар мешаванду дар соҳаҳои гуногун мустақилона метавонанд, ки кор ва фаъолият намоянд. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки дар Ҳиндустон ҳар соат тақрибан 40 ҷиноят алайҳи ҷинси зан содир мешавад. Лекин, аз ҷониби дигар, як парадокс аст, ки занони ҳинду нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ (ва умуман Осиё) дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ нақши барҷастатар доранд.

Ба ақидаи Томсон Рейберс, Ҳиндустон дар ҳазораи сеюми пеш аз милод ба феҳристи кишварҳое дохил будаст, ки занон мақоми хуберо соҳиб набудаанд. Дар асотири ҳиндӣ образи дурахшони зан ба мушоҳида мерасад, ки тӯли солҳои зиёд ба рафтори духтарони кишвари Осиёи Ҷанубӣ таъсир расондааст. Махсусан образи занҳои вафодор, ки дар замонҳои қадим офарида шудаанд, зиёд дида мешавад. Онҳо шавҳарҳои худро беҳад эҳтиром мекунанд ва тайёранд, ки ҷони худро барояшон нисор кунанд. Яке аз чунин образҳо образи Сатӣ мебошад. Дар ҳамосаи бостонии “Маҳабҳарата” Сатӣ – зани Шива, олиҳаи бузург, худро ба оташ партофта месӯзад, то орзуҳояш дар ҳаёти оянда амалӣ гарданд. Баъдтар ин образи Сатӣ барои тамоми ҳиндуҳо як навъ намуна қарор гирифт ва худсӯзӣ кардани бевазанҳо дар маросими дафни шавҳаронашон одат шуд. Пайдоиши маросими “Сатӣ” ба ибтидои ҳазораи пеш аз милод рост меояд ва он дар асрҳои муосир васеъ паҳн гардид. Дар охири асрҳои миёна ҳатто ҳодисаҳои худсӯзии омавии заноне мушоҳида мешуд, ки аз асир шудану ба дасти душманон афтодан, мурданро афзалтар медонистанд.

Бевазанҳои зиндаро сарнавишти тоқатнопазир интизор буд. Тибқи баъзе гузоришҳо, зани бевамонда вазифадор буд, ки то охири умраш либоси азову мотам ба бар кунад, дар замини сахт хоб равад ва рӯзе танҳо як маротиба хӯрок хӯрад. Бори дуюм издивоҷ кардан барояш манъ ва илова бар ин, барои зани бевамонда ҳатто номи марди дигарро ба забон рондан мумкин набуд. Дар Ҳиндустон тибқи анъанаи муқарраршуда пас аз марги волидайн танҳо писар ҳақ дорад, оташи дафни волидайнро даргиронад, на духтар. Агар сарнахустин духтар таваллуд шавад, онро фоли бад ва мӯҷиби фалокат меҳисобанд. Теъдоди маъбадҳо, манораҳо, қалъаҳо ва маконҳои муқаддасе, ки ба қурбониёни “Сатӣ” дар Ҳинд бахшида шудаанд, ба садҳо мерасанд. Дар байни онҳо дарахте бо номи Мариману (дарахти калон) дар ҷанубу  ғарбии музофоти Андҳра Прадеш аст. Ин дарахти нодири банянии 600-сола бузургтарин дарахти ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шудааст. Илова барин, муносибати эҳтиромона ба ҳар чизе, ки бо зиндагии ниёгон алоқаманд аст, дида мешавад. Ин падида яке аз нишонаҳои асосии устувории характери миллӣ дар ҷомеаи Ҳиндустон ба ҳисоб меравад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар аксари мавридҳо вафодорӣ ба урфу одатҳо ва тарс аз қонуну ҷазо мақоми хос дорад. Худсӯзӣ ҳарчанд вазифаи ҳатмӣ ҳам набошад, дар мифологияи ҳиндуҳо чунин андешаҳо вуҷуд доранд; “ба зан ба андозаи 36 миллион мӯйие, ки дар баданаш ҳаст (тибқи эътиқоди суннатӣ), бахти биҳиштӣ медиҳад”. Дар Ҳиндустон бисёр урфу одатҳои қадимӣ ба бархурду мухолифатҳо дучор шуда бошанд ҳам, аз байн нарафтаанд, махсусан дар деҳот. Аз ин рӯ, сарфи назар аз он, ки “Сатӣ” дар Ҳиндустон ҳанӯз дар асри 19 аз ҷониби бритониёиҳо қонунан манъ карда шуда буд, зуҳуроти ин маросим то ҳол ҷой дорад. Яке аз рӯйдодҳои пурсарусадо дар ин маврид соли 2005 рух дода буд. Он вақт дар яке аз деҳаҳои наздики Аҷмер (Раҷастҳан) тақрибан 10 ҳазор нафар барои тамошои маросими худсӯзӣ ҷамъ омада буданд. Вақте ки намояндагони политсия дахолат карда, ҳам худи зан ва ҳам наздиконашро дастгир карданд, издиҳом кормандони ҳифзи ҳуқуқро, ки аз нигоҳи онҳо ин дахолат қобили қабул набуд, латукӯб карданд. Дар ҳазорсолаи сеюми пеш аз мелод, дар давраи Ведаҳо (маҷмуаҳои сурудҳои динии қадимии Ҳиндустон), занони Ҳиндустон аз ҳуқуқҳое истифода мебурданд, ки ҳанӯз дар дигар кишварҳои мутамаддини ҷаҳони қадим вуҷуд надошт. То 18-солагӣ касе дар бораи ба шавҳар додани духтараш сухан намегуфт. Духтарон метавонистанд, пеш аз тӯй ихтиёран ҳамсарони хубе интихоб кунанд. Онҳо метавонистанд озодона дар байни ҷомеа фаъолият кунанд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ ширкат варзанд, ва муҳимтар аз ҳама, расму оин, анъана, алалхусус оинҳои динии муҳимро риоя кунанд. Худсӯзии занҳои бева, ба шавҳар додани кӯдакон, куштани духтарону занон ва бисёр оинҳои қадимӣ, ки айни замон Ҳиндустон ба муқобили онҳо бо муваффақият мубориза мебарад, ривоҷ надошт. Имрӯзҳо дар саҳифаҳои газетаю журналҳо мавзуи баҳсу мунозираҳо перомуни оташ задани занҳо, қатли духтарони наврас, ташкили баромадҳои пуриздиҳом ва намоишҳои оммавӣ, маҳкум кардани анъанаҳои золимона ва ҳимояи занону духтарон зуд-зуд дида мешавад.

Акнун дар замони муосир Ҳиндустон таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба духтарону занон дода истодааст. Занон кӯшиш мекарданд, ки барои шавҳарони худ ҳамеша меҳрубону содиқ бошанд. Бо ишқу муҳаббати самимӣ барои сазовори хушбахтӣ, дарозумрӣ ва саломатии бардавом шудани шавҳарҳояшон рӯза мегирифтанд. Онҳо меҳнатдӯсту фидоӣ буданд. Бо ин ҳама, таваллуди духтар барои оила як фоҷеаи даҳшатнок ба ҳисоб мерафт. Шавҳарҳо бо биму ҳарос ин пешомадро интизор буданд. Дар осори адабию фалсафии Ҳиндустони қадим номҳои занони бузург ва азобдидаю пуртоқат зиёданд. Аммо тадриҷан духтаронро дар хона бештар таълим медоданд, ки ин боиси паст шудани сатҳи маълумот ва кам шудани шумораи занони бомаърифат гардид. Ҳамин тавр, таҳсили занон амалан ниёзи худро гум кардааст. Волидайн аз ташвиши духтарони ба балоғатрасида хаста шуда, кӯшиш мекарданд, ки онҳоро барвақт ба шавҳар диҳанд. Дар айни замон ин ҳам қабул ва маъмул шуд, ки зан наметавонад ба маъбад равад, зеро шавҳараш худованди вай асту бас. Ҳиндуҳо ба ин боваранд, ки шавҳар бо ҳамон зане мемирад, ки дар зиндагии гузашта ӯро эҳтиром кардааст.

Издивоҷ дар Ҳиндустон расму русуми худро дорад. Ҳарчанд, ки соли 1961 дар Ҳиндустон пардохти маҳр (туҳфаи тӯёна) тибқи қонун манъ карда шудааст, ин таомул то кунун идома дорад. Ҳанӯз пеш аз арӯсии расмӣ ду оила рӯйхат тартиб медиҳанд, ки дар он ба ғайр аз хароҷоти тӯй ва риояи расму оинҳои анъанавию динӣ, чун қоида, молу мулки ғайриманқул, мошинҳо, ҷавоҳироти қиматбаҳо, асбобу анҷоми рӯзгор, туҳфаҳо ба хешутабор ва меҳмонҳои гиромӣ ва ғайра ба ҳисоб гирифта мешавад. Мувофиқи он рӯйхат, агар ҳама чиз сари вақт пешниҳод карда нашавад, маросими тӯй метавонад ҳар лаҳза қатъ гардад. Ин кор то дараҷае мерасад, ки дар Ҳиндустон духтарон ба полис муроҷиат карда, талаб мекунанд, ки хонаводаи домод пас аз издивоҷи номуваффақ ҷиҳози (яъне қалинг)-и пардохтшударо бар гардонанд. Ҳамин чизро дар рӯзномаи “Indian Express” таъкид карда, ёдрас шудаанд, ки кайҳо боз тақдирҳошон на дар осмон, балки дар байни оилаҳо иншо мешаванд. Рӯзномаҳои муътабар эълони издивоҷҳоеро нашр мекунанд, ки онҳоро на писарону духтарон, балки волидонашон пешниҳод кардаанд. Эълони “Оилаи сарватманд барои писари худ арӯс меҷӯянд” маъмултарин таблиғ дар саҳифаҳои онҳост, ки ба табақаҳо ва гурӯҳҳову мазҳабҳои гуногун расонда мешавад. Вақтҳои охир дар саҳифаҳои рӯзномаҳо рубрикаҳои нав пайдо шудаанд, ки яке аз онҳо “Каста муҳим нест” ном гирифтааст. Қонуни Ҳиндустон издивоҷи ноболиғонро манъ мекунад ва синни расмии ақди издивоҷ барои духтарон аз 19 сол ва барои писарон аз 21 сол оғоз меёбад.

Хулоса, мавқеи зан дар ҷомеаи Ҳинд дар замони муоссир ба хеле пешравиҳо ва мувафаққиятҳо ноил шудааст. Барои мардуми ҳинд зистан бо хоҳиш ва интихоб ё озодона фикри худро байён кардан осон набуд, то он давре, ки онҳо дар зери мустамликаи англисҳо буданд. Мушкилоти хушунат дар оила ва зӯроварӣ ба то ба даст овардани истиқлолият амре маъмулӣ буд. Имрӯз занҳо дар Ҳиндустон аз ҳуқуққои зиёд бархурдоранд. Барои ҳамаи модарон, занону, хоҳарон интихоби дурусти зиндагӣ, таҳсил ба тамоми донишкадаҳо, омӯхтани ҳунарҳои гуногун, кор ва фаъолият имкони интихоб вуҷуд дорад.

 

АДАБИЁТ

1.   Раҷабов Ҳ., Ин аст Ҳиндустон, саҳ-112-115.

2.   Раҷабов Ҳ., Тасвири воқеаҳои фоҷиавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони ҳинд саҳ-150-264.

3.   Нурова М. Ҳикояҳои Камлешвар чун намунаи насри адабиёти муосири ҳиндӣ, саҳ 32-61.

4.   Бараников П.А., Бҳарат – Индия Издательсво “НАУКА”  Ленинградская отделение Ленинград 1977., саҳ-19-23.

5.   Юрлова Е.С. Социальное положение женщин и женское движение в Индии Издательство: Наука. Москва 1982.

6.   Серебрянка И.Д. Из блокнота Индолога., Издательсво “НАУКА” главная редакция восточной литературы М.: 1987  саҳ-6-9.

7.   Солиҳова М. Симои зан дар офаридаҳои Манну Бҳандари “Нашриёти Деваштич”  Душанбе-2007  саҳ-7-12.

8.   Кетрин Бу., "В тени вечной красоты. Жизнь, смерть и любовь в трущобах  Мумбая"  (Издательство: Эксмо-Пресс, 2014)  г  Москва 2017

 

ШАРИПОВА М.

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

 

БОЗГАШТ