Муаллиф: Шарифов Искандар
Яке аз аломатҳои муҳими давлатдории муосир ва ё давлати миллӣ ироаи паёмҳои солонаи Роҳбари давлат ва ё ҳисоботдиҳӣ дар бораи як марҳилаи муайяни рушд ё як давраи таърихӣ мебошад. Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як нишонаи давлатдории миллӣ ва демократӣ мебошад, ки барои мардум аз бурду бохти давлат ва самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ироа мегардад. Ҳамзамон аз рушду инкишоф ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ натиҷагирӣ намуда, барои соли оянда самтҳои афзалиятноки рушду инкишофи онҳоро муайян мекунад ва Роҳбари давлат вазифаҳои муҳимро барои сохторҳои давлатӣ, мақомоти давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ пешниҳод менамояд. Паёмҳои Роҳбари давлат дар низоми давлатдории Тоҷикистон чизи нав нест ва шурӯъ аз аввали солҳои истиқлолият то имрӯз чун як воҷибаи сиёсӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз тарафи Президенти кишвар ироа мегардад. Чи тавре ки дар боло қайд кардем, Роҳбари давлат барои мардуми худ ҳисоботи марҳилавии худро аз бурду бохти кишвар, тараққиёт, пешварии як давраи таърихӣ маълумот медиҳад. Аҳамияти паём барои давлатҳои миллӣ ба хусус барои Тоҷикистон хеле арзишманд аст. Зеро мо сиву се соли истиқлолият, сиву се сол давлатдории миллӣ дорем ва барои боқӣ мондан дар фазои сиёсии олам бояд ҳар лаҳза роҳи худро муайян намоем. Паём ин ҳамчун падидаи сиёсӣ “роҳнамо” ва ё консепсияи рушди як соли минбаъдаи давлат ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, паём метавонад дар худ тавонмандӣ, қудрат, истиқлоли андешаву иродаро таҷассум кунад ва “ҳамчун санади давлатӣ ва набзи давлатдорӣ бисёр муҳим мебошад”. Аҳаммияти сиёсӣ ва рамзии он, ҳамчун аломати истиқлолияти давлатӣ муаррифӣ гардидани он ба шумор меравад. Зеро паём дар давлатдории миллии мо зодаи даврони истиқлолият мебошад. Моҳияти паём дар мазмуни он таҷассум гардидааст. Зеро мазмун ва муҳтавои паём аҳамияти махсуси ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иттилоотӣ, консептуалӣ ва байналмилалӣ дорад ва фарохтар аз як суханронии маъмулӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат, Паём “санади расмии ҳуқуқӣ ва барои ниҳодҳои давлатӣ моҳияти раҳнамоӣ дорад” ...
Дар паём як дидгоҳи махсуси давлатӣ таҷассум мегардад, ки хосатан сиёсати давлатӣ ва паҳлӯҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷиро дар бар мегирад. Ҳамзамон ояндаи ҳаракати кишвар, ҳадафҳои стратегии он, арзишҳои аслӣ ва барномаҳои асосии рушди сиёсию иҷтимоии он ба таври возеҳу дастрас баён ва муаррифӣ мешаванд. Ин ҷанба, дар паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 – уми декабри соли 2023 ироа гардид, пурра таҷассум ёфтааст. Паёми мазкур нисбат ба паёмҳои солҳои қаблӣ бо сохтор, хусусият, муҳтаво фарқ мекунад. Чунки нуқтаҳое дар паёми имсола иброз гардид, қаблан ироа гардида набуд. Аз ҷумла, пешниҳоди “Барномаи кабудизоркунӣ то давраи соли 2040”, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Агентии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, то соли 2037 табдил ёфтани Тоҷикистон ба кишвари сабз бо истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаҳои тавлидшавандаи табиат ва ғайраҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтору мақомотҳои дахлдор супоришҳо дода шуд.
Дар паёми имсола нисбат ба тағйирёбии иқлим, иқтисоди миллӣ, савдои хориҷӣ, сохтмон ва коммуникатсия, хизматрасонӣ, иҷрои ҳадафҳои стратегӣ, истиқлолияти энергетикӣ, мудофиаи кишвар, фарҳанг, тандурустӣ, маориф, ҷавонон ва нақши занон дар ҷомеа тавваҷуҳи бештар зоҳир шудааст.
Ҳамчунин вазъи иҷтимоии аҳолии мамлакат доимо дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ супоришҳои судманд ба вазорату мақомотҳои дахлдор дода шуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки ҳар сол бояд 10% сатҳи камбизоатӣ поён оварда шавад.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон, эҳтиром ва ҳимояи он яке аз вазифаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, ба он аз ҷониби Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус зоҳир мегардад. Ҳуқуқикунонии аҳолии мамлакат имкон медиҳад, шаҳрвандон аз ҳуқуқу озодиҳои хеш огоҳ шуда, маърифати ҳуқуқии онҳо инкишоф меёбад. Бинобар ин бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 соли “МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ” эълон гардид.
Инчунин дар паёми мазкур ба рушди стратегияи энергетикӣ ва истеҳсоли нерӯи барқ аҳамияти хоса зоҳир гардидааст. Тавре ки дар паём Пешвои миллат иброз намуданд, ки агрегати сеюми НОБ Роғун ба кор андохта мешавад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки рушди стратегии мамлакат бо истиҳсоли барқ ва фурӯши он берун аз кишвар таъмин мегардад.
Анҷоми сохтмони блоки сеюми НОБ Роғун ба таҳкими истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ва рушди устувори кишвар мусоидат мекунад. Дар баробари ин, лоиҳаи мазкур ҳадафҳои иқтисодӣ ва стратегии таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистонро равшан нишон медиҳад.
Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, дар Осиёи Марказӣ беш аз 74 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, ки 20 миллион нафари онҳо бо нерӯи барқ таъмини доимӣ надоранд.
Дар робита ба ин, татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ дар пасманзари афзоиши бемайлони эҳтиёҷ ба нерӯи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба мавзӯи рӯзафзун табдил меёбад. Ин тамоюл ба афзоиши иқтисодиёти минтақа ва афзоиши аҳолӣ вобаста аст.
Тибқи ҳисобҳо, то соли 2030 масрафи нерӯи барқ дар Қазоқистон 136 миллиард кВт/соатро (21 фоиз зиёд нисбат ба соли 2020), дар Ӯзбекистон 120,8 миллиард кВт/соатро (1,7 баробар зиёд), дар Қирғизистон 20 миллиард кВт/соатро (50 фоиз зиёд) пешбинӣ шудааст. Ин дар ояндаи наздик ба яке аз проблемаҳои дохилиминтақавӣ табдил меёбад. Бинобар ин ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии истеҳсоли нерӯи барқро талаб мекунад.
Дар ин замина сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ вазифаи аввалиндараҷа мегардад. Аммо бо пурра ба анҷом расидани НОБ Роғун Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил меёбад.
Шарифов И.И.
ходими илмии шуъбаи ИДМ
ИОМДОА-и АМИТ