Паҳншавии COVID-19 дар Қазоқистон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Аввалин ҳодисаҳои сирояти коронавируси COVID-19 дар Қазоқистон 13 марти соли 2020 ба қайд гирифта шуда буд. Тибқи омори расмӣ, соати 22:30 рӯзи 11 май, дар Қазоқистон 5207 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, 2074 бемор шифо ёфтанд ва 32 бемор вафот карданд. Барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ аз 16 март то 11 майи соли 2020 дар кишвар вазъияти фавқулодда ҷорӣ карда шудааст: маҳдудиятҳо барои вуруд ва хуруҷ аз кишвар муқаррар карда шуданд, карантин ё дигар чораҳои маҳдудкунанда дар тамоми минтақаҳо, фаъолияти нуқтаҳои савдои калони ғайриғизоӣ, кинотеатрҳо ва дигар ҷойҳои серодам ҷорӣ карда шуданд.
Аз 26 январи соли 2020, назорати санитарӣ ва эпидемиологӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ пурзӯр карда гардида, машқҳои таълимӣ гузаронида шуданд. Ба ғайр аз он, барои нафарони аз Хитой омада мониторинги тиббӣ гузаронида шуда, будубоши 72-соатаи шаҳрвандони Чин дар Қазоқистон боздошта шуд.
Дар дорухонаҳои кишвар камчинии ниқобҳои тиббӣ ба миён омад. Пас аз ин, гузориш дода шуд, ки қаллобон, ки ниқобҳоро пешакӣ харида буданд, бо нархи баланд мефурӯхтанд.
27 январ дар назди ҳукумати Қазоқистон як комиссияи байниидоравӣ доир ба ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба пешгирии пайдоиш ва паҳншавии сирояти коронавирус таҳти сарварии муовини сарвазир Бердибек Сапарбаев таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он ҳамаи мақомоти манфиатдори давлатӣ ва маъмуриятҳои вилоятҳо ва шаҳрҳои Нур-Султон, Алма-Ато ва Чимкент дохил карда шуданд.
29 январи соли ҷорӣ комиссия чунин қарорҳоро  қабул кард:
-манъ намудани додани виза ба шаҳрвандони Хитой;
-аз 29 январи соли ҷорӣ хизматрасонии автобусҳои мусофирбар байни Қазоқистон ва Чин манъ карда шавад;
-аз 1 феврали соли ҷорӣ қатъи қаторҳо дар масири байни Қазоқистон ва Чин;
-аз 3 феврали соли ҷорӣ қатъи ҳаракати мунтазами ҳавопаймоҳо байни Қазоқистон ва Чин.
Пешниҳоди Федератсияи байналмилалии теннис дар бораи интиқол додани бозиҳои интихобии Ҷоми Федератсия аз шаҳри Дунгауни Чин ба Нур Султон аз 4 то 8 феврал рад карда шуд. Чемпионати Осиё оид ба поло аз 12 то 16 феврал лағв карда шуд.
Шурӯъ аз 31 январи соли ҷорӣ марҳилаи дуюми тақвияти назорати санитарӣ-эпидемиологӣ оғоз ёфт: 150 нафар мутахассисони хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ ба таври иловагӣ ба марказҳои карантини сарҳадӣ дар тамоми сарҳадҳо фиристода шуданд; ташхиси лаборатории сирояти нав муқаррар карда шуд; Протоколи табобати клиникӣ ва алгоритмҳои чораҳои зиддиэпидемикӣ тасдиқ карда шуданд.
Рӯзи 2 феврал 83 шаҳрванди Қазоқистон, ки аз он 80 нафар донишҷӯён буданд аз шаҳри Вуҳани Хитой, ки дар он ҷо пандемияи коронавирус оғоз ёфта буд ба ватан баргардонида шуданд. Пас аз санҷиши вазъи саломатӣ нафарони воридшуда ба муддати 14 рӯз дар бинои махсуси тарҳрезишудаи зидди инфексия дар беморхонаи бисёрсоҳаи пойтахт, ки дар масофаи 7 км аз шаҳр ҷойгир аст, ҷойгир карда шуданд. 5 феврал, бо дархости ҷониби Қазоқистон, боз 8 шаҳрванди Қазоқистон аз Вуҳан бо рейси махсуси Русия ва Узбакистон баргардонида шуданд. 5 шаҳрванд дар тӯли ду ҳафта дар Тошканд ва се нафари дигар дар Тюмен таҳти назорати тиббӣ буданд.
Аз 20 феврал методологияи гурӯҳбандӣ барои кишварҳои аз рӯи дараҷаи хавфи паҳншавии сирояти коронавирус ба 3 категория ҷудо карда шуд. Вобаста аз сатҳи хавф, нисбати ашхосе, ки аз кишварҳое гирифтори КВИ меомаданд мониторинги тиббӣ гузаронида мешуд.
Рӯзи 23 феврал ҷониби Қазоқистон 20 шаҳрванди худро аз Ҷопон ба ватан баргардонд. Дар дохили ҳавопаймо, аз ҷумла 4 мусофири киштии Diamond Princess, ки дар он хурӯҷи COVID-19 ба қайд гирифта шуда буд, буданд. Ҳама мусофирон таҳти карантин қарор дода шуданд. Санҷиш мавҷудияти сирояти коронавирусро ошкор накард.
26 феврал қарор дода шуд, ки аз 1 март парвозҳо бо Эрон қатъ карда шуда, шумораи парвозҳо ба Кореяи Ҷанубӣ аз 9 то 3 парвоз дар як ҳафта маҳдуд карда шавад. 2 март қарор шуд, ки аз 5 март манъи муваққатӣ барои ворид шудани шаҳрвандони Эрон ба Қазоқистон, қатъи парвози Нур-Султон-Боку, маҳдуд кардани шумораи парвозҳо дар масири Алма-Ато - Боку аз панҷ то як ҳафта, дар масири Актау – Боку бошад, аз ҳафт то як рейс дар як ҳафта муайян карда шавад.
Аз 1 март Вазорати тандурустӣ марҳилаи чоруми тақвиятро ҷорӣ намуд. Ашхосе, ки аз категорияи 1а омадаанд, дар давоми 14 рӯз дар карантин ҷойгир карда шуданд ва пас аз 10 рӯз таҳти назорати тиббӣ қарор гирифтанд. Ашхосе, ки аз категорияи 1b омадаанд, дар муддати 14 рӯз дар карантини хонагӣ ҷойгир карда шуданд, бо қарори хадамоти беҳдоштӣ, ин шахсон метавонанд дар муассисаи тиббӣ карантин шаванд. Ашхосе, ки аз кишварҳои категорияи дуюм омадаанд, дар муддати 14 рӯз дар хона зери назорати тиббӣ қарор гирифтанд ва дар муддати 10 рӯз тариқи занги телефон аҳволпурсӣ карда мешуданд. Нафароне, ки аз кишварҳои категорияи сеюм меоянд, дар тӯли 24 рӯз тавассути телефон ва фосилавӣ назорат карда шуданд.
Дар нишасти матбуотӣ рӯзи 10 март сардухтури санитарии кишвар Жандарбек Бекшин гуфт, ки тибқи пешгӯиҳо дар асоси моделҳои математикӣ, COVID-19 метавонад рӯзҳои 11-16 март дар кишвар пайдо шавад.
13 март нахустин ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар Алма-Ато ошкор шуданд. Ду шаҳрванди Қазоқистон (марди соли таваллудаш 1974 ва зане соли таваллудаш 1984), ки аз Олмон ба Алма-Ато парвоз карда буданд, барои сирояти коронавирус натиҷаҳои мусбӣ нишон доданд. Беморон дар беморхонаи касалиҳои сирояткунанда бистарӣ карда шуданд.
Аввалин шаҳрванди Қазоқистон, ки аз коронавирус сироят ёфта буд 10 март аз Олмон ва дуюмаш бо ҳавопаймои хусусӣ 12 марти соли равон омада буданд. Оиди ҳодисаҳои сеюм ва чорум дар худи ҳамон рӯз гузориш дода шуда буд. 12 март мусофире аз Маскав ба Нур-Султон парвоз кард. Пас аз муайян намудани он, ки ин шаҳрванд аз Милан омада буд, ӯро фавран карантин карданд. Ҳамчун як қисми тадқиқоти карантинӣ, натиҷаҳои санҷиши COVID-19 ба даст оварда шуданд. Чорумин нафар, ки таваллуди соли 1976 мебошад ба Алма-Ато бо ҳавопаймо аз Олмон омада буд, дар беморхона барои табобат бистарӣ карда шуд.
20 март аввалин маротиба коронавирус дар Қарағанда пайдо шуд. Ин ду мусофир (соли таваллудашон 1971 ва 1972) бо хатсайри парвози Минск - Нур-Султон мебошанд, ки онҳо на дар пойтахт, балки дар Қарағанда фуруд омадаанд. 21 март, вирус бори аввал дар ноҳияи Қарасаи вилояти Алма-Ато ошкор карда шуд. 22 март, як ҳолати сироятёбӣ дар вилояти Актобе бори аввал ошкор карда шуд. 24 март бошад дар вилоятҳои Чимкент (марди соли таваллудаш 1996, ки 20 март аз Нур-Султон бо автобуси байнишаҳрӣ омадааст), Ҷамбул (марди соли таваллудаш 1979, аз Қирғизистон омадааст) ва Қазоқистони Шимолӣ (зани соли таваллудаш 1993, аз Русия омадаанд) ба қайд гирифта шуданд.
26 март, ду беморро дар Нур-Султон ва Алма-Ато ҷавоб доданд, худи ҳамон рӯз марги аввал аз коронавирус дар Нур-Султон, сокини 64-солаи деҳаи Косши вилояти Акмола тасдиқ карда шуд.
27 март аввалин ҳодисаҳои сироятёбӣ дар вилоятҳои Атирау, Павлодар ва Мангистау, 28 март - дар Қазоқистони Шарқӣ ва Қизилорда, 29 март - дар Қазоқистони Ғарбӣ, 31 март - дар вилояти Туркистон, 3 апрел - дар вилояти Костанай ба қайд гирифта шуданд.
Рӯзи 6 апрел, сардухтури давлатии санитарӣ Айжан Эсмагамбетов иттилоъ дод, ки аз 604 ҳолати сироятёбӣ, 120 ҳолат дар байни кормандони тибб ба қайд гирифта шудааст, ки 67 нафари онҳо табибоне мебошанд, ки онҳо ба нафарони мубталои сирояти инфексияи коронавирус ё аллакай бемор буданд мустақиман кӯмаки тиббӣ мерасонанд.
15 март Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев қарорро оиди ҷорӣ намудани вазъи фавқулодда дар ҷумҳурӣ ба муҳлати аз соати 8:00 16 марти соли 2020 то соати 7:00 15 апрели соли 2020 имзо кард.
Дар давраи вазъияти фавқулодда, чораҳо ва муҳлатҳои зерин муқаррар карда шуданд:
-ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизати объектҳои махсусан муҳимми давлатӣ ва стратегӣ, объектҳои дорои режими махсус, объектҳои ҳассос ва махсус ҳифзшаванда, инчунин объектҳое, ки фаъолияти ҳаётан муҳимми аҳолӣ ва фаъолияти нақлиётро таъмин мекунанд;
-маҳдуд намудани фаъолияти иншооти бузурги савдо;
-манъ намудани фаъолияти марказҳои савдо ва фароғатӣ, кинотеатрҳо, театрҳо, намоишгоҳҳо ва дигар объектҳое, ки дар онҷо шумораи зиёди одамон ҷамъ мешаванд;
-ҷорӣ намудани карантин, чорабиниҳои васеи санитарӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла бо иштироки воҳидҳои сохтории Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар соҳаи некӯаҳволии санитарию эпидемиологии аҳолӣ фаъолият мекунанд, гузаронида шуданд;
-баргузории чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, инчунин чорабиниҳои оилавӣ ва ёдбуд манъ аст;
-маҳдудиятҳо оиди даромадан ба қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин ҳангоми баромадан аз қаламрави он бо тамоми воситаҳои нақлиёт, ба истиснои кормандони хадамоти дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон ва давлатҳои хориҷӣ, инчунин аъзои ҳайатҳои ташкилоти байналмилалӣ бо даъвати Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, муқаррар карда шудаанд.
Аз 19 март, дар сарҳади якчанд вилоятҳои Қазоқистон, дар атрофи як қатор нуқтаҳои аҳолинишин, дидбонгоҳҳои санитарии шабонарӯзӣ гузошта шуданд.
30 март Комиссияи давлатӣ оид ба таъмини вазъияти фавқулодда бо иҷрои дастурҳои Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев қарор дар бораи муқаррар кардани иловапулии якмоҳаи маош барои кормандони тибро, ки дар чорабиниҳои зидди эпидемия иштирок мекунанд, тасдиқ кард. Пардохтҳои якдафъа низ пешбинӣ шуда буд: дар сурати бемории корманди тиббӣ - 2 миллион тенге, дар сурати марги ӯ - 10 миллион тенге.
3 апрел, дар ҷаласаи комиссияи давлатӣ бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ, қарор дода шуд, ки се беморхонаи сироятӣ барои 200-300 нафар аз иншооти зуд бунёдшуда дар шаҳрҳои Нур-Султон, Алма-Ато ва Чимкент сохта шаванд.
9 апрел гурӯҳи духтурон аз Чин (мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусологҳо, пулмонологҳо, реаниматсионҳо, коршиносони соҳаи тандурустӣ) ба Нур-Султон парвоз карданд, то бо духтурони Қазоқистон дар пойтахт, Алма-Ато ва Қараганда 15 рӯз машварат кунанд. Худи ҳамон рӯз як ҳавопаймо аз Чин бо панҷ тонна ёрии башардӯстона (ниқоб, дастпӯшак, дастгоҳи ченкунии ҳарорати бадан, дастгоҳи ҳаводиҳии сунъии шуш, доруворӣ) парвоз кард.
14 апрел, бо фармони Президенти Қазоқистон, вазъияти фавқулодда то соати 07.00 1 май тамдид карда шуд. 27 апрели соли ҷорӣ ҳолати фавқулодда то соати 00:00 11 май тамдид карда шуд, аммо инчунин тасмим гирифта шуд, ки низоми карантинро дар минтақаҳо ва шаҳрҳое, ки вазъ дар он ҷо паҳншавии вирус таҳти назорат аст, нарм кунад.
Аз 19 март, дар шаҳрҳои Нур-Султон ва Алма-Ато, бо қарори Комиссияи давлатӣ оид ба таъмини вазъияти фавқулодда, карантин, аз ҷумла, маҳдудиятҳо барои вуруд ва хуруҷи одамон ҷорӣ карда шуд. Дар чорчӯбаи карантин, вуруд ба ин шаҳрҳо маҳдуд карда шуда, дар даромадгоҳ ба шаҳр дидбонгоҳҳо ташкил шуданд. Ба истиснои мағозаҳои хӯрокворӣ ва дорухонаҳо, иншооти бузурги тиҷоратии шаҳрҳо баста шуданд. Барои гузаштани мошинҳои боркаш бо ғизо “долони сабз” ташкил шуд.
Аз 19 март дар Алмаато якчанд маҷмааи истиқоматӣ ва биноҳои баландошёна бо сабаби ошкор шудани сирояти коронавирус дар сокинони он таҳти назорат гирифта шуданд. Ҳудуди хонаҳо баста шуда, дар паҳлуи онҳо нуқтаи назорати гузаргоҳӣ ҷойгир карда шуд. Тибқи қоидаҳои карантин, ҳеҷ яке аз сокинон маҷмааи истиқоматиро тарк карда, инчунин меҳмононро қабул карда метавонад. Сокинони маҷмаа набояд хонаҳои худро тарк кунанд, ба назди таваққуфгоҳи зеризаминӣ рафтан манъ аст.
Аз 22 март даромад ва баромадҳо аз Алма-Ато ва Нур-Султон, аз ҷумла хадамоти ҳавоӣ ва роҳи оҳан пурра баста шуданд. Пас аз 22 март, қатораҳо танҳо бидуни фуруд ва ба мусофирон интиқол ёфтан метавонанд.
Аз 22 март, бо қарори роҳбарияти оперативӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар Нур-Султон, ҳамаи мусофирони ҳавопаймоӣ, ки аз хориҷи кишвар меоянд, бидуни таҳлил ва гирифтани натиҷаҳои коронавирус ба шаҳр даромадан манъ карда шуданд. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар омадаанд дар меҳмонхонаҳои ҳамчун беморхонаҳои тиббӣ фаъолият доранд ҷойгир карда, кормандони тиб онҳоро таҳти санҷиш қарор доданд.
22 март ҳокими шаҳри Алма-Ато Бакитжан Сагинтаев гуфт, ки барои дастгирии сокинони шаҳр, ки дар вазъияти мушкил қарор доранд, ҳукумати шаҳр бо монополистон ба қароре омаданд, ки пардохтҳоро барои тамоми хидматрасониҳои коммуналӣ, аз ҷумла лифт ва ҷамъоварии ахлот ба таъхир андозанд. Инчунин, дар давраи карантин истеъмолкунандагони қарздорро аз қувваи барқ, об, гармӣ, газ ва телефон ҷудо нахоҳанд кард.
Аз 26 март, дар Алма-Ато низоми карантинӣ пурзӯр карда шуд: ҳама иншооти савдо ва хизматрасонӣ дар шаҳр, ба истиснои мағозаҳои хӯрокворӣ ва дорухонаҳо баста шуданд.
Аз 28 март бо қарори Комиссияи давлатӣ оид ба вазъияти фавқулодда карантин тақвият дода шуд: дар Нур-Султон ва Алма-Ато баромади шаҳрвандон аз маҳалли зисташон, ба истиснои хариди хӯрок, доруворӣ ва рафтан ба кор, ҳама ҷойҳои серодам баста шудаанд (кӯчаҳо, боғҳо, хиёбонҳо ва ғайра), истифодаи маҳдуди нақлиёти ҷамъиятӣ ҷорӣ карда шуда, гузаронидани маҷлисҳо дар кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби гурӯҳҳои иборат зиёда аз се нафар, ба истиснои аъзои оила, ҳаракати ноболиғон бе ҳамроҳии калонсолони манъ карда шуд. Дар манзили «20 соли Истиқлолият» дар ноҳияи Абайи Чимкент карантини 14-рӯза бо ташкили гардиши манзил ҷорӣ карда шуд; дар Чимкент фаъолияти фурудгоҳҳо, роҳи оҳан ва вокзалҳо, кӯдакистонҳо боздошта шуд; манъи вуруд ва хуруҷ ба шаҳри Чимкент аз соати 21:00 то 07:00 ҷорӣ карда шуд; фаъолияти муассисаҳои хӯроки умумӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ маҳдуд карда шуд.
Аз 30 март то 13 апрел дар Нур-Султон ва Алма Ато фаъолияти ҳамаи корхонаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, ба истиснои мақомоти марказии давлатӣ, ҳокимиятҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои тандурустӣ, васоити ахбори омма, мағозаҳои хӯрокворӣ, дорухонаҳо ва ташкилотҳои ҳаётан муҳим қатъ карда шуд.
Аз 30 март, дар Атирау ва Қарағанда бо шаҳрҳои (Абай, Саран, Темиртау, Шахтинск) карантин ҷорӣ карда шуд, дар Актау режими махсус ҷорӣ карда шуд. Аз 31 март вуруд ба вилояти Костанай баста шуда, дар вилоятҳои Акмола ва Қазоқистони Ғарбӣ карантин ҷорӣ карда шуд. Аз 31 март як қатор чораҳои маҳдудкунанда дар вилоятҳои Чимкент, Қизилорда, Актобе ва Ҷамбул, аз ҷумла баста шудани вуруд ва баромад аз минтақа, аз 1 апрел - дар вилоятҳои Павлодар ва Қазоқистони Шимолӣ, аз 2 апрел - дар Уст-Каменогорск ва Семей ҷорӣ карда шуд. Илова бар ин, дар минтақаи Кордай чораҳои иловагии маҳдудкунанда ҷорӣ карда шудаанд, ин ҳам бошад манъи чаронидани чорво, ҳамлу нақли нақлиёти ҷамъиятӣ.
Аз 1 апрел фурудгоҳҳои Нур-Султон ва Алма-Ато қабули ҳамаи парвозҳои байналмилалӣ ва эвакуатсиониро қатъ карданд. Аз 2 апрел вуруд ва хуруҷ ба минтақаи карантини вилояти Караганда комилан манъ карда шуда, фаъолияти фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан қатъ карда шуд. Аз 4 апрел, Чимкент, аз 6 апрел Актобе ва аз 7 апрел Тараз ба карантин баста шуданд.
Рӯзи 10 апрел Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар ҷаласаи Комиссияи давлатӣ оид ба таъмини вазъияти фавқулодда дастур дод, ки низоми карантиниро дар пойтахт, Алма-Ато, Чимкент ва дар минтақаҳои дахлдор то охири моҳи апрел дароз карда, корҳои амиқ ва мақсаднок оид ба фаъолияти тиҷорати хурд ва миёна дар минтақаҳои барқароркунии пеш аз ҳама дар Нур-Султон ва Алма-Ато дида баромада шаванд.
Пас аз изҳороти Президенти Қазоқистон (27 апрел) дар минтақаҳои Қазоқистон режими нарми карантинӣ ҷорӣ гардид.
Аз 4 май ба машқҳои варзишӣ ва берунӣ; ба фаъолияти мағозаҳои ғайриозуқаворӣ бо масоҳати то 500 м², фотосалонҳо, дӯкони гулҳо, сартарошҳо (аз рӯи таъинот), марказҳои тиббӣ (аз рӯи таъинот), клиникаҳои дандонпизишкӣ (аз рӯи таъинот), ширкатҳои амволи ғайриманқул, оҷонсиҳои таблиғӣ, адвокатҳо, нотариусҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд, ширкатҳои суғурта, ломбардҳо, нуқтаҳои мубодила, ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ иҷозат дода шуд.
Аз 1 май парвозҳо байни Нур-Султон ва Алма-Ато пас аз гузаштани санҷиши PCR барои коронавирус аз ҷониби мусофирон, аз 4 май аз Нур-Султон ва Алма-Ато ба Қизилорда, Петропавловск, Уст-Каменогорск ва Семей барқарор карда шуд.
 
Паёмадҳои иқтисодӣ
Ҳаҷми чораҳои зиддибуҳронӣ беш аз 4 триллион тенгеро ташкил дод. Ин хароҷот аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 2,1 триллион тенге, ҷалби маблағҳо барои вомбаргҳои инфрасохторӣ, интиқоли кафолат аз Фонди миллӣ 1,8 триллион тенге таъмин карда шуд.
Барои дастгирии соҳибкороне, ки вазъи молиявии онҳо дар натиҷаи вазъияти фавқулодда бад шуд, 20 марти соли ҷорӣ ҳукумати Қазоқистон қарорро дар бораи озод кардан аз пардохти андозҳо то 31 декабри соли 2020 ба имзо расонид:
1) андоз аз амволи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар иншооти бузурги савдо ва марказҳои тиҷоратию фароғатӣ, кинотеатрҳо, театрҳо, намоишгоҳҳо, иншооти фитнес ва варзишӣ;
2) андози замин ба заминҳои таъиноти кишоварзии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
3) андоз аз даромади шахсони воқеии соҳибкорони инфиродӣ, ки тибқи тартиби умумии муқарраршудаи андозбандӣ фаъолият мекунанд.
Инчунин фоизҳо оид ба ӯҳдадориҳои андози иҷронашударо то 15 августи соли 2020 мутаваққиф кард ва мӯҳлати пешниҳоди ҳисоботи андозро ба семоҳаи сеюми соли 2020 мавқуф гузошт.
Шаҳрвандони Қазоқистон, ки дар вақти вазъияти фавқулодда бо сабаби рухсатии маҷбурӣ даромадро аз даст додаанд, инчунин соҳибкорони ғайрирасмӣ аз ҳисоби фонди суғуртаи иҷтимоии давлатӣ пардохт мегиранд. Андозаи кумакҳои иҷтимоӣ ба як корманд 1 музди меҳнати ҳадди ақал (42,5 ҳазор тенге дар як моҳ)-ро ташкил дод.
31 март, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар бораи чораҳои иловагии дастгирии ҷомеа ва соҳибкорӣ дар робита бо вазъияти фавқулодда гузориш дод, аз ҷумла: индексатсияи нафақа ва кӯмакпулиҳои давлатӣ, аз ҷумла кӯмаки суроғавии иҷтимоӣ ба андозаи 10% солона; фарогирии кӯмакпулиҳои иловагии иҷтимоӣ; аз 1 апрел то 1 июли соли ҷорӣ ҳуқуқи шаҳрвандони суғурташуда барои гирифтани ёрии тиббӣ дар системаи суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ; васеъ кардани рӯйхати категорияҳои шаҳрвандоне, ки бояд бо хӯрокхӯрӣ ва маҷмӯи ройгони оила таъмин карда шаванд; дастгирии деҳқонон дар иҷрои саривақтии корҳои саҳроӣ; аҳолии бекорро дар шаҳрҳои калони карантинӣ ҷойгир кунанд; барои соҳибкорони хурду миёна дар шаш моҳ бекор кардани ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳо аз дафтарчаи меҳнатӣ.
Аз сабаби паҳншавии коронавирус мактаббачагони Қазоқистон аз 16 март то 5 апрел ба таътилҳои барвақтӣ рафта, аз 6 апрел ба таҳсили фосилавӣ гузаштанд. Аз ин рӯз сар карда, шабакаҳои телевизионии Қазоқистон Эл Арна ва Балапан ба пахши дарсҳои видео шурӯъ карданд. Гузарондани дарсҳои онлайна тавассути платформаи махсуси интернетӣ низ ба нақша гирифта шуда буд, аммо 3 апрел вазири маориф ва илми Қазоқистон Асхат Аймагамбетов гуфт, ки гузаронидани дарсҳои озмоишӣ нишон дод, ки Интернет дар Қазоқистон барои гузаронидани дарсҳои оммавии онлайн “аз ҷиҳати техникӣ” омода нест.  10 апрел имтиҳонҳои ниҳоӣ барои хонандагони синфҳои 9 ва 11 бекор карда шуданд ва дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дода шуд, ки шаҳодатномаҳо ба донишҷӯён дар асоси баҳодиҳии ҳарсолаи фанҳо дода шавад.
Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев рӯзи 11 май бо аъзои ҳукумат ва роҳбарони минтақаҳо, ки аъзои комиссияи давлатӣ оид ба иҷрои ҳолатҳои фавқулодда мебошанд, маҷлиси ниҳоӣ баргузор кард. Дар баромади худ президент ба анҷом расонидани ҳолати фавқулодда ишора кард, аммо ба шарте, ки вобаста ба беҳтар шудани вазъ чораҳои карантинӣ ва санитарию эпидемиологӣ марҳила ба марҳила суст карда шаванд.
 

БОЗГАШТ