ПАЁМ МУААРИФГАРИ ТАЪРИХ ВА БУЗУРГОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

 (Бардоштҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои муҳимми давлатдорӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро таъкид намуда, шинохти шахсиятҳо, макону маросимҳои муҳиму таърихиро бо назардошти манофеи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакат пешниҳод менамояд. Дар ин зимн, паёмҳои ҳарсола он нуктаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамояд, тадриҷан амалӣ мегарданд. Мисоли онро дар шинохти бузургони миллат аз ҷумла Бобоҷон Ғафуров метавон мушоҳида кард, ки бо тантана таҷлил гардид.

Ҳамин тариқ, таваҷҷуҳ ба олимон ва рушди илму маориф хеле бештар шуда, ин соҳаҳо ба соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб гардиданд. Имрӯз ҳар сокини Тоҷикистон имкон дорад, ки на фақат дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он дар донишгоҳҳои машҳури сатҳи ҷаҳонӣ дониш омӯзад ва соҳиби касбу ихтисос гардида ба ватану миллати худ хидмат намояд.

Бояд қайд кард, ки тақвими григорианӣ тақвимест, ки дар бештари кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон истифода мешавад. Тақвими мазкур иборат аз 365 рӯз ва 12 моҳ иборат мебошад. Тақвим бо омадани моҳи январ оғоз шуда, бо вуруди моҳи декабр ба охир мерасад. Дарки дурусти он ва донистани санаҳои таърихии он барои аҳли башар хело муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳамин тариқ, бо омадани моҳи январ нахустин рӯзи соли 2024 оғоз шуд ва вуруди онро бо баъзе коркарду санаҳои муҳими Тоҷикистон метавон натиҷагирӣ кард. Дар ин зимн, хостем муруре ба мактаби Тоҷикистони муосири сулҳофарин ва корномаҳои фарзанди барӯманди диёр академик Бобоҷон Ғафуров дошта бошем, ки ҳамасола санаи 18-уми декабри 1908 рӯзи таваллуд ва санаи 12-уми июли 1977 рӯзи ёдбудӣ ӯ чун хотира таҷлил мешавад.

Бояд зикр кард, ки аз қадимулайём тоҷикон мардуми бо маърифату маданият буда, то имрӯз дар байни халқҳои олам бо чунин авсофи хуб боқӣ мондаанд. Чунин каромату шаҳомат ва ҷасорату матонати тоҷикон дар даврони истиқлолияти кишвар дубора эҳё гардид, ки заминаҳои асосиашро эҷоди ҳамгирову сулҳу ваҳдат ташкил медиҳад. Бо ҳамин роҳ ин миллат тавонист аз худогоҳиву худшиносӣ кор гирифта, ба сӯи қуллаҳои олӣ давлатдориашро идома диҳад.

Ҳамин тариқ, миллат дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари дилсӯзу меҳрубон ва мардуми баномусу нанг, аҳолии кишвар дар сояи дарахти амну субот бо осоиштагӣ умр ба сар мебаранд. Ин талошу муборизаҳо сабаби равобити ҳасанаи кишвар бо ҳамаи мамлакатҳои дунё ҳамчун давлати комилҳуқуқи узви ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Дар ҳақиқат, фарҳанги сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон падидаи беназир мебошад, ки дар натиҷаи он санаи 27 июни соли 1997 дар Маскав имзои "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ " ба имзо расид ва саҳифаи созандагии навин дар кишвар оғоз гардид.

Бо чунин ташаббусу тадаббур тоҷикон мактаби сулҳофариниро бунёд карданд, ки чун намуна ва мисоли ибратбахш барои дигар мамолики дунё пазируфта шуда, ҷойгоҳу мақоми он дар барномаҳои сулҳофаринии СММ аз нодиртарин таҷрибаи сулҳи ҷаҳонӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст.

Бо эҷоди мактаби сулҳофарин санаи 5 декабр соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров-бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик») баргузор шуд.

Дар конференсия дар мавзуъҳои «Бобоҷон Ғафуров – олими барҷаста, ходими сиёсӣ», «Назари консептуалии Бобоҷон Ғафуров ба таърихи қадими тоҷикон», «Академик Бобоҷон Ғафуров- фарзанди бузурги халқи тоҷик ва донишманди ҷаҳоншумул», «Академик Бобоҷон Ғафуров ва мероси фарҳангии халқи тоҷик» аз ҷониби олимони ватанию хориҷӣ маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод гардид.

Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров соли 1972 дар Москва ба нашр расида, ба забонҳои ҷопонӣ, арабӣ ва полякӣ тарҷума ва чоп шуда, дар Афғонистон ва Эрон низ ба табъ расидааст. Ин асар аз тарафи маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ эътироф шуда ба таври сазовор арзёбӣ гардидаст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» иброз доштаанд: «Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахси покзамир ва олими дурандеш аз таърихи гузаштаи халқҳо, пеш аз ҳама, лаҳзаҳоеро меҷуст, ки ба созандагӣ, дӯстӣ ва қаробати миллатҳову тамаддунҳо мусоидат намуда тавонанд. Таҳқиқоти ӯ доир ба омилҳои болоравӣ ва заволи давлати Сомониён, саҳми Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Муҳаммад Иқбол ва амсоли инҳо дар тамаддуни башарият мисолҳои равшане мебошанд, ки ба густариши равобити илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон ва дар айни замон таҳкими худшиносии миллии тоҷикон мусоидат намудаанд».

Президенти кишвар дар Паёми худ 26-уми декабри соли 2019 ба Ҳукумати мамлакат бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди захираи Президенти кишвар чоп намуда, ба ҳар як оила тақсим кард. Дар идомаи ин иқдом ва ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо амри Президенти мамлакат аз моҳи июли соли 2022 озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» эълон гардида, санаи 1 декабр 2023 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» натиҷагирӣ шуда, барандагони он сазовори ҷоиза шуданд.

Академик Бобоҷон Ғафуров моҳи декабри соли 1908 дар деҳаи Исфисор, ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омада, моҳи июли 1977 вафот кард. Ин фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи тоҷикон ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст. Илова аз он солҳои дароз ӯ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул шуда, сазовори ифтихорномаву медалҳо гардид. Осор ва фаъолияти илмиву фарҳангии Бобоҷон Ғафуров асосан ба тарғиб ва ба таври илмӣ асоснок намудани гузаштаи таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ нигаронида шуда аст. Ӯ муаллифи 400 асару мақола мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё ба чоп расиданд. Бо ташаббус ва таҳрири ӯ бо забони англисӣ тақрибан 30 асар дар мавзуъҳои муҳими таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардид. Бобоҷон Ғафуров барои навиштани китоби «Тоҷикон» зиёда аз 2000 сарчашмаи дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро истифода намудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин чорабинии сатҳи баландро нишонаи олии қадршиносии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои арзандаи Бобоҷон Ғафуров дар назди халқу давлати тоҷик арзёбӣ карда, зимни суханронии пурмуҳтаво оид ба ҳаёти ибратомӯз ва фаъолияти самаранокаш дар роҳи муаррифии мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷик дар арсаи олам андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки Бобоҷон Ғафуров бо олимону адибон дар иртиботи доимӣ қарор дошт ва инкишофи илми Тоҷикистонро пайваста дастгирӣ, назорат ва роҳнамоӣ мекард.

Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст. Таъкид гардид, ки ҳадафи устод Бобоҷон Ғафуров аз нашри ин китоб ва асарҳои минбаъда ба ҷаҳониён собит намудани ин ҳақиқати илмӣ буд, ки тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои дунё буда, дар раванди рушди тамаддуни башарӣ нақши басо арзишманди таърихӣ бозидаанд.

Баъди суханронии пурмуҳтавои Президенти мамлакат дар Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик” меҳмонони чорабинӣ, олимону коршиносони сатҳи байналмилалӣ Виталий Наумкин - академики Академияи илмҳои Русия, Сзин Сзэ - муовини директори Институти Аврупо, Русия ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои Чин, Ҳасан Булхорӣ - устоди Донишгоҳи Теҳрон, Франсис Ришар - шарқшинос аз Франсия, Доктор Навшоҳи Ориф аз Ҷумҳурии Исломии Покистон, Иброҳим Истамбулӣ - тарҷумони арабии китоби “Тоҷикон” аз Сурия суханронӣ карда, дар бораи хизматҳои арзандаи аллома Бобоҷон Ғафуров дар роҳи рушан намудани таърих ва пайдоиши давлату миллати тоҷик ва қадршиносиҳои фарзандони фарзонаи миллат аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карданд.

Ҳамин тариқ, акадамик Бобоҷон Ғафуров бо чунин шоҳкориҳои илмиву адабӣ ва дипломатияи дурандешонаи худ тавонист таъриху тамаддуни тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, нақшофаринии онҳоро дар рушди илму адабу фарҳанг дар миёни халқиятҳои олам баррасӣ намуда, арзёбӣ кард.

Ҳамин тавр, ин марди камоли илму адабу сиёсату фарҳангу таърих соли 1966 узви кумитаи Когресси байналхалқии эроншиносӣ (Эрон) ихтихоб шуд. Конгресси мазкур моҳи августи соли 1966 дар Теҳрон зери сарварии академик Абдулғанӣ Мирзоев баргузор гашт.

Соли 1967 узви ифтихории Анҷумани ховаршиносони Лаҳистон (Полша) гардид. Анҷуман соли 1922 таъсис дода шуда, маҷаллае зери номи “Анҷумани ховаршиносон”-ро ба чоп мерасонд.

Соли 1968 узви Шӯро оид ба равобити фарҳангии Ҳиндустон интихоб шуд. Ин Шӯро соли 1950 таъсис ёфта, ҳамасола аз ҷониби Шӯро Ҷоизаи байналмилалии Ҷавоҳирлал Неҳру супорида мешавад, ки соли 1968 Бобоҷон Ғафуров онро дарёфт намуда, маблағашро дар ҳаҷми 2,5 млн рупия ба яке аз мактаббоғчаҳои Ҳиндустон бахшид.

Соли 1970 доктори фахрии Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон шуд, ки он соли 1918 таъсис ёфта, аз бузуртарин муассисаҳои илмӣ мебошад.

Соли 1971 узви Анҷумани Осиёии Париж (Фаронса) интихоб гардид, ки он аввалин маротиба соли 1922 таъсис ёфтааст.

Соли 1972 раиси Комитети Ҷоизаи байналмилалии Абулқосим Фирдавсӣ интихоб шуд. Комитет дар рӯзи 50-солагии равобити собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо Эрон таъсис ёфааст.

Соли 1972 узви ифтихории Комитети байналмилалии интишори асарҳо бахшида ба 2500-солагии давлати Эрон интихоб шуд.

Соли 1972 бо медали ҷашнии 50-солагии Инқилоби халқии Муғулистон сазовор гардид.

Соли 1973 президенти Анҷумани байналмилалии омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ интихоб шуд. Қароргоҳи он дар Париж буда, аввалин лоиҳаи он соли 1966 дар иҷлосияи 16-уми конфронси генералии ЮНЕСКО аз ҷониби Бобоҷон Ғафуров пешниҳод гардид. Маҷаллаи ин Анҷуман зери номи “Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Исломободи Покистон бо забони англисӣ чоп мешуд. Пас аз даргузашти Бобоҷон Ғафуров акадамик Осимӣ президенти ин Анҷуман интихоб шуд.

Соли 1974 Бобоҷон Ғафуров узви ифтихории Академияи илмҳо ва санъати Босния (собиқ Югославия) интихоб шуд, ки соли 1966 таъсис ёфтааст.

Соли 1974 доктори ифтихории Донишгоҳи Теҳрон бо итбикори сафорати Эрон дар Москва сазовор гашт.

Соли 1974 узви ифтихории Анҷумани Осиё дар Калкуттаи Ҳиндустон интихоб шуд, ки аввалин маротиба соли 1784 таъсис ёфтааст.

Соли 1975 бо ордени Байрақи сурхи меҳнати Муғулистон сазовор гашт.

Соли 1976 узви ифтихории Анҷумани ховаршиносони Чома де Кёрёши Академияи илмҳои Маҷористон (Венгрия) интихоб шуд.

Соли 1976 бо медали тиллоии Шӯрои умумиҷаҳонии сулҳ қадрдонӣ гардид.

Ҳамин тариқ, ӯ шаш маротиба сазовори мукофотҳои олии Шӯравӣ солҳои 1944, 1946, 1948, 1949, 1954 ва 1957 гардид.

Соли 1977 Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистони шӯравиро дарёфт кард. Бинобар ин, барои фаъолияти барҷастаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба Бобоҷон Ғафуров 8-уми сентябри соли 1997 бо Фармони Президенти мамлакат унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.

Дар маҷмуъ, шоҳкориҳои адабӣ ва сафарҳои илмиву саёҳатии академик Бобоҷон Ғафуров, ки ба хотири муаррифии таъриху тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ ба хусус Тоҷикону Тоҷикистон сурат гирифт, хотироти хубро ба бор оварда, барои таҳкими риштаҳои дӯстӣ ва меҳру муҳаббати халқҳои ҷаҳон дар партави рушди дипломатияи фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Хулоса Тоҷикистони муосир аз таҷрибаи ин марди камоли илму адабу сиёсат ва тавсияҳои самимонаи Президенти кишвар хуб истифода карда, дар кишварҳои сафаркардаи академик Бобоҷон Ғафуров марказу гӯшаҳои омӯзишӣ боз намуда, робитаҳои “геофарҳангӣ ва таърихӣ”-ашро дар соли 2024 хубтару беҳтар ба роҳ монда, тавсеа мебахшад.

Дар нахустин моҳ у рӯзҳои соли 2024 бо чунин хотираҳои неки чунин марди камолу фарҳангу дониш ва қаҳрамони миллӣ тавонистем каме ҳам бошад, аз таҷрибаву ҳаёти ин шахсият ба худ чизе бардошта бошему дар партави сулҳу созандагиву шоисатсолорӣ Ватанро озоду ободу ором нигоҳ дорем.  

 

Мирсаид Раҳмонов,

коршиноси минтақа ва ходими калони илмии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ